Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4

Яҳува кӯшиши моро барои қайд кардани Шоми ёдбуд баракат медиҳад

Яҳува кӯшиши моро барои қайд кардани Шоми ёдбуд баракат медиҳад

«Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (ЛУҚ. 22:19).

СУРУДИ 8 Шоми ёдбуд

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Чаро мо ҳар сол Шоми ёдбудро қайд мекунем?

 ҚАРИБ 2000 сол пеш Исо ҷони худро қурбон карда ба мо имконияти ҷовидона зистанро дод. Шаби пеш аз маргаш Исо ба пайравони худ амр дод, ки як маросими одиро, ки дар он нону шароб истифода мешуд, қайд карда ин амали неки ӯро ба ёд оранд (1 Қӯр. 11:23–26).

2 Азбаски мо Исоро хеле дӯст медорем, ба ин амри ӯ итоат мекунем (Юҳ. 14:15). Ҳар сол дар айёми Шоми ёдбуд мо дар бораи маънои марги Исо мулоҳиза ронда, барои қурбониаш миннатдориамонро нишон медиҳем. Мо ҳамчунин дар хизмат бисёртар иштирок карда, шумораи бештари одамонро ба ин маросими муҳим даъват мекунем. Мо намегузорем, ки ягон чиз барои ҷашн гирифтани Шоми ёдбуд ба мо халал расонад.

3. Аз ин мақола мо дар бораи чӣ мефаҳмем?

3 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр халқи Яҳува аз се ҷиҳат кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, то Шоми ёдбудро қайд кунад: Якум, барқарор кардани маросиме, ки Исо ҷорӣ карда буд, дуюм, даъват кардани дигарон ба ин маросими муҳим ва сеюм, нигоҳ накарда ба вазъиятҳои душвор қайд кардани Шоми ёдбуд.

БАРҚАРОР КАРДАНИ МАРОСИМЕ, КИ ИСО ҶОРӢ КАРДА БУД

4. Ҳар сол дар Шоми ёдбуд дар бораи кадом ҳақиқатҳо гап меравад ва чаро мо бояд шукр гӯем, ки онҳоро медонем? (Луқ. 22:19, 20).

4 Ҳар сол мо дар Шоми ёдбуд суханрониеро мешунавем, ки дар асоси Китоби Муқаддас аст. Аз он мо ба якчанд саволҳои худ ҷавоб меёбем. Масалан, чаро одамизод муҳтоҷи товон аст ва чӣ тавр марги як шахс метавонад гуноҳҳои бисёриҳоро рӯпӯш кунад. Мо ёдрас мешавем, ки нону шароб рамзи чист ва киҳо аз он истеъмол карда метавонанд (Луқо 22:19, 20-ро хонед.) Мо инчунин мефаҳмем, ки дар оянда онҳоеро, ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуна баракатҳо интизоранд (Иш. 35:5, 6; 65:17, 21–23). Мо миннатдорем, ки ин ҳақиқатҳоро медонем. Охир, миллиардҳо одамон ин чизҳоро намефаҳманд ва дарк намекунанд, ки қурбонии Исо чӣ қадар пурарзиш аст. Онҳо ҳамчунин Шоми ёдбудро чи тавре ки Исо гуфта буд, қайд намекунанд. Биёед фаҳмем, ки чаро.

5. Баъди марги бисёр расулон одамон Шоми ёдбудро чӣ тавр қайд мекардагӣ шуданд?

5 Каме пас аз марги расулон ба ном масеҳиён ба ҷамоат роҳ ёфтанд (Мат. 13:24–27, 37–39). Онҳо «таълимоти нодурустро паҳн [мекарданд], то шогирдонро аз паси худ баранд» (Кор. 20:29, 30). Мисол, онҳо мегуфтанд, ки Исо ҷисми худро «як бор барои бардоштани гуноҳҳои бисёр» қурбон накардааст, балки қурбонии ӯ бояд гаштаву баргашта оварда шавад (Ибр. 9:27, 28). Имрӯз бисёр одамони самимӣ ба ин таълимоти нодуруст бовар мекунанд. Онҳо пайваста, баъзан ҳар рӯз, дар калисо ҷамъ шуда ёдбуди Исоро қайд мекунанд. Зеро бовар доранд, ки дар рафти ин маросим шароб ба хун ва нон ба бадани Масеҳ табдил меёбад. Ба гуфти онҳо ҳар боре ки ҳозирон дар ин оин иштирок мекунанд, хун ва бадани Исо қурбон мегардад. Дар дигар калисоҳо марги Исоро камтар қайд кунанд ҳам, пайравонашон одатан ба маънои қурбонии Исо пурра сарфаҳм намераванд. Баъзеашон шояд шубҳа карда гӯянд: «Магар марги Масеҳ дар ҳақиқат гуноҳҳои маро рӯпӯш мекунад?» Чаро онҳо чунин савол медиҳанд? Дар баъзе мавридҳо ба онҳо фикри шахсоне таъсир кардааст, ки ба ақидаашон товони Исо гуноҳҳоро рӯпӯш карда наметавонад. Пас, биёед бинем, ки чӣ тавр пайравони ҳақиқии Исо ба одамон кумак мекунанд, то маънои қурбонии Исоро фаҳманд ва Шоми ёдбудро дуруст қайд кунанд.

