Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бандаи Яҳува «аз ҷиноятҳои мо» маҷрӯҳ шуд

Бандаи Яҳува «аз ҷиноятҳои мо» маҷрӯҳ шуд

Бандаи Яҳува «аз ҷиноятҳои мо» маҷрӯҳ шуд

«Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст ... ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем» (ИШ. 53:5).

1. Ҳангоми ҷашн гирифтани Шоми ёдбуд мо бояд дар бораи чӣ фикр кунем ва кадом пешгӯӣ ба мо дар ин кор кӯмак хоҳад кард?

ҶАШНИ Шоми ёдбуд ба мо хотиррасон мекунад, ки марги Масеҳ ва эҳёшавии ӯ ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро исбот кард, номи Ӯро муқаддас гардонд ва иҷрошавии иродаи Худоро, ки наҷоти инсониятро дар бар мегирад, имконпазир сохт. Эҳтимол ягон пешгӯии дигари Китоби Муқаддас, мисли пешгӯии дар Ишаъё 53:3–12 навишташуда, фидияи Масеҳ ва ҳамаи баракатҳои ба туфайли он имконпазиргаштаро хуб тасвир накунад. Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Банда азобу уқубат хоҳад кашид. Инчунин пайғамбар тафсилоти бо марги Масеҳ алоқаманд ва баракатҳоеро, ки марги ӯ ба бародарони тадҳиншудааш ва «гӯсфандони дигар» меорад, қайд намуд (Юҳ. 10:16).

2. Пешгӯии Ишаъё чиро нишон медиҳад ва омӯзиши он ба мо чӣ таъсире хоҳад расонд?

2 Ҳафт аср пеш аз тавлид шудани Исо дар рӯи замин, Яҳува ба воситаи Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Бандаи интихобкардааш ҳатто зери озмоишҳои сахттарин ба Ӯ содиқ хоҳад монд. Ин нишон медиҳад, ки Яҳува ба садоқатмандии Писараш эътимоди комил дошт. Омӯзиши ин пешгӯӣ дилҳои моро аз миннатдорӣ лабрез ва имонамонро қавӣ мегардонад.

«Ӯ манфур буд» ва вайро писанд накарданд

3. Чаро яҳудиён бояд Исоро мепазируфтанд, лекин онҳо ба ӯ чӣ тавр муносибат карданд?

3 (Ишаъё 53:3-ро бихонед.) Танҳо тасаввур кунед, ки Писари ягоназоди Худо аз хурсандии назди Падар хидмат намудан даст кашида, ба замин омад ва ҳаёташро барои аз маргу гуноҳ наҷот додани инсоният қурбон кард! (Фил. 2:5–8). Қурбонии ӯ бахшиши ҳақиқии гуноҳҳоро имконпазир сохт, зеро қурбониҳое, ки мувофиқи Қонуни Мусо оварда мешуданд, инро карда наметавонистанд; онҳо танҳо тимсоли қурбонии Масеҳ буданд (Ибр. 10:1–4). Оё ӯ лоиқи он набуд, ки ақаллан аз ҷониби яҳудиён, ки омадани Масеҳи ваъдашударо интизор буданд, эътироф кардаву пазируфта шавад? (Юҳ. 6:14). Баръакс, ҳамон тавре ки Ишаъё пешгӯӣ намуд, яҳудиён аз вай нафрат карданд ва ӯро писанд накарданд. Юҳаннои расул менависад: «Ӯ назди мансубони Худ омад ва мансубонаш Ӯро қабул накарданд» (Юҳ. 1:11). Петруси расул ба яҳудиён гуфт: «Худои падарони мо, Писари Худ [«Бандааш», ТДН] Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед; лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намудед» (Аъм. 3:13, 14).

4. Чӣ тавр Исо чӣ будани бемориро фаҳмид?

