Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува бо нигоҳи худ ҳамаро имтиҳон мекунад

Яҳува бо нигоҳи худ ҳамаро имтиҳон мекунад

Яҳува бо нигоҳи худ ҳамаро имтиҳон мекунад

«Чашмони Ӯ [Худованд] менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ–одамро имтиҳон мекунад» (ЗАБ. 10:4).

1. Чӣ гуна одамон ба шумо маъқуланд?

НИСБАТИ касоне, ки ба шумо таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунанд, чӣ эҳсос менамоед? Масалан, агар аз онҳо оиди чизе ақидаашонро пурсед, ба шумо ҳақиқатро мегӯянд. Агар ба кӯмак мӯҳтоҷ бошед, онҳо ба дастгириатон тайёранд. Агар ба маслиҳате ниёз дошта бошед, онро бо муҳаббат медиҳанд (Заб. 140:5; Ғал. 6:1). Оё ба шумо чунин шахсон маъқуланд? Яҳува ва Исои Масеҳ ба шумо маҳз чунин таваҷҷӯҳи самимӣ доранд. Таваҷҷӯҳи онҳо аз таваҷҷӯҳи дилхоҳ инсон бештар аст, зеро муҳаббаташон беғараз мебошад. Онҳо ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд, то «ҳаёти ҷовидониро аз они худ» созед (1 Тим. 6:19; Ваҳй 3:19).

2. Яҳува ба ходимонаш то чӣ андоза таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир мекунад?

2 Довуди забурнавис медонист, ки Яҳува нисбати мо таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир менамояд. Ӯ гуфт: «Чашмони Ӯ [Худованд] менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ–одамро имтиҳон мекунад» (Заб. 10:4). Бале, Худо ба мо на танҳо менигарад, балки моро имтиҳон, яъне таҳлил мекунад. Инчунин Довуд навиштааст: «Диламро имтиҳон кардӣ, шабона тафаққуд намудӣ ... ва чизе наёфтӣ: андешаи баде надорам» (Заб. 16:3). Бешубҳа, Довуд медонист, ки Яҳува ӯро бодиққат назорат мекунад. Вай мефаҳмид, ки агар андешаҳои бадро аз худ дур накунад ё дар дилаш хоҳиши бад парварад, Яҳуваро меранҷонад ва боиси норозигии Ӯ мегардад. Барои Довуд Яҳува шахси воқеӣ буд. Оё ба шумо ҳам Худо шахси воқеист?

Яҳува ба дил менигарад

3. Яҳува ба нокомилии мо чӣ нигоҳи оқилонае дорад?

3 Яҳува пеш аз ҳама ба ботини одам менигарад; барои Ӯ муҳим аст, ки мо дар ҳақиқат чӣ гуна инсонҳоем (Заб. 18:15; 25:2). Яҳува аз рӯи муҳаббат ба камбудиҳои ночизамон аҳамият намедиҳад. Масалан, вақте ки Соро — зани Иброҳим ба саволи фаришта каме дурӯғ ҷавоб дод, фаришта фаҳмид, ки зан аз тарсу хиҷолат чунин рафтор намуд ва бинобар ин ҳалимона ӯро ислоҳ кард (Ҳас. 18:12–15). Вақте ки Айюби пайғамбар «худро бештар аз Худо одил мешумурд», Яҳува ӯро аз баракатҳояш маҳрум накард, зеро медонист, ки Шайтон Айюбро хеле сахт азоб медод (Айюб 32:2; 42:12). Ҳамчунин Яҳува аз суханони сахти бевазани сорефотӣ, ки ӯ ба Илёс–пайғамбар гуфт, наранҷид. Худо мефаҳмид, ки зан аз марги фарзанди ягонааш мотамзада аст (3 Подш. 17:8–24).

4, 5. Чӣ гуна Яҳува нисбати Абималик меҳрубонӣ зоҳир намуд?

