Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор издивоҷи шумо мисли риштаи сеқабата бошад

Бигзор издивоҷи шумо мисли риштаи сеқабата бошад

Бигзор издивоҷи шумо мисли риштаи сеқабата бошад

«Риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад» (ВОИЗ 4:12).

1. Кӣ ҷуфти аввалини инсониро дар издивоҷ пайваст кард?

ПАС АЗ ба вуҷуд овардани олами набототу ҳайвонот Яҳува Худо инсони нахустин — Одамро офарид. Баъдтар Худо ӯро ба хоби гарон андохт ва яке аз қабурғаҳояшро гирифта, барояш дастёри комил биофарид. Одам занро дида, аз хурсандӣ нидо кард: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам» (Ҳас. 1:27; 2:18, 21–23). Яҳува ҷуфти аввалини инсониро дар издивоҷ пайваст намуда, онҳоро баракат дод ва бо ин илтифоти худро ба офаридаҳояш зоҳир кард (Ҳас. 1:28; 2:24).

2. Чӣ гуна Шайтон сабаби носозгории Одаму Ҳавво гашт?

2 Мутаассифона, дере нагузашта ин оилаи аз ҷониби Худо барпогашта зери фишор қарор гирифт. Чӣ гуна? Махлуқи рӯҳии шарир, ки дертар Шайтон ном гирифт, Ҳавворо бо фиреб ба хӯрдани меваи дарахти мамнӯъ барангехт. Сипас Одам низ ба беитоатии ҳамсараш ҳамроҳ шуд. Ҳамин тавр онҳо бар зидди ҳокимияти Худо баромаданд ва аз ҳидояти Ӯ рӯй гардонданд (Ҳас. 3:1–7). Вақте ки Яҳува аз Одаму Ҳавво пурсид, ки онҳо чӣ кор карданд, маълум гашт, ки аллакай байни ҳамсарон носозгорӣ ба вуҷуд омадааст. Одам занашро гунаҳкор карда, гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам» (Ҳас. 3:11–13).

3. Баъзе яҳудиён ба издивоҷ чӣ гуна муносибат мекарданд?

3 Тӯли садсолаҳо Шайтон макру ҳилаҳои гуногунро ба кор мебарад, то байни ҳамсарон ҷудоӣ андозад. Масалан, вай баъзан сарварони диниро истифода мебурд, то байни одамон дар бораи оила ва издивоҷ ақидаҳои нодуруст паҳн гарданд. Баъзе роҳбарони дини яҳудӣ арзиши меъёрҳои Худоро паст зада, ба шавҳарон иҷозат медоданд, ки бо сабабҳои ночиз аз ҳамсарашон ҷудо шаванд, масалан аз сабаби шӯр будани хӯрок. Аммо Исо–пайғамбар қайд кард: «Ҳар кӣ зани худро, ба ҷуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад» (Мат. 19:9).

4. Чаро имрӯз сохтори оила зери фишор қарор гирифтааст?

4 Шайтон то ба ҳол мекӯшад, ки пайвандҳои оилавиро барҳам диҳад. Издивоҷи шахсони ҳамҷинс, зиндагии якҷояи зану мард бе бастани ақди никоҳ, ба осонӣ бекор кардани ақди никоҳи қонунӣ нишон медиҳанд, ки Шайтон дар ин соҳа муваффақият ба даст овардааст. (Ибриён 13:4-ро бихонед.) Ходимони Худо чӣ кор карда метавонанд, то зери таъсири чунин ақидаҳои нодуруст қарор нагиранд? Биёед бубинем, ки чӣ ҳаёти оилавиро хушбахт мегардонад.

Яҳува — риштаи сеюм дар издивоҷи шумо

5. Ибораи «риштаи сеқабата» дар алоқамандӣ бо издивоҷ чӣ маъно дорад?

5 Оилаи хушбахтро танҳо бо Яҳува сохтан мумкин аст. Каломи Ӯ мегӯяд: «Риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад» (Воиз 4:12). Ибораи «риштаи сеқабата» маънои маҷозӣ дорад. Бо алоқамандӣ ба издивоҷ маънои ин ибора чунин аст: ду ришта — зану шавҳар мебошанд, ки ба риштаи сеюм, яъне ба риштаи асосӣ — Яҳува Худо печидаанд. Муносибати наздик бо Худо ба ҳамсарон қуввати рӯҳонӣ мебахшад, то бо мушкилиҳое, ки пеш меоянд, мубориза баранд. Маҳз ҳамин аст, калиди хушбахтии оила.

