Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Баҳри ҳаёти ҷовидона шумо ба чӣ тайёред?

Баҳри ҳаёти ҷовидона шумо ба чӣ тайёред?

Баҳри ҳаёти ҷовидона шумо ба чӣ тайёред?

«Одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?» (МАТ. 16:26).

1. Чаро Исо эътирози Петрусро рад кард?

ПЕТРУСИ РАСУЛ ба суханони шунидааш бовар карда наметавонист. Устоди азизаш — Исои Масеҳ ошкоро мегӯяд, ки Ӯ ба наздикӣ бо марги пуразоб хоҳад мурд! Бешубҳа бо нияти нек Петрус ба ин суханон эътироз мекунад: «[«Ба худат меҳрубон бош, эй Ҳазрат!», Тарҷумаи Дунёи нав, англ.] Ин ба Ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод». Исо аз Петрус рӯ гардонда, ба шогирдони дигар нигарист. Онҳо ҳам эҳтимол чунин ақидаи нодурустро дастгирӣ мекарданд. Сипас Исо ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ» (Марқ. 8:32, 33; Мат. 16:21–23).

2. Исо аз пайравони ҳақиқиаш чӣ интизор буд?

2 Суханони минбаъдаи Исо шояд ба Петрус кӯмак карданд, ки сабаби сахт ҷавоб додани устодашро фаҳмад. Исо «мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт: “Ҳар кӣ хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиб [«сутуни шиканҷа», Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.]–и худро бардошта, маро пайравӣ намояд: зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад”» (Марқ. 8:34, 35). Ин ҷо калимаи «ҷон» маънои «ҳаёт»-ро дорад. Исо на танҳо худ ба қурбон кардани ҳаёташ тайёр буд, балки аз пайравонаш интизор буд, ки онҳо ҳам баҳри хидмати Худо мисли ӯ фидокорона амал мекунанд. Агар онҳо ҳамин тавр мекарданд, подоши бузург насибашон мегашт. (Матто 16:27-ро бихонед.)

3. а) Исо ба шунавандагонаш кадом саволҳоро дод? б) Саволи дуюми Исо ба шунавандагонаш эҳтимол чиро хотиррасон кард?

3 Баъд аз ин, Исо ду саволи мулоҳизаталабе дод: «Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?» ва «одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?» (Марқ. 8:36, 37). Ҷавоб ба саволи аввал ба одамон равшан аст: ба инсон ҳеҷ фоидае нест, агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад, яъне онро аз даст диҳад, зеро аз чизу чора танҳо одами зинда баҳра бурда метавонад. Саволи дуюми Исо «одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?», ба шунавандагонаш эҳтимол даъвоеро, ки Шайтон дар замони Айюб карда буд, хотиррасон намуд: «Ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» (Айюб 2:4). Нисбати касоне, ки ба Яҳува хидмат намекунанд, шояд ин даъвои Шайтон ҳақ бошад. Аксари одамон барои зинда мондан ба ҳар кор тайёранд ва ҳатто меъёрҳои ахлоқиро зери по мекунанд. Лекин нуктаи назари масеҳиён дигар аст.

4. Чаро саволҳои Исо барои масеҳиён маънои чуқур дорад?

4 Мо медонем, ки Исо ба замин на барои он омад, ки дар ин ҷаҳон ба одамон саломатӣ, сарват ва умри дароз диҳад. Ӯ барои он омад, ки мо дар дунёи нав имконияти ҷовидона зистан дошта бошем ва ин умед бароямон хеле азиз аст (Юҳ. 3:16). Саволи якуми Исоро масеҳиён чунин хоҳанд фаҳмид: «Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва умеди ҳаёти ҷовидонаро аз даст диҳад?» Равшан аст, ки ҳеҷ фоидае нест (1 Юҳ. 2:15–17). Лекин барои ҷавоб додан ба саволи дуюми Исо аз худ бипурсед: «Ман ба чӣ тайёрам, то умедамро ба ҳаёти ҷовидонӣ қавӣ гардонам?». Ҷавоб ба ин савол — тарзи ҳаёти мо аст, ки то чӣ андоза дар диламон қавӣ будани он умедро нишон медиҳад. (Бо Юҳанно 12:25 қиёс кунед.)

5. Бо кадом роҳ мо инъоми ҳаёти ҷовидонаро ба даст оварда метавонем?