4 Азбаски Яҳува дилҳоро имтиҳон мекунад, Ӯ ҳатто ба онҳое ки ба Вай имон надоранд, меҳрубонӣ зоҳир менамояд. Муносибати Худоро ба Абималик, ки шоҳи шаҳри Ҷарор буд, дида мебароем. Абималик намедонист, ки Иброҳиму Соро зану шавҳаранд ва аз ин рӯ Сороро ба занӣ гирифтанӣ буд. Аммо пеш аз он ки Абималик ба Соро наздикӣ кунад, Яҳува дар хоби шабаш ба шоҳ гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ. Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд» (Ҳас. 20:1–7).

5 Яҳува ба Абималики бутпараст, бешубҳа, дағалона муносибат карда метавонист. Аммо Худо медонист, ки ин мард аз соддадилӣ чунин рафтор намуд. Бинобар ин, Яҳува ба ӯ гуфт, ки чӣ бояд кунад, то гуноҳаш омурзида шавад ва ӯ зинда бимонад. Магар ба чунин Худои меҳрубон хидмат кардан намехоҳед?

6. Исо ба Падари худ дар чӣ пайравӣ мекард?

6 Исо ба Падараш комилан пайравӣ менамуд: ӯ ба сифатҳои мусбати шогирдонаш таваҷҷӯҳ карда, бо омодагӣ хатогиҳояшонро мебахшид (Марқ. 10:35–45; 14:66–72; Луқ. 22:31, 32; Юҳ. 15:15). Исо мувофиқи суханонаш, ки дар Юҳанно 3:17 навишта шудаанд, амал мекард: «Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад». Бале, муҳаббате, ки Яҳува ва Исои Масеҳ нисбати мо доранд, амиқ аст ва он ҳаргиз хотима намеёбад. Онҳо мехоҳанд, ки мо ҷовидона зиндагӣ кунем (Айюб 14:15). Маҳз аз рӯи муҳаббат Яҳува моро имтиҳон мекунад, ба рафтору кирдори мо баҳо медиҳад ва моро ислоҳ менамояд. (1 Юҳанно 4:8, 19-ро бихонед.)

Худо бо чашми муҳаббат менигарад

7. Бо кадом мақсад Яҳува моро имтиҳон мекунад?

7 Мақсади аз осмон назорат кардани Яҳува он нест, ки баробари гуноҳ кардан моро ҷазо диҳад. Шахсе, ки бешармона дар мо айбу камбудӣ мекобад, Шайтон аст (Ваҳй 12:10). Ӯ ҳамонест, ки бе ягон асос ба одамон ниятҳои бадро нисбат медиҳад (Айюб 1:9–11; 2:4, 5). Дар бораи Яҳува бошад, забурнавис мегӯяд: «Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?» (Заб. 129:3). Маълум аст, ки ҳеҷ кас! (Воиз 7:20). Яҳува мисли падари ғамхору меҳрубон аст ва фарзандони маҳбубашро аз бадӣ муҳофизат кардан мехоҳад. Ӯ ба камбудиву заифиҳоямон ишора мекунад, зеро намехоҳад, ки мо ба худамон зарар бирасонем (Заб. 102:10–14; Мат. 26:41).

8. Чӣ гуна Яҳува ходимонашро ислоҳ мекунад ва насиҳат медиҳад?

8 Муҳаббати Худо дар он зоҳир мегардад, ки Ӯ тавассути Навиштаҳо ва ғизои рӯҳонии «ғуломи мӯътамад ва доно» моро ислоҳ мекунад ва насиҳат медиҳад (Мат. 24:45; Ибр. 12:5, 6). Инчунин Яҳува ба воситаи ҷамъомади масеҳӣ ва одамони «чун инъомҳо ато» кардааш кӯмак менамояд (Эфс. 4:8, Тарҷумаи Дунёи Нав, англ.). Беш аз ин, Яҳува бодиққат назорат мекунад, ки чӣ гуна мо ба насиҳатҳои падаронаи ӯ гӯш медиҳем. Ӯ тайёр аст, ки кӯмаки иловагӣ пешниҳод кунад. Дар Забур 31:8 гуфта шудааст: «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст». Пас то чӣ андоза муҳим аст, ки ҳамеша ба суханони Яҳува гӯш диҳем! Мо бояд дар назди Вай фурӯтан бошем ва Ӯро чун Устоду Падари меҳрубони худ эътироф намоем. (Матто 18:4-ро бихонед.)

