Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?

3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед

3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед

Каломи Худо чӣ мегӯяд?

«Фикрронии худро дигаргун кунед, то бифаҳмед, ки хости неку, писандида ва комили Худо чист» (РУМИЁН 12:2).

Ин чӣ маъно дорад?

Худо ба тарзи фикрронии мо диққати ҷиддӣ медиҳад (Ирмиё 17:10). Барои ҳамин танҳо суханони нешдор нагуфтан ё рафтори бад надоштан кифоя нест. Мо бояд фаромӯш накунем, ки нафрат аввал дар ақлу дили инсон пайдо мешавад. Бинобар ин, ҳамин ки заррае ҳисси нафратро дар худ пай бурдем, бояд дарҳол онро решакан кунем. Танҳо дар ин сурат мо дигаргун шуда занҷири нафратро канда метавонем.

Шумо чӣ кор карда метавонед?

Бодиққат дар бораи фикр ва ҳиссиётатон нисбати дигарон андеша ронед, махсусан нисбати онҳое, ки нажод ё миллаташон дигар аст. Аз худ пурсед: «Ман дар бораи онҳо чӣ ақида дорам? Оё ақидаи ман дар асоси донишест, ки шахсан дар бораи онҳо дорам ё ман рӯйбинӣ мекунам?» Барои ҳамин дар интернет маълумотеро, ки ҳисси нафратро бармеангезад, тамошо накунед ва нахонед.

Каломи Худо кумак карда метавонад, то мо нафратро аз ақлу диламон берун кунем

Ба фикрронӣ ва ҳиссиётамон дуруст баҳо додан на ҳама вақт осон аст. Лекин Китоби Муқаддас ба мо кумак мекунад, ки «фикру ниятҳои дилро» бисанҷем (Ибриён 4:12). Аз ин рӯ Китоби Муқаддасро минбаъд низ омӯзед. Фикрронии худро бо таълимоти он муқоиса кунед, сипас ҷадал намуда худро аз рӯйи он шакл диҳед. Бо ёрии Каломи Худо мо метавонем, нафратро, ки дар ақлу диламон «мустаҳкаму устувор» аст, бартараф намоем (2 Қӯринтиён 10:4, 5).