6. Соли 1872 як гурӯҳ тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба чӣ хулоса омаданд?

6 Соли 1870 як гурӯҳ тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас таҳти роҳбарии Чарлз Тейз Расел ба омӯзиши Китоби Муқаддас шурӯъ карданд. Онҳо мехостанд дар бораи қурбонии Исо ва чӣ тавр қайд кардани марги ӯ ҳақиқатро фаҳманд. Соли 1872 дар асоси Китоби Муқаддас онҳо ба хулоса омаданд, ки Исо дар ҳақиқат барои тамоми одамизод товон додааст. Ин гурӯҳи тадқиқотчиён ганҷҳои ёфтаашонро махфӣ нигоҳ надоштанд. Баръакс, дар китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо онҳоро дастраси мардум гардонданд. Каме пас, мисли масеҳиёни асри як, онҳо дар як сол як бор Шоми ёдбудро қайд мекардагӣ шуданд.

7. Мо аз самари меҳнати тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чӣ манфиат мегирем?

7 Имрӯз мо аз тадқиқоти он масеҳиёни самимӣ, ки чандин сол пеш карда буданд, баҳра мебарем. Бо ёрдами Яҳува ҳақиқат дар бораи қурбонии Исо ошкор гашт (1 Юҳ. 2:1, 2). Мо фаҳмидем, ки бо ёрии он чӣ ба даст оварда мешавад. Ҳамчунин аз Китоби Муқаддас маълум гашт, ки барои писандидагони Худо ду умед вуҷуд дорад: Баъзеҳо соҳиби ҳаёти беохир дар осмон мегарданд ва миллионҳо нафари дигар соҳиби ҳаёти ҷовидона дар замин мешаванд. Вақте мо дар бораи муҳаббати Яҳува ва манфиати қурбонии Исо андеша мекунем, ба Яҳува наздиктар мегардем (1 Пет. 3:18; 1 Юҳ. 4:9). Аз ин рӯ мисли ҳамимонони пешин дигаронро даъват мекунем, ки Шоми ёдбудро аз рӯйи намунае, ки Исо гузошт, бо мо қайд кунанд.

ДАЪВАТ КАРДАНИ ДИГАРОН БА ШОМИ ЁДБУД

Шумо чӣ кор карда метавонед, то дар маъракаи даъват ба Шоми ёдбуд ҳарчи бештар иштирок кунед? (Ба сархатҳои 8–10 нигаред.) d

8. Барои одамонро ба Шоми ёдбуд даъват кардан халқи Яҳува чӣ кор кардааст?

8 Халқи Яҳува чандин сол боз дигаронро ба Шоми ёдбуд даъват мекунад. Ҳамин тавр солҳои 1881 дар Иёлоти Муттаҳида, дар Аллегейнии Пенсилвания, бародару хоҳаронро даъват карданд, ки дар хонаи шахсие ҷамъ омада, ин маъракаи муҳимро ҷашн гиранд. Баъдтар ҳар як ҷамоат Шоми ёдбудро худаш ҷашн мегирифт. Моҳи марти соли 1940 ба воизон гуфта шуд, ки шавқмандонеро, ки дар маҳаллашон зиндагӣ мекунанд, ба ин маросим даъват намоянд. Соли 1960 бошад, аввалин бор Байт-Ил ба ҷамоатҳо даъватнома тақсим кард. Аз он вақт инҷониб миллиардҳо даъватнома ба Шоми ёдбуд тақсим мегардад. Чаро барои даъват кардани дигарон ба ёдбуди Ҳазрат ин қадар вақту қувват сарф карда мешавад?

9, 10. Киҳо аз даъвати мо ба Шоми ёдбуд манфиат мегиранд? (Юҳанно 3:16).

9 Хуб, чаро мо дигаронро ба Шоми ёдбуд даъват мекунем? Як сабаб дар он аст, ки мо мехоҳем онҳое, ки якум бор ба ин маросим меоянд, дар бораи корҳое, ки Яҳува ва Исо баҳри ҳамаи мо кардаанд, ҳақиқатро фаҳманд. (Юҳанно 3:16-ро хонед.) Умед дорем баъди чизҳои дидаву шунидаашон онҳо мехоҳанд дар бораи Яҳува бисёртар фаҳманд ва хизматгори ӯ шаванд. Мо боз киҳоро ба ин маросим даъват мекунем?