6, 7. а) Ходимони Худо издивоҷи худро чӣ гуна мисли «риштаи сеқабата» карда метавонанд? б) Хоҳаре дар шавҳари худ чиро бештар қадр мекунад?

6 Аммо ҷуфти ҳамсарон издивоҷи худро чӣ гуна мисли «риштаи сеқабата» карда метавонанд? Довуди забурнавис сурудааст: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9). Муҳаббат ба Худо моро низ бармеангезад, ки ба Ӯ аз таҳти дил хидмат намоем. Аз ин рӯ, ҳам зану ҳам шавҳар бояд бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳанд ва хоҳиши иҷро кардани иродаи Ӯро дошта бошанд. Инчунин ҳамсарон бояд бикӯшанд, ки муҳаббати ҳамдигарро ба Худо қавӣ гардонанд (Мас. 27:17).

7 Агар шариати Худованд дар ҳақиқат андаруни диламон бошад, мо хусусиятҳое ба мисли имон, умед ва муҳаббат зоҳир хоҳем кард. Ин хусусиятҳо барои мустаҳкам гардонидани пайванди издивоҷ муҳиманд (1 Қӯр. 13:13). Хоҳаре бо номи Сандра, ки 50 сол боз оиладор аст, мегӯяд: “Он хусусияте, ки ман дар шавҳарам бештар қадр мекунам, муҳаббати ӯ ба Яҳува мебошад, ки он аз муҳаббати нисбати ман доштааш қавитар аст. Инчунин маслиҳату насиҳатҳои дар Каломи Худо асосёфтаи ӯ барои ман пурарзишанд». Шавҳарон, оё дар бораи шумо низ чунин гуфтан мумкин аст?

8. Барои дар издивоҷ ба даст овардани «мукофоти хуб» ҳамсарон бояд чӣ кор кунанд?

8 Ҳамсарон, оё муносибати шумо бо Яҳува ва ҷустани манфиатҳои Салтанати Ӯ дар ҳаётатон ҷои аввалро ишғол мекунанд? Оё шумо ҳамсаратонро дар хидмат ба Яҳува ҳамкор меҳисобед? (Ҳас. 2:24). Подшоҳи хирадманд — Сулаймон навиштааст: «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музд [«мукофот», Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.]–и хубе пайдост» (Воиз 4:9). Дар ҳақиқат, барои ба даст овардани «мукофоти хуб», яъне сохтани оилаи хушбахт ва мустаҳкам, зану шавҳар бояд сахт бикӯшанд. Яҳува бешубҳа чунин оилаҳоро баракат хоҳад дод.

9. а) Шавҳарон чӣ гуна масъулият доранд? б) Мувофиқи Қӯлассиён 3:19 шавҳар бо зани худ бояд чӣ гуна муносибат кунад?

9 Барои он ки Худо риштаи сеюми издивоҷ бошад, ҳам зану ҳам шавҳар бояд бикӯшанд, ки талаботи Ӯро риоя кунанд. Шавҳарон барои қонеъ гардонидани ниёзҳои моддӣ ва рӯҳонии хонаводаашон масъуланд (1 Тим. 5:8). Ҳамчунин онҳо бояд оиди ниёзҳои равонӣ (яъне эмотсионалӣ)–и ҳамсарашон ғамхорӣ кунанд. Дар Қӯлассиён 3:19 навишта шудааст: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед». Яке аз муҳаққиқони Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки «сахтгир будан» бо зан маънои «бо суханони нешдор ранҷонидани ӯ, задани зан ва маҳрум кардани вай аз муҳаббат, ғамхорӣ, ризқу рӯзӣ, ҳимоя ва кӯмак»-ро дорад. Фаҳмост, ки чунин рафтор дар хонаводаи ходимони Худо набояд ҷой дошта бошад. Агар шавҳар бо муҳаббат сарварӣ кунад, занаш бо омодагӣ ба ӯ итоат мекунад.

10. Занони масеҳӣ бояд чӣ гуна рӯҳия зоҳир кунанд?