4 Ишаъё инчунин пешгӯӣ кард, ки Исо «дардманд» хоҳад буд, яъне ӯ чӣ будани дарду бемориро хоҳад донист. Дар давоми хидмати худ Исо бешубҳа баъзан монда мешуд, лекин ишорае нест, ки вай бемор гашта буд (Юҳ. 4:6). Бо вуҷуди ин, ӯ чӣ будани бемориро донист, зеро касоне, ки ба онҳо мавъиза мекард, бемор буданд. Исо ба онҳо раҳм мекард ва бисёриҳоро шифо мебахшид (Марқ. 1:32–34). Ҳамин тавр Исо пешгӯии зеринро иҷро намуд: «Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд» (Иш. 53:4а; Мат. 8:16, 17).

Ӯ гӯё худозада буд

5. Аксарияти яҳудиён ба марги Исо чӣ тавр менигаристанд ва чаро ин азобҳои ӯро сахттар мегардонд?

5 (Ишаъё 53:4б-ро бихонед.) Аксарияти ҳамзамонони Исо намефаҳмиданд, ки чаро ӯ азоб кашид ва мурд. Онҳо гумон мекарданд, ки Худо вайро ҷазо медиҳад (Мат. 27:38–44). Яҳудиён ӯро дар куфргӯӣ айбдор намуданд (Марқ. 14:61–64; Юҳ. 10:33). Албатта, Исо на гуноҳе карда буд ва на куфргӯӣ. Азбаски ӯ Падарашро хеле дӯст медошт, фикри он ки вайро дар куфргӯӣ айбдор намуда, қатл мекунанд, бешубҳа азобашро сахттар мегардонд. Қатъи назар аз ин, Исо бо омодагӣ иродаи Яҳуваро иҷро кард (Мат. 26:39).

6, 7. Ба кадом маъно Яҳува Бандаи вафодорашро «зарба» зад ва чаро ин «хости» Ӯ буд?

6 Чӣ тавре ки аз пешгӯии Ишаъё фаҳмидем, аксарияти одамон Исои Масеҳро шахси худозада хоҳанд ҳисобид. Лекин чизе ки дар қисми дигари пешгӯӣ гуфта мешавад, аҷибтар аст: «Хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба занад» (Иш. 53:10). Чӣ тавр Яҳува, ки «Инак, Бандаи Ман ... баргузидаи Ман, ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд» гуфтааст, ҳамчунин Бандаи худро «зарба» мезанад? (Иш. 42:1). Ба кадом маъно ин хости Ӯ буд?

7 Барои фаҳмидани ин қисми пешгӯӣ мо бояд дар хотир дорем, ки Шайтон ҳокимияти Яҳуваро зери шубҳа гузошта, ҳамчунин садоқатмандии ходимони Худоро ҳам дар замину ҳам дар осмон мавриди баҳс қарор дод (Айюб 1:9–11; 2:3–5). Исо то дами марг содиқ монда, ба саволи баҳсталаб ҷавоби қатъитарин дод. Ҳарчанд Яҳува гузошт, ки Масеҳро душманонаш бикушанд, бешубҳа барои Ӯ дидани куштори Бандаи интихобкардааш бениҳоят душвор буд. Бо вуҷуди ин, вақте ки Писар хости Яҳуваро иҷро карда, ба Ӯ садоқатмандии комил зоҳир кард, Худо сахт хурсанд шуд (Мас. 27:11). Беш аз ин, аз донистани он ки марги Писараш ба манфиати одамони тавбакарда хидмат мекунад, хурсандии Яҳува дучанд гашт (Луқ. 15:7).

«Аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ» шуд

8, 9. а) Ба кадом маъно Исо «аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ» шуд? б) Петрус чӣ тавр инро тасдиқ кард?

