Яҳува — чун раҳокунанда дар замонҳои пеш
Яҳува — чун раҳокунанда дар замонҳои пеш
«Худоё! Сӯи ман шитоб кун: мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ» (ЗАБ. 69:6).
1, 2. a) Дар кадом ҳолатҳо ходимони Худо аз Ӯ мадад мепурсанд? б) Кадом савол ба миён меояд ва ба он мо аз куҷо ҷавоб ёфта метавонем?
ВАҚТЕ КИ ҷуфти ҳамсарон барои истироҳат сафар карда буданд, ба онҳо хабар расид, ки духтари шавҳардори 23–солаашон гум шудааст. Кормандони полис тахмин мекарданд, ки куштор ба амал омадааст. Волидон фавран чизу чораашонро ҷамъ намуда, ба хона мешитобанд. Дар роҳ онҳо пайваста дуо гуфта, аз Яҳува мадад мепурсанд. Ба Шоҳиди 20–сола духтурон гуфтанд, ки ӯ сахт бемор аст ва чанде пас пурра фалаҷ мегардад. Вай дарҳол ба Яҳува бо дуо муроҷиат мекунад. Модари танҳое сахт мекӯшид, то ҷои кор ёбад, зеро барои харидани хӯрок ба худаш ва духтари 12–солааш маблағи кофие надошт. Ӯ аз таҳти дил ба Яҳува дуо мекунад. Бале, ходимони Худо ҳангоми дучоршавӣ бо озмоишҳои сахт ва душвориҳо барои кӯмак ҳамеша ба Худо муроҷиат менамоянд. Оё шумо ҳам ягон бор дар ҳолатҳои танги зиндагиатон аз Яҳува мадад пурсидаед?
2 Саволи муҳиме ба миён меояд: Оё дар ҳақиқат Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб гуфта, ба мо мадад мерасонад? Ба ин савол таронаи 69–уми китоби Забур ҷавоб медиҳад. Ин таронаи зеборо ходими содиқи Яҳува — Довуд навиштааст. Ӯ дар ҳаёти худ озмоишҳои сахт ва душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Довуд дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Худоё! ... мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ» (Заб. 69:6). Бодиққат аз назар гузаронидани таронаи 69–ум ба мо кӯмак мекунад, то бифаҳмем, ки чаро дар ҳолатҳои танги зиндагӣ мо низ аз Яҳува мадад пурсида метавонем ва чаро боварии комил дошта метавонем, ки Ӯ Раҳокунандаи мо мегардад.
«Раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ»
3. a) Дар таронаи 69–ум Довуд аз Яҳува чӣ мепурсад? б) Довуд дар таронаи 69–ум ба чӣ эътимод доштанашро нишон медиҳад?
3 Таронаи 69–ум бо суханоне оғоз ва анҷом меёбад, ки дар онҳо забурнавис бо зориву илтиҷо аз Худо кӯмак мепурсад. (Забур 69:1–6-ро бихонед.) Довуд аз Яҳува илтиҷо менамояд, ки барои халосӣ додани ӯ «шитоб» кунад. Дар оятҳои 3–5 Довуд аз Яҳува панҷ чизро хоҳиш мекунад. Се хоҳиши аввали вай дар бораи шахсоне буданд, ки марги ӯро мехостанд. Довуд аз Яҳува самимона мепурсад, ки Ӯ ин душманонашро шикаст диҳад ва онҳоро барои бадкориашон шарманда кунад. Ду хоҳиши навбатии Довуд, ки дар ояти 5 навишта шудааст, бо халқи Худо алоқаманд мебошад. Ӯ дуо мекунад, то ҳама толибони Яҳува шодию хурсандӣ карда тавонанд ва Худои худро ситоиш намоянд. Дар охири ин тарона Довуд ба Яҳува мегӯяд: «Мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ». Аҳамият диҳед, ки ин суханони Довуд хоҳишро ифода намекунанд. Ибораи «Ту ҳастӣ» эътимоди вайро ба Худо зоҳир месозад. Довуд боварии комил дошт, ки Худо ба ӯ мадад мерасонад.
