Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро беайбиро нигоҳ бояд дошт?

Чаро беайбиро нигоҳ бояд дошт?

Чаро беайбиро нигоҳ бояд дошт?

«Маро, эй Худованд, аз рӯи... беайбиам доварӣ намо» (ЗАБ. 7:9).

1, 2. Баъзе ҳолатҳои муқаррарие, ки беайбии масеҳиёнро зери озмоиш қарор медиҳанд, кадоманд?

СЕ ҲОЛАТЕРО тасаввур кунед: писарбачае бо ҳамсинфонаш рӯ ба рӯ мешавад; онҳо ӯро ба дағалӣ ва занозанӣ бармеангезанд. Оё ӯ дағалона рафтор менамояд ё худро ба даст гирифта, онҳоро тарк мекунад? Шавҳаре дар хона танҳост ва аз Интернет маълумоте меҷӯяд. Ногаҳон дар экрани компютер сурате пайдо мешавад, ки веб–сайти бешармонаро таблиғ менамояд. Оё ӯ ба васваса дода шуда, ба он медарояд ё барои кушода нашудани он ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад? Масеҳизане бо хоҳарони ҳамимон муошират мекунад ва сӯҳбати онҳо ба ғайбат кардани хоҳаре аз ҷамъомад табдил меёбад. Оё вай ба ғайбаткунӣ ҳамроҳ мешавад ё барои дигар кардани мавзӯи сӯҳбат мекӯшад?

2 Ҳарчанд ин ҳолатҳо гуногунанд, байни онҳо умумияте ҳаст: дар ҳар се маврид масеҳӣ барои нигоҳ доштани беайбиаш бояд мубориза барад. Вақте ки сухан дар бораи ташвишҳо, ниёзҳо ва мақсадҳои ҳаётӣ меравад, оё шумо барои нигоҳ доштани беайбиатон мекӯшед? Ҳар рӯз одамон асосан дар бораи намуди зоҳирӣ, саломатӣ, баланд шудани нарху наво, хонаву дар ва ҳатто дар бораи ишқу ошиқӣ фикр мекунанд. Баъзан мо ба чунин чизҳо зиёд таваҷҷӯҳ менамоем. Лекин Яҳува ҳангоми озмудани дилҳо хусусан ба чӣ таваҷҷӯҳ мекунад? — Ба беайбии мо (Заб. 138:23, 24).

3. Яҳува дар чӣ ба мо озодии интихоб додааст ва дар ин мақола мо чиро муҳокима хоҳем кард?

3 Яҳува Атокунандаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» мебошад ва Ӯ ба ҳар яки мо инъомҳои гуногун додааст (Яъқ. 1:17). Худо ба мо бадан, ақл, тансиҳатӣ ва қобилиятҳои гуногун ато кардааст (1 Қӯр. 4:7). Бо вуҷуди ин, Яҳува моро барои нигоҳ доштани беайбӣ маҷбур намекунад. Ӯ мегузорад, то худамон интихоб намоем, ки ин хусусиятро дар худ инкишоф медиҳем ё не (Такр. Ш. 30:19). Беайбӣ чист ва чаро он хеле муҳим аст? Биёед инро дида мебароем.

Беайбӣ чист?

4. Мафҳуми беайбӣ чиро дар бар мегирад ва аз қонуне, ки Яҳува барои қурбон кардани ҳайвонот додааст, мо чӣ меомӯзем?

4 Бисёриҳо дар бораи беайбӣ тасаввуроти пурра надоранд. Дар Китоби Муқаддас мафҳуми беайбӣ ростқавлӣ, солимӣ ва ахлоқан том ё бутун буданро дар бар мегирад. Решаи калимаҳои ибрие, ки бо “беайбӣ” алоқаманданд, маънои солим, бутун, ё бенуқсонро дорад. Яке аз ин калимаҳо нисбати қурбониҳое, ки ба Яҳува меоварданд, истифода мешуд. Қурбонӣ ҳамон вақт ба Худо писанд меомад, агар ҳайвони солим ё бенуқсон оварда мешуд. (Ибодат 22:19, 20-ро бихонед.) Ва онҳоеро ки ба қонуни Ӯ беэътиноӣ намуда, ҳайвоноти ланг, бемор ё кӯрро барои қурбонӣ меоварданд, Яҳува сахт маҳкум мекард (Мал. 1:6–8).