9. Чиро набояд дар дили худ парварем ва чаро?

9 Аз тарафи дигар, мо набояд ҳеҷ гоҳ аз ғурур, норасоии имон ё афтодан ба «фиребҳои гуноҳ» сахтдил гардем (Ибр. 3:13; Яъқ. 4:6). Одатан ин ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки агар одам дар дилаш фикру хоҳишҳои нодуруст парварад. Чунин шахс оқибат ҳатто маслиҳатҳои дар Китоби Муқаддас асосёфтаро рад мекунад. Аз ҳама бадтараш, чунин рафтору тарзи фикрронии бад шахсро душмани Худо мегардонад (Мас. 1:22–31). Мисоли Қобилро, ки фарзанди нахустини Одаму Ҳавво буд, дида мебароем.

Яҳува дилҳоро мебинад ва маслиҳати бамаврид медиҳад

10. Чаро Яҳува қурбонии Қобилро рад намуд ва Қобил ба ин чӣ гуна муносибат кард?

10 Вақте ки Қобилу Ҳобил ба Яҳува қурбонӣ оварданд, Худо на танҳо ба ҳадяи онҳо, балки ба нияти дилашон аҳамият дод. Нияти онҳоро дида, Худо қурбонии Ҳобилро қабул кард, зеро он аз рӯи имон оварда шуда буд, вале қурбонии Қобилро рад кард, зеро Худо дар дили Қобил норасоии имонро мушоҳида намуд (Ҳас. 4:4, 5; Ибр. 11:4). Ба ҷои он ки Қобил аз ин воқеа дарс омӯхта, ислоҳ шавад, ӯ ба бародараш хашм кард (Ҳас. 4:6).

11. Дилсиёҳии Қобил аз чӣ маълум гашт ва аз ин мо чӣ дарсе меомӯзем?

11 Яҳува рӯҳияи хавфноки Қобилро дида, бо меҳрубонӣ аз ӯ пурсид: «Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ?». Мутаассифона, Қобил маслиҳати Офаридгорро рад намуда, бародари худро кушт. Баъдтар дилсиёҳ будани Қобил инчунин дар тарзи ҷавобгӯии ӯ зоҳир гашт. Вақте ки Худо аз ӯ пурсид: «Бародарат Ҳобил куҷост?», Қобил беҳурматона гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?» (Ҳас. 4:7–9). То чӣ андоза маккор буда метавонад дили инсон! Агар одам онро гӯш кунад, ҳатто маслиҳати худи Худоро рад мекунад! (Ирм. 17:9). Бинобар ин, биёед, аз ин гуна мисолҳо дарс омӯхта, фикру хоҳишҳои нодурустро сари вақт аз худ дур кунем. (Яъқуб 1:14, 15-ро бихонед.) Биёед, ҳар маслиҳати дар Навиштаҳо асосёфтаро қадр намоем ва дар он муҳаббати Яҳуваро бинем.

Ягон гуноҳ аз назари Яҳува пӯшида нест

12. Яҳува ба гунаҳкорон чӣ гуна муносибат мекунад?

12 Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар касе кори нодурусти онҳоро набинад, онҳо беҷазо хоҳанд монд (Заб. 18:13). Лекин аз назари Яҳува ҳеҷ гуноҳ пӯшида нест, зеро «ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод» (Ибр. 4:13). Яҳува — Доварест, ки андешаҳои чуқури дили одамро имтиҳон карда, ба гунаҳкор мувофиқи принсипҳои адолати комил муносибат мекунад. Ӯ «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» аст. Вале гунаҳкоронеро, ки «худсарона», яъне дидаву дониста гуноҳ мекунанд, ё бо нияти бад амал намуда, тавба намекунанд Ӯ «беҷазо намегузорад» (Хур. 34:6, 7; Ибр. 10:26). Инро аз муносибати Яҳува ба Охон ва Ҳанониёву Сафира дидан мумкин аст.