4, 5. Таронаи 69–уми китоби Забур дар бораи Довуд чиро ошкор месозад ва мо ба чӣ эътимоди комил дошта метавонем?
4 Таронаи 69–уми китоби Забур дар бораи Довуд чиро ошкор месозад? Вақте ки душманони Довуд қасди куштани ӯро мекарданд, вай ба қувваи худаш такя наменамояд. Баръакс, Довуд боварии комил дорад, ки Яҳува дар вақту соати муносиб ва ҳамон тавре ки худаш дуруст мешуморад, душманони ӯро ҷазо хоҳад дод (1 Подш. 26:10). Довуд эътимоди комил дошт, ки Яҳува «толибони Худ»-ро дастгирӣ карда, ба онҳо халосӣ медиҳад (Ибр. 11:6). Ба ақидаи вай чунин ходимони содиқи Худо барои хурсандӣ ва ситоиши Яҳува сабабҳои зиёд доранд. Онҳо ба дигарон дар бораи корҳои бузурги Ӯ нақл карда, Яҳуваро ситоиш медиҳанд (Заб. 5:12; 34:27).
5 Мисли Довуд, мо эътимоди комил дошта метавонем, ки Яҳува барои мо низ «мададгор ва раҳокунанда» мегардад. Аз ин рӯ, вақте ки мо ба озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ гашта, бениҳоят ба кӯмак мӯҳтоҷ мешавем, метавонем ба Яҳува муроҷиат кунем, то Ӯ ба мадади мо бишитобад (Заб. 70:12). Яҳува чӣ гуна ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад? Пеш аз муҳокимаи ин савол, биёед се мавридеро дида бароем, ки чӣ гуна Яҳува ба Довуд дар ҳолатҳои танги зиндагиаш кӯмак намуда, Раҳокунандаи ӯ гаштааст.
Аз дасти душманон халос мекунад
6. Довуд аз куҷо медонист, ки Яҳува Наҷотдиҳандаи одилон мебошад?
6 Аз Навиштаҳое, ки он замон дастрас буданд, Довуд медонист, ки одамони одил ба мадади Яҳува умед баста метавонанд. Вақте ки Яҳува ҷаҳони худобехабарро бо Тӯфон нобуд кард, Ӯ Нӯҳро бо аҳли оилааш, ки худотарс буданд, наҷот дод (Ҳас. 7:23). Ҳангоме ки Яҳува ба сари сокинони шарири Садӯм ва Амӯро аз осмон оташ ва кибрид боронид, Ӯ ба Лути одил ва ду духтараш кӯмак кард, то ҳаёти худро наҷот диҳанд (Ҳас. 19:12–26). Вақте ки Яҳува фиръавни мағрурро бо лашкараш дар Баҳри Сурх ҳалок гардонид, Ӯ халқи худро ҳимоя намуд ва аз нобудшавӣ нигоҳ дошт (Хур. 14:19–28). Ана барои чӣ Довуд дар таронаи дигари худ Яҳуваро чун «Худои наҷот» ситоиш намудааст (Заб. 67:21).
7–9. a) Чаро Довуд ба қудрати наҷотдиҳандаи Яҳува ба пуррагӣ такя мекард? б) Довуд барои наҷоти худ ба кӣ ҳамду сано мехонд?
7 Ҳамчунин Довуд аз таҷрибаи ҳаётии худ медонист, ки ба қудрати наҷотдиҳандаи Яҳува ба пуррагӣ такя намудан мумкин аст. Ӯ шахсан худаш эҳсос карда буд, ки чӣ гуна Яҳува бо «бозуҳои ҷовидонӣ»–аш ходимонашро наҷот дода метавонад (Такр. Ш. 33:27, Тарҷумаи форсӣ). Яҳува борҳо Довудро аз чанголи «душманони пурзӯр»–аш раҳо кардааст (Заб. 17:18–20, 49). Мисолеро дида мебароем.
