Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё беайбии худро нигоҳ хоҳед дошт?

Оё беайбии худро нигоҳ хоҳед дошт?

Оё беайбии худро нигоҳ хоҳед дошт?

«То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (АЙЮБ 27:5).

1, 2. Дар «бунёд кардани» чӣ мо бояд иштирок кунем ва кадом саволҳоро муҳокима хоҳем кард?

ТАСАВВУР кунед, ки нақшаи хонаеро, ки сохтаниед, аз назар мегузаронед. Шумо мебинед, ки дар он ҳама чиз ба инобат гирифта шудааст. Фикри он ки дар ин хона бо оилаатон хуб зиндагӣ хоҳед кард, ба шумо хурсандӣ мебахшад. Магар аз он нақшаву фикрҳо фоидае ҳаст, агар шумо хонаро насозед, ба он накӯчед ва сипас онро дар ҳолати хуб нигоҳ надоред?

2 Мисли ин, мо мефаҳмем, ки беайбӣ хусусияти хеле муҳим асту он ба мо ва ба шахсоне, ки дӯсташон медорем, манфиати бисёр меорад. Лекин аз ин фикрҳои хуб фоидае нест, агар мо беайбиро ба даст наорему онро нигоҳ надорем. Дар ҷаҳони имрӯза бунёд кардани хонае одатан хароҷоти зиёдро талаб мекунад (Луқ. 14:28, 29). Ҳамчунин ба даст овардани беайбӣ мисли бунёд кардани биное вақту кӯшиш металабад, вале ин ба он меарзад. Чӣ тавр мо беайбиро ба даст оварда метавонем? Онро чӣ гуна нигоҳ дорем? Агар касе беайбиашро муддате аз даст диҳад, бояд чӣ кор кунад?

Мо чӣ тавр беайбиро ба даст оварда метавонем?

3, 4. а) Бо кадом роҳҳо Яҳува ба мо барои ба даст овардани беайбӣ кӯмак мекунад? б) Дар чӣ ба намунаи Исо пайравӣ намуда, мо беайбӣ ба даст оварда метавонем?

3 Чӣ хеле ки дар мақолаи гузашта қайд шуд, Яҳува ба мо дар нигоҳ доштан ё надоштани беайбӣ озодии интихоб додааст. Бо вуҷуди ин, Ӯ моро бе дастгириву ҳидоят намегузорад. Худо моро таълим медиҳад, ки чӣ гуна ин хусусияти бебаҳоро ба даст орем ва барои кӯмак дар бакорбарии таълимот бо фаровонӣ рӯҳулқудс медиҳад (Луқ. 11:13). Ғайр аз ин, Ӯ шахсонеро, ки ба нигоҳ доштани беайбӣ мекӯшанд, аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат мекунад (Мас. 2:7).

4 Яҳува чӣ гуна моро таълим медиҳад, то беайбиамонро нигоҳ дорем? Пеш аз ҳама, бо он ки Ӯ писараш — Исои Масеҳро ба замин фиристод. Исо ба таври комил итоаткорӣ зоҳир намуд. Ӯ «то вақти мамот ... фармонбардор буд» (Фил. 2:8). Исо ҳамеша ба Падари осмониаш итоат мекард, ҳатто вақте ки ин барояш ниҳоят мушкил буд. «На иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд»,— гуфт ӯ ба Яҳува (Луқ. 22:42). Ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: “Оё ман чунин рӯҳияи итоаткорӣ зоҳир мекунам?” Бо нияти пок роҳи итоаткориро пеш гирифта, мо беайбии худро нигоҳ хоҳем дошт. Баъзе аз ҷонибҳои ҳаётро, ки дар онҳо итоаткорӣ хусусан муҳим аст, дида мебароем.

5, 6. а) Чӣ тавр Довуд қайд кард, ки ҳатто дар танҳоӣ нигоҳ доштани беайбӣ муҳим аст? б) Имрӯз масеҳиён ҳангоми танҳо будан бо кадом васвасаҳо дучор мешаванд?