5 Албатта, Исо гуфтанӣ набуд, ки мо ба туфайли аъмоли некамон соҳиби зиндагии ҷовидона мегардем. Ҳаёт, ҳатто ҳаёти нисбатан кӯтоҳе, ки мо дар ин тартибот ба сар мебарем, инъом аст. Мо ҳаётро ба ивази пул ё хидмат ба даст оварда наметавонем. Ягона роҳи расидан ба зиндагии ҷовидона — «имон ба Исои Масеҳ» ва Яҳува мебошад, ки Ӯ «ба толибони Худ мукофот» медиҳад (Ғал. 2:16; Ибр. 11:6). Лекин имон дар амал зоҳир мегардад, зеро имон «бе аъмол мурда аст» (Яъқ. 2:26). Аз ин рӯ, дар бораи саволи Исо мулоҳиза карда, аз худ бипурсед: Аз кадом чизҳое, ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад, ман бо омодагӣ даст мекашам? Баҳри хидмат ба Яҳува ман ба чӣ кор тайёрам? Ҷавоб ба ин саволҳо нишон медиҳад, ки оё имони мо зинда аст ё не.

Масеҳ толиби роҳати худ набуд

6. Чӣ барои Исо аҳамияти аввалиндараҷа дошт?

6 Исо дар бораи имкониятҳое, ки ҷаҳони онрӯза пешкаш менамуд, фикр намекард. Диққати вай ба чизҳои муҳимтар равона буд. Ӯ васвасаи чизпарастиро рад мекард. Исо ҳаёти фидокорона ба сар мебурд ва ҳамеша ба Худо итоат мекард. Ӯ толиби роҳати худ набуд ва аз ин рӯ гуфта метавонист: «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯ [Худо]-ро ба ҷо меоварам» (Юҳ. 8:29). Исо барои писанд омадан ба Худо ба чӣ тайёр буд?

7, 8. а) Исо чиро қурбон кард ва ӯ чӣ подоше гирифт? б) Мо бояд ба худ кадом саволро диҳем?

7 Боре Исо ба шогирдонаш гуфт: «Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Мат. 20:28). Чанде пеш, вақте ки Исо шогирдонро дар бораи ба наздикӣ кушта шуданаш огоҳ намуд, Петрус ба устодаш эътироз карда, гуфт: «Ба худат меҳрубон бош». Бо вуҷуди ин, Исо матину устувор монд ва бо омодагӣ ҷони худ, яъне ҳаёти комили инсониашро барои одамон қурбон кард. Чунин фидокорӣ ояндаи хубро барояш таъмин намуд. Исо эҳё гашта, «ба ямини Худо боло бурда шуд» (Аъм. 2:32, 33). Хуллас, ӯ бароямон намунаи хуби фидокорӣ аст.

8 Павлус ба масеҳиёни шаҳри Рум маслиҳат дод, ки «толиби роҳати худ» набошанд ва хотиррасон кард, ки «Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд» (Рум. 15:1–3). Оё мо тайёрем, ки маслиҳати расулро аз таҳти дил қабул кунему дар пайравӣ ба намунаи Исо фидокорӣ зоҳир намоем?

Яҳува аз мо қурбониҳои беҳтарин интизор аст

9. Вақте ки масеҳиён ҳаёти худро ба Худо мебахшанд, онҳо ба чӣ розӣ мешаванд?

9 Дар Исроили қадим, мувофиқи Қонуни Мусо ғуломони ибрӣ дар «Соли озодшавӣ» ё дар соли ҳафтуми ғуломиашон озод карда мешуданд. Лекин онҳо озодии ирода доштанд. Агар ғулом хоҷаи худро дӯст медошт, метавонист то охири умраш дар хонаи ӯ ғулом бимонад. (Такрори Шариат 15:12, 16, 17-ро бихонед.) Ҳаёти худро ба Худо бахшида, мо низ ҳамин тариқ амал мекунем, яъне розӣ мешавем, ки ба ихтиёри худ иродаи Худоро ба ҷо меорем ва аз паи иҷро кардани хоҳишу ҳавасҳои худ намешавем. Бо ин роҳ, мо нишон медиҳем, ки Яҳуваро самимона дӯст медорем ва хоҳиши ҷовидона ба Ӯ хидмат кардан дорем.

10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки мо моликияти Худо ҳастем ва ин ба фикру аъмоли мо бояд чӣ гуна таъсир кунад?

10 Агар шумо ҳоло бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддас омӯзед, дар мавъиза иштирок кунед ва ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оред, шумо шоёни таҳсин ҳастед. Мо умедворем, ки ба наздикӣ дар дили шумо хоҳиши ҳаёти худро ба Яҳува бахшидан пайдо мешавад ва шумо саволеро, ки ҳоҷасарои ҳабашӣ ба Филиппус дод, ба худ медиҳед: «Ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?» (Аъм. 8:35, 36). Баъди таъмид муносибати шумо бо Худо ҳамон тавре хоҳад буд, ки масеҳиёни шаҳри Қӯринтус бо Яҳува доштанд. Павлус ба онҳо навиштааст: «Шумо аз они худатон нестед, зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед» (1 Қӯр. 6:19, 20). Новобаста аз он ки мо умед бар ҳаёти осмонӣ дорем, ё бар зиндагии заминӣ, агар мо ҳаёти худро ба Яҳува бахшида бошем, Ӯ Хоҷаи мо аст. Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки хоҳишҳои худхоҳонаамонро пахш кунем ва дигар «ғуломи одамон» набошем! (1 Қӯр. 7:23). Чӣ имтиёзи бузургест ходими содиқи Яҳува будан! Ӯ метавонад моро аз рӯи диди худ истифода кунад!

