МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1
«Каломи ту ростист»
ОЯТИ СОЛОНАИ 2023: «Мағзи каломи ту ростист» (ЗАБ. 119:160).
СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд
ПЕШГУФТОР a
1. Чаро имрӯз бисёр одамон ба Китоби Муқаддас бовар намекунанд?
ИМРӮЗ бисёр одамон намедонанд ба кӣ бовар кунанд. Онҳо дилпур нестанд, ки сиёсатмадорон, олимон ва тоҷироне, ки онҳо дастгирӣ мекунанд, дар ҳақиқат хайрхоҳашон мебошанд. Ғайр аз ин, дили одамон аз намояндагони дин, ки худро масеҳӣ мешуморанд, хунук гаштааст. Барои ҳамин ҷойи тааҷҷуб нест, ки онҳо ҳатто ба китобе, ки роҳбарони дин аз рӯйи он таълим медиҳанд, яъне Китоби Муқаддас, бовар намекунанд.
2. Мувофиқи Забур 119:160 мо бояд аз чӣ дилпур бошем?
2 Мо, хизматгорони Яҳува, итминон дорем, ки ӯ «Худои ростӣ» мебошад ва ҳама вақт бароямон чизҳои беҳтаринро хоҳон аст (Заб. 31:5; Иш. 48:17). Мо инчунин медонем, ки Китоби Муқаддас сазовори боварист ва «мағзи каломи [Худо] ростист» b. (Забур 119:160-ро хонед.) Ҳар якеамон бо гуфтаҳои як олими Китоби Муқаддас розием. Ӯ чунин навиштааст: «Гуфтаҳои Худо ҳеҷ гоҳ хато намебароянд ва ҳама вақт иҷро мешаванд. Халқи Худо ба суханони ӯ бовар мекунанд, зеро онҳо аз Худояшон дилпуранд».
3. Дар ин мақола чӣ баррасӣ мешавад?
3 Чӣ тавр ба дигарон кумак карда метавонем, ки мисли мо ба Китоби Муқаддас бовар кунанд? Се сабаберо дида мебароем, ки чаро ба Китоби Муқаддас бовар карда метавонем: Он дақиқ аст, пешгӯйиҳояш иҷро мешаванд ва қуввае дорад, ки ҳаёти касро тағйир медиҳад.
ХАБАРИ КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО ДАҚИҚ РАСИДААСТ
4. Чаро баъзеҳо шубҳа мекунанд, ки матни Китоби Муқаддас дақиқ аст?
4 Яҳува 40 марди бовафоро истифода бурда китобҳои Навиштаҳоро рӯйи қалам овард. Вале ягон дастнависи асл то рӯзи мо боқӣ намондааст. Имрӯз ба мо нусхаҳо дастрасанду халос. Аз ин рӯ баъзе одамон бовар надоранд, ки матни имрӯзаи Китоби Муқаддас матни аслро дар бар мегирад. Пас, чӣ тавр аниқ кардан мумкин аст, ки матни Навиштаҳо имрӯз дақиқ аст?
5. Навиштаҳои Ибронӣ чӣ тавр нусхабардорӣ мешуданд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
5 Барои нигоҳ доштани Каломаш Яҳува амр фармуд, ки онро нусхабардорӣ кунанд. Ҳамин тавр ӯ ба шоҳони Исроил амр дод, ки Шариатро барои худ рӯбардор кунанд. Ҳамзамон левизодагонро таъйин намуд, то ин Шариатро ба халқ омӯзонанд (5 Мӯсо 17:18; 31:24–26; Наҳемё 8:7). Баъд аз он ки яҳудиён ба Бобил ба асирӣ бурда шуданд, як гурӯҳ нусхабардорони касбӣ ба тайёр кардани шумораи зиёди нусхаҳои Навиштаҳои Ибронӣ шурӯъ намуданд (Эзро 7:6, поварақҳо). Ин мардон корашонро аз рӯйи виҷдон иҷро мекарданд. Масалан, онҳо дар матн на танҳо калимаҳо, балки ҳарфҳоро низ мешумурданд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки матни нусхашуда бехато аст. Бо вуҷуди ин аз сабаби нокомилии онҳо баъзе хатоҳои ночиз ба матни Китоби Муқаддас роҳ ёфтанд. Вале азбаски нусхаҳои бисёр тайёр карда шуданд, ин хатоҳоро баъдтар ёфтан мумкин буд. Чӣ тавр?
