Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Вақте офати табиӣ сар мезанад

Вақте офати табиӣ сар мезанад

«Дар аввал мо худро тамоман ноумед ҳис мекардем. Ҳамаи чизу чораамонро селу лойқа несту нобуд сохт» (Эндрю, Серра-Леоне).

«Баъди тундбод мо ба хона баргаштем. Аз хонаамон ҳеҷ чиз боқӣ намонда буд. Мо дар ҳайрат будем. Духтарам аз по афтида гирён шуд» (Дэвид, Ҷазираҳои Вирҷин).

АГАР шумо ягон бор бо офати табиӣ рӯ ба рӯ шуда бошед, мефаҳмед, ки ҷабрдидагон чиро аз сар гузарондаанд: зарбаи сахти равонӣ, инкори воқеият, дудилагӣ ва ваҳму хаёл. Бисёр одамон баъди офати табиӣ чунон рӯҳафтодаву хаста мегарданд, ки дилашон аз зиндагӣ мемонад.

Агар ҳангоми офати табиӣ аз ҳама чизу чораатон маҳрум шуда бошед, шояд шумо низ ҳис кунед, ки дигар қуввати бардошт кардан надоред. Шояд ҳатто фикр кунед, ки аз чунин зиндагӣ мурдан беҳ аст. Валекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки зиндагӣ кардан меарзад ва шумо ба ояндаи нек умеди асоснок дошта метавонед.

РОСТИИ КАЛОМИ ХУДО УМЕДБАХШ АСТ

Дар Пандгӯ 7:8 гуфта мешавад: «Анҷоми кор беҳ аз оғози он». Баъди офати табиӣ шахс худро ночору ноумед ҳис мекунад. Лекин агар пуртоқатона меҳнат кунед, боз чун пештара аз ҳаёт баҳра бурда метавонед.

Дар Китоби Муқаддас замоне пешгӯйӣ шудааст, ки «дар он дигар овози гиря ва фиғон шунида нахоҳад шуд» (Ишаъё 65:19). Ҳангоми иҷро шудани ин пешгӯйӣ тамоми замин зери роҳбарии Подшоҳии Худо ба биҳишт табдил меёбад (Забур 37:11, 29). Аз офатҳои табиӣ дигар ному нишон намемонад. Хотираҳои дардовар ва захмҳои ҷисм пурра аз байн мераванд, зеро Худои Таоло ваъда медиҳад, ки «чизҳои пештара ба хотир намерасанд ва ба дил намеоянд» (Ишаъё 65:17).

Як фикр кунед: Офаридгор ният дорад «ба шумо ояндаву умед [бахшад]» — ҳаёти орому осуда, таҳти роҳбарии комилаш (Ирмиё 29:11). Магар донистани ин дили шуморо ба ҳаёт боз гарм намекунад? Салли, ки суханонаш дар мақолаи аввал иқтибос оварда шудаанд, мегӯяд: «Вақте ба ёд меорӣ, ки дар оянда Подшоҳии Худо чӣ қадар корҳои нек бароямон карданист, ба нохушиҳо диққат намедиҳиву ба вазъияти нав тоб меорӣ».

Пас, бештар фаҳмед, ки Подшоҳии Худо ба наздикӣ баҳри инсоният чӣ кор мекунад. Дар ин сурат дилпур мешавед, ки новобаста ба озмоишҳои шадид зиндагӣ кардан меарзад. Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки барои ба таъсири офати табиӣ тоб овардан кумак мекунад. Биёед якчанд маслиҳаташро мутолиа кунем.