2 | Аз Каломи Худо тасаллӣ ёбед
КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи истодагарии худ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем» (РУМИЁН 15:4).
Ин чӣ маъно дорад?
Дар Китоби Муқаддас фикрҳои тасаллибахшеро ёфтан мумкин аст, ки ба мо қувват мебахшанд ва ёрдам мекунанд, ки дар мубориза бо фикрҳои манфӣ таслим нашавем. Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас умед мебахшад, ки ба наздикӣ дигар ҳеҷ кас аз ҳиссиёти дардовар азоб намекашад.
Чӣ ёрдам мекунад?
Ҳамаи мо баъзан бо ҳиссиёти манфӣ мубориза мебарем; вале онҳое, ки депрессия ё ҳисси хавотирӣ доранд, ҳар рӯз бо ин гуна ҳиссиёт мубориза мебаранд. Чӣ тавр Китоби Муқаддас дар ин маврид ёрдам карда метавонад?
Фикрҳои хуби Китоби Муқаддас ҷойи фикрҳои манфиро гирифта метавонанд (Филиппиён 4:8). Онро хонда мо ақли худро бо фикрҳои тасаллибахше пур мекунем, ки барои идора кардани эҳсосотамон ёрдам мекунанд (Забур 94:18, 19).
Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки дигар худро ночизу нодаркор ҳис накунем (Луқо 12:6, 7).
Бисёр порчаҳои Китоби Муқаддас моро дилпур месозанд, ки мо танҳо нестем ва Худо, ки Офаридгори мост, ҳиссиётамонро пурра мефаҳмад (Забур 34:18; 1 Юҳанно 3:19, 20).
Худо дар Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ба қарибӣ аз хотираҳои дардовар ному нишоне боқӣ намемонад (Ишаъё 65:17; Ошкорсозӣ 21:4). Вақте моро фикру ҳиссиёти манфӣ азоб медиҳанд, ин ваъда ба мо қувват мебахшад, ки муборизаи худро давом диҳем.