6. Чӣ тавр хатои нусхаҳои Китоби Муқаддасро ёфтан мумкин аст?
6 Мутахассисон имрӯз як усули санҷидаро ба кор бурда хатои онҳоеро, ки Китоби Муқаддасро нусха мекарданд, меёбанд. Мисоле меорем: Фарз кардем ба 100 мард супориш медиҳанд, ки матнеро рӯбардор кунанд. Яке аз онҳо ҳангоми рӯбардор кардан андаке хато мекунад. Ин хаторо чӣ хел ёфтан мумкин? Як роҳаш ин аст, ки нусхаи ӯро бо нусхаҳои дигарон муқоиса бояд кард. Ба ин монанд, олимон дастнависҳои зиёди Китоби Муқаддасро муқоиса карда муайян мекунанд, ки нусхабардор дар куҷои матн ба хато роҳ додааст ё чизеро партофтааст.
7. Бисёр нусхабардорони Китоби Муқаддас то чӣ андоза эҳтиёткор буданд?
7 Онҳое, ки дастнависҳои Китоби Муқаддасро нусхабардорӣ мекарданд, кӯшиш менамуданд, ки ба хатое роҳ надиҳанд. Мисоле меорем: Қадимтарин дастнависи пурраи Навиштаҳои Ибронӣ ба соли 1008 ё 1009-уми милод тааллуқ дорад. Он Дафтарномаи Ленинград ном гирифтааст. Валекин ба наздикӣ якчанд дастнавис ва порчаҳои Китоби Муқаддас ёфт шуданд, ки қариб 1000 сол аз Дафтарномаи Ленинград қадимтаранд. Вобаста ба ин шояд касе гӯяд, ки азбаски ин дастнависҳо тӯли 1000 сол гаштаву баргашта нусхабардорӣ мешуданд, матни Дафтарномаи Ленинград ба дастнависҳои куҳнатар бояд қариб ки монанд набошад. Вале ин тавр фикр кардан хатост. Зеро олимон дастнависҳоеро, ки ба наздикӣ ёфтанд, бо дастнависҳои куҳнатар муқоиса карда, маълум сохтанд, ки ҳарчанд ҷумлабандии онҳо андак фарқ мекунад, хабари асоси Китоби Муқаддас то замони мо бетағйир расидааст.
8. Фарқи байни нусхаҳои Навиштаҳои Юнонӣ ва матнҳои дигар китобҳои қадима дар чист?
8 Масеҳиёни асри як низ аз рӯйи анъанаи нусхабардорони Навиштаҳои Ибронӣ амал карда бодиққат 27 китоби Навиштаҳои Юнониро нусхабардорӣ карданд ва дар вохӯриҳою хизмат онҳоро истифода мебурданд. Як олим дастнависҳои Навиштаҳои Юнониро бо дигар китобҳое, ки ба ҳамон як давра тааллуқ доранд, муқоиса намуда чунин навишт: «Назар ба дигар дастнависҳо шумораи дастнависҳои Навиштаҳои Юнонӣ... бештар ва матнашон пурратар то замони мо расидааст». Инчунин дар як китоб навишта шудааст: «Хонанда дилпур буда метавонад, ки матне, ки дар тарҷумаҳои бовариноки муосири Навиштаҳои Юнонӣ мехонад, айнан ҳамон чизест, ки нусхабардорон дар давраҳои қадим зикр карда буданд» («Anatomy of the New Testament»).
9. Дар Ишаъё 40:8 дар бораи хабари Китоби Муқаддас чӣ гуфта мешавад?
