Бо иродаи қавӣ пурра шаҳодат медиҳем
Бо иродаи қавӣ пурра шаҳодат медиҳем
«Ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза намоем ва [«пурра», ТДН] шаҳодат диҳем» (АЪМ. 10:42).
1. Ҳангоми назди Корнилюс сухан гуфтанаш Петрус кадом масъулияти расулонро қайд кард?
АФСАРИ РУМӢ дӯстону хешовандонашро ҷамъ кард, ки он воқеа дар муносибати Худову одамон марҳилаи муҳиме гашт. Ин марди худотарс Корнилюс буд. Петруси расул ба гурӯҳи ҷамъомадагон гуфт, ки ба расулон супориш дода шудааст, то дар бораи Исо «пурра» (ТДН) шаҳодат диҳанд. Шаҳодати Петрус натиҷаи хуб овард. Бар ғайрияҳудиёни номахтун рӯҳулқудс рехта шуд, онҳо таъмид гирифтанд ва умеди дар осмон ҳамроҳи Исо подшоҳӣ карданро пайдо намуданд. Чӣ натиҷаи олиҷанобе овард ба таври пурра шаҳодат додани Петрус! (Аъм. 10:22, 34–48).
2. Аз куҷо мо медонем, ки супориши шаҳодатдиҳӣ на танҳо ба 12 расул дода шуда буд?
2 Он воқеа соли 36–уми д. мо. рӯй дод. Тақрибан ду сол пештар бо таъқибгари ашаддии масеҳиён ҳодисае рух дод, ки ҳаёти ӯро комилан дигаргун сохт. Шоули тарсусӣ сӯи Димишқ равона буд ва ба ӯ Исо зоҳир шуда, гуфт: «Ба шаҳр бирав ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ». Исо пайраваш Ҳанониёро итминон бахшид, ки Шоул «пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил» шаҳодат хоҳад дод. (Аъмол 9:3–6, 13–20-ро бихонед.) Ҳанониё назди Шоул омада, гуфт: «Худои падарони мо туро баргузидааст ... чунки дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ӯ хоҳӣ шуд» (Аъм. 22:12–16). Шоул, ки баъдтар чун Павлус машҳур гашт, ба супориши шаҳодатдиҳӣ то чӣ андоза ҷиддӣ муносибат кард?
Ӯ ба таври пурра шаҳодат медод!
3. а) Кадом пораи Китоби Муқаддасро мо мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳем? б) Пирони эфсӯсӣ ба даъвати Павлус чӣ гуна муносибат карданд ва онҳо дар чӣ намунаи хубе гузоштанд?
3 Бешубҳа, муфассал омӯхтани фаъолияти минбаъдаи Павлус хеле шавқовар хоҳад буд, лекин биёед ҳоло ба нутқе, ки ӯ тақрибан соли 56–уми д. мо гуфт, таваҷҷӯҳ намоем; он нутқ дар боби 20–уми китоби Аъмол навишта шудааст. Павлус ин нутқро қариб дар охири сафари сеюми миссионериаш гуфта буд. Ӯ дар Милитус, ки бандаргоҳе дар баҳри Эгей буд, аз киштӣ фаромад ва назди пирони ҷамъомади Эфсӯс одам фиристод. Шаҳри Эфсӯс 50 километр дуртар воқеъ буд, вале аз сабаби каҷу килебӣ роҳ дарозтар буд. Вақте ки пирони эфсӯсӣ аз Павлус хабар шуниданд, онҳо шояд беандоза хурсанд шуда бошанд. (Бо Масалҳо 10:28 қиёс кунед.) Бо вуҷуди ин, онҳо барои рафтан ба Милитус бояд корҳои худро тахт мекарданд. Эҳтимол барои ин баъзеҳо бояд аз кор ҷавоб мегирифтанд ё дӯконашонро мебастанд. Аксарияти масеҳиёни имрӯза низ ҳамин тавр амал мекунанд, зеро онҳо аз ягон қисми анҷумани ҳарсолаи вилоятӣ бебаҳра мондан намехоҳанд.
4. Таи чанд соли дар Эфсӯс зистанаш Павлус бо чӣ кор машғул буд?
