Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нуктаи назари Китоби Муқаддас ба саломатӣ ва табобат

Нуктаи назари Китоби Муқаддас ба саломатӣ ва табобат

Нуктаи назари Китоби Муқаддас ба саломатӣ ва табобат

«Худованд Худои худро ... бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор» (МАРҚ. 12:30).

1. Мақсади Худо аз офариниши инсон чӣ буд?

ҲАНГОМИ офариниши одам мақсади Яҳува Худо ин набуд, ки инсон бемор шаваду бимирад. Худо Одаму Ҳавворо дар боғи Адан ҷойгир кард, то ки онҳо на 70 ё 80 сол, балки ҷовидона «кори онро бикунанд ва онро нигаҳдорӣ намоянд» (Ҳас. 2:8, 15; Заб. 89:10). Ва агар ҷуфти нахустини инсонӣ ба Яҳува содиқ монда, аз муҳаббат ба ҳокимияти Ӯ итоат мекарданд, онҳо ҳеҷ гоҳ чӣ будани беморӣ, пириву нотавонӣ ва маргро намедонистанд.

2, 3. а) Давраи пириро китоби Воиз чӣ гуна тасвир мекунад? б) Барои марге, ки мо аз Одам ба ирс бурдаем, кӣ масъул аст ва оқибатҳои он чӣ тавр бартараф карда мешаванд?

2 Боби 12–уми китоби Воиз «айёми бадӣ»–еро, ки ба давраи пирии одамони нокомил шарик аст, бо забони бадеӣ тасвир мекунад: мӯйҳои сафед мисли «бодоми шукуфта»–анд; пойҳо чун «соҳибони қувват» мебошанд, ки хам шуда, базӯр–базӯр роҳ мераванд; чашмони хира ба «онҳое, ки аз паси панҷараҳо нигоҳ мекунанд», шабоҳат дода шудаанд; дандонҳо чун «дастоскунандагон»–е мебошанд, ки «дигар ос намекунанд, чунки кам мондаанд». (Воиз 12:1–7-ро бихонед.)

3 Пойҳои ларзон, чашмони хира ва даҳони бедандон бешубҳа, дар нияти аввалаи Худо набуданд. Ғайр аз ин, марге, ки мо аз Одам ба ирс бурдаем, як «аъмоли иблис» аст, ки онро Писари Худо тавассути Салтанати Масеҳоӣ вайрон мекунад. Юҳаннои расул навиштааст: «Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад» (1 Юҳ. 3:8).

Ғамхории оқилона дуруст аст

4. Чаро ходимони Яҳува ба саломатиашон оқилона ғамхорӣ мекунанд, лекин онҳо чиро бояд дар хотир доранд?

4 Имрӯз баъзе аз ходимони Яҳува, чун ҳамаи одамони нокомил бо бемориҳо ва пириву нотавонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин сурат, ғамхории оқилона ба саломатӣ на танҳо дуруст, балки муфид аст. Оё мо ба Яҳува «бо тамоми қувват» хидмат кардан намехоҳем? (Марқ. 12:30). Лекин воқеъбин бояд буд: чӣ қадаре ки нисбати саломатиамон ғамхорӣ накунем, мо наметавонем омадани пириро боздорем ё худро аз ҳама бемориҳо ҳифз намоем.

5. Аз он ки чӣ тавр ходимони содиқи Худо ба бемориҳояшон тоб меоварданд, мо чӣ меомӯзем?