8 Вақте ки занони исроилӣ Довудро барои шуҷоату далериаш ситоиш карданд, шоҳ Шоул ба вай чунон ҳасад бурд, ки ду маротиба найзаашро сӯи Довуд ҳаво дод (1 Подш. 18:6–9). Вале ду дафъа ҳам, Довуд моҳирона худро канор гирифт. Оё сабаби раҳо ёфтани Довуд танҳо дар он аст, ки ӯ ҷанговари чусту чолок буд? Не. Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки «Худованд бо ӯ буд». (1 Подшоҳон 18:11–14-ро бихонед.) Дертар, вақте ки нияти Шоул, ки «Довудро бо дасти фалиштиён ба ҳалокат» расонидан мехост, амалӣ намегардад, шоҳ мебинад ва мефаҳмад, ки «Худованд бо Довуд аст» (1 Подш. 18:17–28).
9 Довуд барои наҷоти худ ба кӣ ҳамду сано хонд? Дар Забур 17:1 мо мехонем, ки вай «суханони ин сурудро ба Худованд гуфт, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз ... дасти Шоул халос кард». Довуд эҳсосоти худро бо тарона изҳор карда, гуфт: «Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман, ва раҳокунандаи ман; Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам; Ӯ сипари ман аст, ва шохи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман» (Заб. 17:3). Магар донистани он ки Яҳува барои наҷот додани халқаш қодир аст, имони моро қавӣ намегардонад? (Заб. 34:10).
Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ кард
10, 11. Чӣ кӯмак мекунад, то вақти бемории Довудро, ки боби 40–уми китоби Забур ба он ишора мекунад, муайян намоем?
10 Боре шоҳ Довуд сахт бемор мешавад, ки ба он боби 40–уми китоби Забур ишора мекунад. Он вақт Довуд бистарӣ гашта, ҳолаташ бағоят вазнин буд, аз ин рӯ баъзе душманонаш гумон мекарданд, ки вай «дигар нахоҳад бархост» (оятҳои 8 ва 9). Кай Довуд ба чунин бемории сахт гирифтор шуд? 2 Подш. 15:6, 13, 14).
Бо назардошти вазъияте, ки дар боби 40–уми китоби Забур тасвир гаштааст, ба чунин хулоса омадан мумкин аст: бемории Довуд ба он давраи мушкили ҳаёташ рост меояд, ки писараш Абшолӯм ба таври ғайриқонунӣ тахти подшоҳиро гирифтанӣ буд (11 Масалан, Довуд дар бораи хиёнати дӯсти наздикаш, ки ҳамроҳаш нон мехӯрд, сухан меронад (ояти 10). Ин гуфтаҳо ба мо воқеаеро аз зиндагии Довуд хотиррасон мекунанд. Дар вақти исёни Абшолӯм, маслиҳатчии боэътимоди Довуд — Аҳитӯфал, нисбати подшоҳ хиёнат карда, ба Абшолӯм ҳамроҳ шуд (2 Подш. 15:31; 16:15). Тасаввур кунед: шоҳи заифу бемор барои аз бистар хестан қувват надорад, дар атрофаш танҳо душманонанд, ки марги вайро мехоҳанд, то ҳар чӣ зудтар нияти бади худро амалӣ гардонанд (ояти 6).
12, 13. а) Довуд ба чӣ итминони комил дошт? б) Худо чӣ гуна Довудро қувват мебахшид?
12 Довуд ҳамеша ба Раҳокунандаи худ эътимоди қавӣ дошт. Ӯ итминони комил дошт, ки агар одил бемор гардад, Худованд вайро дастгирӣ хоҳад кард. Довуд гуфт: «Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард ... Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард. Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард» (Заб. 40:2, 4). Бо суханони «Худованд ... ёварӣ хоҳад кард» Довуд эътимоди комили худро ба Яҳува зоҳир менамояд. Вай мисли пештара шубҳае надорад, ки Яҳува ӯро раҳо хоҳад кард. Вале бо кадом роҳ?
