Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10

Чаро бояд таъмид гирифт?

Чаро бояд таъмид гирифт?

«Ҳар яке... таъмид гиред» (КОР. 2:38).

СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Ҳангоми таъмид одатан чӣ гуна фазо ҳукмфармо мешавад ва дар ин мақола чиро дида мебароем?

 ГУРӮҲИ таъмидгирандагон пеш аз таъмид ба ду савол бо азми қавӣ ҷавоб медиҳанд; аъзои оила ва дӯстонашон табассумкунон ба онҳо менигаранд; аз об баромадан замон шумо кафкӯбиҳои ҳозиронро мешунавед ва мебинед, ки чӣ тавр дар чеҳраи таъмидгирандагон шуълаи шодӣ нурафкан мешавад. Бояд гуфт, ки ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта ҳазорҳо одамон таъмид гирифта, Шоҳиди Яҳува мешаванд.

2 Шумо чӣ? Агар дар бораи таъмид гирифтан фикр карда истода бошед, пас, шумо чун «ҷӯяндаи Яҳува» дар ин дунёи зулмот мисли ситорагон медурахшед (Заб. 14:1, 2). Ин мақола махсусан барои шумо навишта шудааст — хоҳ ҷавон бошед, хоҳ пиронсол. Лекин онҳое, ки аллакай таъмид гирифтаанд, инчунин мехоҳанд хизмати Яҳуваро бо азми қавӣ ҷовидона давом диҳанд. Пас, биёед се сабаберо дида бароем, ки чаро мо ба Яҳува хизмат кардан мехоҳем.

ШУМО АДЛУ РОСТИРО ДӮСТ МЕДОРЕД

Шайтон ҳазорсолаҳо инҷониб номи Яҳуваро доғдор мекунад (Ба сархатҳои 3 ва 4 нигаред.)

3. Чаро хизматгорони Яҳува адлу ростиро дӯст медоранд? (Забур 119:128, 163).

3 Яҳува ба халқаш фармудааст, ки ростиро дӯст доранд (Зак. 8:19). Исо низ пайравони худро таълим медод, ки адолатмандиро пеша кунанд (Мат. 5:6). Барои дар назари Худо росткор ва пок будан хоҳиши сахт лозим аст. Оё шумо адлу ростиро дӯст медоред? Шубҳа надорем, ки дӯст медоред. Шумо аз дурӯғу роҳи каҷ нафрат доред. (Забур 119:128, 163-ро хонед.) Охир, дурӯғгӯӣ ба ҳокими ин ҷаҳон, Шайтон, хос аст (Юҳ. 8:44; 12:31). Як мақсади Шайтон ин доғдор намудани номи муқаддаси Яҳува мебошад. Ӯ аз рӯзи исён дар боғи Адан сар карда, то ҳол, дар бораи Худо ҳар гуна дурӯғ паҳн мекунад. Шайтон Яҳуваро Ҳокими беинсофу худбин тасвир кард, ки аз одамон чизи хуберо пинҳон мекунад (1 Мӯсо 3:1, 4, 5). Ӯ ҳоло ҳам бо дурӯғҳояш ақлу дили одамонро заҳролуд мегардонад. Вақте шахс дӯст доштани ростиро рад мекунад, ба Шайтон имкон медиҳад, ки ӯро ба ҳар гуна корҳои ношоиста ва бад тела диҳад (Рум. 1:25–31).

4. Чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки ӯ «Худои ростӣ» аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Яҳува «Худои ростӣ» мебошад. Ӯ ба ҳар касе, ки дӯсташ медорад, саховатмандона ростиро таълим медиҳад (Заб. 31:5). Бинобар ин дӯстдорони Яҳува қурбони фанду фиреби Шайтон намешаванд. Яҳува инчунин хизматгоронашро таълим медиҳад, ки боинсофу росткор бошанд. Аз ин рӯ онҳо сарбаланданду дар дил оромӣ доранд (Пнм. 13:5, 6). Эҳтимол, Яҳува ба шумо низ ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас аз ин ҷиҳат кумак кардааст. Шумо фаҳмидед, ки роҳҳои Яҳува барои одамизод ва шахсан барои шумо беҳтаринанд (Заб. 77:13). Барои ҳамин мехоҳед, ки аз рӯйи хости Худо росткориро пеша кунед (Мат. 6:33). Шумо мехоҳед ҳақиқатро ҳифз кунед ва дурӯғи Шайтонро дар бораи Худоямон Яҳува фош созед. Биёед фаҳмем, ки инро чӣ тавр кардан мумкин аст.

5. Чӣ тавр нишон дода метавонед, ки тарафдори адлу ростӣ ҳастед?

5 Шумо бо рафтори худ нишон дода метавонед, ки дурӯғҳои Шайтонро рад мекунед ва ба ҳақиқат часпидаед. Яҳуваро чун Ҳоким интихоб кардаеду мехоҳед корҳоеро кунед, ки дар назари ӯ ростанд. Инро чӣ тавр нишон додан мумкин? Дар дуо ҳаётатонро ба Яҳува бахшед ва дар назди дигарон таъмид гиред. Дар ин кор дӯст доштани адлу ростӣ ба шумо кумак мекунад.

ШУМО ИСОРО ДӮСТ МЕДОРЕД

6. Мувофиқи Забур 45:4 аз кадом сабабҳо шумо Исоро дӯст дошта метавонед?

6 Чаро шумо Исоро дӯст медоред? Якчанд сабабаш дар Забур 45:4 оварда мешавад. (Оятро хонед.) Исо ростӣ, хоксорӣ ва адолатро дӯст медошт. Агар шумо низ дӯстдори ростӣ ва адолат бошед, пас, ҷойи тааҷҷуб нест, ки Исоро ҳам дӯст медоред. Ба ёд оред, ки чӣ тавр ӯ далерона ростиро муҳофизат карда буд (Юҳ. 18:37). Вале чӣ тавр мо аз Исо хоксориро омӯхта метавонем?

7. Аз кадом ҷиҳат хоксории Исо ба шумо писанд аст?

7 Исо бо рафтору кирдораш ба мо хоксориро таълим медиҳад. Масалан, ӯ ҳамаи ҷалолро на ба худ, балки ба Падараш равона месозад (Марқ. 10:17, 18; Юҳ. 5:19). Шумо фурӯтании Исоро дида чӣ ҳис мекунед? Бешак, дар дилатон ба Писари Худо меҳр пайдо шуд ва шумо мехоҳед ба ӯ пайравӣ кунед. Чаро Исо фурӯтан аст? Зеро ӯ Падарашро, ки фурӯтан аст, дӯст медорад ва аз ӯ ибрат мегирад. Бале, Исо хислатҳои Яҳуваро комилан нишон медиҳад (Заб. 18:35; Ибр. 1:3). Магар донистани ин шуморо ба ӯ ҷалб намекунад?

8. Чаро мо Исоро чун Шоҳи худ дӯст медорем?

8 Мо Шоҳамон Исоро дӯст медорем, зеро ӯ Ҳокими беҳтарин аст. Яҳува худ Писарашро таълим дода, Ҳоким таъйин намуд (Иш. 50:4, 5). Ҳамчунин дар бораи муҳаббати фидокоронае, ки Исо дар амал нишон додааст, фикр кунед (Юҳ. 13:1). Чун Шоҳатон ӯ лоиқи муҳаббати шумо мебошад. Чӣ тавр дӯстон ва дӯстдорони Исо муҳаббаташонро ба ӯ нишон дода метавонанд? Исо фаҳмонда буд, ки онҳо ба фармудаҳои ӯ итоат мекунанд (Юҳ. 14:15; 15:14, 15). Дӯсти Писари Яҳува будан дар ҳақиқат шараф аст!

9. Таъмиди пайравони Исо ба таъмиди ӯ чӣ монандӣ дорад?

