Исо дар иҷрошавии иродаи Худо нақши барҷаста мебозад
Исо дар иҷрошавии иродаи Худо нақши барҷаста мебозад
«Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (ЮҲ. 14:6).
1, 2. Чаро ба нақши барҷастае, ки Исо дар иҷрошавии иродаи Худо мебозад, таваҷҷӯҳ бояд кард?
ДАР тӯли асрҳо одамони зиёд мекӯшиданд, ки шӯҳратманд шаванду аз атрофиён фарқ кунанд, вале каме аз онҳо ба мақсад расиданд. Касоне, ки дар ягон ҷодаи муҳим ҳақиқатан ҳам барҷаста мебошанд, аз ин ҳам камтаранд. Лекин Писари Худо — Исои Масеҳ барҷастатарин шахсият аст. Ӯ аз бисёр ҷиҳатҳо беҳамтост.
2 Барои чӣ ба нақши барҷастаи Исо таваҷҷӯҳ бояд кард? Барои он ки сухан дар бораи муносибатҳое меравад, ки мо бо Падари осмониамон — Яҳува дорем. Исо гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳ. 14:6; 17:3). Биёед бубинем, ки Исо аз кадом ҷиҳатҳо беҳамтост. Ин ба мо имконият медиҳад, ки нақши Исоро дар иҷрошавии иродаи Худо хубтар фаҳмем ва онро қадр намоем.
«Писари ягоназод»
3, 4. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Писари ягоназод буданаш Исоро беҳамто мегардонад? б) Дар офариниш Исо чӣ нақши беҳамтое бозидааст?
3 Исо аз дигар писарони Худо фарқ мекунад. Ӯ «Писари ягоназоди Худо» номида шудааст (Юҳ. 3:16, 18, ТДН). Калимаи юноние, ки «ягоназод» тарҷума шудааст, маънои «дар зоти худ ягона», «беҳамто»-ро дорад. Азбаски Яҳува соҳиби садҳо миллион писарони рӯҳӣ аст, ба кадом маъно Исо «дар зоти худ ягона» мебошад?
4 Исо ба он маъно дар зоти худ ягона мебошад, ки ӯро бевосита худи Падараш офаридааст. Вай писари нахустзода — «нахустзодаи тамоми махлуқот аст» (Қӯл. 1:15). Ӯ «ибтидои хилқати Худост» (Ваҳй 3:14). Нақши Писари ягоназод дар офариниш низ беҳамто мебошад. Ӯ Офаридгор нест, лекин Яҳува ба воситаи ӯ ҳама чизҳои дигарро офарид. (Юҳанно 1:3-ро бихонед.) Павлуси расул навиштааст: «Мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд [«Ҳазрат», ТДН] дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем» (1 Қӯр. 8:6).
5. Чӣ тавр Навиштаҳо беҳамто будани Исоро қайд мекунанд?
5 Аммо беҳамто будани Исо бо ин маҳдуд намешавад. Дар Навиштаҳо нисбати ӯ унвонҳо ва калимаву ибораҳои тавсифии зиёд истифода шудаанд, ки онҳо нақши барҷастаи вайро дар иҷрошавии иродаи Худо қайд мекунанд. Биёед боз 5–тои онҳоро, ки дар Навиштаҳои Юнонӣ нисбати Исо истифода мешаванд, дида бароем.
«Калом»
6. Чаро «Калом» номида шудани Исо дуруст аст?
6 (Юҳанно 1:14-ро бихонед.) Чаро Исо «Калом» номида шудааст? Ин унвон ба нақше, ишора мекунад, ки Исо аз замони офарида шудани дигар махлуқоти соҳибақл иҷро менамояд. Яҳува ба воситаи ин Писар маълумот ва дастуротро ба дигар писарони рӯҳиаш мерасонд. Худо ӯро ҳамчунин барои ба одамон расонидани паёми худ истифода мекард. Калом ё Намояндаи Худо будани Исоро суханони худи ӯ тасдиқ менамуданд. Исо ба яҳудиён гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст; Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям» (Юҳ. 7:16, 17). Исо ҳоло ҳам — баъди ба ҷалоли осмонӣ баргаштанаш, «Каломи Худо» мебошад (Ваҳй 19:11, 13).