8 (Ишаъё 53:6-ро бихонед.) Инсонияти гунаҳкор дар ҷустуҷӯи раҳоӣ аз бемориву марги аз Одам мерос гирифтаашон мисли гӯсфандони гумроҳанд (1 Пет. 2:25). Чун насли нокомили Одам онҳо барои бозхариди чизе, ки ӯ аз даст дод, қодир нестанд (Заб. 48:8). Лекин Яҳува аз муҳаббати бузургаш «гуноҳҳои моро ба гардани Ӯ», яъне ба гардани Писари азиз ва Бандаи интихобкардаи худ монд. Масеҳ розӣ шуд, ки «аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир» шавад ва бо ин гуноҳҳоямонро ба дор бардошта, ба ҷои мо мурд.

9 Петруси расул менависад: «Шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем». Сипас Петрус аз пешгӯии Ишаъё иқтибос оварда, илова намуд: «Шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед» (1 Пет. 2:21, 24; Иш. 53:5). Ҳамон тавре ки аз суханони минбаъдаи Петрус бармеояд, ин ба одамони гунаҳкор роҳ кушод, ки бо Худо оштӣ шаванд. Ӯ гуфт: «Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд» (1 Пет. 3:18).

«Мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад»

10. а) Яҳёи Таъмиддиҳанда дар бораи Исо чӣ гуфт? б) Чаро суханони Яҳё ҳақ буданд?

10 (Ишаъё 53:7, 8-ро бихонед.) Яҳёи Таъмиддиҳанда Исои наздаш омадаистодаро дида, хитоб кард: «Инак, Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» (Юҳ. 1:29). Яҳё шояд бо назардошти суханони зерини Ишаъё Исоро Барра номид: «[Ӯ] мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад». Ишаъё ҳамчунин пешгӯӣ кард: «[Ӯ] ҷони Худро ба марг таслим намуд» (Иш. 53:7, 12). Дар шабе, ки Исо Шоми ёдбудро муқаррар кард, ӯ пиёлаи шаробро ба 11 расули содиқаш дода гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад» (Мат. 26:28).

11, 12. а) Байни омодагии Исҳоқ ба қурбоншавӣ ва қурбонии Исо чӣ умумияте ҳаст? б) Ҳангоми ҷашни Шоми ёдбуд мо дар бораи Иброҳими Бузургтар — Яҳува бояд чиро дар хотир дорем?

11 Мисли Исҳоқ Исо ҳаёташро бо омодагӣ ба қурбонгоҳи Яҳува гузошт; қурбонгоҳ рамзи иродаи Яҳува нисбати Исо буд (Ҳас. 22:1, 2, 9–13; Ибр. 10:5–10). Ҳарчанд Исҳоқ ба қурбон шудан тайёр буд, қурбониро бояд Иброҳим тақдим менамуд (Ибр. 11:17). Мисли ин, Исо бо хоҳиши худ ба мурдан розӣ шуд, лекин пешкаш намудани фидия хости Яҳува буд. Фидия аз муҳаббати бепоёне, ки Яҳува нисбати инсоният дорад, шаҳодат медиҳад.

12 Худи Исо гуфт: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Павлуси расул навишта буд: «Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8). Ҳарчанд дар Шоми ёдбуд мо марги Масеҳро ба хотир меорем, мо набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунем, ки тақдимкунандаи фидия Иброҳими Бузургтар — Яҳува аст. Бо ҷашни Шоми ёдбуд мо Ӯро ҷалол медиҳем.

Банда «мардуми бисёреро сафед хоҳад кард»

13, 14. Бандаи Яҳува чӣ тавр мардуми бисёрро одил гардонд?

13 (Ишаъё 53:11, 12-ро бихонед.) Дар бораи Бандаи интихобкардааш Яҳува гуфт: «Бандаи Одили Ман ... мардуми бисёреро сафед хоҳад кард [яъне одил хоҳад гардонд]». Чӣ тавр? Қисми охири ояти 12 ба ин савол ҷавоб медиҳад: «[Банда] барои ҷинояткорон шафоат намуд». Тамоми насли Одам гунаҳкор ё «ҷинояткор» таваллуд мешаванд ва аз ин рӯ «музди гуноҳ мамот», яъне маргро мегиранд (Рум. 5:12; 6:23). Ба инсонҳои гунаҳкор бо Яҳува оштӣ шудан лозим аст. Боби 53–юми китоби Ишаъё дар ҳаққи одамони гунаҳкор шафоат намудани Исоро хуб тасвир мекунад: «Сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем» (Иш. 53:5).

