Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз кори шогирдсозӣ хурсандӣ ёбед

Аз кори шогирдсозӣ хурсандӣ ёбед

Аз кори шогирдсозӣ хурсандӣ ёбед

«Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (МАТ. 28:19).

1–3. а) Бисёриҳо ба имконияти гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе чӣ гуна муносибат мекунанд? б) Кадом саволҳоро муҳокима хоҳем кард?

“ҚАРИБ се моҳ аст, ки ман бо оилаи покистонӣ омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронам,— менависад хоҳаре, ки дар гурӯҳи ҳиндузабон дар Иёлоти Муттаҳида хидмат менамояд.—Мо бо ҳамдигар дӯст шудем. Аз фикри он ки онҳо ба наздикӣ ба Покистон бармегарданд, чашмонам аз об пур мешаванд. Гиряи ман на танҳо аз сабаби ҷудоӣ аст, балки таълим додан дар бораи Яҳува ба ман шодии зиёд мебахшид”.

2 Оё ба шумо низ хурсандие, ки гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе мебахшад, шинос аст? Исо ва пайравони вай дар асри як аз кори шогирдсозӣ хурсандии зиёд меёфтанд. Вақте ки 70 шогирде, ки ӯ ба онҳо пештар дастур дода буд, бо шодмонӣ аз хидмат баргаштанд, худи Исо «аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омад» (Луқ. 10:17–21). Имрӯз низ кори шогирдсозӣ барои бисёриҳо манбаи хурсандии зиёд аст. Дар соли 2007 воизони боғайрат ба ҳисоби миёна ҳар моҳ бо одамон шашу ним миллион омӯзиши Китоби Муқаддас гузарониданд!

3 Лекин баъзе воизон то ба ҳол бо касе омӯзиши Китоби Муқаддас нагузаронидаанд. Дигарон шояд солҳои зиёд омӯзише надоштанд. Дар кӯшиши ёфтани омӯзиши Китоби Муқаддас мо бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавем? Чӣ тавр бо ин мушкилиҳо мубориза бурда метавонем? Ва чӣ баракатҳое мегирем, агар барои иҷрои амри Исо — «биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» — ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем? (Мат. 28:19).

Мушкилиҳое, ки аз хурсандӣ маҳрум карда метавонанд

4, 5. а) Дар баъзе мамлакатҳо бисёриҳо ба мавъизаи мо чӣ тавр муносибат мекунанд? б) Дар мамлакатҳои дигар воизон бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

4 Дар баъзе мамлакатҳо одамон бо хушнудӣ адабиёти моро мегиранд ва ҳамроҳамон Китоби Муқаддас меомӯзанд. Ҳамсарон аз Австралия, ки муддате дар Замбия хидмат намуданд, менависанд: “Ин ҳақ аст. Замбия барои воизон биҳишт мебошад. Мавъиза дар кӯча як чизи аҷоиб аст! Одамон худашон назди мо меоянд ва баъзеҳо ҳатто шумораи махсуси маҷаллаҳоро мепурсанд”. Танҳо таи як соли охир дар Замбия зиёда аз 200 000 омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида мешуд, яъне ба ҳар воиз ба ҳисоби миёна беш аз як омӯзиш рост меомад.

5 Лекин дар мамлакатҳои дигар ба воизон мондани адабиёт ва мунтазам гузаронидани омӯзиш душвор аст. Чаро? Одатан одамон дар хона нестанд ё касоне, ки дар хонаанд, ба дин рағбате надоранд. Онҳо шояд дар оилаи диндорон тарбия наёфта бошанд ё аз сабаби риёкории намояндагони динҳои дурӯғин дилашон аз дин мондааст. Ба он ки бисёриҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҷароҳатдида, бемадор ва парокандаанд, сарварони динҳои дурӯғин гунаҳкоранд (Мат. 9:36). Аз ин сабабҳо одамон ба сӯҳбатҳо дар мавзӯи Китоби Муқаддас моил нестанд.

