Саволҳои хонандагон
Чаро марде, ки «фалонӣ» номида шудааст, гуфт, ки Рутро ба занӣ намегирад, зеро ин ба меросаш «зарар» мерасонад? (Рут 4:1, 6).
Дар замонҳои қадим агар мард фарзанддор нашуда мемурд, баъзе саволҳо ба миён меомаданд: Акнун бо замини ӯ чӣ мешавад? Оё номаш пурра аз байн меравад? Дар чунин мавридҳо халқ аз Шариати Мӯсо ҷавоб меёфт.
Бо замини марде, ки вафот мекард ё камбағал шуда онро мефурӯхт, чӣ мешуд? Бародар ё ягон хеши наздикаш онро бозхарид мекард. Ҳамин тавр замини ӯ моликияти хонаводааш мемонд (3 Мӯсо 25:23–28; 4 Мӯсо 27:8–11).
Чӣ тавр номи марди фавтида нигоҳ дошта мешуд? Ба воситаи ба ҷо овардани вазифаи додаршӯӣ: Мард бо зани бародари раҳматиаш оиладор мешуд ва онҳо фарзанд ба дунё меоварданд. Аммо фарзандашон ном ва замини раҳматиро мерос мегирифт. Ин намуди издивоҷро дар мавриди Рут ба кор бурданд. Бо ин роҳ дар ҳаққи бевазанон низ ғамхорӣ карда мешуд (5 Мӯсо 25:5–7; Мат. 22:23–28).
Мисоли Ноомиро мегирем. Ӯ зани марде бо номи Элималик буд. Вақте Элималик ва ду писараш вафот карданд, Ноомӣ бепарастор монд (Рут 1:1–5). Ҳамин тавр ба Яҳудо баргашта, Ноомӣ ба воситаи келинаш Рут аз Бӯаз, ки хеши наздики Элималик буд, хоҳиш кард, ки замини онҳоро бозхарад (Рут 2:1, 19, 20; 3:1–4). Аммо Бӯаз медонист, ки Ноомӣ аз ӯ дида хеши наздик дорад. Ин хешаш дар Китоби Муқаддас «фалонӣ» номида шудааст. Бинобар ин аввал ӯ бояд қарор мекард, ки замини онҳоро бозхарид мекунад ё не (Рут 3:9, 12, 13).
Дар аввал «фалонӣ» розӣ шуд, ки замини онҳоро бозхарад (Рут 4:1–4). Ин кор бе хароҷот ҳал намешуд. Лекин ӯ медонист, ки Ноомӣ кӯдаке таваллуд карда наметавонад, ки замини Элималикро мерос гирад. Дар ин ҳол замини Элималик мероси «фалонӣ» мешуд ва ӯ ниҳоят фоидаи калон ба даст меовард.
Лекин, вақте «фалонӣ» фаҳмид, ки Рут дубора шавҳар карда метавонад, аз гапаш гашт. Ӯ гуфт: «Ман харида наметавонам, мабодо мероси худам зарар бинад» (Рут 4:5, 6). Чаро «фалонӣ» ақидаашро дигар кард?
Агар «фалонӣ» ё ягон каси дигар Рутро ба занӣ мегирифт, ӯ писардор мешуд ва писараш замини Элималикро мерос мегирифт. Лекин чӣ тавр мероси «фалонӣ» аз ин «зарар» медид? Дар Каломи Худо дар ин бора чизе гуфта намешавад. Аммо баъзе роҳҳояш эҳтимол чунинанд:
Якум, агар ӯ замини Элималикро мехарид, пулҳояш ҳайф мешуд, зеро он замин ниҳоят ба писари Рут мерасид.
Дуюм, ӯ маҷбур мешуд, ки ҳам Рут ва ҳам Ноомиро таъмин кунад.
Сеюм, агар Рут аз «фалонӣ» фарзандон ба дунё меовард, онҳо бояд мероси ӯро бо дигар фарзандони «фалонӣ» тақсим мекарданд.
Чорум, агар «фалонӣ» фарзандони дигар намедошт, писаре, ки Рут ба дунё меовард, ҳам замини Элималик ва ҳам замини ӯро соҳиб мешуд. Дар ин сурат замини «фалонӣ» ба писаре мерос мемонд, ки номи ӯро неву номи Элималикро мегирифт. Барои ҳамин ин мард «меросам зарар набинад» гуфта, ба Нооми кумак накард. Ӯ аз ҳаққи товондеҳӣ даст кашида, масъулиятро ба дӯши Бӯаз вогузошт. Бӯаз бошад, ба мадади Ноомӣ расид, зеро мехост мероси шавҳари Ноомӣ «ба каси дигар нагузарад» (Рут 4:10).
Аз афташ, барои «фалонӣ» нигоҳ доштани ном ва меросаш муҳимтар буд. Худбинӣ ақли ӯро тира кард. Ҳарчанд ин мард кӯшиш кард, ки номаш аз байн наравад, лекин он аз саҳифаи таърих нест шуд. Ӯ инчунин имконияти пуршараферо аз даст дод, ки Бӯаз ба он ноил гашт: Номи «фалонӣ» дар насабномаи Исои Масеҳ зикр ёфта метавонист. Чӣ нохушие барои фалонӣ! Ӯ аз пушти худбиниаш ба мадади шахси муҳтоҷ нарасид (Мат. 1:5; Луқ. 3:23, 32).