9 Яке аз фармудаҳои Исо ин аст, ки пайравонаш таъмид гиранд (Мат. 28:19, 20). Ӯ худаш аз ин ҷиҳат намуна гузошт. Бояд гуфт, ки таъмиди Исо аз таъмиди пайравонаш аз баъзе ҷиҳатҳо фарқ мекунад. (Ба чорчӯбаи  «Таъмиди Исо аз таъмиди пайравонаш чӣ фарқ дорад?» нигаред.) Вале он монандӣ низ дорад. Масалан, вақте Исо таъмид гирифт, нишон дод, ки ҳаёташро ба иҷро кардани хости Худо бахшид (Ибр. 10:7). Ба ин монанд, вақте пайравони Исо дар шоҳидии ҳама таъмид мегиранд, инчунин нишон медиҳанд, ки минбаъд мувофиқи хости Худо зиндагӣ мекунанд, на ин ки хости худ. Онҳо аз ин ҷиҳат ба Хӯҷаинашон пайравӣ менамоянд.

10. Шумо аз кадом сабабҳо Исоро дӯст медоред ва аз муҳаббат ба ӯ бояд чӣ кор кунед?

10 Шумо бовар доред, ки Исо нахустзодаи Яҳува аст ва хурсандед, ки Худо ӯро Шоҳи мо таъйин кардааст. Мебинед, ки Исо фурӯтан аст ва ба Падараш комилан пайравӣ мекунад. Шумо фаҳмидед, ки Исо гуруснагонро сер кард, рӯҳафтодагонро тасаллӣ бахшид ва беморонро шифо дод (Мат. 14:14–21). Инчунин шоҳиди онед, ки чӣ тавр ӯ имрӯз ҷамоатро роҳнамоӣ мекунад (Мат. 23:10). Аллакай медонед, ки дар оянда ӯ чун Шоҳи Подшоҳии Худо аз ин ҳам корҳои бузургтарро иҷро хоҳад намуд. Пас, чӣ тавр шумо муҳаббататонро ба Исо нишон дода метавонед? Ба намунаи ӯ пайравӣ кунед (Юҳ. 14:21). Барои ин аввал худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифта метавонед.

ШУМО ЯҲУВАРО ДӮСТ МЕДОРЕД

11. Сабаби асосӣ барои таъмид гирифтан кадом аст ва чаро?

11 Сабаби асосии таъмид гирифтан чӣ аст? Аҳамият диҳед Исо амри муҳимтарини Яҳуваро ошкор карда, чӣ гуфта буд: «Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми ақл ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор» (Марқ. 12:30). Шумо Яҳуваро ҳамин хел дӯст медоред?

Яҳува Сарчашмаи ҳар як ҳадияи некест, ки шумо доред ва хоҳед дошт (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

12. Чаро шумо Яҳуваро дӯст медоред? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Барои Яҳуваро дӯст доштан сабабҳои бисёр вуҷуд дорад. Масалан, шумо фаҳмидед, ки ӯ «Чашмаи ҳаёт» ва Диҳандаи «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил» мебошад (Заб. 36:9; Яъқ. 1:17). Воқеан ҳам, ҳар чизи неке ки дар ҳаёт дорем, Худои меҳрубон ва саховатмандамон ба мо додааст.

13. Чаро товонро ҳадияи олиҷаноб номидан мумкин аст?

13 Товон ҳадияи олиҷанобест, ки Яҳува барои мо додааст. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Дар бораи пайванди дӯстие, ки Исо ва Яҳува доранд, андеша кунед. Исо гуфтааст: «Падар маро дӯст медорад» ва «ман Падарро дӯст медорам» (Юҳ. 10:17; 14:31). Дӯстии Яҳува ва Исо тӯли миллиардҳо сол қавитар гашт (Пнм. 8:22, 23, 30). Акнун тасаввур кунед, ки то чӣ андоза барои Яҳува ба марги пуразоби Исо роҳ додан дардовар буд. Яҳува одамизодро, аз ҷумла шахсан шуморо, чунон дӯст медорад, ки Писари азизашро қурбон кард, то шумо ҷовидона зиндагӣ карда тавонед (Юҳ. 3:16; Ғал. 2:20). Магар барои Яҳуваро дӯст доштан аз ин ҳам сабаби ҷиддӣ вуҷуд дорад? Не албатта!

