Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Назорат кардани Яҳува — бар манфиати мост

Назорат кардани Яҳува — бар манфиати мост

Назорат кардани Яҳува — бар манфиати мост

«Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 ВАҚ. 16:9).

1. Чаро Яҳува моро имтиҳон мекунад?

ЯҲУВА Падари комил мебошад. Ӯ моро чунон хуб медонад, ки ҳатто аз «ҳар андеша ва фикр»–ҳои мо бохабар аст (1 Вақ. 28:9). Худо моро имтиҳон мекунад, вале на бо мақсади ёфтани камбудиҳоямон, балки бо мақсади ҳифз кардан (Заб. 10:4; 129:3). Ба ин амал Ӯро муҳаббат бармеангезад. Худо намехоҳад, ки чизе ба муносибати мову Ӯ осеб расонад ва моро аз имконияти ҷовидона зистан маҳрум созад (Заб. 24:8–10, 12, 13).

2. Яҳува қудрату тавоноияшро ба манфиати кӣ сарф мекунад?

2 Яҳува дар қудрату тавоноӣ бемислу монанд аст ва ҳама чизро мебинад. Аз ин сабаб, ҳар гоҳе ки ходимони содиқаш аз Ӯ кӯмак напурсанд, Худо метавонад ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунад ва онҳоро дар мушкилиҳояшон дастгирӣ намояд. Дар 2 Вақоеънома 16:9 гуфта шудааст: «Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд». Аҳамият диҳед: Яҳува қудрату тавоноияшро барои «тақвият» ё қувват бахшидани касоне истифода мебарад, ки дилашон ба Ӯ амин аст, яъне онҳо аз самими дил ва бо ниятҳои пок ба Вай хидмат мекунанд. Ба фиребгарону риёкорон Худо чунин ғамхорӣ зоҳир наменамояд (Еҳ. 7:1, 20, 21, 25; Мас. 1:23–33).

Бо Худо роҳ равед

3, 4. Ибораи «бо Худо роҳ рафтан» чӣ маъно дорад ва кадом мисолҳои Китоби Муқаддас ба маънои он рӯшанӣ меандозанд?

3 Барои бисёриҳо фикри он ки Офаридгори Даҳр ба одамон имконияти бо Ӯ роҳ рафтан медиҳад, аз ақл берун метобад. Аммо Яҳува маҳз онро интизор аст, ки мо бо Ӯ роҳ равем. Дар замонҳои пеш Ҳанӯх ва Нӯҳ «бо Худо роҳ» мерафтанд (Ҳас. 5:24; 6:9, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.). Мусо «мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд» (Ибр. 11:27). Шоҳ Довуд фурӯтанона бо Падари осмонии худ роҳ мерафт. Вай гуфт: «Зеро ки Ӯ [Худованд] ба ямини ман [яъне аз тарафи дасти рости ман] аст; фурӯ нахоҳам ғалтид» (Заб. 15:8).

4 Албатта, ба маънои аслӣ мо дасти Яҳуваро гирифта бо Ӯ роҳ рафта наметавонем. Ба ҳар ҳол, ин кор имконпазир аст. Чӣ гуна? Ософи забурнавис мегӯяд: «Ман доимо бо Ту ҳастам; Ту ямини маро дастгирӣ намудаӣ. Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ» (Заб. 72:23, 24). Мо бо Яҳува роҳ мегардем, агар айнан аз рӯи «машварат», яъне маслиҳати Ӯ амал намоем, ки онро Худо асосан тавассути Каломаш ва «ғуломи мӯътамад ва доно» медиҳад (Мат. 24:45; 2 Тим. 3:16).

5. Чӣ гуна Яҳува бо меҳри падарона ходимони содиқашро назорат мекунад ва мо бояд нисбати Ӯ чӣ эҳсосоте дошта бошем?

5 Азбаски касоне, ки бо Яҳува роҳ мераванд, барояш азизанд, Ӯ онҳоро бо меҳри падарона назорат менамояд, то ба онҳо ғамхорӣ кунад, онҳоро ҳифз намояд ва таълим диҳад. «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард,—мегӯяд Худо.— Туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст» (Заб. 31:8). Аз худ бипурсед: “Оё гуфта метавонам, ки ман дасти Яҳуваро гирифта, бо Ӯ роҳ меравам, яъне ба ҳикматаш гӯш медиҳам ва дарк менамоям, ки нигоҳи пурмеҳри Ӯ бар ман аст? Оё донистани он ки Худо дар паҳлӯям аст, ба фикрронӣ, сухангӯӣ ва рафтори ман таъсир мерасонад? Ва вақте ки ман гуноҳ мекунам, оё дарк менамоям, ки Яҳува на дағалу аз ҳад сахтгир, балки Падари мушфиқу меҳрубон аст, ки ба фарзандони тавбакардааш барои ба оғӯши гарми Ӯ баргаштан кӯмак менамояд? (Заб. 50:19).