11. Масеҳиён ба овардани чӣ гуна қурбонӣ даъват мешаванд ва бо назардошти қурбониҳое, ки мувофиқи қонуни Мусо оварда мешуданд, суханони Павлус чӣ маъно доранд?

11 Павлус ба ҳамимонон гуфт: «Ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд» (Рум. 12:1). Ин суханон ба масеҳиёни ибрӣ шояд қурбониҳоеро ёдрас карданд, ки онҳо то пайрави Исо шуданашон меоварданд. Онҳо медонистанд, ки мувофиқи Қонуни Мусо ба қурбонгоҳи Яҳува бояд ҳайвоноти беҳтарин оварда мешуданд. Ҳайвони нуқсондорро овардан мумкин набуд (Мал. 1:8, 13). Мо низ, вақте ҷисми худро чун «қурбонии зинда» тақдим мекунем, бояд аз рӯи ҳамин принсип амал намоем. Мо ба Яҳува на он чизеро, ки баъди қонеъ кардани ҳамаи хоҳишҳои шахсиамон боқӣ мемонад, тақдим менамоем, балки чизҳои беҳтаринамонро ба Ӯ медиҳем. Вақте ки мо ҳаётамонро ба Худо мебахшем, мо бечунучаро ваъда медиҳем, ки бо тамоми ҷон ба Ӯ хидмат мекунем ва баҳри ин қувват, дороӣ ва қобилиятамонро сарф менамоем (Қӯл. 3:23). Ин дар амал чӣ маъно дорад?

Вақти худро оқилона сарф кунед

12, 13. Яке аз роҳҳои ба Яҳува овардани қурбониҳои беҳтарин кадом аст?

12 Яке аз роҳҳои овардани қурбониҳои беҳтарин ба Яҳува — оқилона сарф кардани вақт аст. (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро бихонед.) Ин худдориро талаб мекунад. Ин ҷаҳон ва нокомилиятамон бармеангезанд, ки мо вақтро фақат барои манфиат ва ҳузуру ҳаловати худ сарф намоем. Рост аст, ки «барои ҳар чиз замоне ҳаст», аз он ҷумла барои истироҳату фароғат ва коре, ки барои иҷро кардани масъулияти масеҳӣ имконият медиҳад (Воиз 3:1). Лекин касоне, ки ҳаёташонро ба Худо бахшидаанд, бояд вақташонро оқилона сарф кунанд.

13 Вақте ки Павлус ба Афина (Атино) сафар кард, ӯ дид, ки «тамоми аҳли Атино ва аҷнабиёни сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи тоза мегузаронданд» (Аъм. 17:21). Имрӯз низ бисёриҳо вақташонро ҳамин тавр сарф мекунанд. Тамошои телевизион, бозиҳои компютерӣ ва Интернет — баъзе намудҳои вақтхушиҳои ҳозиразамонанд. Рӯз ба рӯз намуди нави вақтхушиҳо пайдо мешаванд. Ин вақтхушиҳо метавонанд диққати моро ҷалб намоянд ва дар мо хоҳиши ба онҳо вақт сарф кардан пайдо кунанд. Агар мо ба онҳо дода шавем, эҳтимол ба ниёзҳои рӯҳониамон беэътиноӣ мекунем. Мо ҳатто ба хулосае омада метавонем, ки барои «чизҳои муҳимтар», яъне барои корҳои бо хидмати Яҳува алоқаманд, вақт надорем. (Фил. 1:9, 10, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.)

14. Кадом саволҳоро ба худ додан муҳим аст?

14 Аз ин рӯ, чун ходимоне, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, аз худ бипурсед: Оё дар реҷаи ҳаррӯзаам барои хониши Китоби Муқаддас, мулоҳиза ва дуо вақт ҷудо карда шудааст? (Заб. 76:13; 118:97; 1 Тас. 5:17). Оё барои тайёрӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ҳамеша вақт меёбам? Оё дар онҳо бо шарҳ додан дигаронро рӯҳбаланд мекунам? (Заб. 121:1; Ибр. 2:12). Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Павлусу Барнаббо «муддати дарозе... дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд» (Аъм. 14:3). Оё шумо вазъиятатонро тағйир дода метавонед, то дар мавъиза бештар иштирок кунед ё шояд чун пешрав хидмат намоед? (Ибриён 13:15-ро бихонед.)

