Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои ҳарчи зудтар баргаштан ба онҳо кӯмак кунед

Барои ҳарчи зудтар баргаштан ба онҳо кӯмак кунед

Барои ҳарчи зудтар баргаштан ба онҳо кӯмак кунед

«Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст» (ЮҲ. 6:68).

1. Вақте ки шогирдони бисёр Исоро тарк карданд, Петрус чӣ гуфт?

БОРЕ шогирдони бисёр Исои Масеҳро тарк карданд, зеро бо як таълимоти ӯ розӣ шуда наметавонистанд. «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?»— пурсид вай аз расулонаш. Петрус дар ҷавоб гуфт: «Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст» (Юҳ. 6:51–69). Дар ҳақиқат, роҳи дигари беҳтаре набуд. Зеро он вақт дини яҳудӣ дигар «суханони ҳаёти ҷовидонӣ»-ро надошт ва имрӯз низ онро аз Бобили Бузург — империяи ҷаҳонии дини дурӯғин, наметавон ёфт. Барои ҳар шахсе, ки аз рамаи Худо дур шудаасту илтифоти Яҳуваро ба даст оварданист, кайҳо «соати аз хоб бедор шуда», ба рама баргаштан расидааст (Рум. 13:11).

2. Оиди мушкилиҳои шахсии воизи ғайрифаъол ё масъалаҳои бо фаъолияти ҳайати ҳуқуқӣ алоқаманд, чиро дар хотир бояд дошт?

2 Яҳува нисбати гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил ғамхорӣ зоҳир мекард. (Ҳизқиёл 34:15, 16-ро бихонед.) Пирони масеҳӣ низ хоҳишу масъулият доранд, то ба гӯсфандони аз рама дуршуда кӯмак намоянд. Шояд бо хоҳиши онҳо воизе бо шахси ғайрифаъол, ки кӯмак қабул кардан мехоҳад, омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад. Чӣ бояд кард, агар дар давоми омӯзиш он воиз фаҳмад, ки шахси ғайрифаъол гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст? Ба ҷои додани маслиҳатҳои бо мушкилиҳои шахсӣ ё фаъолияти ҳайати ҳуқуқӣ алоқаманд, воиз бояд шахси ғайрифаъолро барангезад, ки ӯ гуноҳи содиркардаашро ба пирон гӯяд. Агар вай ин корро кардан нахоҳад, воиз худаш бояд аз ин пиронро огоҳ намояд (Иб. 5:1; Ғал. 6:1).

3. Шахсе, ки соҳиби сад гӯсфанд буд, ҳангоми ёфтани як гӯсфанди гумшуда чӣ эҳсос мекунад?

3 Дар мақолаи гузашта дар бораи масали Исо оиди касе, ки сад гӯсфанд дошт, сухан рафта буд. Мувофиқи он масал, ҳангоми гум шудани яке аз гӯсфандон чӯпон 99–тои дигарашро гузошта, барои ҷустуҷӯи он як гӯсфанд меравад. Ва чӣ хурсандие эҳсос мекунад ӯ аз ёфтани гӯсфанди гумшудааш! (Луқ. 15:4–7). Мо низ чунин хурсандӣ эҳсос мекунем, агар яке аз ғайрифаъолон ба ҷамъомад баргардад. Пирон ва аъзоёни дигари ҷамъомад аз муҳаббат шояд бо чунин шахсон мулоқот карда бошанд. Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, ки шахси ғайрифаъол ба рамаи Худо баргашта, аз дастгирӣ, муҳофизату баракати Яҳува баҳраманд бошад (Такр. Ш. 33:27; Заб. 90:14; Мас. 10:22). Агар барои кӯмак ба чунин шахсон имконият бошад, чӣ метавон кард?

4. Ғалотиён 6:2, 5 кадом фикрҳоро дар бар мегирад?