9 Азбаски бисёр нусхабардорони Китоби Муқаддас корашонро ҳалол иҷро мекарданд, Китоби Муқаддасе, ки имрӯз мо мехонему меомӯзем, аниқу дақиқ аст c. Бешак, Яҳува буд ки, хабараш ба одамизод бетағйир расид. (Ишаъё 40:8-ро хонед.) Вале баъзеҳо даъво карда метавонанд, ки то замони мо расидани хабари Китоби Муқаддас исботи он нест, ки он зери илҳоми Худо навишта шудааст. Барои ҳамин биёед баъзе далелҳоеро дида бароем, ки Китоби Муқаддас дар ҳақиқат аз ҷониби Худо аст.
ПЕШГӮЙИҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАРИБАХШАНД
10. Мисоли пешгӯйиеро оред, ки иҷро шуд ва ҳақ будани суханони 2 Петрус 1:21-ро исбот мекунад. (Ба расм нигаред.)
10 Дар Китоби Муқаддас бисёр пешгӯйиҳое ҳастанд, ки баъзеашон садсолаҳо пас аз навишта шуданашон иҷро гаштанд. Таърих низ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Мо аз ин ба ҳайрат намеоем, зеро медонем, ки Муаллифи Китоби Муқаддас Яҳува Худо аст. ( 2 Петрус 1:21-ро хонед.) Биёед пешгӯйиеро дида бароем, ки дар бораи шикаст хӯрдани шаҳри қадимаи Бобил гуфта шуда буд. Дар асри ҳашти то милод пайғамбар Ишаъё зери илҳоми Худо пешгӯйӣ кард, ки шаҳри пурқудрати Бобил забт карда мешавад. Ӯ ҳатто номи шахсеро гуфт, ки Бобилро забт мекунад; ин Куруш буд. Пайғамбар батафсил навишт, ки шаҳри Бобил чӣ тавр забт мешавад (Иш. 44:27–45:2). Ишаъё дар пешгӯйиаш инчунин зикр кард, ки Бобил ниҳоят нест гардида ба биёбон табдил хоҳад ёфт (Иш. 13:19, 20). Ҳамаи ин пешгӯйиҳо дар ҳақиқат иҷро шуданд. Соли 539-уми то милод империяи Модаю Форс шаҳри Бобилро шикаст доданд. Ҳамин тавр аз шаҳре, ки як замон бузургу бошукӯҳ буд, харобаҳо боқӣ монданду халос. Аз нашри электронии китоби «То абад зинда бошед!» дарси 3, банди 5 видеонавори «Дар Китоби Муқаддас харобшавии Бобил пешгӯйӣ шуда буд»-ро тамошо кунед.
11. Фаҳмонед, ки чӣ тавр имрӯз Дониёл 2:41–43 иҷро шуда истодааст.
11 Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас на танҳо дар замонҳои қадим иҷро мешуданд, мо иҷрошавии онҳоро имрӯз низ мебинем. Мисол, иҷрошавии пешгӯйии Дониёлро дар бораи империяи Бритониёву Амрико мегирем. (Дониёл 2:41–43-ро хонед.) Дониёл аниқ пешгӯйӣ карда буд, ки ин империяи дуҷониба мисли оҳан «қисман қавӣ» ва мисли гил «қисман суст» мешавад. Мо имрӯз ҳақ будани ин суханонро бо чашмони худ мебинем. Бритониёву Амрико барои пирӯзӣ дар ду Ҷанги ҷаҳонӣ нақши асосӣ доштанд, ки ин аз қувваи оҳанини онҳо шаҳодат медиҳад. Онҳо то ҳол қувваҳои мусаллаҳи пурқудрат доранд. Бо вуҷуди ин шаҳрвандонашон барои ҳуқуқҳои худ, истиқлолият ва дар ҷойи кор озодии бештар доштан мубориза бурда, қувваи онҳоро суст мегардонанд. Як сиёсатшинос ба наздикӣ чунин гуфта буд: «Дар дунё айни ҳол ягон давлати демократӣ мисли Амрико аз ҷиҳати сиёсӣ ин қадар пароканда нест». Ҳамчунин сокинони Бритониё солҳои охир дар бораи ҳамкории давлаташон бо Иттиҳоди Аврупо эътироз баён мекунанд, ки ин дар ҷомеа ҷудоӣ меандозад. Ин рӯйдодҳо сабаб мегарданд, ки империяи ҷаҳонии Бритониёву Амрико ҳар он чизеро, ки мехоҳад, карда наметавонад.
12. Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?
12 Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас, ки аллакай иҷро шудаанд, моро дилпур месозанд, ки Худо ваъдаҳояшро, ки дар бораи оянда гуфтааст, ҳатман иҷро мекунад. Мо бо забурнавис розием, ки ба Яҳува чунин дуо гуфт: «Ҷонам ташнаи наҷоти туст, зеро ба сухани ту умед бастаам» (Заб. 119:81). Яҳува аз рӯйи меҳру муҳаббат ба воситаи Китоби Муқаддас ба мо «ояндаву умед» мебахшад (Ирм. 29:11). Бале, умеди мо ба оянда на ба кӯшишу заҳматҳои инсон, балки ба ваъдаҳои Яҳува вобаста аст. Пас, биёед минбаъд низ пешгӯйиҳои Каломро нағз омӯхта бовариамонро ба Китоби Муқаддас қавитар созем.
МИЛЛИОНҲО ОДАМОН АЗ МАСЛИҲАТҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС МАНФИАТ МЕГИРАНД
13. Мувофиқи Забур 119:66, 138 боз чаро мо ба Китоби Муқаддас бовар карда метавонем?
13 Боз чӣ боварии моро ба Китоби Муқаддас қавӣ мегардонад? Дидани он ки чӣ тавр одамон маслиҳатҳои онро ба кор бурда манфиати зиёд мегиранд. (Забур 119:66, 138-ро хонед.) Масалан, ҳамсароне, ки пайванди издивоҷашон қариб канда мешуд, маслиҳатҳои Каломро ба кор бурда ҳоло оилаи тифоқ доранд. Дар чунин оилаҳо фарзандон ҳис мекунанд, ки волидонашон нисбати онҳо бепарво нестанд ва дӯсташон медоранд (Эфс. 5:22–29).
14. Мисол оред, ки чӣ тавр ба кор бурдани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас одамро дигар мекунад.
14 Ба кор бурдани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ҳатто ҳаёти ҷинояткорони ашаддиро дигаргун месозад. Мисоли маҳбусеро мегирем, ки Ҷек d ном дошт. Ӯ дар миёни онҳое, ки ҳукми қатл гирифта буданд, яке аз маҳбусони хатарноктарин буд. Вале як рӯз Ҷек дар омӯзиши Китоби Муқаддас иштирок кард. Меҳрубонии бародароне, ки омӯзишро мегузаронданд, ба ӯ сахт таъсир расонд. Барои ҳамин Ҷек омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Маслиҳатҳои Каломро ба кор бурда рафтору шахсияти ӯ беҳтар гашт. Бо гузашти вақт ӯ воизи таъмиднаёфта шуд ва баъдтар таъмид гирифт. Ӯ дар маҳбас бо ҷидду ҷаҳд ба дигар маҳбусон дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекард ва камаш ба чор нафар кумак кард, ки Китоби Муқаддасро омӯзанд. Вақте рӯзи ба амал овардани ҳукми қатли ӯ расид, Ҷек аллакай тамоман дигар одам буд. Яке аз адвокатони ӯ дар ин бора чунин гуфт: «Ин он Ҷеке нест, ки ман 20 сол пеш мешинохтам. Таълимоти Шоҳидони Яҳува ҳаёти ӯро бакуллӣ тағйир дод». Ҳарчанд ҳукми қатли Ҷекро ба амал оварданд, аз намунаи ӯ маълум мегардад, ки Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст ва қудрат дорад ҳаёти касро тағйир диҳад (Иш. 11:6–9).
15. Чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда, халқи Яҳува аз дигарон фарқ мекунанд? (Ба расм нигаред.)