13 Довуд интизор набуд, ки Яҳува ба воситаи мӯъҷизае ӯро шифо мебахшад. Довуд итминони комил дошт, ки Яҳува ӯро «ёварӣ хоҳад кард», яъне дар бистари беморӣ вайро дастгирӣ мекунад ва ба ӯ қувват мебахшад. Вай бешубҳа ба чунин кӯмак мӯҳтоҷ буд. Ба замми беморию заифиаш, ӯро душманоне иҳота мекарданд, ки дар борааш суханони бад мегуфтанд (оятҳои 6, 7). Эҳтимол Яҳува бо хотиррасон кардани фикрҳои тасаллибахш ба Довуд қувват медод. Ба ин гуфтаи Довуд аҳамият диҳед: «[Ту] маро ба сабаби беайбии ман, дастгирӣ хоҳӣ кард» (ояти 13). Эҳтимол Довудро донистани он қувват мебахшид, ки қатъи назар аз заифию бемории ӯ ва бадгӯии душманон, Яҳува вайро шахси «беайб», яъне содиқу вафодор меҳисобид. Чанде пас Довуд аз беморӣ шифо ёфт. Магар донистани он ки Яҳува беморонро дастгирӣ мекунад, тасаллибахш нест? (2 Қӯр. 1:3).
Худованд ризқу рӯзӣ медиҳад
14, 15. Чаро Довуд ва одамони ӯ ба ризқу рӯзӣ мӯҳтоҷ гаштанд ва чӣ кӯмаке ба онҳо расонида шуд?
14 Вақте ки Довуд подшоҳи Исроил гашт, ӯ аз хӯроку нӯшокиҳои беҳтарин лаззат мебурд ва ҳатто дигаронро ба сари дастархони худ даъват карда метавонист (2 Подш. 9:10). Лекин ӯ чӣ будани мӯҳтоҷиро низ медонист. Вақте ки писараш Абшолӯм исён бардошта, тахти подшоҳиро гирифтанӣ шуд, Довуд бо хидматгорони содиқаш аз Ерусалим гурехт. Онҳо ба сарзамини Ҷилъод, ки дар шарқи дарёи Ӯрдун аст, фирор карданд (2 Подш. 17:22, 24). Чун гурезагон зиндагӣ карда, Довуд ва одамони ӯ пас аз чанде ба хӯрокаю нӯшокӣ ва истироҳат мӯҳтоҷ гаштанд. Аммо дар ин биёбон онҳо аз куҷо ризқу рӯзӣ ёфта метавонистанд?
15 Оқибат Довуд ва одамони ӯ ба шаҳри Маҳаноим расиданд. Дар он ҷо онҳо бо се марди шуҷоъ — Шубӣ, Мокир ва Барзило вохӯрданд. Ин се мард барои кӯмак намудан ба подшоҳи аз ҷониби Худо таъингашта тайёр буданд. Онҳо мефаҳмиданд, ки ҳаёташон зери хатар буд, зеро агар Абшолӯм тахтро ба даст меовард, бешубҳа касонеро, ки Довудро дастгирӣ мекарданд, сахт ҷазо медод. Ин се марди содиқ ҳолати мушкили Довуд ва одамони ӯро дида, ба онҳо чизҳои лозима оварданд, аз он ҷумла: бистарҳо, гандум, ҷав, хӯшабирён, лӯбиё, наск, асал, маска ва гӯшти гӯсфанд. (2 Подшоҳон 17:27–29-ро бихонед.) Чунин вафодорӣ ва саховатмандии ин мардон албатта ба дили Довуд таъсир кард. Эҳтимол ӯ некии онҳоро тамоми умраш дар хотир дошт.
16. Дар асл ба Довуд ва одамони ӯ кӣ ризқу рӯзӣ дод?
16 Лекин дар асл ба Довуд ва одамони ӯ кӣ ризқу рӯзӣ дод? Довуд итминони комил дошт, ки Яҳува ба халқаш ғамхорӣ мекунад. Бешубҳа, Яҳува метавонад ходимони худро барангезад, то онҳо ба кӯмаки ҳамимононе, ки мӯҳтоҷӣ мекашанд, биёянд. Вақте ки Довуд дар бораи воқеаи дар сарзамин Ҷилъод рӯйдода фикр мекард, ӯ бешубҳа дар некии ин се мард ғамхории муҳаббатомези Яҳуваро медид. Дар охири умраш Довуд навишт: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад [аз он ҷумла худи ӯ], ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Заб. 36:25). Магар донистани он ки Яҳува ҳамеша эҳтиёҷоти ходимонашро қонеъ мегардонад, тасаллибахш нест? (Мас. 10:3).