4 Ба фикри шумо, Павлус дар давоми се–чор рӯз то омадани пирон дар Милитус чӣ кор мекард? Агар шумо дар ҷои ӯ мебудед, чӣ кор мекардед? (Бо Аъмол 17:16, 17 қиёс кунед.) Ба суханоне, ки Павлус ба пирони эфсӯсӣ гуфт, таваҷҷӯҳ мекунем. Вай ба онҳо оиди коре, ки тӯли солҳо, аз он ҷумла ҳангоми дар Эфсӯс буданаш, иҷро мекард, нақл намуд. (Аъмол 20:18–21-ро бихонед.) Павлус медонист, ки касе ба ӯ эътироз карда наметавонад ва аз ин рӯ гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам ... хотирнишон мекардам [«пурра шаҳодат медодам», ТДН]». Бале, ӯ барои иҷрои супориши Исо иродаи қавӣ дошт. Павлус он супоришро дар Эфсӯс чӣ гуна иҷро мекард? Масалан, ӯ ба ҷойҳое, ки яҳудиёни зиёд ҷамъ мешуданд, ташриф оварда, ба онҳо шаҳодат медод. Мувофиқи суханони Луқо, вақте ки Павлус тақрибан солҳои 52–55-и д. мо дар Эфсӯс буд, ӯ дар куништ «мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард». Азбаски баъзе яҳудиён «сахтдил буданд ва имон намеоварданд», Павлус онҳоро тарк намуда, ба қисми дигари шаҳр рафт ва ба дигарон мавъиза карданро давом дод. Дар он шаҳри калон, ӯ ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба юнониён мавъиза менамуд (Аъм. 19:1, 8, 9).
5, 6. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳангоми мавъизаи хона ба хона Павлус бо беимонон сӯҳбат мекард?
5 Баъзеи онҳое, ки масеҳӣ гаштанд, бо гузашти вақт ба талабот барои пирон мувофиқат мекардагӣ шуданд. Дар Милитус маҳз ба онҳо Павлус хотиррасон намуд, ки ӯ чӣ тавр мавъиза мекард: «Ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона гашта, ба шумо маъвиза намудам ва таълим додам». Имрӯз баъзеҳо мегӯянд, ки Павлус ин ҷо дар бораи мулоқоти шубонӣ, ки бо ҳамимонон карда мешавад, сухан мегӯяд. Вале ин тавр нест. Ибораи «дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона ... таълим додан» асосан ба мавъиза байни беимонон дахл дорад. Суханони минбаъдаи Павлус инро тасдиқ мекунанд: «Ба яҳудиён ва юнониён хотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба ... Исои Масеҳ имон оваранд». Равшан аст, ки Павлус ба беимонон мавъиза менамуд, зеро маҳз ба онҳо тавба кардану ба Исо имон овардан лозим буд (Аъм. 20:20, 21).
6 Олиме, ки Навиштаҳои Юнониро ба таври муфассал шарҳ додааст, дар бораи Аъмол 20:20 мегӯяд: «Павлус се сол дар Эфсӯс зиндагӣ кард. Ӯ ба ҳар хона ташриф овард; ба ҳар ҳол, гуфтан мумкин аст, ки вай ба ҳамаи сокинони шаҳр мавъиза карда буд (ояти 26). Ин ояти Китоби Муқаддас барои хона ба хона ҳамчунин дар ҷойҳои серодам мавъиза кардани Инҷил асос аст». Дар ҳақиқат ба ҳар хона ташриф овардани Павлус, ҳамон тавре ки он олим қайд мекунад, маълум нест. Дар ҳар сурат, Павлус намехост, то пирони эфсӯсӣ фаромӯш кунанд, ки ӯ чӣ тавр мавъиза мекард ва он чӣ натиҷаҳо оварда буд. Луқо менависад, ки «ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён» каломи Исоро шуниданд (Аъм. 19:10). Чӣ тавр «ҳама» дар Осиё хушхабарро шуниданд ва аз ин дар алоқамандӣ бо хидмати мавъизаамон мо ба чӣ хулоса меоем?
7. Чӣ тавр мавъизаи Павлус ба онҳое, ки ӯ шахсан мавъиза накарда буд, таъсир расонида метавонист?