15 Азбаски халқи Худо маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаранд, онҳо тифоқанд (Юҳ. 13:35; 1 Қӯр. 1:10). Дар ин дунёе, ки носозиҳои сиёсӣ, нажодпарастӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ одамонро пароканда сохтааст, сулҳу ягонагии мо медурахшад. Ягонагии халқи Яҳува ба ҷавонмарде бо номи Жан таъсир расонд. Ӯ дар яке аз давлатҳои Африқо ба воя расидааст. Вақте дар ватанаш ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, ӯ ба қувваҳои мусаллаҳ ҳамроҳ гашт, вале баъдтар ба давлати ҳамсоя гурехт. Дар он ҷо Жан Шоҳидони Яҳуваро вохӯрд. Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки пайравони дини ҳақиқӣ ба сиёсат дахолат намекунанд ва ҷудо нестанд. Баръакс, онҳо якдигарро дӯст медоранд. Ман ҳаётамро барои муҳофизати ватанам бахшида будам, вале ҳақиқати Каломро фаҳмида хостам худамро ба Яҳува бахшам». Жан тамоман одами дигар шуд. Ба ҷойи ҷангидан бо онҳое, ки аз ӯ фарқ мекунанд, ӯ ҳоло ҳақиқати Каломро мавъиза мекунад, ҳақиқатеро, ки одамонро муттаҳид месозад. Бале, маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба одамони миллаташон гуногун таъсири хуб мерасонад. Ана барои чӣ мо ба ин китоби илҳомбахшида имон дорем.
МИНБАЪД НИЗ БА КАЛОМИ РОСТӢ ИМОН ДОШТА БОШЕД
16. Чаро бовариамонро ба Каломи Худо қавӣ гардондан хеле муҳим аст?
16 Азбаски вазъияти ин дунё торафт бадтар шуда истодааст, боварии мо ба ҳақиқат озмуда хоҳад шуд. Одамон дар диламон ба дақиқ будани Китоби Муқаддас шубҳа кошта метавонанд. Ё шубҳа мекоранд, ки Яҳува ба воситаи ғуломи бовариноку боандеша моро роҳнамоӣ мекунад. Дар ин ҳол, агар мо итминон дошта бошем, ки Каломи Яҳува ҳама вақт ростӣ аст, имонамонро аз ин тирҳои душман эмин нигоҳ медорем. Мо дастурҳои Яҳуваро ҳамеша, то ба охир, иҷро мекунем (Заб. 119:112). Ҳақиқатро бошад, ба дигарон расонда онҳоро даъват мекунем, ки мувофиқи он зиндагӣ кунанд ва аз ин ор нахоҳем дошт (Заб. 119:46). Ғайр аз ин, мо «бо пурсабриву шодмонӣ» дар лаҳзаҳои душвортарин, аз ҷумла озору азият, истодагӣ хоҳем кард (Қӯл. 1:11; Заб. 119:143, 157).
17. Ояти солона имони моро ба чӣ қавӣ мегардонад?
17 Мо бениҳоят миннатдорем, ки Яҳува бароямон ҳақиқатро ошкор кардааст. Ҳақиқат моро обод мекунад ва дар ин дунёи ошуфтаву ноором ҳаёти моро мақсаднок мегардонаду роҳнамоии аниқ медиҳад. Он инчунин ба мо умед мебахшад, ки зери ҳукмронии Подшоҳии Худо моро ояндаи дурахшон интизор аст. Пас, бигзор ояти солонаи 2023 имонамонро қавӣ гардонад, ки мағзи Каломи Худо ростист! (Заб. 119:160).
СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»
a Ояти солонаи 2023 имони моро қавӣ мегардонад. Он аз Забур 119:160 гирифта шудааст: «Мағзи каломи ту ростист». Шумо, бешак, бо ин суханон розиед. Вале бисёр одамон имрӯз бовар надоранд, ки Китоби Муқаддас ростист ва дастуроти он боваринок мебошад. Дар ин мақола мо се далелро дида мебароем. Ба воситаи ин далелҳо мо ба одамони самимӣ кумак мекунем, то фаҳманд, ки Китоби Муқаддас сазовори боварӣ буда, маслиҳатҳояш фоидаоваранд.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимаи иброние, ки дар ин оят «мағз» тарҷума шудааст, маънои пуррагӣ ё моҳияти чизеро дорад.
c Барои гирифтани маълумоти бештар оиди то замони мо расидани Китоби Муқаддас дар сомонаи jw.org ба мақолаи «Оё Китоби Муқаддас дигар карда шудааст?» нигаред.
d Баъзе номҳо иваз шудаанд.