Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дигаронро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед

Дигаронро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед

Дигаронро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед

«Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (РУМ. 12:10).

1. Имрӯз дар мамлакатҳои зиёд чӣ муқаррарӣ гаштааст?

ДАР баъзе мамлакатҳо расм шудааст, ки бачаҳо барои эҳтироми калонсолон дар ҳузури онҳо ба зону меистанд, то ки қоматашон аз калонсолон баланд набошад. Ҳамчунин дар ин мамлакатҳо пушт гардондан ба калонсолон нишонаи беҳурматӣ ҳисоб меёбад. Гарчанде дар ҳар маданият ҳурмату эҳтиромро ба таври гуногун зоҳир мекунанд, чунин эҳтиромгузорӣ яке аз амрҳои Қонуни Мусоро хотиррасон менамояд: «Пеши мӯйсафед бархез [барои ҳурмати ӯ] ва пирро эҳтиром намо» (Иб. 19:32). Мутаассифона, имрӯз дар бисёр ҷойҳо иззату ҳурмати дигарон кам ба чашм мерасад ва беҳурматӣ чизи муқаррарӣ гаштааст.

2. Мувофиқи Китоби Муқаддас мо ба кӣ бояд эҳтиром зоҳир намоем?

2 Каломи Худо ба зоҳир кардани ҳурмату эҳтиром аҳамияти калон медиҳад. Он ба мо мегӯяд, ки ба Яҳува ва Исои Масеҳ эҳтиром зоҳир кунем (Юҳ. 5:23). Ҳамчунин, Китоби Муқаддас амр медиҳад, ки аъзоёни оила, ҳамимонон ва онҳоеро, ки ба ҷамъомад тааллуқ надоранд, иззату ҳурмат кунем (Рум. 12:10; Эфс. 6:1, 2; 1 Пет. 2:17). Бо кадом роҳҳо ба Яҳува эҳтиром зоҳир кардан мумкин аст? Чӣ гуна мо ба бародарону хоҳарони ҳамимонамон эҳтироми самимӣ зоҳир мекунем? Ин саволҳо ва саволҳои дигари бо ин мавзӯъ алоқамандро дида мебароем.

Яҳува ва номи Ӯро эҳтиром кунед

3. Яке аз роҳҳои муҳими эҳтиром кардани Яҳува кадом аст?

3 Яке аз роҳҳои муҳими эҳтиром кардани Яҳува — ин мӯҳтарам доштани номи Ӯ аст. Охир мо қавме ба исми Худо мебошем (Аъм. 15:14). Номи Худои Қодири Мутлақ — Яҳуваро бар худ доштан дар ҳақиқат шарафи бузургест. Мико–пайғамбар гуфт: «Ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд, вале мо ба исми Худованд Худои худ [«Яҳува», Тарҷумаи форсӣ] то абад равона хоҳем шуд» (Мик. 4:5). Агар ҳар рӯз сазовори номе, ки ба мо дода шудааст, рафтор кунем, гуфтан мумкин аст, ки мо ба исми Яҳува равонаем. Вале аз рӯи суханони Павлус, агар мо мувофиқи хушхабаре, ки мавъиза менамоем, зиндагӣ накунем «исми Худо хор» мегардад (Рум. 2:21–24).

4. Муносибати шумо ба имтиёзи оиди Яҳува шаҳодат додан чӣ гуна аст?

4 Роҳи дигари зоҳир кардани эҳтиром ба Яҳува — дар бораи Ӯ шаҳодат додан аст. Дар замонҳои пеш Яҳува ба исроилиён вазифа дода буд, ки шоҳидони Ӯ бошанд, лекин онҳо аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд (Иш. 43:1–12). Онҳо аксар вақт саркашӣ мекарданд ва «Қуддуси Исроилро хорӣ» медоданд (Заб. 77:40, 41). Оқибат исроилиён аз илтифоти Яҳува тамоман маҳрум шуданд. Лекин мо имтиёзи дар бораи Худо ва исми Ӯ шаҳодат доданро хеле қадр мекунем, зеро Яҳуваро дӯст медорем ва мехоҳем, ки номи Ӯ муқаддас гардад. Магар мо дар бораи Падари осмонӣ ва мақсадҳои Ӯ ҳақиқатро дониста, хомӯш монда метавонем? Мо ба суханони Павлуси расул ҳамроҳ мешавем: «Ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам» (1 Қӯр. 9:16).