5 Бисёр ходимони содиқи Яҳува бо мушкилиҳои бо саломатӣ алоқаманд мубориза мебурданд. Яке аз онҳо Эпафрӯдитус буд (Фил. 2:25–27). Ҳамкори вафодори Павлуси расул — Тимотиюс ба дарди меъда зуд–зуд дучор мешуд ва Павлус ба ӯ маслиҳат дод, ки «каме шароб ба кор» барад (1 Тим. 5:23). Худи Павлус аз «неше дар ҷисм» азоб мекашид, ки он шояд бемории чашмон ё бемории дигаре буд, ки он вақт табобат намешуд (2 Қӯр. 12:7; Ғал. 4:15). Дар бораи он «неши дар ҷисм»–доштааш Павлус ба Яҳува сахт дуо мегуфт. (2 Қӯринтиён 12:8–10-ро бихонед.) Худо ба таври мӯъҷиза он «неш»-ро аз вай дур накард. Ба ҷои ин, Худо барои тоб овардан ба ӯ қувват бахшид. Ҳамин тавр, дар заифии Павлус қуввати Яҳува зоҳир мешуд. Оё аз ин мо дарсе намеомӯзем?

Дар бораи саломатиатон аз ҳад зиёд ғам махӯред

6, 7. Чаро мо набояд аз ҳад зиёд нисбати саломатиамон ғам хӯрем?

6 Чӣ хеле ки маълум аст, Шоҳидони Яҳува аз ёрии тиббӣ ва роҳҳои гуногуни табобат даст намекашанд. Дар маҷаллаи «Бедор шавед!» аксар вақт мақолаҳои ба саломатӣ бахшидашуда ба чоп мерасанд. Ҳарчанд дар онҳо ин ё он намуди табобат тавсия нашавад ҳам, мо кӯмаку ҳамкории кормандони ҳифзи тандурустиро қадр менамоем. Албатта, мо медонем, ки ҳоло ба таври комил сиҳату саломат буда наметавонем. Аз ин рӯ, нишонаи оқилист, агар доимо ва аз ҳад зиёд нисбати саломатиамон ғам нахӯрем. Муносибати мо ба саломатӣ бояд аз муносибати касони «бе умед» фарқ намояд. Онҳо фикр мекунанд, ки ҳамаи буду шудашон ҳаёти имрӯза аст ва аз ин рӯ, барои шифо ёфтан ба ҳар намуди табобат розиянд (Эфс. 2:2, 12). Мо бошем, дар кӯшиши нигоҳ доштани ҳаёти имрӯза илтифоти Яҳуваро аз даст додан намехоҳем, зеро эътимод дорем, ки агар ба Худо содиқ бимонем, ҳаёти ҳақиқӣ, яъне «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро дар дунёи нави ваъдашуда аз они худ хоҳем кард (1 Тим. 6:12, 19; 2 Пет. 3:13).

7 Аз сабаби дигар низ мо набояд нисбати саломатиамон аз ҳад зиёд ғам хӯрем. Мо худбину худпараст будан намехоҳем. Павлус масеҳиёни филиппиро аз ин хатар огоҳ карда, гуфт: «Ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд» (Фил. 2:4). Албатта ғамхории оқилона нисбати саломатӣ дуруст аст, лекин таваҷҷӯҳи самимӣ ба бародарон ва ба касоне, ки ба онҳо хушхабарро мавъиза мекунем, кӯмак менамояд, то дар бораи беҳбудии ҷисмонии худ аз ҳад зиёд фикр накунем (Мат. 24:14).

8. Агар нисбати саломатии худ аз ҳад зиёд ғам хӯрем, ин моро ба чӣ бармеангезад?

8 Хатаре вуҷуд дорад, ки агар масеҳӣ нисбати саломатиаш аз ҳад зиёд ғам хӯрад, манфиатҳои Салтанат дар ҳаёташ шояд кори дуввумдараҷа гардад. Чунин муносибат ба саломатӣ шояд моро барангезад, ки ақидаи шахсии худро оиди фоидаи ин ё он тарзи табобат, намуди парҳез ё иловаҳо бар ғизо, ба дигарон бор кунем. Вобаста ба ин, принсиперо, ки суханони Павлус дар худ доранд, дида мебароем. Ӯ гуфт: «То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст [«Дар чизҳои муҳимтар итминон ҳосил кунед», Тарҷумаи Дунёи Нав, англ. (ТДН)] барои он ки дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб бошед» (Фил. 1:10).