6. Ба баъзе воизон барои гузаронидани омӯзиш чӣ халал мерасонад?

6 Баъзе воизон бо мушкилиҳои дигаре, ки аз хурсандӣ маҳрум мекунанд, рӯ ба рӯ мешаванд. Замоне онҳо дар кори шогирдсозӣ хеле фаъол буданд, ҳоло бошад, беморӣ ё пирӣ ба онҳо халал мерасонад. Ғайр аз ин, мо ба худамон монеаҳо мегузорем. Оё шумо худро барои бо касе гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас каммаҳорат меҳисобед? Шумо шояд худро мисли Мусо эҳсос кунед; вақте ки Яҳува ӯро назди фиръавн фиристод, Мусо гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Ман шахси сухандон нестам, на аз дирӯз, на аз парирӯз» (Хур. 4:10). Надоштани эътимод ба худ бо тарс аз нобарориҳо сахт алоқаманд аст. Шояд мо фикр кунем, ки касе ки ҳамроҳаш омӯзиш мегузаронем, ҳеҷ гоҳ шогирд намешавад, зеро мо чун устодон аз комилият дурем. Аз тарси нобарорӣ мо шояд умуман аз омӯзишгузаронӣ даст кашем. Қатъи назар аз ин мушкилиҳо чӣ тавр мо хурсандиамонро нигоҳ дошта метавонем?

Дили худро тайёр кунед

7. Чӣ Исоро ба хидмат бармеангехт?

7 Қадами аввал — тайёр кардани дил аст. Исо гуфт: «Даҳон ... аз пурии дил сухан мегӯяд» (Луқ. 6:45). Ғамхории самимона нисбати беҳбудии дигарон Исоро ба хидмат бармеангехт. Масалан, вай ҳолати бади рӯҳонии яҳудиёнро дида, «ба онҳо раҳмаш омад». Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дарав бисёр аст ... аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Мат. 9:36–38).

8. а) Дар бораи чӣ мулоҳиза кардан муфид аст? б) Аз мактуби як омӯзандаи Китоби Муқаддас мо чӣ мефаҳмем?

8 Ба ёд оред: аз он ки касе вақташро сарф намуда, бо шумо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронд, чӣ манфиате бурдед. Инчунин дар бораи одамоне, ки дар хидмат вомехӯред ва оиди фоидае, ки онҳо аз шунидани хушхабар мегиранд, фикр кунед. Зане ба филиали Шоҳидони Яҳува менависад: “Ба шумо гуфтаниям, ки ман аз Шоҳидоне, ки ҳамроҳам омӯзиш мегузаронанд, хеле миннатдорам. Ман медонам, ки баъзан омӯзишгузаронӣ бо ман мушкил аст, зеро ман саволҳои бисёр дораму ҳамеша онҳоро вақти зиёдтар бозмедорам. Лекин онҳо ба ман босаброна муносибат мекунанд ва хурсандона дониш медиҳанд. Барои он ки ин одамон дар ҳаёти ман пайдо шуданд, ман аз Яҳува ва Исо сипосгузорам”.

9. Исо ба чӣ таваҷҷӯҳ менамуд ва мо чӣ гуна ба вай пайравӣ карда метавонем?

9 Албатта на ҳама таълимоти Исоро қабул мекарданд (Мат. 23:37). Баъзеҳо муддате ӯро пайравӣ намуданд, лекин баъдтар бо таълимоташ розӣ нашуда, «дигар Ӯро пайравӣ накарданд» (Юҳ. 6:66). Бо вуҷуди ин, аз он ки баъзеҳо хушхабарро қадр наменамуданд, Исо ба хулосае наомад, ки он қадру қиммате надорад. Ҳарчанд тухмҳои зиёди коштааш самаре наоварданд, Исо ба корҳои неки худ таваҷҷӯҳ мекард. Вай медид, ки киштзор барои дарав сафед шудааст ва аз иштирок дар ин дарав хурсандии зиёд эҳсос менамуд. (Юҳанно 4:35, 36-ро бихонед.) Ҳамон тавре ки деҳқон ба замини холии байни хӯшаҳои гандум, чун ба замини ҳосилхез менигарад, оё мо низ дар маҳалли бароямон таъиншуда «ҳосил»–еро, ки шояд дар оянда ҷамъ кунем, мебинем? Биёед бубинем, ки мо чӣ тавр ин рӯҳияи мусбатро нигоҳ дошта метавонем?