5. Имон ба Яҳува ва эҳтиром нисбати Ӯ бо ҳам чӣ гуна алоқаманданд?

5 Довуди забурнавис мегӯяд: «Орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард, чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ» (Заб. 9:11). Агар мо ҳақиқатан ҳам Яҳуваро шиносем, нисбати номи Ӯ эҳтиром зоҳир намоем ва маънои онро дар хотир дорем, мо низ чун ходимони содиқи замонҳои пеш ба Вай таваккал, яъне такя хоҳем кард. Такя кардан ба Яҳува ва имон доштан ба Ӯ — роҳи дигари эҳтиром кардани Худо аст. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки такя кардан ба Яҳува ва эҳтиром нисбати Ӯ бо ҳам алоқаманданд. Вақте ки исроилиён дар замонҳои пеш ба Яҳува такя намекарданд, Ӯ аз Мусо пурсид: «То ба кай ин қавм Маро хор медоранд [яъне беҳурматӣ мекунанд]? Ва то ба кай, бо вуҷуди тамоми аломоте ки дар миёни онҳо ба амал овардаам, ба ман имон намеоваранд?» (Ад. 14:11). Ва баръакс, агар имон дошта бошем, ки Яҳува ҳатто дар озмоишҳо моро муҳофизат ва дастгирӣ мекунад, мо нисбати Ӯ эҳтиром зоҳир менамоем.

6. Эҳтироми ҳақиқӣ нисбати Яҳува аз чӣ сарчашма мегирад?

6 Исо қайд кард, ки эҳтиром ба Яҳува бояд аз ботини инсон сарчашма гирад. Ӯ ба касоне, ки Худоро самимона ибодат намекарданд, суханони Яҳуваро иқтибос овард: «Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст» (Мат. 15:8). Эҳтироми ҳақиқӣ нисбати Яҳува аз муҳаббати самимӣ бармеояд (1 Юҳ. 5:3). Ҳамчунин ваъдаи Яҳуваро дар хотир бояд дошт: «Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард» (1 Подш. 2:30).

Пирони ҷамъомад дигаронро эҳтиром мекунанд

7. а) Чаро бародарони масъул бояд онҳоеро, ки зери назораташон мебошанд, эҳтиром намоянд? б) Павлус ба ҳамимонон чӣ тавр эҳтиром зоҳир мекард?

7 Павлуси расул ҳамимононро ташвиқ кард: «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Рум. 12:10). Бародарони масъули ҷамъомад бояд касонеро, ки зери назораташон мебошанд, «зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб» кунанд ва дар ин кор намуна бошанд. Хуб мешуд, агар онҳо ба Павлус пайравӣ кунанд. (1 Таслӯникиён 2:7, 8-ро бихонед.) Бародароне, ки ба ҷамъомадашон Павлус ташриф меовард, медонистанд: ӯ ҳеҷ гоҳ ба онҳо иҷрои кореро, ки худаш кардан намехоҳад, намесупорад. Павлус ба ҳамимонон эҳтиром зоҳир мекард ва бо ин ба ҳурмати онҳо сазовор мегашт. Вақте ки Павлус «илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед» гуфт, бешубҳа бисёриҳо ин маслиҳати ӯро бо омодагӣ қабул карданд, зеро намунаи хуби ӯро медиданд (1 Қӯр. 4:16).