Чӣ муҳимтар аст

9. Яке аз чизҳои муҳимтаре, ки ба он набояд беэътиноӣ кард, чист? Шарҳ диҳед.

9 Агар дар чизҳои муҳимтар итминон ҳосил карда бошем, мо дар коре, ки одамонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ шифо мебахшад, фаъолона иштирок хоҳем намуд. Он кор мавъиза ва бо дигарон гузаронидани омӯзиши Каломи Худоро дар бар мегирад. Ин фаъолияти хурсандибахш ҳам барои мо ва ҳам барои касоне, ки онҳоро таълим медиҳем, муфид аст (Мас. 17:22; 1 Тим. 4:15, 16). Гоҳ–гоҳ дар маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» дар бораи бародарону хоҳарони сахт беморбуда мақолаҳо ба чоп мерасанд. Баъзан дар онҳо нақл карда мешавад, ки чӣ гуна ин шахсон бо бемориашон мубориза мебаранд; онҳо қайд менамоянд, ки ба дигарон барои шиносоӣ бо Яҳува ва мақсадҳои олиҷаноби Ӯ кӯмак карда, муваққатан бемориашонро фаромӯш мекунанд *.

10. Чаро интихоби тарзи табобат кори пурмасъул аст?

10 Ҳангоми бемор шудан, ҳар масеҳии калонсол бояд «бори» масъулиятеро, ки интихоби тарзи табобат ба дӯшаш мегузорад, худаш бардорад (Ғал. 6:5). Лекин дар хотир бояд дошт: тарзҳои табобате, ки мо интихоб мекунем, барои Яҳува аҳамият доранд. Аз эҳтиром ба принсипҳои Китоби Муқаддас мо «аз хун парҳез» мекунем ва ҳамчунин аз тарзи табобате, ки ба мо зарари рӯҳонӣ мерасонад ё ба муносибатҳои бо Яҳува доштаамон таъсир мекунад, худдорӣ менамоем (Аъм. 15:20). Баъзе тарзҳои ташхису табобати беморӣ ба сеҳру ҷоду наздиканд. Яҳува ба исроилиёни осие, ки «қувваи ҷоду» ё робита бо арвоҳро истифода мекарданд, норозигӣ баён кард. Ӯ гуфт: «Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат [«ба он ки шумо қувваи ҷодуро истифода мекунед», ТДН] ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам» (Иш. 1:13). Вақте ки мо беморем, албатта коре намекунем, ки он ба дуоҳоямон монеа шуда, ба муносибатҳои бо Худо доштаамон зарар расонад (Нав. Ирм. 3:44).

Солимфикр будан муҳим аст

11, 12. Дар интихоби тарзи табобат солимфикрӣ чӣ нақше мебозад?

11 Вақте ки бемор ҳастем, набояд интизор шавем, ки Яҳува моро ба таври мӯъҷиза шифо медиҳад, лекин дуо гуфта метавонем, то Ӯ дар интихоби тарзи табобат бароямон хирад бахшад. Дар ин кор моро бояд солимфикрӣ ва принсипҳои Китоби Муқаддас ҳидоят намоянд. Агар беморӣ ҷиддӣ бошад, шояд аз якчанд мутахассис маслиҳат пурсидан хуб мебуд. Чунин тарзи амал бо суханони Масалҳо 15:22 ҳамоҳанг аст: «Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад, вале бо кӯмаки мушовирони бисёр иҷро меёбад». Павлуси расул ҳамимононро ташвиқ кард, ки «дар ин дунё бо исмат [«бо солимфикрӣ», ТДН], адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ» кунанд (Тит. 2:12).