Бо мақсади дарав тухм коред

10, 11. Барои нигоҳ доштани хурсандӣ чӣ кӯмак карда метавонад?

10 Деҳқон бо мақсади ҳосилғундорӣ тухм мекорад. Мисли ин, мо бояд бо мақсади оғоз намудани омӯзиши Китоби Муқаддас мавъиза кунем. Лекин агар шумо мунтазам мавъиза кунеду кам одамонро дар хонаашон ёбед, ё бо онҳо аз нав вохӯрда натавонед, он гоҳ–чӣ? Ин вазъият рӯҳафтода карда метавонад. Оё дигар хона ба хона мавъиза кардан лозим нест? Албатта не! Бисёриҳо то ба ҳол ба туфайли ин тарзи бо вақт озмудашудаи мавъиза бо ҳақиқат шинос мешаванд.

11 Лекин барои нигоҳ доштани хурсандӣ чаро аз дигар тарзҳои шаҳодатдиҳӣ истифода набарем? Масалан мо дар кӯча ё дар ҷои кори одамон мавъиза карда метавонем. Оё ба воситаи телефон шаҳодат додед, ё аз касоне, ки ба онҳо аллакай пайғоми Салтанатро расонидед, барои тамос рақами телефониашонро гирифтед? Бо суботкорӣ ва ба вазъиятҳои додашуда мутобиқ гашта, шумо аз ёфтани шахсоне, ки хушхабарро қабул мекунанд, хурсанд хоҳед шуд.

Муносибати дуруст ба бепарвоии одамон

12. Чӣ бояд кард, агар бисёриҳо дар маҳалли мо ба дин рағбат надошта бошанд?

12 Агар бисёриҳо дар маҳаллатон ба дин рағбате надошта бошанд, он гоҳ–чӣ? Оё сӯҳбатро бо назардошти рағбату ниёзҳои онҳо оғоз карда метавонед? Павлуси расул ба ҳамимонони шаҳри Қӯринтус навишт: «Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам ... барои бешариатон чун бешариат шудам,— гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам». Чаро Павлус ин тавр рафтор мекард? «Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам,— мегӯяд ӯ,— то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам» (1 Қӯр. 9:20–22). Мисли ӯ, оё шумо ҳам барои сӯҳбат бо одамони маҳаллатон мавзӯи умумие ёфта метавонед? Бисёри одамоне, ки ба дин рағбат надоранд, ҳаёти оилавиашонро беҳтар кардан мехоҳанд. Инчунин онҳо шояд дар ҷустуҷӯи маънои зиндагӣ бошанд. Оё метавонед, хабари Салтанатро тавре пешниҳод кунед, ки он диққати чунин одамонро ҷалб кунад?

13, 14. Чӣ тавр аз кори шогирдсозӣ хурсандии бештар эҳсос кардан мумкин аст?

13 Ҳатто дар ҷойҳое, ки бештари одамон ба мавъизаи мо бепарвоёна муносибат мекунанд, бисёри воизон аз кори шогирдсозӣ хурсандии зиёд мегиранд. Бо кадом роҳ? — Онҳо забонҳои хориҷӣ меомӯзанд. Ҳамсароне, ки синнашон аз 60 гузаштааст, дарёфтанд, ки дар маҳалли ҷамъомадашон ҳазорҳо донишҷӯёни хитоӣ бо аҳли оилаашон зиндагӣ мекунанд. “Мо қарор додем, ки забони хитоӣ меомӯзем,— мегӯяд шавҳар.— Ҳар рӯз барои омӯзиши забон вақт ҷудо кардан лозим буд, лекин дар натиҷа, мо бо хитоиён омӯзишҳои зиёди Китоби Муқаддас мегузаронидем”.