10 Онҳоеро, ки хизмати Яҳуваро бас кардаанд. Мо мехоҳем онҳо донанд, ки Яҳува то ҳол дӯсташон медорад. Бисёриҳо ин даъвати моро қабул мекунанд ва мо аз ташрифи онҳо беҳад шод мегардем. Ба Шоми ёдбуд омада чунин шахсон ба ёд меоранд, ки дар вақташ хизмати Яҳува ба онҳо чӣ қадар хурсандӣ меовард. Мисоли Моникаро b дида мебароем. Ӯ хизматашро дар давоми вабои COVID-19 аз нав сар кард. Соли 2021, баъди ба Шоми ёдбуд омадан, ӯ чунин гуфт: «Ин маросим барои ман махсус буд. Баъди 20 сол ман аввалин бор дар хизмат иштирок карда одамонро ба Шоми ёдбуд даъват кардам. Ман дар ин кор бо ҷону дил иштирок намудам, чунки барои корҳое, ки Яҳува ва Исо баҳри ман кардаанд, хеле миннатдорам» (Заб. 103:1–4). Одамон даъвати моро хоҳ қабул кунанд, хоҳ не, биёед аз таҳти дил дигаронро ба ин маъракаи муҳим даъват кунем. Яҳува чунин кӯшишҳои моро қадр мекунад.

11. Чӣ тавр Яҳува ҳангоми маъракаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд кӯшишҳои моро баракат медиҳад? (Ҳаҷҷай 2:7).

11 Вақте мо дигаронро ба Шоми ёдбуд даъват мекунем, Яҳува кӯшишҳои моро баракат медиҳад. Барои мисол, соли 2021, нигоҳ накарда ба вабои COVID-19, ба ин маъракаи муҳим 21 367 603 нафар иштирок кард. Ин назар ба шумораи Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон дую ним маротиба зиёдтар аст. Албатта, ба Яҳува на шумора, балки одамон аҳамият доранд (Луқ. 15:7; 1 Тим. 2:3, 4). Мо дилпурем, ки Яҳува ба воситаи маъракаи даъваткунӣ ба мо кумак мекунад, ки одамони самимиро пайдо кунем. (Ҳаҷҷай 2:7-ро хонед.)

НОВОБАСТА БА МУШКИЛИҲО ШОМИ ЁДБУДРО ҚАЙД МЕКУНЕМ

Яҳува кӯшишҳои моро барои қайд кардани Шоми ёдбуд баракат медиҳад (Ба сархати 12 нигаред.) e

12. Чӣ ба мо халал расонда метавонад, ки дар Шоми ёдбуд иштирок кунем? (Ба расм нигаред.)

12 Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир мо бо ҳар гуна вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешавем: Зиддият аз тарафи оила, озору азият, ҷангҳо, вабоҳо ва ғайра (Мат. 10:36; Марқ. 13:9; Луқ. 21:10, 11). Баъзан ин чизҳо ба мо халал мерасонад, ки рӯзи марги Исоро қайд кунем. Барои паси сар кардани чунин мушкилиҳо бародару хоҳарон чӣ кор мекунанд ва чӣ тавр Яҳува ба онҳо ёрӣ мерасонад?

13. Чӣ тавр Яҳува кӯшишҳои Артёмро барои гузаронидани Шоми ёдбуд баракат дод?

13 Ҳабсшавӣ. Бародаронамон, ки барои имонашон ҳабс шудаанд, кӯшиш мекунанд, ки Шоми ёдбудро ҷашн гиранд. Мисоли Артёмро мебинем. Дар айёми Шоми ёдбуди соли 2020 ӯро ба ҳабс гирифта, дар камерае ҷой доданд, ки 17 метри квадратӣ буд. Дар он одатан чор-панҷ нафар меғунҷид. Вале дар ин вазъият Артём чизҳоеро, ки ба ӯ дастрас буд, чун рамзҳо истифода бурд ва нақша кашид, ки барои фоидаи худаш нутқи Шоми ёдбудро мегӯяд. Маҳбусоне, ки бо ӯ буданд, сигор мекашиданд ва бисёр ҳақорат мекарданд. Артём чӣ кор кард? Ӯ аз онҳо илтимос кард, ки ақаллан дар давоми 1 соат ҳақорат накунанд ва сигор накашанд. Тааҷҷубовар аст, ки онҳо розӣ шуданд. Артём мегӯяд: «Ман ба онҳо таклиф кардам, ки дар бораи Шоми ёдбуд нақл кунам». Ҳарчанд онҳо пешниҳоди ӯро рад карданд, баъди гузаштани ин маросим дар бораи Шоми ёдбуд Артёмро саволборон карданд.