4 Пирону аъзоёни дигари ҷамъомад шахси ғайрифаъолро барои баргаштан ба рамаи Худо ташвиқ намуда метавонанд. Масалан, агар ба ӯ бо меҳрубонӣ нишон диҳанд, ки Яҳува ходимони худро дӯст медорад ва аз онҳо кори имконнопазирро талаб намекунад. Худо мехоҳад, ки мо Китоби Муқаддасро омӯзем, ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф орем ва пайғоми Салтанатро мавъиза кунем. Шояд хондани Ғалотиён 6:2, 5 ҷоиз бошад. Ба воситаи ин оятҳо фаҳмонед, ки масеҳиён барои сабук намудани бори зиндагии якдигар кӯмак карда метавонанд, вале бори масъулияти рӯҳонии худро ҳар кас худаш мебардорад. Ҳеҷ кас ба ҷои мо назди Худо садоқатманд буда наметавонад.

Оё «ғамхӯриҳои зиндагӣ» онҳоро пахш кардааст?

5, 6. а) Вақте ки шахси ғайрифаъол дилашро холӣ мекунад, чаро бодиққат гӯш кардан муҳим аст? б) Чӣ гуна ба ғайрифаъолон кӯмак карда метавонем, то онҳо оқибатҳои манфии аз ҷамъомад дур шуданашонро бубинанд?

5 Вақте ки воизи ғайрифаъол дилашро холӣ мекунад, пирон ва дигар воизони баркамол бояд ба онҳо бодиққат гӯш диҳанд, то ки ба чунин шахсон ба таври беҳтарин кӯмак расонанд. Фарз мекунем, ки шумо пири масеҳӣ ҳастеду бо ҳамсароне, ки аз «ғамхӯриҳои зиндагӣ» ба ҷамъомад намеоянд, мулоқот карданиед (Луқ. 21:34). Эҳтимол бо сабаби мушкилиҳои иқтисодӣ ё афзудани масъулиятҳои оилавӣ онҳо оҳиста–оҳиста аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст шуда бошанд. Шояд онҳо гӯянд, ки аввал бояд мушкилиҳояшонро ҳал кунанд, вале шумо метавонед қайд намоед, ки дуршавӣ аз ҷамъомад роҳи ҳалли мушкилӣ нест. (Масалҳо 18:1-ро бихонед.) Шумо метавонед ҳалимона бипурсед: «Оё аз нарафтан ба ҷамъомад шумо хушбахттар шудед? Оё ҳаёти оилавиатон аз ин беҳтар гашт? Оё хурсандие, ки Яҳува медиҳад, чун пештара ба шумо қувват мебахшад?» (Наҳ. 8:10).

6 Мулоҳиза дар атрофи чунин саволҳо ба шахси ғайрифаъол шояд кӯмак кунад, то бифаҳмад, ки бо сабаби наомадан ба ҷамъомад ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст гаштаасту чандон хушбахт нест (Мат. 5:3; Ибр. 10:24, 25). Шояд шумо ба чунин шахсон фаҳмонида тавонед, ки хурсандӣ надоштани онҳо натиҷаи дар мавъиза иштирок накарданашон аст (Мат. 28:19, 20). Пас, чӣ гуна рафтор аз ҷониби онҳо оқилона мебуд?

7. Ба касоне, ки аз рамаи Худо дур шудаанд, чӣ маслиҳат додан мумкин аст?

7 Исо гуфт: «Бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад... Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед» (Луқ. 21:34–36). Ба касоне, ки аз рамаи Худо дур шудаанду хушбахтии пешинаро аз нав эҳсос кардан мехоҳанд, маслиҳат дода метавонем, то аз Яҳува рӯҳулқудс ва кӯмак пурсида, сипас мувофиқи дуоҳояшон амал намоянд (Луқ. 11:13).

Оё касе ё чизе ба онҳо монеа шудааст?

8, 9. Агар касе ё чизе барои шахс монеа шуда бошад, пирон ба ӯ чӣ гуна кӯмак карда метавонанд?

