МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14
«Ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед»
«Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (ЮҲ. 13:35).
СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»
ПЕШГУФТОР a
1. Диққати бисёр шавқмандонеро, ки якум бор ба вохӯриҳоямон меоянд, чӣ ҷалб мекунад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
ТАСАВВУР кунед, ки ҳамсароне якум бор ба вохӯрӣ, ба Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува, меоянд. Гарму ҷӯшон пазироӣ кардан, муомилаи хуб ва муҳаббате, ки дар байни аҳли ҷамоат дида мешавад, ба дили онҳо сахт таъсир мерасонад. Вақти ба хона баргаштан зан ба шавҳараш мегӯяд: «Шоҳидони Яҳува дар ҳақиқат аз дигарон фарқ мекунанд. Ман аз муошират бо онҳо ҳаловат бурдам».
2. Чаро баъзеҳо хизмати Яҳуваро бас кардаанд?
2 Муҳаббате, ки дар байни аҳли ҷамоат дида мешавад, воқеан ҳам ҷолиб аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки Шоҳидони Яҳува одамони комиланд (1 Юҳ. 1:8). Бинобар ин, вақте бо бародару хоҳарон наздиктар шинос мешавем, эҳтимоли зиёд аст, ки баъзе камбудиҳояшон ба чашм мерасад (Рум. 3:23). Афсӯс, баъзеҳо аз сабаби хатоҳои дигарон хизмати Яҳуваро бас карданд.
3. Хусусияти фарқкунандаи пайравони ҳақиқии Исо чӣ аст? (Юҳанно 13:34, 35).
3 Боз ба ояти асосии ин мақола нигаред. (Юҳанно 13:34, 35-ро хонед.) Хусусияти фарқкунандаи пайравони ҳақиқии Исо чӣ аст? Муҳаббат, на ин ки комилият. Инчунин аҳамият диҳед, Исо нагуфт, ки «агар дар байнатон муҳаббат бошад, шумо мефаҳмед, ки шогирдони ман ҳастед». Ӯ гуфт: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед». Исо қайд мекунад, ки ҳам пайравони ӯ ва ҳам касоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, шогирдони ҳақиқии ӯро аз муҳаббати фидокоронаашон мешиносанд.
4. Баъзеҳо дар бораи масеҳиёни ҳақиқӣ чиро фаҳмидан мехоҳанд?
4 Баъзе одамоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, шояд фикр кунанд: «Чӣ тавр муҳаббат кумак мекунад, ки пайравони ҳақиқии Масеҳро шиносем? Исо ба расулонаш чӣ хел муҳаббат нишон медод? Оё имрӯз ба намунаи ӯ пайравӣ кардан имконпазир аст?» Хуб мебуд, ки ҳатто воизони таъмидёфта дар бораи ҷавоби ин саволҳо андеша кунанд. Дар ин ҳол бештар муҳаббат нишон дода метавонем, махсусан вақте бо нокомилии якдигар рӯ ба рӯ мешавем (Эфс. 5:2).
АЗ РӮЙИ ЧӢ ГУНА МУҲАББАТ ПАЙРАВОНИ ҲАҚИҚИИ ИСОРО МЕШИНОСАНД?
5. Суханони Исоро, ки дар Юҳанно 15:12, 13 омадаанд, фаҳмонед.
5 Исо равшан гуфта буд, ки пайравонаш ба якдигар муҳаббати хоса хоҳанд дошт (Юҳанно 15:12, 13-ро хонед.) Аҳамият диҳед ӯ ба онҳо чӣ амр дод: «Чуноне ки ман шуморо дӯст медорам, шумо низ якдигарро дӯст доред». Ин чӣ маъно дорад? Исо суханонашро давом дода фаҳмонд, ки ӯ муҳаббати фидокоронаро дар назар дорад, муҳаббатеро, ки аз рӯйи он, агар зарур бошад, масеҳӣ барои ҳамимонаш ҷони худро қурбон мекунад b.
