ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?
1 | Ба ҳама бо як чашм нигаред
Каломи Худо чӣ мегӯяд?
«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (КОРНОМА 10:34, 35).
Ин чӣ маъно дорад?
Ба Яҳува * Худо миллат, нажод, ранги пӯст ё маданияти мо аҳамияте надорад. Ӯ ба фикру хоҳишҳоямон диққат мекунад. Дар Калом омадааст, ки «одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳува бошад, дилро мебинад» (1 Подшоҳон 16:7).
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Мо фикру ниятҳои дигаронро фаҳмида натавонем ҳам, кӯшиш карда мисли Худо ба дигарон бо як чашм нигариста метавонем. Аз ин рӯ ба одамон дар маҷмӯъ неву дар алоҳидагӣ баҳо диҳед. Агар пай баред, ки нисбати ягон миллат ё нажод бадгумонӣ доред, аз Худо мадад пурсед, то ин ҳиссиётро аз ақлу дилатон берун кунад (Забур 139:23, 24). Боварӣ дошта бошед, ки агар барои рӯйбин набудан самимона дар дуо қувват пурсед, Худо шуморо шунида ба мададатон мерасад (1 Петрус 3:12).
^ сарх. 6 Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).
«Пеш... ман онҳоро чашми дидан надоштам. Вале он лаҳза худро узви бародарияти умумиҷаҳонӣ ҳис кардам» ТАЙТУС.