14 Ҳатто агар қобилияти аз худ кардани забони хориҷиро надошта бошед ҳам, шумо метавонед ҳангоми вохӯрдан бо хориҷиён аз брошураи «Хушхабар барои ҳама халқҳо» истифода баред. Ғайр аз ин, ба забони модарии он одамон адабиёт дархост кардан мумкин аст. Фаҳмост, ки муошират бо одамони забону маданияташон дигар вақт ва кӯшишҳои иловагиро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, принсипи зерини Каломи Худоро дар хотир доред: «Касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад» (2 Қӯр. 9:6).

Ҳама аъзоёни ҷамъомад саҳмгузоранд

15, 16. а) Чаро шогирдсозӣ кори тамоми ҷамъомад аст? б) Бародарон ва хоҳарони пиронсол чӣ нақше мебозанд?

15 Ба ҳар ҳол, шогирдсозӣ кори як кас нест. Дар он ҳама аъзоёни ҷамъомад саҳми худро мегузоранд. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Исо гуфт: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:35). Вақте ки омӯзандагони Китоби Муқаддас ба ҷамъомад меоянд, одатан фазои пурмуҳаббати вохӯриҳоямон ба онҳо таассуроти хуб мебахшад. Як омӯзандаи Китоби Муқаддас менависад: “Ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ба ман маъқул аст. Он ҷо одамон ба якдигар меҳрубонона муносибат мекунанд”. Исо гуфт, ки касонеро ки шогирдаш мешаванд, аҳли оилаашон таъқиб хоҳанд кард. (Матто 10:35–37-ро бихонед.) Лекин ӯ ваъда дод, ки дар ҷамъомад онҳо «бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон»–и зиёди рӯҳонӣ хоҳанд ёфт (Марқ. 10:30).

16 Бародарону хоҳарони пиронсоли мо дар рушди рӯҳонии омӯзандагони Китоби Муқаддас нақши бахусус муҳим мебозанд. Чӣ тавр? Ҳатто агар онҳо омӯзиш гузаронида натавонанд ҳам, шарҳҳои рӯҳбаландкунандаашон имони ҳамаи ҳозирони вохӯриҳои ҷамъомадро қавӣ мегардонад. Ин бародарону хоҳарон тӯли солҳои зиёд «дар роҳи адолат» роҳ мераванд ва бо ин зебу зиннати ҷамъомадро бештар мегардонанд, ки ин дар навбати худ шахсони самимиро ба созмони Худо ҷалб мекунад (Мас. 16:31).

Мубориза бо тарс

17. Агар худро барои гузаронидани омӯзиш каммаҳорат ҳисобем, чӣ кор карда метавонем?

17 Оё шумо худро барои гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас каммаҳорат меҳисобед? Ба ёд оред, ки Яҳува ба Мусо кӯмак кард: Худо ба ӯ рӯҳулқудс дод ва бародараш Ҳорунро барояш ҳамкор таъин кард (Хур. 4:10–17). Исо ваъда дод, ки дар кори шогирдсозӣ моро рӯҳулқудси Худо дастгирӣ хоҳад кард (Аъм. 1:8). Ғайр аз ин, Исо шогирдонашро ба мавъиза кардан ҷуфт–ҷуфт мефиристод (Луқ. 10:1). Аз ин рӯ, агар фикри гузаронидани омӯзиш шуморо тарсонад, аз Худо рӯҳулқудс ва хирад пурсед ва дар хидмат бо касоне ҳамкорӣ кунед, ки ба шумо эътимод мебахшанд ва таҷрибаашон бароятон муфид буда метавонад. Чӣ қадар имонро қавӣ мегардонад, донистани он ки Яҳува барои иҷрои кори бузург одамони оддиро интихоб кардааст! (1 Қӯр. 1:26–29).