6. Чӣ тавр дар Каломи Худо аҳамияти муҳаббат нишон дода шудааст?
6 Муҳаббат дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас ҷойи махсус дорад. Барои мисол, оятҳои дӯстдоштаи бисёр одамон аз ҷумла инҳоянд: «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). «Ёри худро мисли худ дӯст дор» (Мат. 22:39). «Муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад» (1 Пет. 4:8). «Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад» (1 Қӯр. 13:8). Аз ин ва дигар оятҳои Калом маълум мешавад, ки ин хислати зеборо инкишоф ва нишон додан хеле муҳим аст.
7. Чаро Шайтон одамонро дар муҳаббат муттаҳид карда наметавонад?
7 Бисёр одамон мепурсанд: «Магар дини ҳақиқиро ёфтан имконпазир аст? Охир, ҳамаи динҳо даъво мекунанд, ки ҳақиқатро таълим медиҳанд, ҳол он ки ҳар якашон дар бораи Худо ҳар хел таълим медиҳанд». Дар ҳақиқат Шайтон чунон бисёр дини дурӯғ ташкил додааст, ки ёфтани дини ҳақиқӣ душвор аст. Лекин Шайтон ҳеҷ гоҳ наметавонад аз ҳар кунҷи дунё одамонро ҷамъ карда, тавре кунад, ки онҳо якдигарро дӯст доранд. Ба ин кор танҳо Яҳува қодир аст. Чаро? Зеро муҳаббати ҳақиқӣ аз Яҳува сарчашма мегирад. Танҳо онҳое, ки рӯҳи Худо ва баракати ӯро доранд, якдигарро самимона дӯст дошта метавонанд (1 Юҳ. 4:7). Ана барои чӣ Исо гуфт, ки танҳо дар байни пайравони ӯ муҳаббати фидокорона дида мешавад.
8, 9. Чӣ тавр муҳаббате, ки байни Шоҳидони Яҳува дида мешавад, ба бисёр касон таъсир кардааст?
8 Чи хеле Исо пешгӯйӣ кард, бисёр одамон имрӯз пайравони ҳақиқии ӯро аз рӯйи муҳаббати самимиашон мешиносанд. Мисоли бародар Иенро мегирем. Ӯ ба ёд меорад, ки чӣ тавр бори аввал ба анҷумани минтақавӣ омада буд. Анҷуман дар майдони варзишии назди хонааш баргузор гардид. Якчанд моҳ пеш аз анҷуман Иен дар ин майдон мусобиқаи варзишиеро тамошо карда буд. Ӯ мегӯяд: «Анҷумани минтақавӣ бакуллӣ фарқ мекард; Шоҳидон хушмуомила буда сару либосашон тозаву озода буд; фарзандонашон бошад, рафтори намунавӣ доштанд». Иен илова мекунад: «Ғайр аз ин, дар чеҳраи Шоҳидон қаноатмандӣ ва сулҳу осоиштагӣ дида мешуд,— чизе ки ман ташнаи он будам. Рости гап, ягон суханронии он рӯз дар ёдам нест, вале рафтори намунавии Шоҳидон то ҳол аз лавҳи хотирам нарафтааст» c. Чунин рафтор самари муҳаббати ҳақиқӣ мебошад, ки дар байни мо ҳукмфармост. Азбаски мо бародару хоҳаронро дӯст медорем, бо онҳо меҳрубонона ва бо эҳтиром муносибат мекунем.
9 Бародарамон Ҷон низ, вақте ба вохӯриҳои ҷамоат меомадагӣ шуд, чунин эҳсосот дошт. Ӯ мегӯяд: «Бародару хоҳарон хушмуомила буданд... ман фикр кардам онҳо фариштаанд. Муҳаббати самимиашонро дида, боварӣ ҳосил кардам, ки дини ҳақиқиро ёфтам» d. Воқеаҳои ба ин монанд гаштаю баргашта исбот мекунанд, ки халқи Яҳува масеҳиёни ҳақиқӣ мебошанд.