13. Фикру хоҳишҳои нодурусти Охон чӣ гуна ба содир кардани гуноҳ оварда расонданд?

13 Охон амри кушоду равшани Худоро гӯш накарда, қисми ғанимати аз Ериҳӯ гирифтаашро дар хаймаи худ пинҳон кард. Эҳтимол аҳли оилааш дар ин кор ба ӯ кӯмак намуданд. Охон ҷиддияти гуноҳи содиркардаашро дарк мекард, зеро вақте ки гуноҳаш ошкор гашт, ӯ гуфт: «Ман ҳақиқатан пеши Худованд ... гуноҳ кардам» (Еҳ. 7:20). Мисли Қобил, Охон хоҳиши бадро дар дилаш парварид. Аз баднафсиву ҳирс ӯ гуноҳ карда, онро пинҳон намуд. Азбаски ғанимати шаҳри Ериҳӯ ба Яҳува тааллуқ дошт, Охон дар асл чизи Худоро дуздид ва ин сабаби марги ӯву оилааш гашт (Еҳ. 7:25).

14, 15. Чаро Ҳанониё ва Сафира ба ғазаби Худо гирифтор шуданд ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

14 Ҳанониё ва зани ӯ Сафира дар асри I аъзоёни ҷамъомади масеҳии Ерусалим буданд. Соли 33–юми д. мо, пас аз “Иди рӯзи 50–ум” шогирдони наве, ки аз ҷойҳои дур буданд, муддате дар Ерусалим монданд. Барои расонидани кӯмаки моддӣ ба онҳо бояд маблағе ҷамъ карда мешуд. Масеҳиён ба таври ихтиёрӣ хайр мекарданд. Ҳанониё замини худро фурӯхта, қисми маблағи бадастовардаашро хайр кард, ки аз ин ҳамсараш низ бохабар буд. Ба ҳамимонон бошад, Ҳанониё гуфт, ки тамоми маблағро хайр кардааст. Бешубҳа, бо ин рафторашон ҳамсарон дар ҷамъомад обрӯю эътибори хоссае пайдо кардан мехостанд. Онҳо барои расидан ба ин мақсад дурӯғро ба кор бурданд. Яҳува ба таври мӯъҷиза ба Петруси расул дурӯғи онҳоро кушод. Петрус рӯирост фиреби Ҳанониёро фош кард ва Ҳанониё инро шунида, ба замин афтоду ҷон дод. Дере нагузашта Сафира низ мурд (Аъм. 5:1–11).

15 Нисбати Ҳанониё ва Сафира наметавон гуфт, ки онҳо лаҳзае ба заифӣ дода шуда, гуноҳ карданд. Ҳамсарон дидаву дониста расулонро фиреб доданд. Бадтараш ин аст, ки онҳо ба рӯҳулқудс ва Худо дурӯғ гуфтанд. Муносибати Яҳува ба рафтори ҳамсарон равшан нишон медиҳад, ки Ӯ барои аз риёкорӣ ҳифз кардани ҷамъомад тайёр аст. Дар ҳақиқат, «ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!» (Ибр. 10:31).

Ҳамеша беайбии худро нигоҳ доред

16. а) Шайтон барои ахлоқан вайрон кардани ходимони Худо чӣ кор мекунад? б) Дар маҳалли шумо Иблис бо кадом роҳҳо одамонро гумроҳ мекунад?

16 Шайтон ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то моро ахлоқан вайрон карда, аз илтифоти Худо маҳрум созад (Ваҳй 12:12, 17). Ҷаҳони имрӯза пур аз бадахлоқии ҷинсӣ ва зӯроварӣ аст, ки аз ниятҳои бади Иблис шаҳодат медиҳад. Имрӯз порнография тавассути компютер ё воситаҳои дигари электронӣ ба осонӣ дастрас аст. Ҳаргиз ба доми Шайтон наафтед! Ба ҷои ин, дар худ рӯҳияе инкишоф диҳед, ки Довуди забурнавис дошт. Ӯ гуфт: «Ба тариқи комил эътибор хоҳам дод ... андаруни хонаи худ бо ростии дили худ рафтор хоҳам кард» (Заб. 100:2).