12 Бисёриҳо имрӯз худро мисли зане, ки дар рӯзҳои Исои Масеҳ зиндагӣ мекард, эҳсос мекунанд. Дар Марқӯс 5:25, 26 мо дар бораи зане мехонем, «ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, ва азоби бисёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд». Исо он занро шифо бахшид ва ба ӯ раҳму шафқат зоҳир кард (Марқ. 5:27–34). Аз яъсу ноумедӣ баъзе масеҳиён ба васваса афтода, тарзи ташхису табобати ба принсипҳои ибодати пок мухолифро интихоб карданашон мумкин аст.

13, 14. а) Чӣ тавр Шайтон тавассути тарзҳои шубҳаноки табобат беайбии масеҳиёнро шикаста метавонад? б) Чаро мо бояд аз ҳама чизе, ки каме ҳам бо ҷоду алоқаманд аст, худдорӣ намоем?

13 Шайтон ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то моро аз ибодати ҳақиқӣ дур созад. Ба домҳои ӯ на танҳо бадахлоқии ҷинсӣ ва чизпарастӣ дохил мешаванд, вай тавассути тарзҳои шубҳаноки табобат, ки истифодаашон ба ҷоду ва робита бо арвоҳ баробар аст, беайбии ходимони Худоро шикастан мехоҳад. Мо ба Яҳува дуо мекунем, ки «моро аз иблис» ва «аз ҳар шарорат» раҳоӣ диҳад. Аз ин рӯ, мо набояд ягон коре кунем, ки бо ҷоду ва робита бо арвоҳ каме ҳам алоқаманд бошад ва набояд гузорем, ки Шайтон ба мақсадаш расад (Мат. 6:13; Тит. 2:14).

14 Яҳува ба исроилиён фолбинӣ ва ҷодугариро манъ карда буд (Такр. Ш. 18:10–12). Павлус «ҷодугарӣ»-ро ба «корҳои ҷисм» мансуб медонист (Ғал. 5:19, 20). Беш аз ин, дар дунёи наве, ки Яҳува бунёд мекунад, «ҷодугарон» нахоҳанд буд (Ваҳй 21:8). Равшан аст, ки дар назари Яҳува ҳама чизи каме ҳам бо ҷоду ё робита бо арвоҳ алоқаманд зишт мебошад.

Бигзор оқилии шумо ба ҳама маълум бошад

15, 16. Чаро дар интихоби тарзҳои табобат хирад лозим аст ва ҳайати роҳбарикунандаи асри як чӣ маслиҳати оқилонае дод?

15 Бо назардошти маълумоти дар боло зикршуда, агар дар ягон тарзи ташхис ё табобати беморӣ шубҳае бошад, аз он даст кашидан нишонаи оқилист. Лекин агар ягон тарзи муолиҷаи тиббӣ бароямон нофаҳмо бошад, ин маънои бо ҷоду ё робита бо арвоҳ алоқаманд будани онро надорад. Барои доштани нуктаи назари Китоби Муқаддас ба саломатӣ солимфикрӣ ва хиради илоҳӣ лозим аст. Дар боби сеюми китоби Масалҳо панди зеринро мехонем: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард ... зеҳн ва фаросатро нигоҳдорӣ намо,— ва онҳо барои ҷони ту ҳаёт хоҳанд буд» (Мас. 3:5, 6, 21, 22).

16 Ҳарчанд мекӯшем, ки ба қадри имкон саломатиамонро нигаҳ дорем, мо бояд бодиққат бошем, то дар кӯшиши сиҳат шудан ё боздоштани пиршавӣ илтифоти Худоро аз даст надиҳем. Дар масъалаҳои бо саломатӣ алоқаманд, чун дар масъалаҳои дигар, мо бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя кунем ва мувофиқи маслиҳати зерин амал намоем: «Бигзор оқилии шумо ба ҳамаи одамон маълум бошад» (Фил. 4:5, ТДН). Дар мактубе, ки ба масеҳиён аҳамияти бузург дошт, ҳайати роҳбарикунандаи асри як амр дод, ки масеҳиён аз бутпарастӣ, хун ва зино худдорӣ кунанд. Он мактуб итминон мебахшид: «Ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед» (Аъм. 15:28, 29). Ба кадом маъно?