10. Дар кадом маврид муҳаббати самимӣ нишон додан мумкин аст? (Ҳамчунин ба поварақ нигаред.)
10 Чи хеле дар боло қайд кардем, ягон ҳамимони мо комил нест. Баъзан онҳо моро бо гуфтор ё рафторашон хафа карда метавонанд e (Яъқ. 3:2). Бояд гуфт, ки дар чунин мавридҳо мо бо сухан ва амалҳоямон нишон дода метавонем, ки онҳоро самимона дӯст медорем. Биёед бинем, ки дар ин бобат аз Исо чӣ ибрат гирифта метавонем (Юҳ. 13:15).
ЧӢ ТАВР ИСО БА РАСУЛОНАШ МУҲАББАТ НИШОН МЕДОД?
11. Яъқуб ва Юҳанно кадом хислатҳои бадро нишон доданд? (Инчунин ба расм нигаред.)
11 Исо аз пайравони худ комилиро талаб намекард. Баръакс, ӯ меҳрубонона ба онҳо кумак мекард, ки бар хислатҳои бадашон ғолиб оянд ва ризои Яҳуваро ба даст оранд. Боре ду расулаш, Яъқуб ва Юҳанно, ба воситаи модарашон аз Исо хоҳиш карданд, ки дар Подшоҳии Худо ба онҳо мақоми баланд диҳад (Мат. 20:20, 21). Ин ду расул бо рафтори худ нишон доданд, ки мағрур ва шуҳратпарастанд (Пнм. 16:18).
12. Магар танҳо Яъқубу Юҳанно нодуруст рафтор карданд? Фаҳмонед.
12 Дар ин маврид на танҳо Яъқуб ва Юҳанно нодуруст рафтор карданд. Аҳамият диҳед дар бораи рафтори дигар расулон чӣ гуфта шудааст: «Вақте ки даҳ шогирди дигар инро шуниданд, аз он ду бародар дарғазаб шуданд» (Мат. 20:24). Баҳсу бареро, ки дар байни Яъқуб, Юҳанно ва дигар расулон аланга зад, тасаввур кунед. Дигар расулон мумкин мегуфтанд: «Шумо худатон кӣ шудед, ки дар Подшоҳии Худо мақомҳои баланд металабед? Магар танҳо шумо дар хизмат бо Исо ҷидду ҷаҳд кардаед? Мо низ лоиқи мақомҳои баланд ҳастем!» Чи хеле набошад, расулон дар ин маврид лаҳзае фаромӯш карданд, ки дар байнашон ҳама вақт бояд муҳаббат пойдор бошад.
13. Исо ба камбудиҳои расулон чӣ тавр муносибат мекард? (Матто 20:25–28).
13 Исо чӣ тавр рафтор кард? Ӯ ба ғазаб наомад. Инчунин нагуфт, ки барои худ расулони беҳтар мекобад,— мардонеро, ки бештар фурӯтананду ҳамеша аз рӯйи муҳаббат рафтор мекунанд. Баръакс, Исо пуртоқатона бо ин мардони самимӣ андеша ронд. (Матто 20:25–28-ро хонед.) Қобили зикр аст, ки ин аввалин ва охирин бор набуд, ки шогирдон дар бораи мақоми бузургтарро ишғол карданашон баҳсу мунозира менамуданд. Бо вуҷуди ин Исо бо онҳо аз рӯйи муҳаббат рафтор мекард (Марқ. 9:34; Луқ. 22:24).
14. Расулони Исо дар чӣ гуна муҳит ба воя расида буданд?