6. Яҳува аз волидони инсонӣ чӣ бартарӣ дорад?

6 Баъзан ҳатто пеш аз он ки мо ба роҳи нодурусте равем, Яҳува ба кӯмакамон ҳозир мешавад. Масалан, Ӯ дар дили ба маккорӣ майлдоштаи инсон пайдо шудани хоҳишҳои нодурустро дида метавонад (Ирм. 17:9). Дар чунин ҳолат, Худо аз волидонамон ҳам тезтар ба кӯмакамон меояд, зеро Ӯ бо нигоҳаш ботини моро мебинад ва андешаҳои чуқури диламонро имтиҳон мекунад (Заб. 10:4; 138:4; Ирм. 17:10). Биёед бубинем, ки Яҳува ба Борух — котиби шахсӣ ва дӯсти наздики Ирмиё–пайғамбар, чӣ гуна кӯмак кард.

Падари ҳақиқӣ барои Борух

7, 8. а) Борух кӣ буд ва кадом хоҳишҳои нодурусте дар дили ӯ пайдо шуданд? б) Чӣ гуна Яҳува ба Борух меҳри падарона зоҳир кард?

7 Борух муншӣ, яъне котиб буд ва содиқона ҳамроҳи Ирмиё вазифаи душворро иҷро мекард: онҳо довариҳои Яҳуваро ба яҳудиён эълон менамуданд (Ирм. 1:18, 19). Борух эҳтимол ашрофзода буд ва замоне ба худ «чизҳои бузург» талаб мекардагӣ шуд. Шояд ӯ гузошт, ки хоҳиши пайдо намудани шӯҳрату сарват дар дилаш инкишоф ёбанд. Чӣ тавре ки набошад, Яҳува медид, ки дар дили Борух рӯҳияи хавфнок инкишоф ёфта истодааст. Аз ин рӯ, Яҳува ба воситаи Ирмиё дарҳол ба Борух муроҷиат кард: «Ту гуфтаӣ: “Вой бар ман! Зеро ки Худованд бар дарди ман андӯҳе зам кардааст; аз оҳу воҳи худ лакот шудаам, ва оромӣ наёфтаам”». Ба ин Худо гуфт: «Оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун» (Ирм. 45:1–5).

8 Ҳарчанд Яҳува ба Борух сахтгирона муносибат кард, Ӯ ба ғазаб наомад ва нисбати вай ғамхории самимии падарона зоҳир намуд. Бешубҳа, Яҳува медонист, ки Борух қатъи назар аз хоҳишҳои худхоҳонааш, дилсиёҳу маккор набуд. Инчунин Ӯ медонист, ки харобшавии Ерусалим ва Яҳудия наздик аст ва намехост, ки Борух дар чунин замони мушкил ба роҳи нодуруст равад. Аз ин рӯ, Худо барои рӯҳан ҳушёр кардани Борух ба ӯ хотиррасон кард, ки Вай «бар тамоми башар мусибат» меорад ва гуфт, ки агар Борух оқилона рафтор намояд, зинда хоҳад монд (Ирм. 45:5). Ба ибораи дигар, Худо ба ӯ гуфтанӣ буд: “Воқеъбин бош, Борух. Фаромӯш накун, ки ба наздикӣ сокинони гунаҳкори Ерусалим ва Яҳудияро чӣ интизор аст. Содиқ бимон ва зинда хоҳӣ монд! Ман туро муҳофизат хоҳам кард”. Суханони Яҳува, бешубҳа, ба дили Борух таъсир карданд, зеро ӯ тарзи фикррониашро ислоҳ кард ва ҳангоми харобшавии Ерусалим, ки 17 сол пас ба амал омад, зинда монд.