5, 6. а) Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки мо одатан чизҳои бутун ё бенуқсонро қадр мекунем? б) Оё беайбӣ маънои комил буданро дорад? Шарҳ диҳед.

5 Дар ҷустуҷӯ ва қадр кардани чизҳои бутун ва бекамбудӣ нодурустие нест. Масалан ҷамъкунандаи китобҳоро тасаввур кунед: пас аз ҷустуҷӯи тӯлонӣ ӯ китоби нодирро ба даст меорад, вале баъд маълум мешавад, ки чанд саҳифаҳои муҳими он нестанд. Ӯ ғамгин шуда, шояд китобро аз нав ба раф гузорад. Ё занеро тасаввур кунед, ки пиёла мехарад. Ӯ пиёлаҳои интихобкардаашро як–як бодиққат аз назар мегузаронад. Чаро? То ин ки онҳо лабшикаста, кафидагӣ ё бо ягон камбудии дигар набошанд, яъне зан пиёлаҳои бутун ва бенуқсонро харидан мехоҳад. Ба монанди ин, Худо одамонеро ҷустуҷӯ мекунад, ки ахлоқан бутун ё том ҳастанд (2 Вақ. 16:9, ТДН).

6 Шояд чунин саволе пайдо шавад: “Оё беайбӣ комилиятро талаб мекунад?” Азбаски мо гунаҳкору нокомилем, шояд дар бораи худ фикр кунем, ки мо чун китоби чанд саҳифааш намерасида ё чун пиёлаи лабшикаста ҳастем. Агар баъзан чунин фикрҳо дар шумо пайдо шаванд, рӯҳафтода нашавед, зеро Яҳува аз мо комилияти мутлақро интизор нест. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо беш аз он чизе ки карда метавонем, талаб намекунад * (Заб. 102:14; Яъқ. 3:2). Вале Ӯ интизор аст, ки мо беайбии худро нигоҳ медорем. Оё байни беайбӣ ва комилият фарқе ҳаст? Бале. Мисоле меорем: ҷавоне духтареро дӯст медорад ва бо ӯ издивоҷ кардан мехоҳад. Аз духтар интизор шудани комилият оқилона нест. Лекин интизор шудани он ки духтар ӯро самимона дӯст медораду нисбаташ содиқу вафодор мемонад, дуруст аст. Мисли ин, Яҳува аз мо «садоқати мутлақ»-ро интизор аст (Хур. 20:5, ТДН). Худо аз мо комилиро талаб намекунад; Яҳува мехоҳад, ки Ӯро аз самими қалб дӯст дорем ва танҳо Ӯро ибодат намоем.

7, 8. а) Исо дар нигоҳ доштани беайбӣ чӣ намунае гузошт? б) Мувофиқи Китоби Муқаддас маънои беайбӣ чист?

7 Дар алоқамандӣ бо ин, мо суханони Исоро оиди муҳимтарин аҳкоми шариат ба хотир меорем. (Марқӯс 12:28–30-ро бихонед.) Исо на танҳо дар ин бора сухан мегуфт, балки мувофиқи он зиндагӣ мекард. Ӯ намунаи барҷастае гузошт, ки чӣ тавр Яҳуваро бо тамоми ҳуш, дилу ҷон ва қувват дӯст бояд дошт. Вай нишон дод, ки беайбӣ на танҳо дар сухан, балки дар корҳои неке, ки аз нияти пок карда мешаванд, зоҳир мегардад. Барои нигоҳ доштани беайбӣ мо бояд ба намунаи Исо пайравӣ намоем (1 Пет. 2:21).