7. Чӣ гуна мо ба фурӯтание, ки Исо чун «Калом» зоҳир намуд, пайравӣ карда метавонем?
7 Танҳо дар бораи он фикр кунед, ки ин унвон чӣ маъно дорад. Ҳарчанд Исо хирадмандтарин офаридаи Яҳува аст, ӯ ба хиради худ такя намекунад. Вай айнан ҳамон чизеро ки Падараш таълим додааст, мегӯяд. Ӯ ҳамеша диққатро ба Яҳува равона мекард, на ба худаш (Юҳ. 12:50). Чӣ намунаи хубест барои пайравӣ! Ба мо низ имтиёзи хуби «аз сулҳу осоиштагӣ башорат» додан бахшида шудааст (Рум. 10:15). Агар мо эътироф намоем, ки Исо бароямон намунаи хуби фурӯтанӣ аст, мо аз номи худ сухан намегӯем. Вақте ки хабари ҳаётбахши Китоби Муқаддасро ба дигарон мерасонем, мо «бештар аз он чӣ навишта шудааст» намегӯем (1 Қӯр. 4:6).
«Омин»
8, 9. а) Калимаи «омин» чӣ маъно дорад ва чаро Исо «Омин» номида шудааст? б) Чӣ тавр Исо нақши худро чун «Омин» иҷро кард?
8 (Ваҳй 3:14-ро бихонед.) Чаро Исо «Омин» номида шудааст? Калимаи «омин» аз забони қадимии ибрӣ омадааст, ки маънои «ҳамин тавр шавад» ё «ҳақ аст»-ро дорад. Решаи ин калимаи ибрӣ «амин, вафодор ё сазовори боварӣ будан»-ро мефаҳмонад. Айнан ҳамин калима барои ифода кардани вафодории Яҳува истифода шудааст (Такр. Ш. 7:9; Иш. 49:7). Пас, унвони «Омин» ба кадом маъно Исоро беҳамто мегардонад? Аҳамият диҳед, ки 2 Қӯринтиён 1:19, 20 ба ин савол чӣ гуна ҷавоб медиҳад: «Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо ... дар миёни шумо Ӯро мавъиза менамудем, “оре” ва “не” набуд, балки дар Ӯ фақат “оре” буд,— зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ “оре” буд ва дар Ӯ “омин” буд,— барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо».
9 Исо «Омин» аст, зеро ӯ ҳақ будани ҳамаи ваъдаҳои Худоро исбот мекунад. Умре, ки вай дар рӯи замин дар беайбӣ гузаронд, аз он ҷумла қурбон кардани ҳаёташ, иҷрошавии ҳамаи ваъдаҳои Яҳуваро имконпазир гардонд. Бо содиқ монданаш Исо инчунин дурӯғ будани даъвои Шайтонро исбот намуд; мувофиқи китоби Айюб Шайтон ходимони Худоро дар он айбдор мекунад, ки онҳо ҳангоми дучоршавӣ бо мӯҳтоҷӣ, ранҷу азоб ва озмоишҳо аз Ӯ рӯ мегардонанд (Айюб 1:6–12; 2:2–7). Аз байни ҳама офаридаҳои Худо Писари нахустзода ба он айбдоркунӣ ҷавоби қатъитарин дода тавонист. Ба замми ин, Исо дар саволи бузурги баҳсталабе, ки бо ҳокимияти Яҳува алоқаманд аст, Падарашро дастгирӣ карда, ба таври беҳтарин Ҳокими комилҳуқуқи Даҳр будани Ӯро исбот намуд.
10. Чӣ гуна мо ба Исо дар нақши беҳамтое, ки ӯ чун «Омин» иҷро мекунад, пайравӣ карда метавонем?