9. Шумо ба саволҳои ин сархат чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

9 Дар бораи ҳодисаҳои ҳаёти Борух мулоҳиза карда, саволҳо ва оятҳои зеринро дида бароед: аз муносибати Яҳува ба Борух мо дар барои Худо ва эҳсосоте, ки Ӯ нисбати ходимонаш дорад, чӣ мефаҳмем? (Ибриён 12:9-ро бихонед.) Азбаски мо низ дар замонҳои душвор зиндагӣ мекунем, аз маслиҳате, ки Худо ба Борух дод ва аз муносибати Борух ба ин маслиҳат мо чӣ меомӯзем? (Луқо 21:34–36-ро бихонед.) Ба Ирмиё пайравӣ намуда, пирони масеҳӣ чӣ гуна мисли Яҳува бар ходимони Ӯ ғамхорӣ карда метавонанд? (Ғалотиён 6:1-ро бихонед.)

Писар муҳаббати Падарро инъикос мекунад

10. Барои сарварӣ бар ҷамъомади масеҳӣ ба Исо чӣ кӯмак мекунад?

10 То ба замин омадани Исои Масеҳ Яҳува муҳаббаташро нисбати халқи худ ба воситаи пайғамбарон ва дигар ходимони содиқаш зоҳир мекард. Имрӯз бошад, муҳаббати Ӯ пеш аз ҳама ба воситаи Сарвари ҷамъомади масеҳӣ — Исои Масеҳ зоҳир мегардад (Эфс. 1:22, 23). Дар китоби Ваҳй Исо чун баррае тасвир шудааст, ки «ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд» (Ваҳй 5:6). Бале, ба Исо ба таври фаровон рӯҳулқудс дода шудааст, ки аз ин ӯ амиқбинии комил зоҳир мекунад. Вай инчунин ботини моро мебинад ва чизе аз назари ӯ пӯшида намемонад.

11. Исо чӣ нақше мебозад ва чӣ тавр дар муносибати ӯ ба мо, муносибате, ки Падараш нисбати мо дорад, инъикос мешавад?

11 Исои Масеҳ монанди Яҳува моро аз осмон назорат мекунад. Вале мақсади ӯ низ он нест, ки баробари гуноҳ кардан моро ҷазо диҳад. Исо ба мо бо чашми муҳаббат менигарад ва моро имтиҳон мекунад. Яке аз унвонҳои ӯ — «Падари ҷовид» аст. Ин ба он ишора мекунад, ки Исо дар бахшидани ҳаёти ҷовидонӣ ба ҳамаи касони ба вай имондошта, нақш мебозад (Иш. 9:6). Ба замми ин, Исо чун Сарвари ҷамъомад метавонад масеҳиёни рӯҳан баркамол, хусусан пиронро барангезад, то онҳо ба касоне, ки ба тасаллӣ ва насиҳат ниёз доранд, кӯмак кунанд (1 Тас. 5:14; 2 Тим. 4:1, 2).

12. а) Номаҳои ба ҳафт ҷамъомади Осиёи Хурд навишташуда дар бораи Исо чиро ошкор мекунанд? б) Чӣ тавр пирон нишон медиҳанд, ки дар ғамхорӣ ба рамаи Худо ба Исои Масеҳ пайравӣ мекунанд?

12 Ғамхории самимии Исоро ба рамааш аз номаҳои ба пирони ҳафт ҷамъомади Осиёи Хурд навишташуда дидан мумкин аст (Ваҳй 2:1–3:22). Аз ин номаҳо бармеояд, ки Исо ҳама чизи дар ҳар ҷамъомад рӯймедодаро медонист ва нисбати беҳбудии пайравонаш ғамхорӣ мекард. Инро дар бораи ҷамъомадҳои имрӯза низ гуфтан мумкин аст; илова бар ин, ғамхории Исо ҳоло бештар зоҳир мегардад, зеро иҷрошавии рӯъёи китоби Ваҳй ба «рӯзи Худованд» тааллуқ дорад * (Ваҳй 1:10). Аксар вақт Исо муҳаббаташро ба ҷамъомад тавассути пирон — чӯпонони рӯҳонӣ зоҳир менамояд. Ӯ метавонад ин одамонро, ки «чун инъомҳо ато» шудаанд, барангезад, то онҳо дигаронро тасаллӣ бахшанд, рӯҳбаланд кунанд ва насиҳат диҳанд (Эфс. 4:8, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.; Аъм. 20:28; Ишаъё 32:1, 2-ро бихонед). Оё шумо, дар кӯшишҳои пирон ғамхории Масеҳро нисбати худ мебинед?