17. а) Яҳуваро барои ошкор кардани гуноҳҳои пӯшида чӣ бармеангезад? б) Мо бояд ба чӣ бикӯшем?

17 Имрӯз Яҳува чун дар замонҳои пеш гуноҳҳои ҷиддӣ ва рафтори маккоронаи одамонро ба таври мӯъҷиза ошкор намекунад. Вале Ӯ ҳама чизро мебинад ва дар вақту соати муносиб ва ҳамон тавре ки худаш раво медонад, ҳама чизи махфиро мекушояд. Павлуси расул гуфт: «Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад» (1 Тим. 5:24). Яҳуваро пеш аз ҳама муҳаббат бармеангезад, то гуноҳҳои пӯшидаро ошкор кунад. Ӯ ҷамъомадро дӯст медорад ва онро пок нигоҳ доштан мехоҳад. Ба замми ин, нисбати онҳое, ки гуноҳ карда, сипас аз таҳти дил тавба карданд, Худо раҳму шафқат зоҳир мекунад (Мас. 28:13). Пас биёед бикӯшем, то бо тамоми дил ба Ӯ содиқ бимонем ва ҳама таъсироти фосидкунандаро рад намоем.

Ба Яҳува бо тамоми дил хидмат кунед

18. Довуд дар писараш нисбати Худо чӣ гуна эҳсосотро инкишоф додан мехост?

18 Шоҳ Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил [«бо тамоми дил», Тарҷумаи тафсирии форсӣ] ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад» (1 Вақ. 28:9). Довуд мехост, ки писараш на танҳо ба ҳастии Худо имон дошта бошад. Вай мехост, то Сулаймон таваҷҷӯҳи амиқи Яҳуваро, ки Ӯ нисбати ходимонаш зоҳир менамояд, қадр кунад. Оё шумо ҳам чунин ғамхории Яҳуваро қадр менамоед?

19, 20. Мувофиқи Забур 18:8–12, ба Довуд барои наздик шудан ба Худо чӣ кӯмак мекард ва мо чӣ тавр ба ӯ пайравӣ намуда метавонем?

19 Яҳува медонад, ки одамони самимӣ ба Ӯ наздик шудан мехоҳанд ва шиносоӣ бо хусусиятҳои волои Ӯ дили онҳоро гарм мекунад. Аз ин рӯ, Яҳува мехоҳад, ки мо бо Ӯ хубтар шинос шавему дӯсти Вай гардем. Тавассути омӯзиши Каломи Худо ва дар ҳаётамон эҳсос намудани баракатҳои Ӯ мо бо Яҳува хубтар шинос шуда метавонем (Мас. 10:22; Юҳ. 14:9).

20 Оё шумо ҳар рӯз Китоби Муқаддасро мехонед? Оё онро чун Каломи Худо қадр намуда, барои фаҳмидану ба кор бурдани он дуо мегӯед? Оё шумо мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ карданро муҳим мешуморед? (Забур 18:8–12-ро бихонед.) Агар ҷавоби шумо ба ин саволҳо мусбат бошад, имону муҳаббататон ба Яҳува торафт меафзояд. Ӯ дар навбати худ ба шумо наздик хоҳад шуд ва гӯё дасти шуморо гирифта, ҳамроҳатон роҳ хоҳад гашт (Иш. 42:6; Яъқ. 4:8). Бале, далели муҳаббати Яҳува нисбати мо ин аст, ки Ӯ моро дар роҳи танге, ки сӯи ҳаёт мебарад, баракат дода, рӯҳан муҳофизат мекунад (Заб. 90:1, 2; Мат. 7:13, 14).

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Чаро Яҳува моро имтиҳон мекунад?

• Аз кадом сабаб кас душмани Худо мегардад?

• Чӣ гуна нишон диҳем, ки Яҳува бароямон шахси воқеист?

• Чӣ кӯмак мекунад, то ба Худо бо тамоми дил хидмат намоем?

[Саволҳо барои омӯзиш]