8 Хуллас, мувофиқи Китоби Муқаддас беайбӣ маънои онро дорад, ки мо аз тамоми дил танҳо ба Падари осмониамон — Яҳува Худо содиқ мемонем ва садоқатмандона иродаи Ӯро иҷро мекунем. Инчунин мо дар ҳаёти ҳаррӯза пеш аз ҳама барои ба даст овардани илтифоти Яҳува Худо мекӯшем. Чизе ки барои Ӯ муҳим аст, барои мо низ муҳим хоҳад буд. Биёед се сабаби муҳиммияти нигоҳ доштани беайбиро дида мебароем.

1. Беайбӣ ва саволи баҳсталаб

9. Чӣ тавр беайбии мо бо саволи баҳсталаб алоқаманд аст?

9 Ҳокими Даҳр будани Яҳува аз беайбии мо вобаста нест. Ҳокимияти Ӯ одилона, абадӣ ва мутлақ аст ва новобаста аз гуфтору рафтори офаридаҳояш он ҳамеша ҳамин тавр хоҳад буд. Лекин ҳам дар осмон ва ҳам дар замин ҳокимияти Худо зери шубҳа гузоштаву худи Ӯ бадном карда шудааст. Аз ин рӯ, назди тамоми офаридаҳои соҳибақл исбот бояд кард, ки Ӯ ҳокими комилҳуқуқ, одил ва пурмуҳаббати Даҳр аст. Мо чун Шоҳидони Яҳува, бо ҳар касе, ки моро гӯш мекунад, дар бораи Ҳокими Даҳр будани Худо сӯҳбат карданро дӯст медорем. Чӣ тавр ҳар яки мо мавқеи худро нисбати ҳокимияти Худо нишон дода метавонад? Чӣ гуна исбот кунем, ки Яҳуваро чун Ҳокими худ интихоб намудаем? — Бо нигоҳ доштани беайбиамон.

10. Дар алоқамандӣ бо беайбӣ Шайтон одамонро дар чӣ айбдор мекунад ва шумо ба ӯ чӣ гуна ҷавоб дода метавонед?

10 Дида мебароем, ки беайбии ҳар яки мо чӣ аҳамият дорад. Шайтон дар асл даъво кард, ки ягон инсон ҳокимияти Худоро дастгирӣ намекунад ва касе ба Яҳува бо муҳаббати беғаразона хидмат наменамояд. Назди ҷамъи зиёди фариштагон Иблис ба Яҳува гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» (Айюб 2:4). Аҳамият диҳед, ки Шайтон на танҳо Айюби одил, балки ҳамаи одамонро тӯҳмат кард. Аз ин сабаб, Китоби Муқаддас Шайтонро «маломатгари бародарони мо» меномад (Ваҳй 12:10). Вай Яҳуваро тамасхур карда, мегӯяд, ки масеҳиён ба Худо содиқ нахоҳанд монд, аз он ҷумла шумо ҳам. Шайтон арз менамояд, ки шумо барои нигоҳ доштани ҷони худ ба Яҳува хиёнат хоҳед кард. Аз чунин айбдоркуниҳо шумо чӣ эҳсос мекунед? Магар дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот кардан намехоҳед? Бо нигоҳ доштани беайбии худ, шумо тӯҳматчӣ будани ӯро исбот мекунед.

11, 12. а) Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки қарорҳои ҳаррӯзаамон бо беайбии мо алоқаманданд? б) Нигоҳ доштани беайбӣ ба мо чӣ имконият медиҳад?