10 Инак, Исо «Омин» аст. Дар ин нақши беҳамто мо ба ӯ чӣ гуна пайравӣ карда метавонем? — Бо он ки ба Яҳува содиқ мемонем ва ҳокимияти Ӯро дастгирӣ менамоем. Ҳамин тавр мо мувофиқи суханони дар Масалҳо 27:11 навишташуда амал мекунем: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам».
«Миёнарави аҳди ҷадид»
11, 12. Чаро нақши Исо чун Миёнарав беҳамтост?
11 (1 Тимотиюс 2:5, 6-ро бихонед.) Исо ягона «воситачии байни Худо ва одамон» мебошад. Ӯ «Миёнарави аҳди ҷадид [яъне аҳди нав] аст» (Ибр. 9:15; 12:24). Вале Мусо низ миёнарав — миёнарави Аҳди Қонун номида шудааст (Ғал. 3:19). Пас, чаро нақши Исо чун Миёнарав беҳамто мебошад?
12 Калимаи юноние, ки «миёнарав» тарҷума шудааст, истилоҳи ҳуқуқшиносӣ мебошад. Он ба Исо чун ба миёнарави қонунӣ (ё вакил)–и аҳди нав ишора мекунад, ки ба туфайли ин аҳд тавлиди халқи нав — «Исроили Худо», имконпазир гашт (Ғал. 6:16). Ин халқ аз масеҳиёни бо рӯҳулқудс тадҳиншуда иборат аст, ки онҳо дар осмон «каҳонати шоҳона»-ро ташкил медиҳанд (1 Пет. 2:9; Хур. 19:6). Аҳди Қонун, ки миёнарави он Мусо буд, барои пайдо шудани чунин халқ ибтидо нагузошт.
13. Нақши Исо чун Миёнарав чиро дар бар мегирад?
13 Нақши Исо чун Миёнарав чиро дар бар мегирад? Яҳува баҳои хуни рехтаи Исоро нисбати касоне, ки бо онҳо аҳди нав бастанӣ буд, истифода мебарад. Дар ин асоси қонунӣ Ӯ онҳоро одил мешуморад ва ба аҳди нав қабул мекунад, то онҳо дар оянда дар осмон подшоҳону коҳинон шаванд (Рум. 3:24; Ибр. 9:15). Чун Миёнарав Исо кӯмак мекунад, ки онҳо назди Худо пок бимонанд (Ибр. 2:16).
14. Чаро ҳамаи масеҳиён новобаста аз умеди доштаашон бояд нақши Исоро чун Миёнарав дар ҳақиқат қадр намоянд?
14 Дар бораи касоне, ки дар аҳди нав нестанду умед бар зиндагии абадӣ дар рӯи замин доранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Гарчанде ин шахсон иштироккунандагони аҳди нав набошанд ҳам, он бар манфиати онҳо хидмат мекунад. Гуноҳҳои ин шахсон бахшида мешаванд ва онҳо чун дӯстони Худо одил эълон мегарданд (Яъқ. 2:23; 1 Юҳ. 2:1, 2). Хоҳ мо умед бар ҳаёти осмонӣ дошта бошем, хоҳ бар зиндагӣ дар рӯи замин, ҳамаамон бояд нақши Исоро чун Миёнарави аҳди нав қадр намоем.
«Саркоҳин»
15. Исо чун Саркоҳин аз ҳамаи саркоҳинони пешин бо чӣ фарқ мекунад?
15 Дар гузашта мардони зиёде чун саркоҳин хидмат карда буданд, лекин нақши Исо чун Саркоҳин дар ҳақиқат беҳамтост. Чаро? Павлус шарҳ медиҳад, ки ин Саркоҳин «эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард. Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард» (Ибр. 7:27, 28).
16. Чаро қурбонии Исо дар ҳақиқат беҳамтост?