8 Азбаски инсонҳо нокомиланд, байни онҳо ихтилофот пайдо мешавад ва ин барои касе монеа шуда метавонад. Барои баъзеҳо рафтори ношоистаи аъзои соҳибэҳтироми ҷамъомад монеа шудааст. Агар шахс аз ин сабаб ғайрифаъол гашта бошад, пири бо ӯ мулоқоткунанда бояд фаҳмонад, ки Яҳува ба касе монеа намегузорад. Пас, оё муносибати худро бо Яҳува ва халқи Ӯ қатъ кардан оқилона аст? Оё хуб нест, ки хидматро давом дода, бар он эътимод кунем, ки «Довари тамоми замин» ҳама чизро мебинад ва аз рӯи адолат амал хоҳад намуд? (Ҳас. 18:25; Қӯл. 3:23–25). Агар инсон ба маънои аслӣ пешпо хӯрда афтад, магар ӯ дар чунин ҳолат мемонад, ё барои хестан кӯшиш мекунад?

9 Ҳангоми расонидани кӯмаки рӯҳонӣ ба шахсони ғайрифаъол пири ҷамъомад метавонад қайд намояд, ки чизе ки замоне барои баъзеҳо монеа шуда буд, бо гузашти вақт ҷиддияташро гум кардааст. Санги монеа шояд дигар вуҷуд надошта бошад. Агар чораҳои ислоҳкунанда сабаби ранҷидану ғайрифаъол гаштани шахс шуда бошад, барояш мулоҳизаву дуо кӯмак мекунад, то дарк намояд, ки худи ӯ ҳам дар чизе гунаҳкор буд; вай набояд гузорад, ки ҷазо барояш монеа гардад (Заб. 118:165; Ибр. 12:5–13).

Оё онҳо бо ин ё он таълимот розӣ шуда наметавонанд?

10, 11. Барои кӯмак ба онҳое, ки бо яке аз таълимоти Китоби Муқаддас розӣ нестанд, кадом далелҳоро овардан мумкин аст?

10 Эҳтимол баъзеҳо аз сабаби он ки бо ин ё он таълимоти Навиштаҳо розӣ нестанд, рамаи Худоро тарк мекунанд. Исроилиёни аз Миср озодшуда аъмолеро, ки Худо ба манфиаташон карда буд, фаромӯш намуданд ва «машварати Ӯро нигарон нашуданд» (Заб. 105:13). Ба шахси ғайрифаъол хотиррасон кардани он ки «ғуломи мӯътамад ва доно» ғизои хуби рӯҳонӣ медиҳад, муфид аст (Мат. 24:45). Маҳз тавассути адабиёти «ғулом» он шахс ҳақиқатро омӯхта буд. Пас, чаро ӯ аз нав роҳи ҳақиқатро пеш нагирад? (2 Юҳ. 4).

11 Ҳангоми кӯмак ба касони аз рама дуршуда пири ҷамъомад хотиррасон намуда метавонад, ки бисёр шогирдони Исо бо як таълимоти устодашон розӣ нашуда, ӯро тарк карданд (Юҳ. 6:53, 66). Ин шогирдон муносибати худро бо Исо ва пайравони содиқи ӯ қатъ намуда, хурсандӣ ва миннатдориашонро нисбати чизҳои рӯҳонӣ гум карданд. Оё касоне, ки алоқаи худро бо ҷамъомади масеҳӣ кандаанд, ҷои дигареро, ки ғизои фаровони рӯҳонӣ дорад, ёфтанд? Не, зеро чунин ҷой вуҷуд надорад!

Оё сабаб дар содир кардани гуноҳи ҷиддӣ аст?

12, 13. Агар шахси аз рама дуршуда иқрор шавад, ки гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, ба ӯ чӣ гуна кӯмак кардан мумкин аст?