14. Беҳтарин мақсаде, ки шумо дар ҳаёт монда метавонед, кадом аст?

14 Ҳоло ки шумо дар бораи Яҳува бештар дониш мегиред, муҳаббататон низ ба ӯ зиёд мешавад. Шубҳае нест, ки шумо имрӯз ва ҷовидона ба Яҳува наздик шудан мехоҳед. Ин ҳатман ба шумо муяссар мегардад. Ӯ меҳрубонона шуморо даъват мекунад, ки дилашро шод гардонед (Пнм. 23:15, 16). Инро бо ду роҳ кардан мумкин: бо сухан ва бо рафтор. Аз тарзи ҳаётатон маълум мешавад, ки шумо Яҳуваро дӯст медоред ё не (1 Юҳ. 5:3). Дили ӯро шод гардондан мақсади беҳтарини ҳаёт аст!

15. Чӣ тавр шумо муҳаббататонро ба Яҳува нишон медиҳед?

15 Чӣ тавр шумо муҳаббататонро ба Яҳува нишон дода метавонед? Якум, дар дуои махсус худро ба Худои яккаву ягона ва ҳақиқӣ бахшед (Заб. 40:8). Сипас таъмид гирифта, ин қароратонро ба ҳамагон маълум созед. Чи хеле дар сархатҳои боло қайд кардем, қадами мазкур дар ҳаётатон хеле муҳим ва хурсандиовар мешавад. Шумо акнун на барои худ, балки барои Яҳува зиндагӣ мекунед (Рум. 14:8; 1 Пет. 4:1, 2). Албатта, ин қадами бениҳоят ҷиддӣ мебошад, вале он бароятон дарвозаи ҳаёти беҳтаринро боз мекунад. Чӣ тавр?

16. Яҳува ба онҳое, ки ҳаёташонро ба хизмати ӯ мебахшанд, чӣ мукофот медиҳад? (Забур 41:12).

16 Саховатмандии Яҳува бемислу монанд аст (Марқ. 10:29, 30). Чи қадаре шумо ба Яҳува надиҳед, ӯ ҳама вақт садчандон бештар ба шумо медиҳад. Ҳатто дар ин дунёе, ки рӯзҳояш ба шумор аст, Яҳува ба шумо ҳаёти шавқовар, пурбаракат ва пурмаъно дода метавонад. Лекин ин танҳо оғози некиҳои Яҳува аст. Сафари шумо дар роҳи ҳаёт баъди таъмид набояд ба охир расад. Шумо ба Падари меҳрубонамон ҷовидона хизмат карда метавонед. Муҳаббататон низ ба Яҳува торафт зиёд мешавад. Шумо имкон пайдо мекунед, ки мисли Яҳува ҷовидона зиндагӣ кунед. (Забур 41:12-ро хонед.)

17. Шумо ба Яҳува чӣ дода метавонед, ки ӯ ҳоло надорад?

17 Вақте ҳаётатонро ба Яҳува бахшида, таъмид мегиред, имконият пайдо мекунед, ки ба ӯ як чизи пурқиматро диҳед. Қобили зикр аст, ки ҳар як чизи нек ва лаҳзаи хурсандиоваре, ки шумо дар ҳаёт аз он баҳра мебаред, атои Яҳува аст. Дар ивази ин шумо ба Соҳиби замину осмон содиқона хизмат карда, чизеро медиҳед, ки ӯ ҳоло надорад (Айюб 1:8; 41:11; Пнм. 27:11). Магар ин беҳтарин роҳи ҳаёт нест?! Бале, муҳаббат ба Яҳува беҳтарин сабаб барои таъмид гирифтан мебошад.

