Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Китоби Муқаддас ва ояндаи шумо

Китоби Муқаддас ва ояндаи шумо

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо дар шаби торик роҳ рафта истодаед. Ҳарчанд офтоб кайҳо шиштааст, шумо дилпуред, ки роҳгум намезанед, чунки дар дастатон фонарик доред. Вақте ӯро поён мекунед, шумо ҳама чизи дар наздатон бударо хуб мебинед. Вақте ки нурашро ба пеш равона мекунед, чизҳои дар дур бударо мебинед.

Китоби Муқаддас аз баъзе ҷиҳатҳо ба фонарик монанд аст. Чи хеле ки мо аз мақолаҳои гузашта фаҳмидем, Каломи Худо дар ҳал кардани душвориҳои дар наздамонбуда, яъне душвориҳое, ки ҳар рӯз дар ин ҷаҳони тағйирёбанда рӯ ба рӯ мешавем, кӯмак мекунад. Лекин Китоби Муқаддас боз дар дигар маврид низ кӯмак мерасонад. Он ба ояндаи мо равшанӣ андохта ёрдам мекунад, то роҳеро, ки хушбахтӣ ва қаноатмандии бардавом меорад, бинему бо он равона шавем (Забур 118:105). Чӣ тавр?

Биёед ду роҳеро дида бароем, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо нисбати оянда умед мебахшад: 1) Он ба мо кӯмак мерасонад, ки маънои ҳаётро ёбем, 2) он ба мо таълим медиҳад, ки чӣ хел бо Офаридгор дӯстии абадиро пайдо кунем.

1 МАЪНОИ ҲАЁТ

Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас аз маслиҳатҳои китоби худомӯзӣ дида беҳтару боваринок аст ва барои паси сар кардани душвориҳо ба мо кӯмак мерасонад. Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки на танҳо дар бораи худ, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ кунем. Чунин карда мо гӯё ба манзарае васеътар нигоҳ мекунем ва он вақт зиндагии мо пурмаъно мегардад.

Барои мисол биёед як принсипи Китоби Муқаддасро дида мебароем: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъмол 20:35). Лаҳзаеро ба ёд оред, ки чӣ тавр шумо ба касе аз ҷиҳати моддӣ кӯмак карда будед. Ё вақте ки дӯстатон дилашро ба шумо холӣ мекард, ӯро бодиққат гӯш кардед. Магар дар ин лаҳзаҳо шумо аз хурсанд кардани касе қаноатмандӣ ҳис накардед?

Мо хурсандии ҳақиқиро он вақт ҳис мекунем, агар некӣ кунему дар ҷавоб чизеро интизор нашавем. Як муаллиф мегӯяд, ки агар шахс ба касе вақту қувваташро сарф кунад, дар ҷавоб ҳатман баракати зиёд мегирад. Ӯ мегӯяд: «Дар ҷавоб чизеро интизор нашуда, ба дигарон кӯмак кунед». Агар мо ба дигарон некӣ кунем, махсусан ба касоне, ки мӯҳтоҷанд, мо ҳатман баракат мегирем ва ҳаёти мо пурмазмун мегардад. Ғайр аз ин, мо бо Офаридгор ҳамкорӣ мекунем ва Ӯ некии моро дида худро дар назди мо қарздор ҳис мекунад (Масалҳо 19:17). Худо некиеро, ки мо ба шахсони бечораву «бенаво» мекунем, хеле қадр мекунад. Ӯ ваъда медиҳад, ки дар биҳишти рӯйи замин ҳаёти ҷовидонаро ба мо ато мекунад. Ин дар ҳақиқат умеди олиҷаноб аст! (Забур 36:29; Луқо 14:12–14). *