12 Баъзеҳо гуноҳи ҷиддӣ содир кардаанду аз ин сабаб ба ҷамъомад намеоянд ва дар мавъиза иштирок намекунанд. Онҳо метарсанд, ки агар ба пирон гуноҳашонро гӯянд, пирон онҳоро аз ҷамъомад хориҷ хоҳанд кард. Лекин агар ин шахсон аъмоли нодурусташонро тарк намуда, самимона тавба кунанд, онҳо аз ҷамъомад хориҷ карда намешаванд (2 Қӯр. 7:10, 11). Баръакс, онҳоро аз нав дар ҷамъомад қабул мекунанд ва пирон барояшон кӯмаки лозимаи рӯҳонӣ хоҳанд расонд.

13 Фарз мекунем, ки шумо бо супориши пирон бо каси ғайрифаъол омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронед. Чӣ бояд кард, агар ба шумо маълум гардад, ки ӯ гуноҳи ҷиддие содир кардааст? Ҳамон тавре ки зикр шуда буд, ба ҷои дахолат кардан ба ин кор, маслиҳат диҳед, ки ӯ ба пирон ҳамаашро гӯяд. Агар вай нахоҳад, шумо мувофиқи дастуроти дар чунин мавридҳо пешбинишудаи Китоби Муқаддас амал намуда, нишон медиҳед, ки номи неки Яҳуваро муҳофизат мекунед ва нисбати беҳбудии рӯҳонии ҷамъомад ғамхорӣ зоҳир менамоед. (Ибодат 5:1-ро бихонед.) Пирон муайян хоҳанд кард, ки ба шахсе, ки ба ҷамъомад баргаштан мехоҳаду мувофиқи иродаи Худо зиндагӣ карданист, чӣ гуна кӯмак менамоянд. Аз муҳаббат ба шахси гуноҳкарда шояд ба пирон лозим ояд, ки чораҳои ислоҳкунанда андешанд (Ибр. 12:7–11). Агар шахс иқрор шавад, ки ӯ бар зидди Худо гуноҳ кардааст ва агар аъмоли нодурусташро дигар такрор накунаду самимона тавба кунад, пирон ба вай кӯмак хоҳанд намуд ва ӯ ба бахшиши Яҳува умед карда метавонад (Иш. 1:18; 55:7; Яъқ. 5:13–16).

Бозгашти писар хурсандӣ меорад

14. Масали Исоро дар барои писари нохалаф нақл кунед.

14 Касе, ки ба шахсони аз рама дуршуда кӯмак мекунад, метавонад бо онҳо масали Исоро аз Луқо 15:11–24 муҳокима намояд. Дар он масал, ҷавоне тамоми мероси аз падар гирифтаашро барои айшу ишрат сарф мекунад. Бо гузашти вақт чунин зиндагии фосиқона ба дилаш мезанад. Ӯ гуруснагӣ мекашад, оилаашро ёд мекунад ва оқибат қарор медиҳад, ки ба хона бармегардад. Ҳангоми ҳанӯз дар роҳ буданаш, падар вайро аз дур дида, сахт хурсанд мешавад ва сӯяш тозон рафта, писарашро ба оғӯш мекашаду навозишкорона мебӯсад. Мулоҳиза оиди ин масал шахсони аз рама дуршударо шояд барои баргаштан ба ҷамъомад барангезад. Азбаски ин ҷаҳони шарир ба наздикӣ нест хоҳад шуд, шахсони ғайрифаъол бояд ҳарчи зудтар ба «хона», яъне ба ҷамъомад баргарданд.

15. Чаро баъзеҳо аз ҷамъомад дур мешаванд?

