Худо ба шумо мадад мекунад
ХУДО ба мо Китоби Муқаддасро туҳфа кард ва ҳар он чизе, ки дар он навишта шудааст, ба мо фоида меорад. Китоби Муқаддас дастурамали тиббӣ нест, лекин маслиҳатҳои он барои бартараф намудани мушкилиҳо, ташвишу хавотирӣ, ҳиссиёти нодуруст ва душвориҳое, ки аз сабаби бад будани саломатии ҷисмониву равонӣ пайдо мешаванд, ёрдам мекунанд.
Китоби Муқаддас пеш аз ҳама боварӣ мебахшад, ки Офаридгорамон Яҳува a фикру ҳиссиёти моро аз дигарон беҳтар мефаҳмад. Ӯ бо омодагӣ ба мо ёрдам мекунад, ки пастию баландии ҳаётро паси сар кунем. Ба ду ояти зерини Китоби Муқаддас, ки шуморо тасаллӣ дода метавонад, аҳамият диҳед:
«Яҳува ба дилшикастагон наздик аст ва рӯҳафтодагонро наҷот медиҳад» (ЗАБУР 34:18).
«Ман, Яҳува, Худои ту, дасти ростатро гирифта, ба ту мегӯям: “Натарс. Ман ба ту ёрӣ медиҳам”» (ИШАЪЁ 41:13).
Чӣ тавр Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки дар мубориза бо бемории равонӣ дастболо шавем? Дар ин бора дар мақолаи навбатӣ гуфта шудааст.
a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).