5 Ҳатто ҳангоми танҳо будан мо бояд ба Яҳува итоат кунем. Довуди забурнавис қайд кард, ки вақте ки касе моро намебинад, нигоҳ доштани беайбӣ муҳим аст. (Забур 100:2-ро бихонед.) Азбаски Довуд подшоҳ буд, дар гирду атрофаш ҳамеша одамон буданд. Бешубҳа садҳо, ҳатто ҳазорҳо нафар ӯро мушоҳида мекарданд. (Забур 25:12-ро қиёс кунед.) Дар чунин мавридҳо нигоҳ доштани беайбӣ муҳим буд, зеро шоҳ бояд ба халқаш намунаи хуб нишон медод (Такр. Ш. 17:18, 19). Лекин Довуд мефаҳмид, ки ҳатто ҳангоми «андаруни хонаи худ» танҳо мондан ӯ бояд беайбиашро нигоҳ дорад. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст?

6 Дар Забур 100:3 суханони зерини Довудро мехонем: «Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт». Имрӯз барои пеши назар гузоштани «чизи қабеҳ» имкониятҳои зиёде мавҷуданд, хусусан дар танҳоӣ. Дастрас будани Интернет барои бисёриҳо васваса аст, зеро кас ба осонӣ фирефтаи тамошои тасвирҳои ношоиста, ҳатто маводи порнографӣ шуда метавонад. Оё чунин рафтор аз итоаткорӣ ба Худо, ки Довудро ба навиштани суханони дар боло овардашуда илҳом бахшидааст, шаҳодат медиҳад? Порнография зарарнок аст, зеро ҳирси шаҳвониро бедор мекунад, ба виҷдон таъсири бад мерасонад, оиларо вайрон менамояд ва шаъни ҳар касеро, ки бо он алоқаманд аст, паст мезанад (Мас. 4:23; 2 Қӯр. 7:1; 1 Тас. 4:3–5).

7. Донистани чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми танҳо мондан беайбиамонро нигоҳ дорем?

7 Дар асл ягон ходими Яҳува ҳеҷ гоҳ танҳо буда наметавонад, зеро Падари осмониамон бо муҳаббат бар мо назорат мекунад. (Забур 10:4-ро бихонед.) Аз он ки шумо ба васваса дода намешавед, чӣ қадар хурсанд мешуда бошад Яҳува! Бо ин роҳ, шумо мувофиқи суханони огоҳкунандае, ки Исо дар Матто 5:28 гуфтааст, амал мекунед. Ба таври қатъӣ тамошои тасвирҳоеро, ки ба амали нодуруст бармеангезанд, рад кунед. Беайбии худро бо тамошо кардан ё хондани маводи порнографӣ, ки кори нангин аст, аз даст надиҳед!

8, 9. а) Беайбии Дониёл ва рафиқони ӯ чӣ гуна мавриди озмоиш қарор гирифт? б) Имрӯз масеҳиёни ҷавон Яҳува ва ҳамимононро чӣ тавр хурсанд мекунанд?

8 Ҳамчунин байни касоне, ки ҳамимон нестанд, мо ба Яҳува итоат карда, беайбиамонро нигоҳ медорем. Дониёл ва се рафиқи ӯро ба хотир меорем. Дар наврасӣ онҳо ба асирӣ, ба Бобил бурда шуданд. Он ҷо онҳо дар иҳотаи беимонон буданд ва он мардум дар бораи Яҳува ҳеҷ чиз ё қариб ҳеҷ чизро намедонистанд. Дар Бобил чор ҷавони ибриро ба хӯрдани чизҳое, ки Қонуни Худо манъ мекард, маҷбур намуданд. Дар ин вазъият онҳо барои риоя накардани Қонун ба осонӣ баҳона ёфта метавонистанд. Охир на волидон, на коҳинон ва на ягон яҳудиёни калонсол онҳоро намедиданд. Лекин Яҳува рафтори онҳоро медид. Аз ин рӯ, онҳо қатъи назар аз маҷбуркуниву хатар бо иродаи қавӣ ба Ӯ итоат карданд (Дон. 1:3–9).