Яҳува медонад, ки чӣ гуна садоқатмандонро раҳо кунад
17. Чиро Яҳува борҳо нишон додааст?
17 Довуд фақат яке аз он ходимони бешумори даврони пеш аст, ки Яҳува барояшон Раҳокунанда гашта буд. Аз рӯзҳои Довуд инҷониб, Яҳува борҳо садоқатмандии худро нишон додааст. Ҳамон тавре ки аз суханони Петрус бармеояд, «Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгорон [«садоқатмандон», Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.]-ро аз озмоиш раҳо кунад» (2 Пет. 2:9). Биёед боз ду мисолро дида мебароем.
18. Дар рӯзҳои Ҳизқиё Яҳува чӣ гуна халқашро наҷот дод?
18 Вақте ки дар асри VIII қ. д. мо лашкари пурзӯри ашшуриён ба Яҳудия зада даромада, ба Ерусалим таҳдид намуданд, шоҳ Ҳизқиё дуо кард: «Эй Худованд Худои мо, моро ... наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастӣ» (Иш. 37:20). Ҳизқиё пеш аз ҳама дар бораи ҷалол ёфтани номи Худо фикр мекард. Яҳува ба дуои самимии ӯ ҷавоб дод. Танҳо дар як шаб фариштае 185 000 нафар ашшуриёнро нобуд карда, бо ин ходимони содиқи Яҳуваро наҷот дод (Иш. 37:32, 36).
19. Ба кадом огоҳӣ гӯш дода, масеҳиёни асри I аз мусибат раҳо ёфтанд?
19 Чанде пеш аз марг Исо шогирдонашро огоҳ кард, ки дар Яҳудия мусибати сахте рӯй хоҳад дод. (Луқо 21:20–22-ро бихонед.) Лекин даҳсолаҳо сипарӣ гаштанд, пеш аз он ки дар соли 66–уми д. мо лашкари румӣ барои пахш кардани шӯриши яҳудиён ба Ерусалим наздик шуданд. Лашкари румӣ таҳти сарварии Сестий Галл зери девори маъбад чуқурӣ кофтанд ва сипас ногаҳон ақиб гаштанд. Ходимони содиқи Худо инро чун имконият барои наҷот аз мусибати пешгӯикардаи Исо дониста, ба кӯҳистон гурехтанд. Дар соли 70-уми д. мо бошад, лашкари румӣ баргашта, ин дафъа Ерусалимро пурра валангор карданд. Масеҳиёне, ки ба огоҳии Исо гӯш доданд, аз он мусибати сахт раҳо ёфтанд (Луқ. 19:41–44).
20. Чаро мо боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува Раҳокунандаи мо мегардад?
20 Мулоҳиза оиди он ки Яҳува чӣ гуна ба ходимонаш дар замонҳои пеш кӯмак мекард, имони моро мустаҳкам мегардонад. Мисолҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда барои эътимод ба Худо асос медиҳанд. Бо кадом мушкилие, ки ҳозир ё дар оянда рӯ ба рӯ нашавем, мо низ боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува Раҳокунандаи мо мегардад. Лекин Ӯ чӣ гуна ба мо кӯмак хоҳад кард? Бо масеҳиёне, ки дар бораашон дар аввали ин мақола сухан мерафт, чӣ шуд? Ба ин саволҳо мақолаи навбатӣ ҷавоб медиҳад.
Оё шумо дар хотир доред?
• Таронаи 69-ум бароямон чӣ эътимоде мебахшад?
• Чӣ гуна Яҳува Довудро бар бистари беморӣ ёварӣ кард?
• Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува ходимонашро аз дасти душманон халос карда метавонад?
[Саволҳо барои омӯзиш]