15. Пирони ҷамъомад чӣ гуна вақти худро оқилона сарф мекунанд?

15 Вақте ки Павлус ва Барнаббо ба ҷамъомади Антиёхия ташриф оварданд, онҳо «муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд», то онҳоро рӯҳбаланд кунанд (Аъм. 14:28). Пирони ғамхори ҷамъомад имрӯз низ вақти зиёди худро барои тақвият додани дигарон сарф мекунанд. Ғайр аз иштирок дар мавъиза, онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, то рамаи Худоро бонӣ кунанд, гӯсфандони гумшударо ёбанд, беморонро дастгирӣ кунанд ва дигар корҳоро дар ҷамъомад ба ҷо оранд. Агар бародари таъмидгирифта бошед, оё шароитатон имконият медиҳад, ки дар ҷамъомад ба доштани масъулияти иловагӣ бикӯшед?

16. Бо кадом роҳҳо мо «ба аҳли имони худ» некӣ карда метавонем?

16 Ба бисёриҳо кӯмак кардан ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва нохушиҳои аз фаъолияти инсон рухдода хурсандӣ мебахшад. Масалан, хоҳаре, ки синнаш аз 60 боло асту дар Байт–Ил хидмат мекунад, якчанд маротиба масофаҳои дурро тай кард, то ба ҷабрдидагон кӯмак намояд. Чаро ӯ рухсатиашро ба ин кор сарф мекард? Хоҳар мегӯяд: “Ҳарчанд ман ихтисоси махсус надошта бошам ҳам, бо хурсандӣ ҳар кори аз дастам меомадаро мекардам. Имони қавии бародарону хоҳарони аз ҷиҳати моддӣ зарардида маро рӯҳбаланд менамуд”. Ғайр аз ин, ҳазорҳо бародарону хоҳарон дар сар то сари замин ба сохтмони Толорҳои Салтанат ва Толорҳои анҷуманҳо кӯмак менамоянд. Дар чунин корҳо иштирок карда, мо беғаразона «некӣ мекунем, алалхусус ба аҳли имони худ» (Ғал. 6:10).

«Ман ҳаррӯза... бо шумо ҳастам»

17. Шахсан шумо ба чӣ кор тайёред, то ҳаёти ҷовидониро аз они худ созед?

17 Ҷамъияти инсонии аз Худо бегона ба қарибӣ нест мегардад. Мо аниқ намедонем, ки ин кай рӯй медиҳад. Лекин мо медонем, ки «вақт танг»–у «сурати ин ҷаҳон гузарон» аст. (1 Қӯринтиён 7:29–31-ро бихонед.) Ин вазъият ба саволи Исо «одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?» аҳамияти бештар мебахшад. Мо бешубҳа, ҳар кореро, ки Яҳува аз мо интизор аст, фидокорона ба ҷо хоҳем овард, «то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ» созем (1 Тим. 6:19). Дар ҳақиқат, ҳоло ба амрҳои Исо гӯш додан хеле муҳим аст. Ӯ гуфт: «Маро пайравӣ намоед» ва «аввал Малакути Худоро... биҷӯед» (Мат. 6:31–33; 24:13).

18. Мо ба чӣ эътимод дорем ва чаро?

18 Албатта, пайравӣ ба Исо на ҳамеша осон аст. Худи ӯ огоҳ кард: баъзе аз онҳое ки вайро пайравӣ мекунанд, дар ин тартибот ҳаёташонро аз даст медиҳанд. Бо вуҷуди ин, мо мисли Исо васвасаи ба худ меҳрубон буданро рад мекунем. Мо ба суханоне, ки ӯ дар асри I ба шогирдони тадҳиншудааш гуфт, имон дорем. Исо ваъда дода буд: «Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Пас, биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба хидмати муқаддас вақту қуввати бештар сарф намоем. Бо ин роҳ эътимоди худро ба он ки Яҳува моро дар мусибати бузург нигаҳ медорад ё дар дунёи нав эҳё мекунад, нишон медиҳем (Ибр. 6:10). Эътимодамон шаҳодати он аст, ки мо ҳаётро чун инъом баланд қадр менамоем.

Шумо чӣ хел ҷавоб медиҳед?

• Чӣ гуна Исо нишон дод, ки хоҳиши калони ба Худо ва одамон хидмат кардан дорад?

• Чаро худро инкор бояд кард ва он дар чӣ зоҳир мегардад?

• Дар Исроили қадим чӣ гуна ҳайвонҳо бояд ба қурбонгоҳи Яҳува оварда мешуданд ва ин барои мо чӣ аҳамият дорад?

• Чӣ тавр мо вақти худро оқилона сарф карда метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]