2 Чӣ тавр душвориҳоро ҳал кунем?
Баъзе душвориҳои зиндагӣ ба зудӣ ҳал намешаванд, ҳатто солҳои дароз давом мекунанд. Пеш аз он ки мо пай барем, душвориҳо метавонанд реша давонанд. Оё Китоби Муқаддас барои ҳалли душвориҳое, ки давомноку вазнинанд, ёрдам карда метавонад? Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
АЗ ҲАД ЗИЁД ТАШВИШ НАКАШЕД
Роза мегӯяд: «Ман доимо оқибати бадро тасаввур мекардам, ки ҳоло рӯй надода буд, барои ҳамин аз ҳад зиёд ташвиш мекашидам». Кадом оятҳои Китоби Муқаддас ба ӯ ёрдам карданд? Яке аз онҳо Матто 6:34 мебошад, ки дар он ҷо гуфта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ дар бораи рӯзи дигар ташвиш накашед, зеро рӯзи дигар ташвишҳои худро хоҳад дошт. Ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст». Ҳоло Роза мегӯяд, ки суханони Исо ба ӯ кӯмак карданд, ки дар бораи рӯзи дигар ташвиш кашиданро бас кунад. Ӯ илова мекунад: «Магар проблемаҳоям кам буданд, ки боз дар бораи чизҳои рӯйнадода ташвиш кашам».
Ясмина низ ҳис кард, ки ғаму андӯҳаш қариб буд, ки ӯро пурра фурӯ барад. «Рӯзҳое буданд, ки ман фақат гиря мекардам ва баъзе шабҳо бедорхобӣ мекашидам. Ҳис мекардам, ки гӯё фикрҳои бад маро мехӯрад». Кадом оят ба ӯ ёрӣ дод? 1 Петрус 5:7, ки дар он гуфта шудааст: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад». Ясмина мегӯяд: «Ман мунтазам ба Яҳува дуо гуфтан мегирифтам ва Ӯ ба дуоҳоям ҷавоб дод. Ман ҳис кардам, ки як бори вазнин аз китфам афтид. Ҳоло фикрҳои ғамангез як-як ба сарам меоянд, лекин ман медонам, ки чӣ хел онҳоро дур кунам».
КОРРО КАШОЛ НАДИҲЕД
Ҷавондухтаре бо номи Изабелла чунин мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки ба қафо партофтани кор меросӣ аст, чунки падарам низ чунин одат дошт. Ман чизҳои муҳимро ба қафо мепартофтам, то ки бекор шинаму дам гирам ё телевизор тамошо кунам. Ин одати зарарнок, чунки он стрессро зиёд мекунад ва ба сифати кор таъсир мекунад. Принсипе, ки ба ӯ ёрдам кард, дар 2 Тимотиюс 2:15 оварда шудааст: «Тамоми кӯшишро ба харҷ деҳ, то розигии Худоро ба даст орӣ ва каломи ростиро дуруст таълим диҳӣ, ҳамчун коргаре, ки аз чизе шарм намедорад». Изабелла мегӯяд: «Ман намехоҳам, ки Яҳува аз кори ман нороҳат шавад, чунки ман фақат корро кашол медодам». Ӯ хеле дигар шуд.
Кэлси низ мегӯяд: «Ман кори муҳимро то лаҳзаи охир кашол медодам. Дар натиҷа гиря мекардам, хобам мепарид ва ғаму ташвишам зиёд мешуд, ки ин бар зарари ман буд». Ба Келси суханҳои Масалҳо 13:16 ёрдам дод, ки чунин аст: «Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад, вале аблаҳ беақлиро нишон медиҳад». Дар бораи ин оят мулоҳиза карда ӯ ба чунин хулоса омад: «Пешакӣ ба нақша гирифтан аз рӯйи хирад аст. Ҳозир ман дар дафтарчае, ки дар мизи кориам мебошад, реҷаи корҳоямро менависам. Ин ба ман ёрдам мекунад, ки корҳоямро аз рӯйи тартиб кунам ва то лаҳзаи охирин кашол надиҳам».
БО ТАНҲОӢ МУБОРИЗА БАРЕД
«Шавҳарам маро бо чор фарзандам партофта рафт», мегӯяд Кирстен. Кадом принсипи Китоби Муқаддас ба ӯ кӯмак кард? Дар Масалҳо 17:17 навишта шудааст: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад». Кирстен аз ҳамимонон кӯмак пурсид. Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ мегӯяд: «Дӯстонам якҷоя шуда маро аз ҳар тараф дастгирӣ мекарданд. Баъзеашон дар таги дарам хурду хӯрок ва гулҳо мемонданд. Бародару хоҳарон бисёрӣ шуда се бор ба ману кӯдаконам ёрдам карданд, ки ба хонаи дигар кӯчем. Якеашон барои кор ёфтанам ёрдам кард. Дӯстонам ҳама вақт барои ёрдам тайёр буданд».
Сафия низ, ки пештар дар борааш гуфта будем бо ҳиссиёти танҳоӣ мубориза мебурд. Ӯ бадбахтиҳои ба сараш омадаро ба хотир оварда мегӯяд: «Ба назарам чунин метофт, ки дигарон хушбахтона зиндагӣ мекунанду ман бошам фақат тамошобин ҳастам. Ман худро бечораву танҳо ҳис мекардам». Забур 68:6 ба ӯ кӯмак кард, ки дар он гуфта шудааст: «Худо бекасонро ҷой ва маскан медиҳад» (Тарҷумаи форсии дарӣ). Ӯ мефаҳмонад: «Ман медонистам, ки ин оят ба маънои рамзӣ аст. Худо ба ман маскан, яъне ҷойи бехатаре пешкаш мекунад, ки дар он дӯстии ҳақиқӣ ва муҳаббати самимӣ байни касоне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, пойдор аст. Ман медонистам, ки то ба Яҳува наздик нашавам, ба дигарон наздик шуда наметавонам. Ҳамчунин Забур 36:4 ба ман ёрдам кард. Суханони он чунин аст: “Дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт, ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард”».
Ӯ ба хулосае меояд: «Ман дарк кардам, ки бояд ба Яҳува бештар наздик шавам, чунки Ӯ дӯсти беҳтарин аст. Баъд ман рӯйхатеро тартиб додам, ки бо дӯстони Яҳува ҳамкорӣ карда вақт гузаронам, то муносибатам бо онҳо наздиктар шавад. Ман ёд гирифтам, ки дар дигарон чизҳои хубро бинам ва ба камбудиҳояшон аҳамият надиҳам».
Албатта, Шоҳидони Яҳува нокомиланд ва мисли дигар одамон бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо таълимоти Китоби Муқаддас онҳоро бармеангезад, ки барои ба дигарон кӯмак расондан ҳамеша омода бошанд. Доштани чунин дӯстон аз рӯйи хирад аст. Лекин, вақте мо бо бемории дурудароз ва ғаму дарде, ки имрӯз ҳал намешавад, рӯ ба рӯ мегардем, оё принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак карда метавонанд?
Ба кор бурдани маслиҳатҳои Китоби Муқаддас барои ёфтани дӯстони ҳамдард ёрдам карда метавонад