Кӯмаки бамаврид

13–15. Бо кадом роҳҳо Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад? Мисолҳо оред.

13 Оё чунин шуда буд, ки шумо дар дуо боисрор аз Яҳува кӯмак пурсидед ва ҷавобашро дар он дидед, ки яке аз ҳамимонони рӯҳан баркамол ба дидоратон омада, шуморо рӯҳбаланд кард? (Яъқ. 5:14–16). Ё эҳтимол Яҳува кӯмаки лозимаро тавассути нутқи дар вохӯрии ҷамъомад садодода ё тавассути адабиётамон ба шумо пешкаш кард. Аксар вақт Яҳува ба дуо бо ин роҳҳо ҷавоб медиҳад. Масалан, боре баъди нутқ хоҳаре, ки чанд ҳафта пештар аз беадолатӣ сахт осеб дида буд, ба назди пири нутқгуфта омад. Хоҳар ба ҷои он ки аз вазъияти худ шикоят кунад, барои фикрҳои аз нутқ шунидааш самимона ташаккур гуфт. Ин фикрҳо ба вазъияти ӯ мувофиқат мекарданд ва барояш тасаллӣ бахшиданд. То чӣ андоза хурсанд буд хоҳар аз ташрифорӣ ба он вохӯрӣ!

14 Яҳува ба мо ба воситаи дуо кӯмак мекунад. Дар алоқамандӣ бо ин, мисоли се маҳбусонро дида мебароем. Онҳо дар маҳбас ҳақиқати Китоби Муқаддасро омӯхтанд ва воизи таъмиднаёфта шуданд. Рӯзе дар маҳбас ҳодисае рӯй дод. Он сабаб гашт, ки ҳамаи маҳбусон аз баъзе афзалиятҳо маҳрум карда шаванд. Ин сабаби норозигии маҳбусон гашт. Онҳо қарор карданд, ки рӯзи дигар баъди наҳорӣ табақҳояшонро барнамегардонанд. Он се воиз акнун бо масъалаи мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Агар онҳо ба исён ҳамроҳ шаванд, амри Яҳуваро, ки дар Румиён 13:1 навишта шудааст, вайрон мекарданд. Агар ҳамроҳ нашаванд, маҳбусони дигар аз онҳо қасос мегирифтанд.

15 Он се воиз имконияти бо ҳам маслиҳат кардан надоштанд ва аз Яҳува дар дуо хирад пурсиданд. Субҳи рӯзи дигар онҳо фаҳмиданд, ки ҳар се ба як қарор омадаанд — умуман аз наҳорӣ даст мекашанд. Вақте ки посбонони маҳбас барои ҷамъ кардани табақҳо омаданд, он се мард барои баргардондан чизе надоштанд. Чӣ қадар хурсанд гаштанд онҳо, ки Шунавандаи дуо онҳоро тарк накард! (Заб. 64:3).

Ба оянда боэътимод менигарем

16. Чӣ тавр кори мавъиза нишон медиҳад, ки Яҳува нисбати одамони ба гӯсфандон ташбеҳ додашуда, ғамхорӣ мекунад?

16 Кори умумиҷаҳонии мавъиза боз як далели он аст, ки Яҳува ба одамони самимӣ, дар куҷое ки онҳо зиндагӣ накунанд, ғамхорӣ менамояд (Ҳас. 18:25). Яҳува аксаран ба воситаи фариштаҳо ходимони худро назди шахсоне, ки ба гӯсфандон ташбеҳ дода шудаанд, мефиристад, ҳатто агар онҳо дар маконе зиндагӣ кунанд, ки он ҷо ҳоло хушхабар мавъиза нашудааст (Ваҳй 14:6, 7). Масалан, Худо бо ёрии фаришта Филиппусро, ки дар асри I мавъиза мекард, ба назди хоҷасарои ҳабашӣ фиристод ва Филиппус ба ӯ маънои Навиштаҳоро фаҳмонда дод. Дар натиҷа, он мард хушхабарро қабул карда, яке аз пайравони таъмидёфтаи Исо гашт * (Юҳ. 10:14; Аъм. 8:26–39).

17. Чаро нисбати оянда мо набояд аз ҳад зиёд ғам хӯрем?