15 Бисёри касоне, ки аз ҷамъомад дур шудаанд, мисли писари нохалаф нестанд. Баъзеҳо аз ҷамъомад тадриҷан дур мешаванд, ҳамон тавре ки қаиқ аз соҳил оҳиста–оҳиста дур мешавад. Касони дигарро ғаму ташвишҳои зиндагӣ чунон пахш мекунанд, ки онҳо ба чизҳои рӯҳонӣ беэътиноӣ менамоянд. Боз як тоифаи одамон мегузоранд, ки рафтори ягон аъзои ҷамъомад барояшон монеа гардад. Баъзеҳо бо ин ё он таълимоти Китоби Муқаддас розӣ нашуда, ҷамъомадро тарк мекунанд. Чанде аз сабаби аъмоли нодурусти худ ғайрифаъол мегарданд. Лекин маслиҳатҳои дар боло овардашударо ба кор бурда, шумо метавонед ба шахсоне, ки ҷамъомадро ба ин сабабҳо ё аз сабабҳои дигар тарк кардаанд, кӯмак намоед, то онҳо ҳоло ки дер нашудааст, ба ҷамъомад баргарданд.

«Ба хона хуш омадӣ, писарам!»

16–18. а) Як пири ҷамъомад ба бародаре, ки солҳои зиёд ғайрифаъол буд, чӣ тавр кӯмак кард? б) Чаро ин бародар ғайрифаъол гашт, ба ӯ чӣ гуна кӯмак расонида шуд ва ӯро аъзоёни ҷамъомад чӣ тавр қабул карданд?

16 Як пири масеҳӣ мегӯяд: «Шӯрои пирони ҷамъомадамон ба мулоқот бо ғайрифаъолон аҳамияти калон медиҳад. Ман дар бораи бародаре фикр мекардам, ки ба ӯ дар омӯзиши Китоби Муқаддас ва шиносоӣ бо ҳақиқат кӯмак намуда будам. Ин бародар қариб 25 сол ғайрифаъол буд ва мушкилиҳои зиёде дошт. Ман ба вай нишон додам, ки чӣ гуна бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас барояш кӯмак хоҳанд кард. Пас аз чанде, ӯ аз нав ба Толори Салтанат ташриф оварданро сар кард ва розӣ шуд, ки бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронанд, то вай рӯҳан қавӣ гашта, ба ҷамъомад баргардад».

17 Чаро он бародар ғайрифаъол гашт? Ӯ мегӯяд: «Ман бештар на дар бораи чизҳои рӯҳонӣ, балки оиди кору мақсадҳои бо ин ҷаҳон алоқаманд фикр мекардам. Сипас, ман омӯзиши Китоби Муқаддас, иштирок дар хидмат ва ташрифориро ба вохӯриҳои ҷамъомад бас кардам. Ман худам нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр аз ҷамъомад дур шудам. Лекин ба туфайли таваҷҷӯҳи самимие, ки он пир ба ман зоҳир кард, ман ба ҷамъомад баргаштам». Вақте ки он бародар ба омӯзиши Китоби Муқаддас аз нав оғоз кард, мушкилиҳояш торафт кам шудан гирифтанд. Ӯ илова намуд: «Ман дарк кардам, ки дар зиндагӣ ба ман муҳаббату ҳидояти Яҳува ва созмони Ӯ намерасид».

18 Аъзоёни ҷамъомад ин бародарро чӣ гуна қабул карданд? Ӯ нақл мекунад: «Ман худро мисли писари нохалаф аз масали Исо эҳсос менамудам. Як хоҳари солхӯрдае, ки 30 сол пеш аъзои ҷамъомад буд ва ҳоло ҳам рӯҳан қавӣ аст, ба ман гуфт: “Ба хона хуш омадӣ, писарам!”. Суханони ӯ ба дилам сахт таъсир карданд. Ҳақиқатан ҳам, ман худро дар хона эҳсос намудам. Ман барои муҳаббат, дилгармӣ, пурсабрӣ ва таваҷҷӯҳе, ки он пир ва аҳли ҷамъомад ба ман зоҳир карданд, беандоза миннатдорам. Муҳаббате, ки онҳо ба Яҳува ва наздикон доранд, дар ҳақиқат ба ман кӯмак кард, то ба ҷамъомад баргардам».