8. а) Яке аз роҳҳои муҳиме, ки Исо ба шогирдонаш эҳтиром зоҳир мекард, кадом аст? б) Имрӯз пирону нозирони ҷамъомад чӣ гуна ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонанд?

8 Бародарони масъул ба касони зери назораташонбуда эҳтироми худро боз бо он нишон медиҳанд, ки сабаби ин ё он супориш ё дастуроти додаашонро мефаҳмонанд. Бо ин роҳ онҳо ба Исо пайравӣ мекунанд. Масалан, вақте ки Исо ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо дуо кунанд, то Худо ба дарави рӯҳонӣ зиёдтар коргар фиристад, ӯ сабабашро фаҳмонд: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Мат. 9:37, 38). Мисоли дигар, вақте ки Исо пайравонашро ба «бедор» ва ҳушёр будан ташвиқ кард, вай ба онҳо фаҳмонд: «Зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд» (Мат. 24:42). Исо гаштаву баргашта ба шогирдонаш на танҳо мегуфт, ки чӣ тавр бояд амал кунанд, балки сабаби онро низ мефаҳмонд. Ҳамин тавр ӯ шогирдон ва иззати нафси онҳоро ҳурмат мекард. Чӣ намунаи хуби ибрат аст Исо барои нозирону пирони ҷамъомад!

Эҳтиром ба ҷамъомади Яҳува ва дастуроте, ки тавассути он дода мешавад

9. Вақте ки нисбати ҷамъомади умумиҷаҳонии масеҳӣ ва намояндагони он эҳтиром зоҳир менамоем, мо бо ин киро ҳурмат мекунем? Шарҳ диҳед.

9 Агар Яҳуваро эҳтиром кардан хоҳем, мо бояд ҷамъомади умумиҷаҳонии масеҳӣ ва намояндагони онро ҳурмат кунем. Маслиҳатҳои дар Китоби Муқаддас асосёфтаи синфи ғуломи мӯътамадро қабул карда, мо ба созмони Яҳува эҳтиром зоҳир менамоем. Дар асри як Юҳаннои расул касонеро, ки бародарони таъиншударо ба таври бояду шояд ҳурмат намекарданд, маҳкум намуд. (3 Юҳанно 9–11-ро бихонед.) Суханони Юҳанно нишон медиҳанд, ки он шахсон на танҳо ба нозирони алоҳида, балки ба таълимот ва дастуроте, ки онҳо медоданд, беҳурматӣ зоҳир менамуданд. Хушбахтона, аксари масеҳиёни онвақта ба чунин намунаи бад пайравӣ намекарданд. Дар вақти зинда будани расулон кулли бародарияти масеҳӣ, бешубҳа ба шахсони масъули ҷамъомад эҳтироми амиқ зоҳир мекарданд (Фил. 2:12).

10, 11. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки баъзеҳо дар ҷамъомад ҳокимияти муайяне дошта метавонанд?

10 Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: «Азбаски Исо ба шогирдонаш “ҳамаи шумо бародаронед” гуфтааст, пас дар ҷамъомади масеҳӣ набояд касе аз дигаре ҳокимияти бештар дошта бошад» (Мат. 23:8). Лекин ҳам Навиштаҳои Ибронӣ ва ҳам Навиштаҳои Юнонӣ дар бораи шахсоне нақл мекунанд, ки Худо ба онҳо ҳокимият дода буд. Таърихи сарварони қавм, доварон ва подшоҳони Исроили қадим ба таври равшан нишон медиҳад, ки Яҳува тавассути одамони муайян халқашро ҳидоят мекард. Ва вақте ки халқ шахсони таъиншударо ба таври шоиста эҳтиром наменамуд, ба ҷазои Яҳува гирифтор мешуд (4 Подш. 1:2–17; 2:19, 23, 24).