11 Азбаски беайбии мо зери шубҳа гузошта шудааст, қарорҳо ва тарзи рафтори ҳаррӯзаамон аҳамияти калон пайдо мекунанд. Се ҳолатеро, ки дар боло зикр шуда буд, ба хотир меорем. Барои нигоҳ доштани беайбии худ он се нафар бояд чӣ тавр рафтор кунанд? Писарбачае, ки ҳамсинфонаш ӯро мазоҳ мекунанд, хашми худро ба сари онҳо фурӯ рехтан мехоҳад, аммо ӯ аҳкоми зеринро дар ёд дорад: «Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: “Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд”» (Рум. 12:19). Вай онҳоро тарк мекунад. Шавҳаре, ки бо Интернет кор мекунад, тасвирҳои шаҳватангезро тамошо карда метавонад, лекин ӯ принсиперо, ки аз суханони зерини Айюб бармеояд, ба хотир меорад: «Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам» (Айюб 31:1). Он шавҳар расмҳои бешармонаро тамошо намекунад, онҳо барояш чун заҳр мебошанд. Масеҳизане, ки бо хоҳарони дигар муошират мекунад, суханони ғайбатомезро шунида, сӯҳбатро дар ин мавзӯъ давом намедиҳад, зеро ин панд дар хотираш аст: «Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст» (Рум. 15:2). Суханони ғайбатомезе, ки ӯ баъдтар ба дигарон расонида метавонад, касеро тақвият намебахшад. Ғайбаткунӣ обрӯю эътибори хоҳари масеҳиро резонида метавонад ва он писанди Падари осмонӣ нест. Бинобар ин, он хоҳар забони худро нигоҳ дошта, мавзӯи сӯҳбатро дигар мекунад.

12 Дар ҳар яки он ҳолатҳо масеҳӣ қарори дуруст қабул карда, дар асл мегӯяд: «Яҳува Ҳокими ман аст. Дар ин маврид ман мекӯшам, то ҳамон тавре ки ба Ӯ мақбул аст, рафтор намоям». Оё шумо ҳам мекӯшед, то бо интихобу қарори шахсӣ ба Яҳува писанд оед? Агар ҳа, шумо дар ҳақиқат мувофиқи суханони дилгармкунандаи Масалҳо 27:11 амал мекунед: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам». Чӣ имтиёзест — шод гардонидани дили Худо! Оё баҳри ин бо тамоми қувват барои нигоҳ доштани беайбӣ кӯшиш намекунед?

2. Беайбӣ ва асос барои доварии Худо

13. Чӣ тавр суханони Айюб ва Довуд нишон медиҳанд, ки Яҳува моро дар асоси беайбиамон доварӣ мекунад?

13 Чӣ тавре ки дидем, бо нигоҳ доштани беайбӣ мо ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунем. Дар асоси он Худо моро доварӣ хоҳад кард. Айюб инро хеле хуб мефаҳмид. (Айюб 31:6-ро бихонед.) Айюб медонист, ки Худо ҳамаи одамонро «бо тарозуи адл» месанҷад ва меъёрҳои комили одилонаашро чун санги тарозу истифода бурда, беайбии онҳоро муайян менамояд. Довуд низ фикри ба ин монанде гуфт: «Худованд қавмҳоро доварӣ хоҳад кард. Маро, эй Худованд, аз рӯи адолатам ва аз рӯи беайбиам доварӣ намо ... Ту, эй Худои одил, имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастӣ» (Заб. 7:9, 10). Мо медонем, ки Худо дилу ботини инсонро дида метавонад ва набояд фаромӯш созем, ки Ӯ пеш аз ҳама ба чӣ аҳамият медиҳад. Чӣ хеле ки Довуд гуфт, Яҳува моро дар асоси беайбиамон доварӣ мекунад.

14. Чаро набояд фикр кард, ки нокомиливу гуноҳ барои нигоҳ доштани беайбӣ монеа аст?

14 Ба худ тасаввур кунед, ки имрӯз Яҳува Худо дили миллиардҳо одамонро имтиҳон мекунад (1 Вақ. 28:9). Оё касоне, ки беайбиро нигоҳ медоранд, бисёранд? Онҳо ганҷи камёбанд! Лекин мо набояд фикр кунем, ки нокомилиамон барои нигоҳ доштани беайбӣ монеа аст. Баръакс, мисли Довуд ва Айюб мо итминон дошта метавонем, ки қатъи назар аз нокомилият, Яҳува моро беайб ҳисоб хоҳад кард. Дар хотир доред, ки комилият беайбиро кафолат намедиҳад. Дар рӯи замин танҳо се одами комил зиста буданд ва ду нафари онҳо — Одаму Ҳавво, беайбиашонро аз даст доданд. Ҳамзамон миллионҳо одамони нокомил беайбии худро нигоҳ дошта тавонистанд. Ин аз дасти шумо ҳам меояд.