16 Исо инсони комил буд, айнан ҳамон тавре ки Одам то гуноҳ карданаш (1 Қӯр. 15:45). Бинобар ин, Исо ягона инсоне буд, ки қурбонии комил ва мувофиқро оварда метавонист — қурбониеро, ки бори дигар овардан лозим набуд. Вақте ки Қонуни Мусо амал мекард, ҳар рӯз қурбониҳо оварда мешуданд. Лекин ҳамаи ин қурбониҳо ва хидмати коҳинон сояи корҳое буданд, ки Исо бояд ба анҷом мерасонд (Ибр. 8:5; 10:1). Азбаски Исо назар ба саркоҳинони дигар метавонад чизи бештаре кунад ва ба таври ҳамешагӣ хидмат намояд, нақши ӯ чун Саркоҳин беҳамтост.
17. Чаро мо бояд нақши Исоро чун Саркоҳин қадр намоем ва чӣ гуна мо инро карда метавонем?
17 Мо барои доштани илтифоти Худо ба хидмате, ки Исо чун Саркоҳин мекунад, ниёз дорем. Чӣ гуна Саркоҳини олиҷанобе дорем мо! Павлус навиштааст: «Мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард» (Ибр. 4:15). Дар ҳақиқат, миннатдорӣ барои он ки Исо чунин Саркоҳин аст, моро бармеангезад, то акнун на аз барои худамон зиндагӣ кунем, балки барои ӯ, ки аз барои мо мурд ва эҳё шуд (2 Қӯр. 5:14, 15; Луқ. 9:23).
«Насл»–и ваъдашуда
18. Баъди гуноҳ кардани Одам кадом пешгӯӣ гуфта шуд ва дар бораи он баъдтар чӣ ошкор гашт?
18 Ҳанӯз дар боғи Адан, вақте ки одамизод гӯё ҳама чизро — номи неки худро назди Яҳува, ҳаёти ҷовидонӣ, хушбахтӣ ва Биҳиштро — аз даст дод, Яҳува Худо омадани Наҷотдиҳандаро пешгӯӣ кард. Ӯ «насл» номида шуд (Ҳас. 3:15). Ин насли пурасрор дар тӯли асрҳо мавзӯи пешгӯиҳои зиёди Китоби Муқаддас гашт. Вай бояд аз насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мебаромад. Ӯ ҳамчунин бояд дар авлоди шоҳ Довуд ба дунё меомад (Ҳас. 21:12; 22:16–18; 28:14; 2 Подш. 7:12–16).
19, 20. а) Насли ваъдашуда кист? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки на танҳо Исо насли ваъдашуда мебошад?
19 Ин Насли ваъдашуда кӣ буд? Ба ин савол Ғалотиён 3:16 ҷавоб медиҳад. (Оятро бихонед.) Баъдтар дар худи ҳамин боб Павлуси расул ба масеҳиёни тадҳиншуда мегӯяд: «Агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда» (Ғал. 3:29). Агар Насли ваъдашуда Масеҳ бошад, чӣ тавр дигарон низ он насл буда метавонанд?
20 Миллионҳо одамон худро аз авлоди Иброҳим мешуморанд, ҳатто баъзеҳо даъвои пайғамбарӣ мекунанд. Бархе динҳо бахусус қайд менамоянд, ки пайғамбаронашон аз насли Иброҳим баромадаанд. Магар ҳамаи онҳо Насли ваъдашуда мебошанд? Не. Зери илҳоми Илоҳӣ Павлуси расул қайд кард, ки на ҳама аз авлоди Иброҳим Насли ваъдашуда буда метавонанд. Инсоният бояд тавассути касе, ки танҳо аз насли Исҳоқ мебаромад, баракат дода мешуд, на тавассути насле, ки аз дигар писарони Иброҳим ба дунё омаданд (Ибр. 11:18). Дар натиҷа, танҳо як инсон — Исои Масеҳ қисми асосии насли ваъдашуда гашт; насабномаи вай дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, ки он аз насли Иброҳим будани ӯро нишон медиҳад *. Ҳамаи дигароне, ки баъдтар қисми дуввумдараҷаи насли Иброҳим гаштанд, дар он асос чунин мақомро ишғол карданд, ки онҳо «аз они Масеҳ» мебошанд. Бале, дар иҷрошавии пешгӯӣ оиди Насли ваъдашуда нақши Исо ҳақиқатан ҳам беҳамтост.
