Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Худо дар куҷо буд?»

«Худо дар куҷо буд?»

«ДАР САРАМ ГАШТАЮ БАРГАШТА САВОЛ МЕОЯД, КИ “ХУДО ДАР КУҶО БУД?”»— Ин суханони попи Рим Бенедикт XVI мебошад, ки ҳангоми дар лагери консентратсионии Освенсими Полша буданаш гуфта буд.

ДАР ВАҚТИ САР ЗАДАНИ ЯГОН БАДБАХТӢ ОЁ БОРЕ ДАР САРАТОН САВОЛИ «ХУДО ДАР КУҶО БУД?» ПАЙДО ШУДААСТ? Ё ҲАНГОМИ БО ЯГОН КУЛФАТ РӮ БА РӮ ШУДАН ОЁ ШУМО ҲИС КАРДАЕД, КИ ХУДО НИСБАТАТОН БЕПАРВО АСТ?

Мисли Шейла, ки аз Иёлоти Муттаҳида аст, эҳтимол, шумо низ чунин ҳиссиёт доштед. Ӯ, ки дар оилаи худоҷӯй калон шудааст, мегӯяд: «Аз овони кӯдакиам ман одами худотарс будам, лекин ҳеҷ вақт худро ба Худованд наздик ҳис намекардам. Ба назарам ӯ маро танҳо аз дур мушоҳида карда меистод. Албатта, фикр намекардам, ки Худо аз ман нафрат дорад, ҳамзамон боварам намеомад, ки ӯ маро дӯст медорад». Чаро Шейла ба муҳаббати Худо шубҳа дошт? Ӯ мегӯяд: «Ба сари оилаи мо пайиҳам бадбахтӣ меомад ва ба назарамон чунин метофт, ки Худо ба мо тамоман ёрдам надода истодааст».

Шояд шумо ҳам, чун Шейла ба вуҷуд доштани Худои Таоло бовар кунед, лекин фаҳмидан хоҳед, ки Худо дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад ё не. Пайғамбар Айюб низ, ки ба хирад ва қудрати Парвардигор бовар мекард, чунин шубҳаҳо дошт (Айюб 2:3; 9:4). Баъд аз он ки ба сари Айюб як қатор бадбахтиҳо пайиҳам омад, ӯ умедашро аз беҳбудӣ канд ва ба Худо чунин савол дод: «Чаро рӯятро аз ман пинҳон мекунӣ ва маро душмани худ мешуморӣ?» (Айюб 13:24).

Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ гуфта шудааст? Оё ба он бадбахтиҳое, ки рӯй медиҳад, Худо айбдор аст? Оё далеле ҳаст, ки Худо дар бораи тамоми одамизод ва дар бораи ҳар яки мо ғамхорӣ мекунад? Аз куҷо донем, ки Худо шахсан ба мо чӣ хел муносибат мекунад? Оё ӯ моро мефаҳмад? Дар мушкилиҳоямон ба мадади мо мерасад ва ҳангоми нохушиҳо ба мо ҳамдардӣ нишон медиҳад?

Аз мақолаҳои навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ хел офаридаҳои Худои Таоло ба мо боварӣ мебахшанд, ки ӯ дар бораи мо ғамхорӣ мекунад (Румиён 1:20). Ҳамчунин мефаҳмем, ки дар ин бора Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд. Чи қадаре ки аз офаридаҳо ва Каломаш дар бораи ӯ бисёртар фаҳмед, ҳамон қадар бовариатон зиёд мегардад, ки ӯ «ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Юҳанно 2:3; 1 Петрус 5:7).