9 Дар саросари замин Шоҳидони ҷавони Яҳува ба намунаи он чор ибрӣ пайравӣ мекунанд: онҳо меъёрҳои Худоро риоя менамоянд ва ба фишори ҳамсолон дода намешаванд. Вақте ки шумо, ҷавонон, нашъамандӣ, зӯроварӣ, гуфтори қабеҳ, бадахлоқии ҷинсӣ ва дигар корҳои зиштро рад мекунед, шумо ба Яҳува итоат менамоед ва бо ин беайбиатонро нигоҳ медоред. Чунин рафтор ба манфиати худи шумост ва он Яҳува ва ҳамимононро шод мегардонад (Заб. 109:3, ТДН [110:3]).

10. а) Чӣ нуктаи назари нодуруст оиди зино баъзе навҷавононро ба шикастани беайбиашон оварда расонд? б) Хоҳиши нигоҳ доштани беайбӣ моро чӣ тавр аз хатари зинокунӣ ҳифз менамояд?

10 Ҳамчунин дар муносибат бо ҷинси муқобил мо бояд меъёрҳои Худоро риоя намоем. Мо медонем, ки Каломи Ӯ зинокориро манъ мекунад. Бо вуҷуди ин, рӯҳияи итоаткорӣ ба осонӣ ба рӯҳияи «чӣ коре, ки хоҳам, ҳамонро мекунам» иваз шуда метавонад. Масалан, баъзе навҷавонон бо ҳамдигар тариқи даҳон ё мақъад муносибатҳои маҳрамона мекарданд ва ё узвҳои ҷинсии якдигарро шаҳватомез навозиш менамуданд; ба ақидаи онҳо чунин рафтор он қадар бад нест, зеро ба гумонашон онҳо расман «алоқаи ҷинсӣ накардаанд». Он ҷавонон фаромӯш мекунанд ё худ донистан намехоҳанд, ки мафҳуми зино дар Китоби Муқаддас ҳамаи ин амалҳоро дар бар мегирад ва шахс барои чунин рафтори нодуруст шояд аз ҷамъомад хориҷ карда шавад *. Аз ҳама бадаш ин аст, ки онҳо дар бораи беайбӣ фикр намекунанд. Азбаски мо ба нигоҳ доштани беайбии худ мекӯшем, барои риоя накардани меъёрҳои Худо баҳона намеҷӯем. Мо роҳҳое намекобем, ки ҳам ба марзи гуноҳ наздик шавему ҳам беҷазо монем. Моро аз аъмоли нодуруст на чораҳои ислоҳкунандаи ҳайати ҳуқуқӣ бозмедорад, балки мо мехоҳем, ки ба Яҳува писанд оем ва Ӯро наранҷонем. Ба ҷои он ки бубинем, ки то чӣ андоза ба марзи гуноҳ наздик шуда метавонем, мо аз он дур мешавем ва «аз зино» мегурезем (1 Қӯр. 6:18). Бо ин роҳ нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат беайбиамонро нигоҳ доштан мехоҳем.

Чӣ тавр мо беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем?

11. Чаро ҳар як амале, ки аз итоаткорӣ шаҳодат медиҳад, муҳим аст? Мисоле оред.

11 Мо бо итоаткорӣ беайбиро ба даст меорем ва дар роҳи итоаткорӣ монда, онро нигоҳ медорем. Як амале, ки аз итоаткорӣ шаҳодат медиҳад, шояд ба назар ночиз тобад, вале бо мурури вақт чунин амалҳо “ҷамъ мешаванд”. Мисоле меорем: як хишт шояд ба назар ночиз тобад, лекин аз хиштҳои зиёд хонаи зебое бунёд кардан мумкин аст. Мисли ин, мо низ бо “ҷамъ кардани” амалҳое, ки аз итоаткорӣ шаҳодат медиҳанд, беайбиамонро нигоҳ медорем (Луқ. 16:10).