Онҳоро барангезед, то фавран амал кунанд

19, 20. а) Чӣ тавр шумо метавонед ғайрифаъолонро ташвиқ кунед, ки онҳо ҳарчи зудтар ба ҷамъомад баргарданд? б) Чӣ гуна нишон медиҳед, ки Худо аз мо кори имконнопазирро талаб намекунад?

19 Мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем ва анҷоми ин тартибот наздик аст. Аз ин рӯ, ғайрифаъолонро ташвиқ кунед, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад оянд ва таъкид намоед, то дар ин кор таъхир накунанд. Ба чунин шахсон хотиррасон намоед: Шайтон муносибатҳоеро, ки онҳо бо Худо доранд, вайрон кардан мехоҳад. Ӯ водор менамояд, то онҳо фикр кунанд, ки гӯё тарк намудани ибодати ҳақиқӣ мушкилиҳояшонро осон мегардонад. Ба ғайрифаъолон итминон бахшед, ки танҳо дар сурати пайрави содиқи Исо будан, онҳо таровату оромии ҳақиқӣ эҳсос хоҳанд кард. (Матто 11:28–30-ро бихонед.)

20 Ба ғайрифаъолон хотиррасон кунед, ки Худо аз мо кори имконнопазирро талаб намекунад. Вақте ки Марям — хоҳари Лаъзор чанде пеш аз марги Исо ба сари ӯ равғани атрафшони гаронбаҳоро молид, дигарон занро сарзаниш карданд, вале Исо гуфт: «Вайро ором гузоред... Вай он чи метавонист, ба ҷо овард» (Марқ. 14:6–8). Исо бевазани камбағалеро, ки ба хазинаи маъбад маблағи хурдеро хайр кард, таҳсин гуфт, зеро ин зан ҳам он чӣ метавонист, ба ҷо овард (Луқ. 21:1–4). Барои бисёре аз мо ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ва иштирок дар мавъизаи пайғоми Салтанат кори имконпазир аст. Бо кӯмаки Яҳува, аксарияти онҳое, ки ҳоло ғайрифаъоланд, аз ӯҳдаи ин корҳо баромада метавонанд.

21, 22. Касонеро, ки сӯи Яҳува бармегарданд, дар чӣ итминон бахшидан мумкин аст?

21 Агар шахсони аз рамаи Худо дуршуда аз вохӯрдан бо бародарон тарсанд, шумо ба онҳо хурсандиеро, ки ба хона баргаштани писари нохалаф оварда буд, хотиррасон карда метавонед. Баргаштани ғайрифаъолон ба ҷамъомад бешубҳа, боиси чунин хурсандӣ мешавад. Онҳоро ташвиқ кунед, ки ба Иблис муқобилат намуда, ба Худо наздик шаванд ва дар ин кор таъхир накунанд (Яъқ. 4:7, 8).

22 Касоне, ки сӯи Яҳува бармегарданд, бо хушнудӣ пазироӣ карда мешаванд (Нав. Ирм. 3:40). Вақте ки онҳо пеш ба Худо хидмат мекарданд, он бешубҳа барояшон хурсандии зиёд мебахшид. Шахсонеро, ки таъхир накарда, ба рамаи Худо бармегарданд, дар оянда баракатҳои бешумор интизоранд!

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Ба масеҳиёне, ки аз сабаби монеае ғайрифаъол шудаанд, чӣ гуна кӯмак намудан мумкин аст?

• Ба онҳое, ки рамаи Худоро аз сабаби бо ин ё он таълимот розӣ набуданашон тарк кардаанд, овардани кадом далелҳо кӯмак намуда метавонад?

• Чӣ тавр ба шахсоне, ки барои баргаштан ба ҷамъомад ҷуръат надоранд, кӯмак карда метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]