14 Шубҳае нест, ки Исо маданияти расулонро ба назар мегирифт (Юҳ. 2:24, 25). Онҳо дар ҷомеае ба воя расида буданд, ки сардорони дин шуҳрату мартабаро бениҳоят муҳим мешумурданд (Мат. 23:6; бо мақолаи «Иисус и его ученики проповедовали в синагогах» аз Бурҷи дидбонӣ, 1-уми апрели 2010, саҳ. 16–18 муқоиса кунед). Сардорони дини яҳудӣ ҳамчунин худро аз дигарон муҳим мешумурданд f (Луқ. 18:9–12). Исо мефаҳмид, ки чунин муҳит ба назари расулон нисбати худ ва дигарон таъсир расонда буд (Пнм. 19:11). Ӯ интизор набуд, ки расулон ҳама вақт дуруст рафтор мекунанд. Барои ҳамин, вақте онҳо хато мекарданд, Исо бо онҳо пуртоқатона рафтор менамуд. Ӯ дарк мекард, ки расулон хоҳиши дуруст рафтор кардан доранд. Аз ин лиҳоз пуртоқатона онҳоро таълим медод, ки ғуруру шуҳратпарастиро аз худ дур карда муҳаббатро пеша намоянд.
МО АЗ ИСО ЧӢ ИБРАТ МЕГИРЕМ?
15. Мо аз воқеае, ки бо Яъқуб ва Юҳанно рӯй дод, чӣ дарс мегирем?
15 Мо аз воқеае, ки бо Яъқуб ва Юҳанно рӯй дод, бисёр чиз омӯхта метавонем. Албатта, вақте онҳо барои худ дар Подшоҳии Худо мавқею мартабаи баланд талаб намуданд, кори дуруст накарданд. Вале рафтори дигар расулон низ намунавӣ набуд. Охир, онҳо кӯшиш накарданд, ки ягонагиро нигоҳ доранд. Лекин Исо бо ҳар 12 расулаш аз рӯйи муҳаббат рафтор кард. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо мефаҳмем, ки гап нафақат сари рафтору кирдори дигарон аст, балки чӣ тавр мо ба хатову сустиҳои онҳо муносибат мекунем. Аз ин ҷиҳат чӣ ба мо кумак карда метавонад? Хуб, вақте ҳамимоне шуморо рӯҳафтода мекунад, аз худ пурсед: «Чаро рафтори ӯ маро ин қадар хафа кард? Оё гап дар ягон камбудии ман аст, ки бояд онро бартараф кунам? Чунин буда метавонад, ки айни ҳол ӯ дар зиндагӣ мушкилӣ дорад? Ҳатто агар барои хафа шудан сабаб дошта бошам, оё метавонам муҳаббати фидокорона нишон дода, ӯро бахшам?» Чи қадаре ба дигарон бештар муҳаббат нишон диҳем, ҳамон қадар исбот мекунем, ки пайравони ҳақиқии Исо ҳастем.
16. Мо аз намунаи Исо боз чӣ дарс мегирем?
16 Мо аз намунаи Исо боз дарс мегирем, ки бояд кӯшиш карда, ҳамимонони худро фаҳмем (Пнм. 20:5). Албатта, Исо дили шахсро медид. Мо бошем, ба ин кор қодир нестем. Лекин, вақте ҳамимонамон моро хафа мекунад, метавонем бо ӯ пуртоқатона рафтор кунем (Эфс. 4:1, 2; 1 Пет. 3:8). Агар бо бародару хоҳарон нағзтар шинос шавем, кардани ин кор осонтар мешавад. Биёед дар ин бора мисолеро дида бароем.
17. Як нозири ноҳиявӣ бародареро нағзтар шинохта чӣ манфиат гирифт?
17 Як нозири ноҳиявӣ, ки дар Африқои Шарқӣ хизмат мекунад, бародареро ба ёд меорад, ки ба назараш бемеҳр буд. Ӯ мегӯяд: «Ба ҷойи аз он бародар канорагирӣ кардан ман қарор кардам, ки бо ӯ нағзтар шинос мешавам». Дар натиҷа нозир фаҳмид, ки бародар дар чӣ гуна муҳит ба воя расидааст ва чӣ тавр он ба шахсияти ӯ таъсир расонда буд. Нозир илова мекунад: «Вақте фаҳмидам, ки ӯ барои бо дигарон муросо кардан чӣ қадар меҳнат кардааст ва ба комёбиҳо ноил гаштааст, эҳтиромам нисбаташ дучанд гардид. Мо дӯсти хуб шудем». Дарвоқеъ, вақте мо кӯшиш мекунем, ки вазъияти бародару хоҳаронро фаҳмем, ба онҳо муҳаббат нишон додан бароямон осонтар мешавад.