10 Занони масеҳие, ки мехоҳанд, то Яҳува риштаи сеюми издивоҷашон бошад, ҳамчунин бояд талаботи Худоро риоя намоянд. Павлуси расул навиштааст: «Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо [«ҷамоати пайравонаш», Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.] ва Наҷотдиҳандаи бадан аст» (Эфс. 5:22, 23). Шайтон Ҳавворо фиреб дода, гуфт, ки пеш гирифтани роҳи истиқлолият аз Худо хушбахтии ҳақиқӣ меорад. Имрӯз рӯҳияи истиқлолталабиро дар бисёри оилаҳо дидан мумкин аст. Аммо барои занони худотарс итоат ба шавҳари дӯстдорашон шаъни онҳоро паст намезанад. Онҳо дар хотир доранд, ки Яҳува занро чун «мададгоре» барои шавҳар офарид ва ин гуна мақом дар назари Худо боиси эҳтиром аст (Ҳас. 2:18). Зане, ки вазифаи худро дар оила, ҳамон тавре ки Худо ба ӯ муайян намудааст, бо омодагӣ иҷро мекунад, дар ҳақиқат «тоҷи шавҳари худ» мебошад (Мас. 12:4).

11. Аз рӯи хулосаи бародаре, чӣ омили муҳими хушбахтии оилавӣ мебошад?

11 Ҳамчунин бо ҳам омӯхтани Китоби Муқаддас ба ҳамсарон кӯмак мекунад, то Худо дар издивоҷи онҳо риштаи сеюм бошад. Ҷералд, ки 50 сол боз ҳаёти хушбахти оилавӣ ба сар мебарад, мегӯяд: “Омили муҳими хушбахтии оилавӣ — якҷоя хондану омӯхтани Каломи Худо аст”. Ӯ илова мекунад: “Ҳамроҳ иҷро кардани коре, хусусан кори бо ибодати Худо алоқаманд, ҳамсаронро ба якдигар ва ба Яҳува наздик мекунад”. Омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, ки ҳамсарон меъёрҳои Яҳуваро дар хотир нигоҳ доранд, муносибаташонро бо Ӯ мустаҳкамтар гардонанд ва рӯҳан рушд намоянд.

12, 13. а) Чаро ба ҳамсарон якҷоя дуо гуфтан муҳим аст? б) Кадом машғулиятҳо пайванди издивоҷро мустакам мегардонанд?

12 Якҷоя дуо гуфтан низ ба хушбахтии оилавӣ мусоидат мекунад. Вақте ки шавҳар дили худро дар дуо холӣ карда, ба Худо мушкилиҳои оилаашро мегӯяд, ин бешубҳа пайвандҳои издивоҷро мустаҳкам мегардонад (Заб. 61:9). Масалан, ҳангоми байни шумову ҳамсаратон ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо, агар якҷоя ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ ҳидояту роҳнамоӣ бипурсед, бартараф кардани онҳо осонтар мегардад (Мат. 6:14, 15). Мувофиқи дуои худ амал намуда, ҳамсарон бояд якдигарро дастгирӣ кунанд ва ба «ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв» кунанд, яъне бибахшанд (Қӯл. 3:13). Вақте ки ба Худо дуо мегӯем, мо нишон медиҳем, ки ба Ӯ такя мекунем. Довуди подшоҳ гуфтааст: «Чашмони ҳама сӯи Ту интизор дорад» (Заб. 144:15). Вақте ки мо сӯи Худо бо чашмони интизорӣ нигариста, ба Ӯ дуо мегӯем, он гоҳ оромии бештар эҳсос хоҳем кард, зеро медонем, ки Ӯ «ғамхорӣ мекунад» (1 Пет. 5:7).

13 Калиди дигари хушбахтии оилавӣ — ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ва ҳамкорӣ бо якдигар дар хидмат аст. Дар вохӯриҳои ҷамъомад ҳамсарон «ба дасисаҳои иблис» муқобилият карданро меомӯзанд, зеро Шайтон ба вайрон кардани оилаҳо мекӯшад (Эфс. 6:11). Ҳамкории мунтазами зану шавҳар дар хидмат барояшон кӯмак мекунад, ки дар имон «матину устувор» бимонанд (1 Қӯр. 15:58).

Вақте ки мушкилиҳо пеш меоянд

14. Кадом омилҳо издивоҷро зери фишор қарор доданашон мумкин аст?

