Одамон дар ҳама ҷо қурбони нафрат мегарданд
Вабои нафрат дар ҳама ҷо паҳн гаштааст.
Вақтҳои охир дар ахбор ва расонаҳои хабарӣ бештар гуфтор, паёмҳои электронӣ ва ҷиноятҳое қайд мешаванд, ки олудаи нафратанд. Ба болои ин рӯйбинӣ, бадгумонӣ, пастзанӣ, таҳдидҳо ва зиёнкорӣ дар миёни одамон торафт меафзояд. Бале, нафрат ҳама ҷоро фаро гирифтааст!
Дар ин маҷалла гуфта мешавад, ки чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин. Ин афсона нест! Дар саросари ҷаҳон онҳое ҳастанд, ки аллакай имрӯз бар нафрат пирӯз гаштаанд.