Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо аз муҳаббат ба одамон манфиати онҳоро аз манфиати худ боло мегузорем

Бо одамон чӣ тавр бояд муносибат кунем?

Бо одамон чӣ тавр бояд муносибат кунем?

Тамоми одамон аслан фарзандони Одам Атоянд ва як оиларо ташкил медиҳанд. Агарчи аъзоёни оила бояд бо ҳам меҳрубон бошанд ва якдигарро ҳурмат кунанд, имрӯз меҳру оқубат кам ба чашм мерасад. Вале Худои меҳрубон чунин шуданашро намехост.

КАЛОМИ ХУДО ОИДИ МУҲАББАТ ЧУНИН МЕГӮЯД:

«Ёратро мисли худат дӯст дор» (ИБОДАТ 19:18).

«Душманони худро дӯст доред» (МАТТО 5:44).

«ЁРАТРО МИСЛИ ХУДАТ ДӮСТ ДОР» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Аҳамият диҳед, ки Худо дар Каломаш дар 1 Қӯринтиён 13:4–7 муҳаббатро чӣ тавр маънидод мекунад:

«Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст».

Фикр кунед: Вақте дигарон ба хатогию камбудиҳоятон пуртоқатона муносибат мекунанд ва бо шумо меҳрубон мемонанд, шумо худро чӣ хел ҳис мекунед?

«Муҳаббат рашк намекунад».

Фикр кунед: Агар дигарон аз шумо гумони бад кунанд ё ба шумо рашку ҳасад баранд, магар аз ин зиқ намешудед?

Муҳаббат «фоидаи худро намеҷӯяд».

Фикр кунед: Агар дигарон ба ҷойи доим гапи худро гузарондан фикру хоҳиши шуморо низ ба назар гиранд, оё ин ба шумо маъқул намешуд?

Муҳаббат «ба дил кина намегирад»

Фикр кунед: Худо тайёр аст гуноҳи касонеро, ки аз таҳти дил тавба мекунанд, бахшад. Дар Каломаш гуфта шудааст, ки Парвардигор бандагонашро «ба сурати абадӣ мазаммат намекунад, ва қаҳрашро то абад нигоҳ намедорад» (Забур 102:9). Агар мо ягон касро хафа кунему ӯ моро бахшад, магар аз ин хурсанд намешудем? Пас, мо ҳам дар навбати худ бояд бо омодагӣ дигаронро бахшем (Забур 85:5).

Муҳаббат «аз бадӣ хурсанд намешавад».

Фикр кунед: Вақте ба сари мо мусибате ояд, мо намехостем, ки дигарон аз азоби мо хурсанд шаванд, ҳамин тавр-не? Барои ҳамин вақте дигарон аз мушкилие азоб мекашанд, мо набояд хурсанд шавем, ҳатто агар онҳо ба мо бадӣ карда бошанд ҳам.

Барои баракати Худоро соҳиб шудан мо бояд ҳама одамонро новобаста аз синну сол, миллат ва динашон дӯст дорем. Як роҳи зоҳир кардани муҳаббат ин кӯмак расондан ба мӯҳтоҷон мебошад.