Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё мо наздикони вафоткардаи худро боз мебинем?

Оё мо наздикони вафоткардаи худро боз мебинем?

Мо ҳама рӯзе аз олам мегузарем. Оё бо марг ҳаёт тамом мешавад? Оё бо ҳамин шахсони вафоткарда аз дилу дида фаромӯш мегарданд? Оё онҳоро боз медида бошем?

КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР ИН БОРА ЧУНИН МЕГӮЯД:

МУРДАГОН ФАРОМӮШ НАШУДААНД

«Ҳамаи онҳое, ки дар қабр мебошанд... берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29).

Худои меҳрубон онҳоро фаромӯш накардааст, барои ҳамин ҳамаи онҳоеро, ки дар хотираш ҳаст, ба ҳаёт бармегардонад.

ДАР РӮЙИ ЗАМИН ЭҲЁШАВӢ БА АМАЛ МЕОЯД

«Ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд» (Аъмол 24:15).

Миллиардҳо одамон эҳё шуда дар рӯйи замин ҷовидона дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

ЭҲЁШАВӢ УМЕДИ ВОҚЕИСТ

«[Худо] миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад: ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад» (Забур 146:4).

Агар Худои Бузургу Тавоно ҳама ситорагонро ном ба ном донад, пас шубҳае нест, ки номи ҳар як одами фавтидаро низ медонад ва онҳоро эҳё мекунад.