Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо чӣ фикр доред?

Шумо чӣ фикр доред?

Оё Китоби Муқаддас барои дӯсти Худо шудан ёрдам карда метавонад?

БАЪЗЕ ОДАМОН ФИКР МЕКУНАНД, КИ...

дӯсти Худо шуда наметавонанд, чунки худро нопоку гунаҳкор ҳис мекунанд. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки Худо дар бораи онҳо умуман фикр намекунад. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

Худо «бо ашхоси росткор дӯстӣ дорад» (Масалҳо 3:32, Тарҷумаи форсии дарӣ). Агар мо Худоро гӯш кунем, дӯсти Ӯ мешавем.

МО АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС БОЗ ЧИРО МЕФАҲМЕМ?

  • Худо мехоҳад, ки Дӯсти мо бошад (Яъқуб 4:8).

  • Ӯ чун Дӯст тайёр аст, ки ба мо ёрдам кунад ва моро бахшад (Забур 85:5).

  • Дӯстони Худо бояд он чиро ки Ӯ дӯст медорад, дӯст доранд ва аз он чизе ки Ӯ нафрат мекунад, нафрат кунанд (Румиён 12:9).