14 Ҳарчанд фикрҳои дар боло зикршуда нав набошанд ҳам, онҳоро бо ҳамсаратон ошкоро муҳокима кунед. Муайян намоед, ки кадом ҷонибҳои ҳаёти оилавиатон дигаргунӣ металабанд. Китоби Муқаддас қайд мекунад: ҳатто ҳамсароне, ки меъёрҳои Худоро риоя кардан мехоҳанд, «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт» (1 Қӯр. 7:28). Аз сабаби нокомилияти инсонӣ, таъсири бади ин дунёи шарир ва макру ҳилаҳои Шайтон, ҳатто издивоҷи ҳамсароне, ки ходими содиқи Худоянд, зери фишори сахт қарор гирифтанаш мумкин аст (2 Қӯр. 2:11). Лекин Яҳува кӯмак мекунад, то мо ба чунин фишор тоб оварда тавонем. Бале, Ӯ албатта ба мо кӯмак мекунад. Айюби содиқ чорво, хидматгорон ва ҳатто фарзандонашро аз даст дод. Бо вуҷуди ин, ӯ рӯҳияи дурустро нигоҳ дошта тавонист. Китоби Муқаддас мегӯяд: «дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд» (Айюб 1:13–22).

15. Дар вазъияти мушкил бисёриҳо чӣ хел рафтор мекунанд ва агар яке аз ҳамсарон чунин рафтор кунад, ҳамсари дигарӣ бояд чӣ гуна амал намояд?

15 Зани Айюб бошад, дар ин вазъияти душвор дигар хел рафтор кард. Ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир» (Айюб 2:9). Ҳақиқатан ҳам, дар вазъияти мушкил шахс аз ғаму андӯҳ баъзан нооқилона рафтор мекунад. Марди бохираде қайд менамояд: «Истисмор хирадмандро сабукмағз мегардонад» (Воиз 7:7). Агар ҳамсаратон зери фишори душвориҳо ба шумо суханони аламовар гӯяд, бикӯшед, ки оромиро аз даст надиҳед. Агар шумо ҳам ба ӯ бо суханони тунду тез ҷавоб диҳед, вазъият аз будаш ҳам бадтар мегардад. (Забур 36:8-ро бихонед.) «Суханони сахт»–еро, ки аз маъюсию рӯҳафтодагӣ гуфта мешаванд, ба дил наздик нагиред (Айюб 6:3).

16. а) Суханони Исоро аз Матто 7:1–5 чӣ гуна дар ҳаёти оилавӣ истифода бурдан мумкин аст? б) Чаро дар издивоҷ оқил будан муҳим аст?

16 Интизориҳои ҳамсарон нисбати якдигар набояд аз воқеият дур бошанд. Яке аз ҳамсарон одати нофорами дигариро дида, шояд ба худ гӯяд: “Ман ӯро ислоҳ мекунам”. Шояд шумо тавонед бо пурсабрӣ ва меҳру муҳаббат ба ҳамсаратон дар тарки он одат кӯмак намоед. Лекин фаромӯш накунед: Исо одамеро, ки ба камбудиҳои ночизи шахси дигар аҳамият медиҳад, ба касе монанд кард, ки дар чашми бародараш «хас»-ро мебинаду дар чашми худаш «чӯб»-ро намебинад. Исо ба мо таъкид кард: «Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед». (Матто 7:1–5-ро бихонед.) Ин маънои онро надорад, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ чашм бояд пӯшид. Роберт, ки қариб 40 сол боз оиладор аст, мегӯяд: “Зану шавҳар бо ҳамдигар бояд ошкорову самимӣ муошират карда, ба суханони якдигар гӯш диҳанд ва ба ислоҳи хатоҳое, ки ҳамсарашон ба он ишора мекунад, тайёр бошанд”. Лекин оқил бояд буд. Агар ҳамсаратон хусусиятеро, ки дар ӯ дидан мехостед, надошта бошад, рӯҳафтода нашавед. Ба ҷои ин, хислатҳои хуберо, ки ҳамсаратон ҳоло дорад, қадр кунед (Воиз 9:9).

17, 18. Дар вазъияти мушкил аз куҷо кӯмак ҷустан мумкин аст?