18. Агар ҳамимоне моро хафа карда бошад, кадом саволҳоро ба худ дода метавонем? (Панднома 26:20).
18 Баъзан мо шояд фикр кунем, ки бояд назди шахсе, ки моро хафа кардааст, омада, масъаларо ҳал кунем. Лекин пеш аз кардани ин кор хуб мебуд ба худ саволҳои зеринро диҳем: «Оё ман асли воқеаро медонам?» (Пнм. 18:13). «Чунин буда метавонад, ки ӯ маро қасдан хафа карданӣ набуд?» (Пандгӯ 7:20). «Оё ман худам ба чунин хато роҳ додаам?» (Пандгӯ 7:21, 22). «Агар масъаларо ҳал кунам гуфта назди ӯ равам, вазъият аз будаш бадтар намешавад?» (Панднома 26:20-ро хонед.) Вақте мо дар бораи ин саволҳо андеша мекунем, шояд хулоса кунем, ки ба он ҳамимонамон муҳаббат нишон медиҳем ва ӯро мебахшем.
19. Шумо чӣ азм доред?
19 Шоҳидони Яҳува исбот мекунанд, ки шогирдони ҳақиқии Исо мебошанд. Бале, ҳар яки мо ба бародару хоҳаронамон, новобаста ба нокомилии онҳо, муҳаббати фидокорона нишон медиҳем. Ҳамин тавр исбот менамоем, ки пайравони ҳақиқии Исо ҳастем. Чунин рафтор карда мо шояд ба дигарон кумак кунем, ки дини ҳақиқиро ёбанд ва дар ибодати Худои пурмеҳр моро ҳамроҳ шаванд. Пас, биёед бо азми қавӣ минбаъд низ муҳаббат нишон диҳем, ки он хусусияти фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ мебошад.
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
a Бисёр одамон дар байни аҳли ҷамоат муҳаббати самимиро дида мехоҳанд дар бораи Яҳува ва Каломаш бештар фаҳманд. Бо вуҷуди ин, азбаски мо нокомилем, баъзан бароямон бо якдигар аз рӯйи муҳаббат рафтор кардан душвор аст. Биёед фаҳмем, ки чаро муҳаббат нишон додан муҳим аст ва чӣ тавр ҳангоми бо нокомилии дигарон рӯ ба рӯ шудан аз Исо ибрат гирифта метавонем.
b Ба китоби «Биё ва маро пайравӣ кун» боби 17, сарх. 10, 11 (рус.) нигаред.
c Ба мақолаи «Наконец моя жизнь обрела смысл!» аз «Бурҷи дидбонӣ» 1 ноябри с. 2012, саҳ. 13, 14 нигаред.
d Ба мақолаи «Я считал, что жизнь удалась» аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1 майи с. 2012, саҳ. 18, 19 нигаред.
e Дар ин мақола гап дар бораи гуноҳҳои ҷиддие намеравад, ки дар 1 Қӯринтиён 6:9, 10 оварда шудаанд. Чунин гуноҳҳоро пирони ҷамоат дида мебароянд.
f Хабар дода шудааст, ки бо гузашти вақт як устоди дини яҳудӣ чунин гуфта буд: «Дар дунё камаш сӣ мард мисли Иброҳим росткор аст. Агар сӣ нафар росткор бошад, ману писарам дутои онҳоем; даҳ кас бошад, ману писарам дутои онҳоем; панҷ кас бошад, ману писарам дутои онҳоем; ду кас бошад, ин ману писарам ҳастем; агар танҳо як росткор бошад, пас, ин худи манам».