Умед бар саломатии комилро дар хотир дошта, оқилӣ зоҳир менамоем

17. Риоя кардани принсипҳои Китоби Муқаддас чӣ гуна ба беҳбудии ҷисмонии мо мусоидат мекунад?

17 Ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: “Оё фоидаеро, ки риояи принсипҳои Китоби Муқаддас оиди хун ва зино бо худ меорад, хуб мефаҳмам? Ҳамчунин дар бораи суде, ки итоат ба принсипи «худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза мекунем» медиҳад, фикр намоед (2 Қӯр. 7:1). Дар мавриди гигиенаи шахсӣ меъёрҳои Китоби Муқаддасро риоя карда, мо худро аз бемориҳои бисёр ҳифз менамоем. Мо тамоку ва нашъаро истеъмол намекунем, зеро онҳо моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ нопок мегардонанд. Инчунин бомеъёр хӯрдану нӯшидан ба сиҳатии мо мусоидат мекунад. (Масалҳо 23:20; Титус 2:2, 3-ро бихонед.) Ҳарчанд чунин омилҳо мисли истироҳату машқҳои ҷисмонӣ ба беҳбудии мо мусоидат кунанд ҳам, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ нисбатан сиҳат будани мо ба туфайли риояи принсипҳои Китоби Муқаддас аст.

18. Нисбати чӣ мо бояд беш аз ҳама ғамхорӣ кунем ва иҷроиши кадом пешгӯии бо саломатӣ алоқамандро интизорем?

18 Лекин беш аз ҳама, мо бояд нисбати саломатии рӯҳониамон ғамхорӣ кунем ва муносибатҳои гаронбаҳои худро бо Падари осмонӣ қавӣ гардонем. Ӯ Сарчашмаи «ҳаёти ҳозира» ва ҳамчунин ҳаёти «оянда» аст, ки онро дар дунёи нави ваъдакардааш хоҳем дошт (1 Тим. 4:8; Заб. 35:10). Ба туфайли он ки гуноҳҳоямон дар асоси фидияи Исо бахшида мешаванд, мо дар дунёи нав аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ комилан шифо меёбем. Барраи Худо — Исои Масеҳ моро «ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд» ва Худо ҳар ашкро аз чашмони мо пок хоҳад кард (Ваҳй 7:14–17; 22:1, 2). Он гоҳ мо иҷро шудани пешгӯии зерини ҳаяҷонбахшро хоҳем дид: «Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Иш. 33:24).

19. Нисбати саломатиамон оқилона ғамхорӣ карда, мо ба чӣ боварии комил дошта метавонем?

19 Мо эътимод дорем, ки раҳоӣ наздик аст ва бесаброна замонеро, ки Яҳува инсониятро аз бемориву марг халос мекунад, интизорем. Ҳоло бошад, мо боварии комил дорем, ки Падари пурмуҳаббатамон барои бурдани бори бемориву дард кӯмак менамояд, зеро Ӯ ба мо «ғамхорӣ мекунад» (1 Пет. 5:7). Пас биёед, ба саломатиамон ҳамеша мувофиқи принсипҳои Каломи илҳомбахшидаи Худо ғамхорӣ намоем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 9 Рӯйхати баъзе чунин мақолаҳо дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1–уми сентябри с. 2003, саҳ. 17 оварда шудааст.

Саволҳо барои такрор

• Кӣ ба бемор шудани одамон масъул аст ва кӣ оқибатҳои гуноҳро бартараф хоҳад кард?

• Ҳарчанд ғамхорӣ ба саломатӣ дуруст аст, мо бояд аз чӣ худдорӣ намоем?

• Чаро тарзҳои табобате, ки мо интихоб мекунем, ба Яҳува аҳамият доранд?

• Риоя кардани принсипҳои Китоби Муқаддас чӣ гуна ба саломатӣ мусоидат мекунад?

[Саволҳо барои омӯзиш]