14. Чӣ тавр новобаста ба COVID-19 Шоми ёдбуд қайд карда шуд?

14 COVID-19. Вақте ин вабои оламгир сар зад, халқи Яҳува барои гузаронидани Шоми ёдбуд якҷоя ҷамъ шуда наметавонистанд. Лекин ин вазъият пеши роҳи онҳоро нагирифт c. Ҷамоатҳое, ки интернет доштанд, Шоми ёдбудро ба воситаи занги видеоӣ гузаронданд. Лекин миллионҳо касоне, ки интернет надоштанд, чӣ кор карданд? Дар баъзе давлатҳо филиал нутқи Шоми ёдбудро дар телевизион ё радио пахш намуд. Ғайр аз ин, филиалҳо ин нутқро ба зиёда аз 500 забон сабт карданд. Бародарони бовафоямон бошанд, сабтҳоро ба онҳое, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекарданд, дастрас намуданд. Ҳамин тавр онҳо низ Шоми ёдбудро қайд карда тавонистанд.

15. Шумо аз намунаи Сю чӣ меомӯзед?

15 Зиддият дар оила. Барои баъзеҳо аз ин сабаб қайд кардани Шоми ёдбуд хеле душвор мегардад. Мисоли омӯзандаеро, ки Сю ном дорад, мебинем. Соли 2021, як рӯз пеш аз Шоми ёдбуд, Сю ба хоҳаре, ки бо ӯ омӯзиш мекард, гуфт, ки аз сабаби зиддияти аъзои оилааш Шоми ёдбудро қайд карда наметавонад. Хоҳар ба ӯ Луқо 22:44-ро хонд. Сипас фаҳмонд, ки, агар бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шавем, мо бояд ба намунаи Исо пайравӣ карда, ба Яҳува дуо гӯем ва пурра ба ӯ таваккал намоем. Рӯзи дигар Сю рамзҳоро тайёр намуда, барномаи махсуси ибодати пагоҳиро аз jw.org тамошо кард. Бегоҳӣ бошад, вақте дар хонааш танҳо буд, Сю ба воситаи телефон барномаи Шоми ёдбудро гӯш кард. Баъди гузаштани Шоми ёдбуд ӯ ба хоҳарамон чунин навишт: «Дирӯз гапҳои ту ба ман қувват бахшиданд. Ман кӯшиш кардам, ки Шоми ёдбудро қайд кунам ва Яҳува дар ҳақиқат ба ман кумак кард. Намедонам, хурсандию миннатдориамро чӣ хел баён кунам». Агар шумо дар чунин вазъият бошед, ба фикратон Яҳува ба шумо низ кумак карда метавонад?

16. Чаро мо дилпурем, ки Яҳува кӯшишҳои моро барои ҷашн гирифтани Шоми ёдбуд баракат медиҳад? (Румиён 8:31, 32).

16 Вақте мо кӯшиш карда Шоми ёдбудро қайд мекунем, Яҳува аз ин хеле хурсанд мешавад. Мо барои ҳама корҳое, ки Яҳува баҳрамон кардааст, сипосгузорем. Ӯ миннатдориамонро дида моро, бешак, баракат медиҳад. (Румиён 8:31, 32-ро хонед.) Пас, биёед имсол низ бо азми қавӣ дар айёми Шоми ёдбуд бо корҳои рӯҳонӣ бештар банд бошем ва ин маросими муҳимро қайд кунем.

СУРУДИ 149 Барои фидия миннатдорем

a Чоруми апрели соли 2023, рӯзи сешанбе, миллионҳо одамон аз сар то сари ҷаҳон Шоми ёдбуди Масеҳро ҷашн мегиранд. Бисёр одамон бори аввал ба ин маросим меоянд. Он рӯз бо мо инчунин ғайрифаъолоне мешаванд, ки баъди солҳои зиёд аввалин бор ин маросимро қайд мекунанд. Баъзеҳо новобаста ба мушкилиҳои сахт Шоми ёдбудро ҷашн мегиранд. Вазъиятатон чӣ гунае набошад, агар кӯшиш карда ҳамроҳи мо ин маросимро қайд кунед, Яҳува инро бениҳоят қадр мекунад.

b Баъзе номҳо иваз шудаанд.

c Дар сомонаи jw.org ба мақолаҳои «Как отпраздновали Вечерю в 2021 году» нигаред.

d ШАРҲИ РАСМҲО: Аз соли 1960 сар карда, даъватномаҳои Шоми ёдбуд беҳтар карда шуданд ва ҳозир ба шакли чопӣ ва электронӣ дастрасанд.

e ШАРҲИ РАСМҲО: Бародару хоҳарон дар давоми нооромиҳои шаҳрвандӣ Шоми ёдбудро қайд мекунанд.