12. Ҳангоми дучоршавӣ бо муомилаи бад ва беадолатӣ, Довуд дар нигоҳ доштани беайбӣ чӣ намунае гузошт?

12 Беайбии мо бахусус ҳангоми дучоршавӣ бо душвориҳо, муомилаи бад ва беадолатӣ зоҳир мешавад. Дар ҷавонӣ Довудро шоҳе, ки бояд чун намояндаи ҳокимияти Яҳува амал мекард, таъқиб менамуд. Шоҳ Шоул илтифоти Яҳуваро аз даст дод ва ба Довуд, ки писанди Худо буд, сахт ҳасад мебурд. Бо вуҷуди ин, Шоул муддате дар сари ҳокимият монд ва сипоҳи исроилиро барои таъқиб намудани Довуд истифода кард. Яҳува роҳ дод, ки ин беадолатӣ чанд сол идома ёбад. Оё Довуд аз Худо қаҳр кард? Оё вай ба хулосае омад, ки дар ин вазъият сабру тоқат кардан маъное надорад? Албатта, не. Ӯ Шоулро чун тадҳиншудаи Худо сахт ҳурмат мекард ва ҳарчанд барои қасос гирифтан имконият дошт, Довуд ин корро накард (1 Подш. 24:3–8).

13. Агар касе моро ранҷонад, мо чӣ тавр беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем?

13 Чӣ аҳамияти бузурге дорад намунаи Довуд барои мо! Мо ҷузъи ҷамъомади умумиҷаҳоние мебошем, ки аз одамони нокомил иборат аст ва ҳар аъзои он метавонад моро ранҷонад ё ҳатто роҳи ҳақиқатро тарк кунад. Албатта, зиндагӣ дар замоне, ки касе ё чизе кулли халқи Яҳуваро гумроҳ карда наметавонад, баракат аст (Иш. 54:17). Ба ҳар ҳол, вақте ки касе моро меранҷонад ё дилхунук мекунад, мо чӣ гуна рафтор хоҳем кард? Агар мо гузорем, ки қаҳр ба ҳамимон дили моро заҳролуд кунад, бейбиамон зери хатар хоҳад буд. Рафтори дигарон набояд ҳеҷ гоҳ сабаби аз Худо ранҷидани мо ё роҳи ҳақиқатро тарк карданамон гардад (Заб. 118:165). Сабру тоқат ба мо кӯмак хоҳад кард, ки ҳатто дар озмоишҳо беайбиро аз даст надиҳем.

14. Ба равшантар гаштани ин ё он таълимот ва ба дигаршавии тартиботи муқарраршуда нигаҳдорандагони беайбӣ чӣ гуна муносибат мекунанд?

14 Боз як роҳи нигоҳ доштани беайбӣ ин аст, ки мо аз танқидкуниву айбҷӯии дигарон худдорӣ менамоем. Бешубҳа чунин рӯҳия аз садоқатмандӣ нисбати Яҳува шаҳодат медиҳад. Имрӯз Ӯ халқашро беш аз пеш баракат дода истодааст. Ҳеҷ гоҳ дар таърихи инсоният ибодати пок то ин дараҷа нашъунамо наёфта буд (Иш. 2:2–4). Вақте ки дар шарҳи оятҳои Китоби Муқаддас ё дар ягон тартиботи муқарраршуда тағйирот дароварда мешавад, мо онро қабул кардан мехоҳем, зеро аз бештар дурахшидани нури ҳақиқат шодем (Мас. 4:18). Агар фаҳмидани ин ё он тағйирот душвор бошад, мо аз Яҳува кӯмак мепурсем ва дар ин ҳангом мо беайбиамонро аз даст намедиҳему роҳи итоаткориро тарк намекунем.

