Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дарду азоб. Оё ин ҷазои Худованд аст?

Дарду азоб. Оё ин ҷазои Худованд аст?

ПОЙИ ЧАПИ ЛУЗИЯ МЕЛАНГАД. Ӯ дар кӯдакиаш ба бемории сироятии фалаҷ (полиомиелит) гирифтор шуд, ки аз он системаи асабаш зарар дид. Лузия дар 16-солагиаш дар таги дасти як зан кор мекард. Он зан боре гуфт: «Азбаски ту ба гапи модарат гӯш надода ба ӯ дағалӣ кардӣ, Худо туро ба ин бало гирифтор кард». Аз байн солҳои зиёд гузашта бошад ҳам, ӯ то ҳол дар ёд дорад, ки суханони он зан барояш чӣ сон дардовар буданд.

ВАҚТЕ ДАМАРИС БА БЕМОРИИ САРАТОНИ МАҒЗИ САР ГИРИФТОР ШУД, падараш аз ӯ пурсид: «Ту чӣ гуноҳ кардаӣ, ки ин фалокат ба сарат омад? Шояд ягон кори беҳад бад кардӣ, ки Худо туро ҷазо дод». Ин суханони падараш ба дили Дамарис мисли корд халид.

Ақидаи он ки беморӣ ин ҷазои Худованд аст, таърихи тӯлонӣ дорад. Мувофиқи як китоб дар замони Исо-пайғамбар бисёр одамон бовар мекарданд, ки «Худо шахси беморро барои гуноҳаш ё муносибати нодурусташ ҷазо додааст» («Manners and Customs of Bible Lands»). Дар як сарчашмаи дигар гуфта шудааст, ки дар асрҳои миёна «баъзе одамон фикр мекарданд, ки аз сабаби гуноҳашон Худо онҳоро ба вабоҳо гирифтор мекунад» («Medieval Medicine and the Plague»). Пас, вақте дар асри 14 миллионҳо одамон дар Аврупо аз сабаби вабо нобуд шуданд, магар ин ҷазои Худо буд? Ё чи хеле ки тадқиқоти тиббӣ нишон медиҳад, он вабо аз сабаби инфексияи бактериявӣ сар зад? Баъзеҳо шояд фаҳмидан хоҳанд, ки «Оё Худо дар ҳақиқат одамро барои гуноҳи кардааш ба беморӣ гирифтор карда ҷазо медиҳад?» *

АҲАМИЯТ ДИҲЕД: Агар касалӣ ва азобҳо ҷазои Худованд бошад, пас, барои чӣ Исо беморонро шифо медод? Оё ин ба меъёрҳои одилонаи Худо зид намебаромад? (Матто 4:23, 24). Исо ҳеҷ гоҳ ба муқобили Худо амал намекард. Ӯ гуфта буд: «Ман ҳамеша корҳоеро ба ҷо меорам, ки ба ӯ маъқул аст» ва «Ҳамон тавре амал мекунам, ки Падар ба ман амр додааст» (Юҳанно 8:29; 14:31).

Дар Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува гуфта шудааст, ки ӯ «ноинсофие надорад» (5 Мӯсо 32:4). Масалан, Худо барои ҷазо додани як одам, ҳеҷ гоҳ садҳо одамони беайберо, ки дар даруни ҳавопаймоянд, нобуд намекунад. Ҳазрати Иброҳим медонист, ки Худованд одил аст, барои ҳамин гуфт, ки ӯ «росткорро бо бадкор» нест намекунад. Ӯ қайд кард, ки «ҳеҷ гоҳ чунин шуданаш мумкин нест» (1 Мӯсо 18:23, 25). Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «аз Худо бадӣ сар намезанад» ва «ноинсофӣ барнамеояд» (Айюб 34:10–12).

ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ РАНҶУ АЗОБ ЧӢ ГУФТА ШУДААСТ?

Азоб кашидани мо маънои онро надорад, ки Худо барои ягон гуноҳамон моро ҷазо дода истодааст. Вақте пайғамбар Исо бо шогирдонаш кӯри модарзодеро дид, ба ин масъала равшанӣ андохт. «Шогирдонаш аз ӯ пурсиданд: “Устод, ин одам аз барои гуноҳи кӣ кӯр таваллуд шудааст: барои гуноҳи худаш ё падару модараш?” Исо ҷавоб дод: “На ӯ гуноҳ кардаасту на падару модараш. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ӯ намоён шаванд”» (Юҳанно 9:1–3).

Вақте Исо ба шогирдонаш сабаби бадбахтии он мардро фаҳмонд, онҳо аз ҷавоби Исо шояд ҳайрон шуданд, зеро ақидаҳои нодуруст ба онҳо таъсир расонда буд. Исо на танҳо чашмони он мардро бино кард, балки ҳамчунин исбот кард, ки ғаму азоб ҷазо аз ҷониби Худо нест, балки ақидаи ҳеҷу пуч ва беасос мебошад (Юҳанно 9:6, 7). Донистани он ки Худо одамонро ба бемориҳо гирифтор намекунад, ба онҳое, ки беморанд, қувват мебахшад.

Агар Худо одамонро барои гуноҳи кардаашон ба касалӣ гирифтор кунад, пас, чаро Исо онҳоро шифо медод?

Каломи Худо моро боварӣ мебахшад

  • «Худо бо бадӣ санҷида намешавад ва худаш низ ҳеҷ касро бо бадӣ намесанҷад» (ЯЪҚУБ 1:13). «Бадӣ»-е, ки асрҳои аср одамонро азоб медиҳад, аз ҷумла беморӣ, дард ва марг ба наздикӣ нест карда мешавад.

  • Исои Масеҳ «ҳамаи беморонро шифо» мебахшид (МАТТО 8:16). Исо беморонро сиҳат карда нишон дод, ки Подшоҳии Худо кадом корҳоро дар тамоми рӯйи замин ба амал меорад.

  • «Ӯ [Худо] ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (ОШКОРСОЗӢ 21:3–5).

БА ҒАМУ АЗОБ КӢ АЙБДОР АСТ?

Набошад, чаро инсоният ин қадар ранҷу азоб мекашад? Асрҳо боз одамизодро ин савол ба ташвиш меорад. Агар Худо айбдор набошад, пас, кӣ айбдор аст? Ҷавоби ин саволҳоро дар мақолаи навбатӣ мефаҳмед.

^ сарх. 4 Ҳарчанд Худо дар гузашта одамонро барои ягон гуноҳашон ҷазо медод, дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дар замони мо Яҳува барои ҷазо додани одамон беморӣ ё фалокатҳоро мефиристад.