21. Аз он ки Исо чӣ гуна нақши барҷастаашро дар амалӣ гаштани иродаи Яҳува иҷро мекунад, хусусан чӣ бароятон таъсирбахш буд?
21 Аз муҳокимаи мухтасар оиди нақши барҷастае, ки Исо дар иҷрошавии иродаи Яҳува мебозад, мо чӣ фаҳмидем? Аз замони офарида шуданаш Писари ягоназоди Худо ҳақиқатан ҳам беҳамто ва дар зоти худ ягона мемонад. Бо вуҷуди ин, ин Писари Худо, ки баъдтар чун Исо ба замин омад, ҳамеша иродаи Падарашро бо фурӯтанӣ иҷро мекард ва ҳеҷ гоҳ ба худ ҷалолу шӯҳрат намеҷуст (Юҳ. 5:41; 8:50). Чӣ намунаи барҷастаест барои мо! Биёед, назди худ мақсад гузорем, ки монанди Исо ҳама корро «барои ҷалоли Худо ба ҷо» орем (1 Қӯр. 10:31).
[Эзоҳ]
^ сарх. 20 Ҳарчанд дар асри яки мелодӣ яҳудиён чун авлоди Иброҳим илтифоти махсуси Худоро интизор буданд, онҳо имон доштанд, ки як шахс Масеҳ ё Христос хоҳад буд (Юҳ. 1:25; 7:41, 42; 8:39–41).
Оё шумо дар хотир доред?
• Аз унвонҳо ва калимаву ибораҳои тавсифие, ки нисбати Исо истифода шудаанд, мо дар бораи нақши барҷастаи Исо чӣ мефаҳмем? (Ба замима нигаред.)
• Чӣ тавр мо ба намунаи Писари беҳамтои Яҳува пайравӣ карда метавонем?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Замима дар саҳифаи 5]
Баъзе унвонҳое, ки нақши беҳамтои Исоро дар иҷрошавии иродаи Худо, нишон медиҳанд
▪ Писари ягоназод (Юҳ. 1:3). Исо ягона шахсест, ки ӯро бевосита худи Падар офаридааст.
▪ Калом (Юҳ. 1:14). Яҳува Писарашро чун Намоянда истифода мекунад ва тавассути вай маълумоту дастуротро ба дигар офаридаҳояш мерасонад.
▪ Омин (Ваҳй 3:14). Умре, ки Исо дар рӯи замин дар беайбӣ гузаронд, аз он ҷумла қурбон кардани ҳаёташ, ҳақ будани ваъдаҳои Яҳува Худоро тасдиқ кард ва иҷрошавии онҳоро имконпазир гардонд.
▪ Миёнарави аҳди ҷадид (1 Тим. 2:5, 6). Чун Миёнарави қонунӣ Исо тавлиди халқи нав — «Исроили Худо»-ро имконпазир сохт, ки ин халқ дар осмон «каҳонати шоҳона»-ро ташкил хоҳанд кард (Ғал. 6:16; 1 Пет. 2:9).
▪ Саркоҳин (Ибр. 7:27, 28). Исо ягона инсоне буд, ки қурбонии комил оварда метавонист — қурбониеро, ки бори дигар овардан лозим набуд. Ӯ моро аз гуноҳ ва марге, ки он бо худ меорад, озод карда метавонад.
▪ Насли ваъдашуда (Ҳас. 3:15). Танҳо як инсон — Исои Масеҳ, қисми асосии он насли пешгӯишуда гашт. Ҳамаи онҳое, ки дертар қисми дуввумдараҷаи насли Иброҳим гаштанд, «аз они Масеҳ» ҳастанд (Ғал. 3:29).