Агар касе беайбиашро нигоҳ надорад, он гоҳ–чӣ?

15. Танҳо кӣ беайбии шуморо шикаста метавонад?

15 Ин савол ҳар яки моро ба мулоҳиза бармеангезад, ҳамин тавр–не? Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки беайбӣ хусусияти хеле муҳим аст. Бе он мо на бо Яҳува муносибат хоҳем дошт ва на умеди ҳақиқӣ ба оянда. Дар хотир доред: дар тамоми дунё танҳо як шахс беайбиатонро шикаста метавонад. Ин шахс худи шумоед. Айюб инро хуб мефаҳмид. Ӯ гуфт: «То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (Айюб 27:5). Агар шумо низ чунин иродаи қавӣ дошта бошед ва муносибатҳои наздики худро бо Яҳува нигоҳ доред, ҳеҷ гоҳ беайбиатонро аз даст нахоҳед дод (Яъқ. 4:8).

16, 17. Агар касе гуноҳи ҷиддӣ содир кунад: а) ӯ чӣ корро набояд кунад? б) чӣ кор карданаш дуруст аст?

16 Бо вуҷуди ин, баъзеҳо беайбиашонро нигоҳ намедоранд. Онҳо одати содир кардани гуноҳҳои ҷиддӣ пайдо мекунанд. Чунин ҳолат ҳатто дар замони зинда будани расулон ҷой дошт. Агар шумо ҳам гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошед, магар вазъият беилоҷ аст? На ҳамеша. Пас, чӣ метавон кард? Биёед дар аввал мебинем, ки чӣ корро набояд кард. Ба инсон хос аст, ки гуноҳи содиркардаашро аз волидон, ҳамимонон ва пирон пинҳон намояд. Лекин Китоби Муқаддас мегӯяд: «Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад» (Мас. 28:13). Шахсе, ки гуноҳашро рӯйпӯш мекунад, ба хатои бузурге роҳ медиҳад, зеро чизеро аз Худо пинҳон карда намешавад. (Ибриён 4:13-ро бихонед.) Баъзеҳо ҳатто дурӯя мегарданд: онҳо зоҳиран ба Яҳува хидмат мекунанду ҳамзамон пинҳонӣ гуноҳҳои ҷиддӣ содир менамоянд. Чунин шахсонро нигаҳдорандагони беайбӣ номидан ҳеҷ мумкин нест. Ибодати касоне, ки гуноҳҳои ҷиддиашонро пинҳон мекунанд, ба Яҳува мақбул нест. Беш аз ин, чунин дурӯягиву риёкорӣ Ӯро ба ғазаб меорад (Мас. 21:27; Иш. 1:11–16).

17 Китоби Муқаддас аниқ нишон медиҳад, ки масеҳӣ ҳангоми содир кардани гуноҳи ҷиддӣ, бояд чӣ кор кунад. Ӯ бояд аз пирони масеҳӣ кӯмак пурсад. Яҳува ба зиммаи пирон масъулият гузоштааст, ки ба шахсони аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҷиддан бемор кӯмак расонанд. (Яъқуб 5:14-ро бихонед.) Барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ сиҳат шудани шумо шояд чораҳои ислоҳкунанда ба кор бурда шаванд. Нагузоред, ки тарс аз ин чораҳо барои сиҳат шуданатон монеа гардад. Магар одами оқил ҳангоми ҷиддан бемор буданаш аз сӯзандору ё ҳатто аз ҷарроҳӣ, танҳо аз сабаби он ки ин амалиёт дардноканд, даст мекашад? (Ибр. 12:11).

18, 19. а) Чӣ тавр мисоли Довуд нишон медиҳад, ки аз нав ба даст овардани беайбӣ имконпазир аст? б) Шумо дар чӣ мисли Довуд иродаи қавӣ доштан мехоҳед?