7 Ба туфайли он ки Павлус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хона ба хона мавъиза мекард, бисёриҳо хушхабарро шуниданд. Ба фикри шумо, оё ҳамаи онҳо дар Эфсӯс монданд? Баъзеҳо шояд барои кору тиҷорат, зистан бо хешовандон ё дур шудан аз шӯру ғавғои шаҳри калон ба ҷойҳои дигар кӯчида бошанд. Имрӯз низ бисёри одамон аз ин сабабҳо аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчанд. Шояд шумо ҳам макони зистатонро иваз карда бошед. Ҳамчунин дар он замонҳо одамон барои хабар гирифтани хешу дӯстон ва машғул шудан бо тиҷорат аз ҷойҳои дигар ба Эфсӯс меомаданд. Он ҷо онҳо метавонистанд бо Павлус вохӯранд ё аз мавъизаи ӯ бохабар шаванд. Вақте ки онҳо ба хонаҳоашон бармегаштанд, чӣ кор мекарданд? Касоне ки ҳақиқатро қабул намуданд, онро ба дигарон мавъиза мекарданд. Шахсоне, ки имон наоварданд, эҳтимол суханони дар Эфсӯс шунидаашонро ба дигарон нақл менамуданд. Ҳамин тавр хешовандон, ҳамсояҳо ва мизоҷони онҳо ҳақиқатро мешуниданд ва баъзеҳо шояд онро қабул мекарданд. (Бо Марқӯс 5:14 қиёс кунед.) Аз ин ба чӣ хулосае омадан мумкин аст? Ба таври пурра шаҳодат додани шумо чӣ натиҷа оварда метавонад?
8. Эҳтимол ба туфайли чӣ ҳама сокинони Осиё аз ҳақиқат бохабар шуданд?
8 Оиди хидмат дар Эфсӯс Павлус менависад, ки он ҷо барояш «дарвозаи бузургу фарох»–и фаъолият кушода шуда буд (1 Қӯр. 16:8, 9). Ин чӣ «дарвоза»–е буд ва он чӣ гуна барои Павлус боз шуд? Хидмати бардавоми Павлус дар Эфсӯс ба паҳн гаштани хушхабар мусоидат кард. Биёед ба Қӯлассо, Лудкия ва Ҳирапӯлис — се шаҳре, ки аз баҳр дур буданд, таваҷҷӯҳ кунем. Ба он шаҳрҳо Павлус боре нарафта бошад ҳам, хушхабар то ба он ҷо паҳн шуд, зеро Эпафрос аз он ҷойҳо буд (Қӯл. 2:1; 4:12, 13). Оё Эпафрос дар Эфсӯс мавъизаи Павлусро шунида, масеҳӣ гашт? Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоби аниқ намедиҳад. Лекин вақте ки Эпафрос ҳақиқатро дар зодгоҳи худ мавъиза мекард, ӯ эҳтимол чун намояндаи Павлус амал менамуд (Қӯл. 1:7). Дар давоми солҳое, ки Павлус дар Эфсӯс хидмат мекард, хушхабар шояд то шаҳрҳои Филоделфия, Сардис ва Тиётиро расида буд.
9. а) Павлус чӣ хоҳиши самимие дар дил дошт? б) Матни солона барои соли 2009 кадом аст?
9 Хуллас, пирони эфсӯсӣ бо суханони зерини Павлус розӣ нашуда наметавонистанд: «Ман ҷони худро каме ҳам азиз намешуморам, фақат ки роҳи худ ва хидматеро, ки ба ман Ҳазрати Исо додааст, ба анҷом расонам ва дар бораи хушхабари меҳрубонии беҳамтои Худо пурра шаҳодат диҳам». Қисми зерини ин оят барои соли 2009 чун матни солона интихоб шудааст: «Дар бораи хушхабар ... пурра шаҳодат [диҳед]». Ин матн моро рӯҳбаланд мекунад ва ба амал бармеангезад (Аъм. 20:24, ТДН).
Имрӯз ба таври пурра шаҳодат медиҳем
10. Аз куҷо медонем, ки мо низ бояд ба таври пурра шаҳодат диҳем?
10 Бо гузашти вақт супориши мавъиза кардану пурра шаҳодат додан на фақат ба расулон, балки ба дигарон низ дахл медоштагӣ шуд. Исои эҳёшуда ҳангоми сӯҳбат бо шогирдони дар Ҷалил ҷамъшудааш, ки қариб 500 нафар буданд, амр дод: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд». Ин амр имрӯз ба ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ дахл дорад, ки он аз суханони зерини Исо бармеояд: «Инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20).
11. Шоҳидони Яҳува бо кадом фаъолияти муҳимашон машҳуранд?