Ҳамчунин Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки агар мо Худои ҳақиқӣ, Яҳуваро, ибодат кунем, зиндагиамон маънои ҳақиқӣ пайдо мекунад. Каломи Худо моро бармеангезад, ки Худоро ҷалол диҳем ва Ӯро эҳтиром карда ба Ӯ итоат кунем, чунки Ӯ ба ин сазовор аст (Воиз 12:13; Ваҳй 4:11). Чунин амал карда мо Офаридгорамонро хурсанд месозем, ки ин кор ба баъзеҳо ғайриимкон метобад. Худо ба мо мегӯяд: «Бохирад бош, ва дили маро шод гардон» (Масалҳо 27:11). Танҳо тасаввур кунед, ки вақте мо дар асоси маслиҳатҳои Китоби Муқаддас қарори хирадмандона мебарорем, мо дили Падари осмониамонро хурсанд мекунем. Чаро? Чунки Ӯ дар бораи мо ғамхорӣ мекунад ва мехоҳад, ки мо маслиҳатҳои Ӯро ба кор бурда ба худамон фоида биёрем (Ишаъё 48:17, 18). Дар ҳақиқат, дигар ҳеҷ чиз, ғайр аз парастиш намудани Офаридгори Даҳр ва хурсанд кардани дили Ӯ, ҳаёти моро пурмаъно карда наметавонад, ҳамин тавр-не?

2 ДӮСТӢ БО ОФАРИДГОР

Каломи Худо ҳамчунин моро таълим медиҳад, ки бо Офаридгор дӯстӣ пайдо кунем. Дар он гуфта шудааст: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8). Шояд бовариамон наояд, ки дӯсти Офаридгори Олам шуда метавонем. Вале Китоби Муқаддас мегӯяд, ки агар мо «Худоро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ» кунем, мо Ӯро меёбем, чунки «Ӯ аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Аъмол 17:27). Хулоса, Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад, ки мо дӯсти Худо шавем ва ин ба ояндаи мо таъсир мерасонад. Чӣ тавр?

Биёед мулоҳиза ронем: Чӣ қадаре ки ҳаракат накунем, ягонтои мо аз душмани охирин, яъне марг, гурехта наметавонем (1 Қӯринтиён 15:26). Вале Яҳува Худои ҷовид аст, Ӯ ҳеҷ гоҳ намемирад ва мехоҳад, ки дӯстонаш низ ҷовидона зиндагӣ кунанд. Китоби Муқаддас бо суханони одӣ ва зебо мефаҳмонад, ки Яҳува нисбати ҷӯяндагонаш чӣ хоҳиш дорад. Дар он гуфта шудааст: «Дилҳои шумо то абад зинда бод» (Забур 21:27).

Барои то адаб дӯсти Худо шудан, ба воситаи Китоби Муқаддас бо Ӯ шинос шуданро давом диҳед (Юҳанно 17:3; 2 Тимотиюс 3:16). Барои фаҳмидани Каломи Худо аз Ӯ ёрдам пурсед. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки агар аз таҳти дил «пайваста аз Худо» хирад пурсем, Ӯ ҳатман онро ба мо медиҳад * (Яъқуб 1:5). Хулоса, кӯшиш кунед, ки чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред ва гузоред, ки Каломи Худо имрӯз ва то абад барои поятон «чароғ» ва барои роҳатон «нур» бошад (Забур 118:105).

^ сарх. 8 Барои гирифтани маълумоти бештар оиди ҳаёти ҷовидона дар биҳишт, ба боби 3-юми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп мегардад, нигаред.

^ сарх. 13 Шоҳидони Яҳува омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро пешкаш мекунанд, ки он барои фаҳмидани Каломи Худо ба шумо ёрдам мекунад. Барои фаҳмидани он ки ин омӯзиш чӣ тавр мегузарад, лутфан видеонавори «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ гуна мегузарад?»-ро тамошо кунед. Барои тамошо кардан ба сайти jw.org дароед ва аввал саҳифаи «АДАБИЁТҲО» баъд «ВИДЕО»-ро пахш намуда, ин видеонаворро ёбед.

Яҳува Худои ҷовид аст ва мехоҳад, ки дӯстонаш низ ҷовидона зиндагӣ кунанд