Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо барои ҳаёти абадӣ офарида шудаем

Мо барои ҳаёти абадӣ офарида шудаем

КӢ НАМЕХОҲАД, ки ҳаёти хушбахт дошта бошад ва умри дароз бинад? Албатта, ҳар як инсон мехоҳад. Чӣ хуш мебуд, агар мо ҳаёти беғам медоштем, ҳеҷ гоҳ бемор намешудем ва беохир зиндагӣ мекардем! Он гоҳ мо метавонистем аз муошират бо наздиконамон доим ҳаловат барем, дунёро сайр кунем, ҳунарҳои нав ёд гирем, ақлу заковати худро сайқал диҳем ва дар бораи чизҳое, ки шавқовар асту ба мо хурсандӣ мебахшанд, бисёртар фаҳмем.

Магар хоҳиши абадӣ зистан нодуруст аст? Албатта, не! Чунки худи Навиштаҳо мегӯянд, ки Худо дар дили мо чунин хоҳишро ниҳодааст (Воиз 3:11). Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта мешавад, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Магар Худои пурмуҳаббат метавонист дар дили мо хоҳиши абадӣ зистанро ҷой кунаду ҳамзамон онро дастнорас гардонад?

Пӯшида нест, ки ҳеҷ кас мурдан намехоҳад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки марг «душман» аст (1 Қӯринтиён 15:26). Баъзеҳо ҷавон мемиранд, дигарон бошанд, пиронсол шуда, хулоса ҳеҷ кас аз марг гурехта наметавонад. Бисёриҳо дар бораи марг фикр кардан намехоҳанд ё ҳатто аз ин метарсанд. Оё ин душмани одамизод рӯзе нест мегардад? Оё замоне мерасад, ки одамон абадӣ зиндагӣ кунанд?

АСОС БАРОИ УМЕД

Шояд шумо аз донистани он ҳайрон шавед, ки Худо ҳеҷ гоҳ ният надошт, ки одамон муранд. Китоби Ҳастӣ нишон медиҳад, ки Худо мехост, то одамизод абадӣ дар рӯйи замин зиндагӣ кунад. Яҳува Худо дар замин тамоми шароитро муҳайё кард, то ки одамон дар он зиндагӣ карда хушбахт бошанд. Сипас, Ӯ инсони аввалин, Одамро офарид ва ӯро дар биҳишт, дар боғи Адан, гузошт. «Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст» (Ҳастӣ 1:26, 31).

Худо Одамро комил ва ба сурати худ офарида буд (Такрори Шариат 32:4). Зани ӯ Ҳавво ягон нуқсон надошт, Худо ӯро низ бо ақлу ҷисми комил офарида буд. Яҳува ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед» (Ҳастӣ 1:28).

Барои он ки Одаму Ҳавво рӯйи заминро бо насли худ пур кунанд, вақт лозим буд. Ҳавво бояд фарзандон ба дунё меовард ва фарзандони ӯ низ бояд фарзандон таваллуд мекарданд, то даме ки замин мувофиқи хости Худо аз одамон пур нашавад, бояд ҳамин тавр давом меёфт (Ишаъё 45:18). Агар Одаму Ҳавво абадӣ неву танҳо ҳамон қадар зиндагӣ мекарданд, ки фарзандон ва эҳтимол наберагони худро бинанд, пас, оё онҳо оқибат бо насли худ пур шудани заминро дида метавонистанд?

Худо ҳамчунин ба онҳо супориш дода буд, ки бар ҳайвонҳо ҳукмрон бошанд. Ӯ ба Одам гуфт, ки ба ҳар як ҷонвар ном диҳад, барои ин вақт лозим буд (Ҳастӣ 2:19). Ғайр аз ин барои ба онҳо ҳукмрон будан, ӯ бояд дар бораи хусусиятҳои онҳо меомӯхт ва чӣ тавр ба онҳо ғамхорӣ карданро ёд мегирифт. Танҳо баъди ин, ӯ ба онҳо номҳои мувофиқ дода метавонист. Ва барои ин кор, албатта, вақти зиёд лозим буд.

Инак, супоришҳои Худо,— пур кардани замин ва ҳукмрон будан бар ҳайвонҳо нишон медиҳад, ки онҳо барои ҳаёти тӯлонӣ офарида шуда буданд. Дар ҳақиқат, онҳо умри хеле дароз диданд.

ХУДО МЕХОҲАД, КИ ОДАМИЗОД ДАР БИҲИШТИ РӮЙИ ЗАМИН АБАДӢ ЗИНДАГӢ КУНАД

ОНҲО УМРИ ХЕЛЕ ДАРОЗ ДИДАНД

Одам 930 сол

Матушолаҳ 969 сол

Нӯҳ 950 сол

Имрӯз 70 ё 80 сол

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки замоне умри одамон назар ба имрӯза хеле дарозтар буд. Он мегӯяд: «Тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд». Сипас, он боз шаш мардони дигарро номбар мекунад, ки аз 900 сол зиёд зиндагӣ кардаанд. Онҳо Шет, Анӯш, Қенон, Ёрад, Матушолаҳ ва Нӯҳ буданд. Ҳамаи он мардон пеш аз Тӯфони замони Нӯҳ зиндагӣ кардаанд ва Нӯҳ ҳангоми Тӯфон 600-сола буд (Ҳастӣ 5:5–27; 7:6; 9:29). Чаро онҳо ин қадар умри дароз диданд?

Чунки ҳамаи онҳо дар замоне зистаанд, ки одамизод ба комилият наздик буд. Шояд аз ҳамин сабаб онҳо умри хеле дароз дида бошанд. Вале комилият бо дарозумрӣ чӣ алоқамандӣ дорад? Ва чӣ тавр душмани мо — марг мағлуб хоҳад шуд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб додан, биёед аввал фаҳмем, ки аз кадом сабаб мо пир мешавем ва мемирем.