11 Масеҳиёни асри як низ ҳокимияти расулонро эътироф мекарданд (Аъм. 2:42). Масалан, Павлус ба бародарон дастурот медод (1 Қӯр. 16:1; 1 Тас. 4:2). Бо вуҷуди ин, худи ӯ бо омодагӣ ба онҳое, ки бар вай роҳбарӣ мекарданд, итоат менамуд (Аъм. 15:22; Ғал. 2:9, 10). Ҳақиқатан ҳам, Павлус ба ҳокимияте, ки дар ҷамъомади масеҳӣ буд, муносибати дуруст дошт.

12. Ду дарсе, ки мо оиди ҳокимият аз намунаҳои дар Китоби Муқаддас овардашуда меомӯзем, кадоманд?

12 Аз мисолҳои дар боло овардашуда мо ду дарс меомӯзем. «Ғуломи мӯътамад ва доно» тавассути Ҳайати Роҳбарикунанда бародарони муайянро ба вазифаҳои масъул таъин менамояд ва ҳамзамон баъзеи ин бародарон бар дигарашон роҳбарӣ мекунанд. Ҳамаи ин амали синфи «ғулом» мувофиқи Навиштаҳо мебошад. Ин аст дарси аввал (Мат. 24:45–47; 1 Пет. 5:1–3). Дарси дигар он аст, ки ҳамаи мо, аз он ҷумла бародарони таъиншуда бояд касонеро, ки бар мо роҳбарӣ мекунанд, эҳтиром намоем. Пас, бо кадом роҳҳо мо нисбати онҳое, ки бар ҷамъомади умумиҷаҳонии масеҳӣ назорат мекунанд, ҳурмату эҳтиром зоҳир карда метавонем?

Эҳтиром нисбати нозирони сайёр

13. Чӣ гуна мо имрӯз ба касоне, ки ҷамъомади масеҳиро намояндагӣ мекунанд, эҳтиром зоҳир карда метавонем?

13 Павлуси расул қайд кард: «Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд, ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед. Бо якдигар дар сулҳ зист кунед» (1 Тас. 5:12, 13). Нозирони сайёр бешубҳа, аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки сахт «меҳнат мекунанд». Аз ин рӯ, биёед, онҳоро «бо камоли муҳаббат иззат» намоем. Яке аз роҳҳои иззату эҳтиром намудани ин бародарон — аз таҳти дил қабул кардани маслиҳату ҳидояти онҳо мебошад. Вақте ки нозирони сайёр дастуру ҳидояти синфи «ғуломи мӯътамад»-ро ба мо мерасонанд, «ҳикмате ки аз болост», моро ба «фармонбардор» будан бармеангезад (Яъқ. 3:17).

14. Аъзоёни ҷамъомад ба нозирони сайёр чӣ тавр эҳтироми самимӣ нишон медиҳанд ва ин чӣ натиҷа мебахшад?

14 Агар ба иҷрои коре одат карда бошему ба таври дигар кардани онро аз мо хоҳиш намоянд, чӣ гуна рафтор мекунем? Баъзан эҳтиром ба дигарон талаб менамояд, ки дар ин мавридҳо эътироз баён накунем ва чунин нагӯем: «Дар ҷойҳои мо ин хел намекунанд» ё «Шояд ин дар ҷамъомадҳои дигар хуб мебуд, на дар ҷамъомади мо». Ба ҷои ин, мо мекӯшем, то мувофиқи дастуроти додашуда амал намоем. Ин кор бароямон осонтар мегардад, агар дар хотир дорем, ки ҷамъомад ба Яҳува тааллуқ дораду сарвари он Исо мебошад. Вақте ки аъзоёни ҷамъомад бо хурсандӣ дастуроти нозири сайёрро қабул намуда, мувофиқи он амал мекунанд, ин аз эҳтироми самимии онҳо шаҳодат медиҳад. Павлуси расул бародарони ҷамъомади Қӯринтусро таҳсин гуфт, зеро вақте ки Титуси нозир ба он ҷо ташриф овард, онҳо дастуроти додаи ӯро бо камоли эҳтиром қабул карданд (2 Қӯр. 7:13–16). Бешубҳа имрӯз низ, агар мо бо омодагӣ мувофиқи маслиҳатҳои нозирони сайёр амал кунем, дар хидмати мавъиза хурсандии бештар хоҳем ёфт. (2 Қӯринтиён 13:11-ро бихонед.)