18 Оё умеде ҳаст, ки кас аз ҷиҳати рӯҳонӣ пурра сиҳат мешавад? Оё беайбиро аз нав ба даст овардан имконпазир аст? Боз ба мисоли Довуд бармегардем. Ӯ гуноҳи ҷиддӣ содир кард. Вай бо чашмони шаҳватомез ба зани каси дигар бардавом нигарист, бо он зан зино кард ва бо дасти дигарон шавҳари бегуноҳи ӯро кушт. Дар он ҳангом Довудро марди беайб номидан душвор буд, ҳамин тавр–не? Бо вуҷуди ин, магар вазъияти ӯ беилоҷ буд? Довудро сахтгирона танбеҳ ва ҷазо додан лозим буд ва нисбаташ ин чора ба кор бурда шуд. Азбаски Довуд самимона тавба кард, Яҳува ба ӯ раҳму шафқат зоҳир намуд. Танбеҳи гирифтааш ба Довуд кӯмак кард, ки аз ин воқеа дарс омӯзад: ӯ роҳи итоаткориро пеш гирифта, дигар онро тарк накард ва бо ин беайбии худро аз нав ба даст овард. Зиндагии Довуд ҳақ будани суханони Масалҳо 24:16-ро тасдиқ намуд: «Одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад». Аҳамият диҳед, ки Яҳува баъди марги Довуд, дар бораи ӯ ба Сулаймон чӣ гуфт. (3 Подшоҳон 9:4-ро бихонед.) Дар хотири Худо Довуд чун марди беайб боқӣ монд. Дар ҳақиқат, Яҳува гунаҳкорони тавбакардаро ҳатто аз доғи гуноҳҳои ҷиддӣ пок карда метавонад (Иш. 1:18).

19 Бале, аз муҳаббат ба Худо итоаткорӣ зоҳир намуда, шумо шахси беайб хоҳед буд. Минбаъд ҳам назди Худо содиқу беайб бимонед ва агар ногаҳон гуноҳи ҷиддие содир намоед, аз таҳти дил тавба кунед. Чӣ хусусияти бебаҳоест, беайбӣ! Бигзор ҳар яки мо мисли Довуд иродаи қавӣ дошта бошад. Ӯ гуфт: «Ман дар беайбии худ рафтор мекунам» (Заб. 25:11).

[Эзоҳ]

^ сарх. 10 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми феврали с. 2004, саҳ. 13, сарх. 15 (рус.).

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Мо чӣ тавр беайбиро ба даст оварда метавонем?

• Бо кадом роҳҳо мо беайбии худро нигоҳ дошта метавонем?

• Беайбиро чӣ тавр аз нав ба даст овардан мумкин аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Замима дар саҳифаи 1]

«ЧӢ НЕКӮКОРИЕ!»

Ин суханонро як зани ҳомиладор дар ҳаққи шахси ношиносе гуфт, ки нисбати ӯ некиву ростқавлӣ зоҳир намуд. Ин зан баъди чанд соати аз қаҳвахона рафтанаш дарёфт, ки ҳамёнашро дар он ҷо фаромӯш кардааст. Ҳамёнаш 2 000 доллар дошт, ки он аз маблағе, ки ӯ одатан бо худ мегирифт, хеле зиёд буд. «Ман сахт ғамгин шудам»,— гуфт вай баъдтар ба мухбири рӯзномаи маҳаллӣ. Он ҳамёнро зани ҷавоне ёфт ва дарҳол соҳиби онро ҷустуҷӯ кард. Лекин ӯро наёфта, ҷавонзан ба полис муроҷиат кард ва онҳо муайян намуданд, ки ҳамён ба он зани ҳомила тааллуқ дорад. «Чӣ некӯкорие!»,— хитоб кард аз миннатдорӣ соҳиби ҳамён. Чаро зани ҷавон ин қадар кӯшиш ба харҷ дод, то пулро ба соҳибаш баргардонад? Дар он рӯзнома қайд мешавад, ки вай Шоҳиди Яҳува аст ва «динаш таълим медиҳад, ки ӯ росткорона амал намояд».