18. Бо тарс аз нобарориҳо чӣ тавр мубориза бурда метавонем?

18 Бо тарс аз нобарориҳо чӣ тавр мубориза бурда метавонем? Дар хотир бояд дошт, ки шогирдсозӣ ин хӯрокпазӣ нест. Дар хӯрокпазӣ натиҷа асосан аз маҳорати як кас — ошпаз вобаста аст, лекин шогирдсозӣ камаш ҳамкории сетарафа мебошад. Нақши муҳимтаринро Яҳува мебозад, ки Ӯ одамонро ба худаш ҷалб мекунад (Юҳ. 6:44). Мо ва дигар аъзоёни ҷамъомад маҳорати таълимдиҳиро ба кор бурда, ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем ва ба рӯҳан рушд кардани омӯзанда кӯмак менамоем. (2 Тимотиюс 2:15-ро бихонед.) Тарафи сеюм — худи омӯзанда аст, ки бояд чизи омӯхтаашро ба кор барад (Мат. 7:24–27). Агар касе омӯзишро қатъ намояд, ин шояд моро рӯҳафтода кунад. Мо умедворем, ки омӯзандагони Китоби Муқаддас интихоби дуруст мекунанд, лекин ҳар кас бояд худаш «ба Худо ҳисобот» диҳад (Рум. 14:12).

Мо чӣ баракатҳо мегирем?

19–21. а) Гузаронидани омӯзиш чӣ гуна ба худи мо кӯмак мекунад? б) Яҳува ба ҳамаи онҳое ки дар кори мавъиза иштирок менамоянд, чӣ тавр муносибат мекунад?

19 Гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, ки манфиатҳои Салтанатро дар ҷои аввали ҳаётамон гузорем. Инчунин ба туфайли ин, ҳақиқати Каломи Худо дар ақлу дили мо чуқуртар реша медавонад. Масалан, пешраве мегӯяд: “Аз гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас Каломи Худоро хубтар мефаҳмӣ. Ба фикри ман пеш аз он ки касеро таълим диҳӣ, бояд худат ба чизе ки меомӯзонӣ боварии комил дошта бошӣ”.

20 Агар шумо бо касе омӯзиши Китоби Муқаддас нагузаронед, оё ин маънои онро дорад, ки хидмати шумо барои Худо аҳамияте надорад? Албатта не! Яҳува кӯшишҳоеро, ки мо барои ҷалол додани Ӯ мекунем, хеле қадр менамояд. Ҳамаи онҳое ки дар кори мавъиза иштирок мекунанд, «ҳамкорони Худо» (ТДН) мебошанд. Вақте ки мо мебинем, ки Яҳува чӣ тавр тухми коштаамонро месабзонад, хурсандии мо аз гузаронидани омӯзиш дучанд мегардад (1 Қӯр. 3:6, 9). “Вақте ки рӯҳан рушд кардани омӯзандаи Китоби Муқаддасро мебинӣ,— мегӯяд пешраве бо номи Эми,— дилат аз миннатдорӣ ба Яҳува лабрез мегардад, зеро Ӯ ба воситаи ту ба он шахс атои хубе — дониш дар бораи Худаш ва умеди ҳаёти ҷовидониро медиҳад”.

21 Барои оғоз намудану гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, мо ҳоло хидмат ба Худоро дар ҷои аввали ҳаётамон мегузорем ва умеди худро ба зиндагӣ дар дунёи нав қавӣ мегардонем. Бо дастгирии Яҳува мо барои наҷот ёфтани касоне, ки моро гӯш мекунанд, кӯмак менамоем. (1 Тимотиюс 4:16-ро бихонед.) Чӣ хурсандие меорад ин!

Оё дар хотир доред?

• Барои гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ халал расонида метавонад?

• Чӣ метавон кард, агар бисёриҳо дар маҳалли мо нисбати дин рағбат зоҳир накунанд?

• Гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо худ чӣ баракатҳо меорад?

[Саволҳо барои омӯзиш]