11 Масеҳиён ба амри Исо итоат карда, бо ҷидду ҷаҳд дар бораи хушхабар пурра шаҳодат медиҳанд. Барои иҷрои ин кор онҳо асосан хона ба хона мавъиза мекунанд. Павлус ин тарзи шаҳодатдиҳиро ба пирони эфсӯсӣ хотиррасон карда буд. Дар китоби Дейвид Стюарти хурдӣ, ки он ба хидмати самараноки миссионерӣ бахшида шуда, соли 2007 ба чоп расидааст, гуфта мешавад: «Тарзу усулҳои Шоҳидони Яҳува ҳар аъзои созмонро ба фаъолияти миссионерӣ бештар бармеангезанд, нисбат ба он назарияҳои хушку холие [ки аз минбари калисо садо медиҳанд]. Барои аксарияти Шоҳидони Яҳува сӯҳбат дар мавзӯи эътиқодашон кори дӯстдошта аст». Натиҷаи он чист? «Соли 1999 ҳангоми гузаронидани пурсиш байни сокинони ду пойтахти Аврупои Шарқӣ фақат аз 2 то 4 фоизи онҳо қайд карданд, ки наздашон миссионерони калисои “Порсоёни охирзамон” ё худ “Мормонҳо” омадаанд. Ҳол он ки зиёда аз 70 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки бо онҳо Шоҳидони Яҳува шахсан сӯҳбат кардаанд ва бо аксарияташон маротибаҳои зиёд».
12. а) Чаро мо ба хонаҳои сокинони маҳалламон маротибаҳои зиёд меоем? б) Мисоле оред, ки чӣ гуна касе бо гузашти вақт муносибаташро ба хушхабар дигар кардааст.
12 Эҳтимол одамони маҳалли шумо низ ҳамин тавр гӯянд. Шояд шумо ҳам дар паҳн шудани хушхабар саҳми худро гузоштед. Ҳангоми хидмати хона ба хона шумо шахсан бо мардону занон ва ҷавонон сӯҳбат намудед. Баъзеҳо шояд шуморо гӯш намекунанд, ҳарчанд наздашон маротибаҳои зиёд меоед. Дигарон эҳтимол вақти кӯтоҳе ҷудо мекунанд, ки шумо ояте аз Китоби Муқаддас хонед ё фикреро аз он гӯед. Ба ҳар ҳол, ба баъзеҳо шумо шаҳодати хуб медиҳед ва онҳо ҳақиқатро қабул мекунанд. «Дар бораи хушхабар пурра шаҳодат» дода, мо бо ҳар гуна муносибат рӯ ба рӯ шуда метавонем. Эҳтимол шумо мисолҳои зиёде медонед, ки касе ба ташрифҳои зиёди мо нигоҳ накарда, рағбате зоҳир наменамуд, лекин сипас муносибаташ дигар шуд. Шояд бо онҳо ё бо наздиконашон воқеае рух дода бошад, ки ақлу дили онҳоро барои қабули ҳақиқат кушодааст. Ҳоло онҳо бародарону хоҳарони моянд. Аз ин рӯ, рӯҳафтода нашавед, агар вақтҳои охир одамони рағбатдорро кам вохӯред. Мо интизор нестем, ки ҳама ҳақиқатро қабул мекунанд. Лекин Худо мехоҳад, ки мо бо ҷидду ҷаҳд пурра шаҳодат доданро давом диҳем.
Натиҷаҳое, ки аз чашми мо пӯшидаанд
13. Чӣ тавр ба касе шаҳодат додани мо барои ба ҳақиқат омадани дигаре кӯмак карда метавонад?
13 Аз хидмати Павлус на фақат касоне, ки ӯ барояшон дар қабули ҳақиқат шахсан кӯмак кардааст, баҳра бурданд. Нисбати хидмати мо низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. Мақсади мо — иштироки мунтазам дар хидмати хона ба хона ва шаҳодатдиҳӣ ба шумораи ҳарчи бештари одамон аст. Мо хушхабарро ба ҳамсоягон, ҳамкорон, ҳамсинфон ва хешовандонамон мерасонем. Оё ҳамаи он чизеро ки баъд аз ин сӯҳбатҳо рӯй медиҳад, мо медонем? Баъзеҳо шояд дарҳол хушхабарро қабул кунанд. Дар ҳолатҳои дигар, тухми ҳақиқат замоне намесабзад, лекин сипас он дар дили инсон реша давонда, майса мезанад. Ҳатто чунин нашавад ҳам, касоне, ки бо онҳо сӯҳбат кардем, шояд ба дигарон дар бораи суханони мо, эътиқоду рафторамон нақл кунанд. Ҳамин тавр онҳо надониста, ба он мусоидат мекунанд, ки тухми ҳақиқат ба хоки хуб афтад.