«Ҳамаро ҳурмат кунед»

15. Бо кадом роҳҳо мо ба ҳамимонон эҳтиром зоҳир карда метавонем?

15 Павлус навиштааст: «Пирамардро мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон; пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ. Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо» (1 Тим. 5:1–3). Бале, Китоби Муқаддас ходимони Худоро ташвиқ мекунад, ки ҳар аъзои ҷамъомадро ҳурмат намоянд. Лекин агар байни шумо ва бародар ё хоҳари ҳамимон якдигарнофаҳмиҳо пайдо шаванд–чӣ? Оё ин ба шумо барои зоҳир кардани эҳтиром монеа мегардад? Ё худ шумо хислатҳои хуби он ходими Худоро ба инобат гирифта, муносибататонро ба ӯ тағйир медиҳед? Хусусан бародарони масъул бояд ба аъзоёни ҷамъомад муносибати эҳтиромонаро нигоҳ доранд ва ҳеҷ гоҳ бар рама ҳукмронӣ накунанд (1 Пет. 5:3). Ҳақиқатан ҳам, дар ҷамъомади масеҳӣ, ки бо муҳаббати самимии аъзоёнаш фарқ мекунад, мо барои иззату эҳтиром кардани якдигар имкониятҳои зиёд дорем. (Юҳанно 13:34, 35-ро бихонед.)

16, 17. а) Чаро на танҳо ба касоне, ки мавъиза мекунем, балки ба мухолифон низ эҳтиром зоҳир кардан муҳим аст? б) Чӣ тавр мо «ҳамаро ҳурмат» карда метавонем?

16 Албатта мо на танҳо аъзоёни ҷамъомади масеҳиро ҳурмат менамоем. Павлус ба масеҳиёни асри як навишта буд: «То даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем» (Ғал. 6:10). Мувофиқи ин принсип амал намудан на ҳамеша осон аст, хусусан агар ҳамкор ё ҳамсинфамон бо мо муносибати бад дошта бошад. Дар чунин ҳолатҳо суханони зеринро дар хотир бояд дошт: «Аз бадкешон дар қаҳр нашав» (Мас. 24:19). Ин маслиҳатро истифода бурда, мо ҳатто ба мухолифон муносибати эҳтиромона дошта метавонем. Ҳамчунин дар хидмати мавъиза хоксорӣ кӯмак мекунад, ки ба ҳама «бо фурӯтанӣ ва эҳтиром» ҷавоб диҳем (1 Пет. 3:15). Ҳатто намуди зоҳирӣ ва тарзи либоспӯшиамон нишон медиҳад, ки мо шахсонеро, ки ба онҳо мавъиза мекунем, эҳтиром менамоем.

17 Инак, дар муносибат ҳам бо ҳамимонон ва ҳам бо касоне, ки аъзои ҷамъомади ходимони Худо нестанд, мо мувофиқи суханони зерин амал кардан мехоҳем: «Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед» (1 Пет. 2:17).

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Бо кадом роҳҳо ба Яҳува эҳтиром зоҳир кардан мумкин аст??

• Чӣ тавр нисбати пирони ҷамъомад ва нозирони сайёр ҳурмату эҳтироми худро нишон дода метавонем?

• Ба ҳар аъзои ҷамъомад иззату эҳтироми худро чӣ гуна зоҳир мекунем?

• Эҳтироми мо ба касоне, ки мавъиза мекунем, дар чӣ зоҳир мегардад?

[Саволҳо барои омӯзиш]