17 Тағйир ёфтани вазъият дар оила метавонад сабаби мушкилӣ гардад. Шояд душвориҳо бо фарзандон алоқаманд бошанд ё яке аз аъзоёни оила ба бемории ҷиддӣ гирифтор гардад. Эҳтимол волидони солхӯрда ба нигоҳубини махсус ниёз пайдо кунанд. Фарзандони калоншуда шояд хонаро тарк кунанд. Эҳтимол таъинот ва масъулияти теократӣ дигар шаванд. Ҳамаи ин тағйирот дар оила ба муносибати зану шавҳар таъсири манфӣ расонида метавонанд.

18 Агар эҳсос намоед, ки дигар ба тоқат кардан қуввае надореду оилаатон ба вайрон шудан наздик аст, чӣ кор карда метавонед? (Мас. 24:10). Таслим нашавед! Шайтон мехоҳад, ки яке аз ходимони Худо ибодати покро тарк кунанд. Агар ду кас ин тавр амал намоянд, ӯ бениҳоят хурсанд мегардад. Аз ин рӯ, ҳама кори аз дастатон меомадаро бикунед, то издивоҷатон мисли «риштаи сеқабата» бимонад. Дар Китоби Муқаддас мисолҳои зиёди ходимони Худо оварда шудаанд, ки қатъи назар аз озмоишҳои сахт ба Ӯ содиқ мондаанд. Масалан, боре Довуд дилашро ба Яҳува холӣ карда, гуфт: «Ба ман марҳамат намо, эй Худо! Зеро ки одамизод ... маро фишор медиҳад» (Заб. 55:2). Оё ягон бор шахсе шуморо «фишор» ё озор додааст? Шуморо хоҳ каси бегона озор диҳад, хоҳ шахси наздик, дар хотир доред, ки Довуд ба ҳар тангӣ тоб оварда тавонист, пас шумо низ метавонед. Довуд гуфтааст: «Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод» (Заб. 33:5).

Бигзор Яҳува оилаи шуморо минбаъд низ баракат диҳад

19. Чӣ гуна мо ба ҳамлаҳои Шайтон муқобилият карда метавонем?

19 Дар ин айёми охирзамон ҳамсарон бояд «ҳамдигарро тасаллӣ диҳанд ва якдигарро обод кунанд» (1 Тас. 5:11). Дар хотир доред: Шайтон даъво мекунад, ки мо ба Яҳува аз рӯи тамаъ хидмат менамоем. Ӯ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то муносибати моро бо Худо вайрон кунад. Бо ин мақсад Иблис мушкилиҳои оилавиро низ истифода мебарад. Барои ба ҳамлаҳои Шайтон муқобилият кардан мо бояд ба Яҳува пурра такя намоем (Мас. 3:5, 6). Павлус менависад: «Ба туфайли Оне, ки қувват мебахшадам, ҳама кор аз дастам меояд» (Фил. 4:13, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.).

20. Агар Худо риштаи сеюми издивоҷ бошад, ин чӣ баракатҳо меорад?

20 Агар Худо дар издивоҷ риштаи сеюм бошад, ин баракатҳои зиёд меорад. Ҷоэл, ки 51 сол боз оиладор аст, инро тасдиқ карда, мегӯяд: “Ман ба Яҳува барои хушбахтии оилавӣ ва барои он ки ба ман ҳамсари хуб додааст, ҳамеша миннатдорӣ баён мекунам. Завҷаам дӯсти беҳтарини ман аст”. Сирри хушбахтии оилаи онҳо дар чист? Ӯ мегӯяд: “Мо ҳамеша мекӯшем, ки ба ҳамдигар меҳру муҳаббат ва пурсабрӣ зоҳир намоем”. Албатта, ягон инсони нокомил ин хусусиятҳоро комилан зоҳир карда наметавонад. Ба ҳар ҳол, биёед бикӯшем, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барем. Он гоҳ издивоҷи мо ба «риштаи сеқабата»–е, ки «ба зудӣ канда намешавад», монанд мегардад (Воиз 4:12). Бале, фақат бо Яҳува мо оилаи хушбахт сохта метавонем.

Оё шумо дар хотир доред?

• Ибораи «риштаи сеқабата» дар алоқамандӣ бо издивоҷ чӣ маъно дорад?

• Ҳангоми пеш омадани мушкилиҳо ҳамсарон бояд чӣ кор кунанд?

• Чӣ бояд кард, то Худо риштаи сеюми издивоҷ гардад?

[Саволҳо барои омӯзиш]