3. Беайбӣ ва умед бар оянда

15. Чӣ тавр Довуд нишон дод, ки аз нигоҳ доштани беайбӣ умеди мо бар оянда вобаста аст?

15 Азбаски Яҳува моро пеш аз ҳама дар асоси беайбӣ доварӣ мекунад, аз нигоҳ доштан ё надоштани он умеди мо бар оянда вобаста аст. Довуд инро медонист. (Забур 40:13-ро бихонед.) Ӯ умеди абадан аз илтифоти Худо баҳравар буданро қадр мекард. Довуд низ чун масеҳиёни имрӯза бар зиндагии абадӣ умед дошт; ӯ ба Яҳува Худо хидмат менамуд ва ба Ӯ наздик мешуд. Довуд медонист, ки барои амалӣ гаштани умедаш нигоҳ доштани беайбӣ муҳим аст. Агар мо низ беайбиамонро нигоҳ дорем, Яҳува моро дастгирӣ мекунад, меомӯзонад, ҳидоят менамояд ва баракат медиҳад.

16, 17. а) Чаро барои нигоҳ доштани беайбӣ мо бояд ҳамеша қотеъона мубориза барем? б) Дар мақолаи навбатӣ кадом саволҳо муҳокима мешаванд?

16 Умед барои хушбахтии имрӯзаи мо муҳим аст. Он дар замонҳои душвор ба мо хурсандӣ мебахшад. Умед инчунин ақлу тафаккури моро ҳифз мекунад. Дар хотир доред, ки Китоби Муқаддас умедро ба «хӯд», яъне ба кулоҳи ҷангӣ ташбеҳ додааст (1 Тас. 5:8). Ҳамон тавре ки кулоҳи ҷангӣ сари аскарро дар набард ҳифз мекунад, умед ақлу тафаккури моро аз фикрҳои манфӣ ва маъюскунанда муҳофизат менамояд; чунин фикрҳоро Шайтон тавассути ин ҷаҳони миранда тақвият медиҳад. Агар умед надошта бошем, ҳаётамон мазмунашро гум мекунад. Мо бояд худро ростқавлона таҳлил намуда, ҳолати беайбӣ ва қавӣ будани умедамонро, ки аз беайбӣ вобаста аст, муайян кунем. Фаромӯш накунед, ки шумо бо нигоҳ доштани беайбӣ ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ менамоед ва умеди бебаҳои худро ба оянда нигоҳ медоред. Пас, биёед ҳеҷ гоҳ беайбии худро аз даст надиҳем!

17 Азбаски нигоҳ доштани беайбӣ хеле муҳим аст, мо бояд як қатор саволҳои дигарро низ муҳокима намоем. Чӣ тавр беайбиро ба даст овардан мумкин аст? Онро чӣ гуна нигоҳ дошта метавонем? Ва агар касе беайбиашро муддате аз даст дода бошад, бояд чӣ кор кунад? Мақолаи навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад.

[Эзоҳ]

^ сарх. 6 Исои Масеҳ гуфт: «Комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст» (Мат. 5:48). Исо бешубҳа мефаҳмид, ки ҳатто инсонҳои нокомил ба маъное бекамбудӣ, яъне комил буда метавонанд. Мо метавонем аҳкоми самимона дӯст доштани дигаронро иҷро кунем ва бо ин мақбули Худо гардем. Лекин Яҳува ба маънои том комил аст. Вақте ки нисбати Ӯ мафҳуми «беайбӣ» истифода мешавад, ин маънои комилиятро дорад (Заб. 17:31).

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Беайбӣ чист?

• Нигоҳ доштани бейбӣ чӣ тавр бо саволи баҳсталаб алоқаманд аст?

• Чӣ тавр умеди бар оянда доштаамон аз нигоҳ доштани беайбӣ вобаста аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]