14, 15. Шаҳодати ғайрирасмии бародар чӣ натиҷаҳо овард?
14 Фақат як мисол меорем: ҳамсарон Райен ва Манди дар Флорида (ИМА) зиндагӣ мекунанд. Райен дар ҷои кор ба ҳамкораш ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат дод. Ба он мард, ки ҳинду буд, тарзи либоспӯшӣ ва сухангӯии Райен маъқул шуд. Ҳангоми сӯҳбат Райен ҳамчунин дар бораи ҳолати мурдагон ва эҳё шудани онҳо нақл кард. Рӯзе, шоми моҳи январ он мард аз ҳамсараш Ҷоди пурсид, ки ӯ дар барои Шоҳидони Яҳува чӣ медонад. Ҷоди католик буд ва гуфт, ки дар бораи Шоҳидон фақат ҳаминро медонад, ки онҳо дар ба дар мавъиза мекунанд. Сипас Ҷоди дар Интернет дар бораи Шоҳидони Яҳува маълумот ҷустуҷӯ карда, ба вебсайти мо даромад (www.watchtower.org). Тӯли чанд моҳ, Ҷоди маълумотеро, ки дар ин сайт буд, аз он ҷумла Китоби Муқаддас ва мақолаҳои барояш шавқоварро мутолиа кард.
15 Чанде пас Ҷоди бо Манди, ки мисли ӯ ҳамшираи шафқат буд, вохӯрд. Манди хурсандона ба саволҳои Ҷоди ҷавоб медод. Рӯзе дар сӯҳбат онҳо, ба қавли Ҷоди, ҳама чизро — «аз офариниши Одам то Ҳармиҷиддӯн» — муҳокима карданд. Ҷоди ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуд. Каме пас ӯ ба Толори Салтанат ташриф меовард. Дар моҳи октябр Ҷоди воизи таъмиднаёфта гашт ва дар моҳи феврал таъмид гирифт. Ӯ менависад: “Ҳоло, ки ман аз ҳақиқат бохабарам, бисёр хушбахтам ва зиндагӣ бароям қаноатмандӣ меорад”.
16. Ба таври пурра шаҳодат додани бародаре аз Флорида ба чӣ оварда расонд ва мо аз ин чӣ меомӯзем?
16 Райен намедонист, ки дар натиҷаи ба як одам мавъиза карданаш, дигаре ба ҳақиқат меояд. Ӯ дид, ки кӯшиши «пурра шаҳодат» доданаш чӣ натиҷа овард. Ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин аст, ки ҳангоми назди дар, дар ҷои кор, мактаб ё ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат додани мо ғайр аз ҳамсӯҳбатамон хушхабарро дигарон низ мешунаванд ва аз ин мо на ҳамеша воқиф мегардем. Ҳамон тавре ки Павлус то ба охир намедонист, ки мавъизаи ӯ дар «вилояти Осиё» чӣ натиҷаҳо овард, мо ҳам то ба охир намедонем, ки ба таври пурра шаҳодат доданамон чӣ натиҷаҳои хубе меорад. (Аъмол 23:11; 28:23-ро бихонед.) Пас то чӣ андоза муҳим аст давом додани кори мавъиза!
17. Дар соли 2009 ба иҷроиши кадом супориш мо боқатъият омодаем?
17 Биёед дар соли 2009 аз самими дил хона ба хона ё бо роҳҳои дигар мавъиза кунем. Он гоҳ мо низ мисли Павлус хоҳем гуфт: «Ман ҷони худро каме ҳам азиз намешуморам, фақат ки роҳи худ ва хидматеро, ки ба ман Ҳазрати Исо додааст, ба анҷом расонам ва дар бораи хушхабари меҳрубонии беҳамтои Худо пурра шаҳодат диҳам».
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чӣ тавр расулон — Петрусу Павлус ва масеҳиёни дигари асри як ба таври пурра шаҳодат медоданд?
• Чӣ гуна ба касе шаҳодат додани мо барои ба ҳақиқат омадани дигаре кӯмак карда метавонад?
• Матни солона барои соли 2009 чӣ гуна садо медиҳад ва ба фикри худи шумо чаро он бамаврид аст?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Замима дар саҳифаи 8]
Матни солона барои соли 2009: «Дар бораи хушхабар... пурра шаҳодат [диҳед]». (Аъмол 20:24, ТДН)