17 Анҷоми тартиботи имрӯзаи шарирона наздик шуда истодааст ва «дардҳо»–и пешгӯишуда идома хоҳанд ёфт (Мат. 24:8). Масалан, аз ҳисоби афзудани талабот, вайроншавии иқлим ва иқтисодиёти ноустувор нархи озуқаворӣ шояд аз ҳад баланд шавад. Эҳтимол ёфтани ҷои кор душвор гашта, вазъият зиёдтар кор карданро талаб кунад. Чӣ воқеае, ки рӯй надиҳад, ҳамаи онҳое, ки хидмат ба Яҳуваро дар ҳаёташон ба ҷои аввал мегузоранд ва чашми худро «солим», яъне оддӣ нигоҳ медоранд, набояд аз ҳад зиёд ғам хӯранд. Ин шахсон медонанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва нисбаташон ғамхорӣ хоҳад кард (Мат. 6:22–34). Масалан, вақте ки харобшавии Ерусалим дар соли 607–уми қ. д. мо наздик буд, Яҳува нисбати Ирмиё ғамхорӣ кард. Биёед бубинем, ки чӣ тавр.

18. Ҳангоми муҳосираи Ерусалим чӣ тавр Яҳува муҳаббати худро нисбати Ирмиё исбот кард?

18 Ерусалимро бобилиён ба муҳосира гирифта буданд. Дар анҷоми ин муҳосира Ирмиё дар саҳни посгоҳ маҳбус буд. Ӯ аз куҷо ғизо ёфта метавонист? Агар Ирмиё озод мебуд, ӯ барои ҷустуҷӯи он имконият медошт. Вале дар маҳбас ӯ дастнигари атрофиёнаш буд ва аксари онҳо вайро чашми дидан надоштанд. Бо вуҷуди ин, Ирмиё на ба одамон, балки ба Худо такя мекард, зеро Яҳува нисбати ӯ ғамхорӣ карданро ваъда дода буд. Оё Худо ба ваъдааш вафо кард? Бешубҳа! Яҳува чунин кард, ки ба Ирмиё ҳар рӯз «якто нон медоданд, то вақте ки тамоми нон аз шаҳр тамом шуд» (Ирм. 37:21). Ҳангоме ки аксарият дар гирду атроф гуруснагӣ мекашиданд, бемор мешуданд ва мемурданд, Ирмиё, ҳамчунин Борух, Абдумалик ва дигарон зинда монданд (Ирм. 38:2; 39:15–18).

19. Новобаста аз он ки дар оянда чӣ мешавад, боқатъият кардани кадом корро мо бояд давом диҳем?

19 Бале, «чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо» (1 Пет. 3:12). Магар он ки Падари осмонӣ ба шумо бодиққат менигарад, хурсандибахш нест? Оё донистани он ки бодиққатии Ӯ ба манфиати мост, эҳсоси бехатарию амният намебахшад? Пас биёед, чизе ки дар оянда рӯй надиҳад, бо Худо роҳ рафтанро боқатъият давом диҳем. Мо итминони комил дошта метавонем, ки Яҳува доимо ҳар ходими содиқашро падарвор назорат мекунад (Заб. 31:8; Ишаъё 41:13-ро бихонед).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 12 Ҳарчанд ин номаҳо пеш аз ҳама ба масеҳиёни тадҳиншуда ирсол шудаанд, дар асл, онҳо ба ҳамаи ходимони Худо дахл доранд.

^ сарх. 16 Мисоли дигари ҳидояти Худо дар Аъмол 16:6–10 навишта шудааст. Он ҷо мо мехонем, ки «Рӯҳулқудс онҳо [Павлус ва ҳамкорони ӯ]-ро нагузошт», ки дар Осиё ва Битуния мавъиза кунанд. Ба ҷои ин, онҳо ба Мақдуния фиристода шуданд, ки дар натиҷаи мавъиза он ҷо бисёр одамони самимӣ хушхабарро қабул карданд.

Оё фаҳмонида метавонед?

• Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо «бо Худо роҳ» меравем?

• Яҳува чӣ гуна нисбати Борух муҳаббати худро зоҳир намуд?

• Исо чун Сарвари ҷамъомади масеҳӣ хусусиятҳои Падарашро чӣ гуна инъикос мекунад?

• Бо кадом роҳҳо нишон дода метавонем, ки мо дар ин замони душвор ба Яҳува такя менамоем?​

[Саволҳо барои омӯзиш]