ОЁ ШУМО БАРОИ ТАЪМИД ГИРИФТАН ТАЙЁРЕД?

18. Шумо ба худ кадом саволҳоро дода метавонед?

18 Шумо барои таъмид гирифтан тайёред? Ҷавоби ин саволро танҳо худатон медонед. Вале дар ин хусус як чиз ба шумо кумак карда метавонад. Аз худ пурсед: «Чаро ман то ҳол таъмид нагирифтаам?» (Кор. 8:36). Хуб, се сабаберо, ки дар сархатҳои боло дида баромадем, ба ёд оред: Якум, шумо адлу ростиро дӯст медоред. Бинобар ин аз худ пурсед: «Оё ман ба рӯзе расидан мехоҳам, ки ҳама ростқавлу адолатпеша мешаванд?» Дуюм, шумо Исоро дӯст медоред. Пас, аз худ пурсед: «Оё мехоҳам Исо Шоҳи ман бошад? Ба намунаи ӯ пайравӣ кардан мехоҳам?» Сабаби сеюм ва аз ҳама муҳим, шумо Яҳуваро дӯст медоред. Барои ҳамин аз худ пурсед: «Оё ман мехоҳам ба Яҳува чун ба Худои худ хизмат карда, дилашро дод гардонам?» Агар ба ҳамаи ин саволҳо ҷавобатон «ҳа» бошад, шумо барои таъмид гирифтан тайёред. Пас, ин корро ба қафо напартоед! (Кор. 16:33).

19. Чаро шумо бо дилпурӣ таъмид гирифта метавонед? Мисол оред. (Юҳанно 4:34).

19 Агар шумо дудила бошед, ки таъмид гиред ё не, як мисоли Исоро аз назар гузаронед. (Юҳанно 4:34-ро хонед.) Ӯ иҷро кардани хости Худоро бо хӯрок муқоиса карда буд. Чаро? Хӯрок ба мо фоида мерасонад. Исо медонист, ки ҳар чизе ки Яҳува аз мо талаб мекунад, бар манфиати мост. Яҳува ҳеҷ гоҳ бар зарари мо чизе талаб намекунад. Акнун як фикр кунед: Оё Яҳува мехоҳад, ки шумо таъмид гиред? Албатта, мехоҳад! (Кор. 2:38). Пас, дилпур бошед, ки иҷро кардани ин талаби Худо ба шумо фоида меорад. Агар шумо хӯроки болаззат ва фоиданокро бе дудилагӣ хӯред, пас, чаро аз таъмид гирифтан дудила шавед.

20. Дар мақолаи навбатӣ чӣ баррасӣ мешавад?

20 Чаро ман то ҳол таъмид нагирифтаам? Бисёр касон шояд чунин ҷавоб диҳанд: «Ман ҳоло тайёр нестам». Воқеан ҳам ҳаёти худро ба Яҳува бахшида, таъмид гирифтан қарори муҳимтарини ҳаёт мебошад. Барои ҳамин пеш аз гузоштани ин қадам шумо бояд бодиққат андеша кунед. Барои ба талабот ҷавобгӯ шудан вақту қуввати зиёд лозим мешавад. Лекин, агар шумо мақсади таъмид гирифтан дошта бошед, чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба ин қадам тайёр шавед? Ҷавоби саволи мазкурро аз мақолаи навбатӣ меёбед.

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

a Барои ҳар як омӯзандаи Каломи Худо таъмид гирифтан хеле муҳим аст. Чӣ ба омӯзанда кумак мекунад, ки таъмид гирад? Кӯтоҳ карда гӯем, муҳаббат. Вале муҳаббат ба чӣ ва ба кӣ? Дар ин мақола ба ин саволҳо ҷавоб меёбем. Инчунин мебинем, ки баъд аз таъмид гирифтан ҳаёти мо чӣ гуна мешавад.