14 Масеҳ гуноҳҳои моро ба худ бор карда, баҳри мо мурд ва бо ин мардуми бисёрро одил гардонд. Павлус навиштааст: «Писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ [Масеҳ] сокин бошад, ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад» (Қӯл. 1:19, 20).

15. а) Он чӣ «дар осмон аст» кистанд? б) Танҳо кӣ дар хӯрдани рамзҳо иштирок карда метавонад ва чаро?

15 Он чӣ «дар осмон аст» — масеҳиёни тадҳиншудаанд, ки дар осмон ҳамроҳи Масеҳ ҳукмронӣ хоҳанд кард. Онҳо ба воситаи хуни рехтаи Исо бо Яҳува оштӣ шуданд. Ин масеҳиён ба «даъвати осмонӣ шарик» ҳастанд ва бо имон «барои ҳаёт сафед шуданд» (Ибр. 3:1; Рум. 5:1, 18). Яҳува онҳоро чун писарони рӯҳонӣ қабул мекунад. Рӯҳулқудс ба ин масеҳиён шаҳодат медиҳад, ки онҳо «ҳамирсони Масеҳ» ҳастанд ва дар Салтанати осмонӣ чун подшоҳону коҳинон хидмат хоҳанд кард (Рум. 8:15–17; Ваҳй 5:9, 10). Ин масеҳиён қисми Исроили рӯҳонӣ — «Исроили Худо» гаштанд ва бо онҳо «аҳди нав» баста шудааст (Ирм. 31:31–34; Ғал. 6:16). Чун иштирокчиёни аҳди нав онҳо дар Шоми ёдбуд дар хӯрдани рамзҳо иштирок мекунанд, аз он ҷумла дар нӯшидани шароби арғувонӣ, ки дар борааш Исо гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад» (Луқ. 22:20).

16. Он чӣ «бар замин аст» кистанд ва чӣ тавр онҳо назди Яҳува одил хонда мешаванд?

16 Он чӣ «бар замин аст» — гӯсфандони дигари Масеҳ мебошанд, ки умеди дар рӯи замин абадӣ зистанро доранд. Онҳоро низ Бандаи интихобкардаи Яҳува назди Ӯ одил мегардонад. Азбаски онҳо ба фидияи Масеҳ имон овардаанд ва «либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд», Яҳува онҳоро на чун писарони рӯҳониаш, балки чун дӯстонаш одил эълон мекунад ва ба онҳо умеди олиҷаноби наҷотро аз «азоби азим» мебахшад (Ваҳй 7:9, 10, 14; Яъқ. 2:23). Гӯсфандони дигар дар аҳди нав нестанд ва аз ин сабаб умеди осмонӣ надоранд; онҳо дар хӯрдани рамзҳо иштирок намекунанд, вале эҳтиромона чун мушоҳидакунандагон ба Шоми ёдбуд ташриф меоранд.

Миннатдорӣ ба Яҳува ва Бандаи писандидаи Ӯ

17. Чӣ тавр омӯзиши пешгӯиҳои Ишаъё дар бораи Банда кӯмак намуд, ки худро фикран ба ҷашни Шоми ёдбуд омода созем?

17 Омӯзиши пешгӯиҳои Ишаъё дар бораи Банда кӯмак намуд, ки худро фикран ба ҷашни Шоми ёдбуд омода созем. Он ба мо имконият дод, ки «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем» (Ибр. 12:2). Мо фаҳмидем, ки ба Писари Худо рӯҳияи исёнгарӣ хос нест. Баръакси Шайтон, ба вай таълимгирӣ аз Яҳува хурсандӣ мебахшад ва ӯ Яҳуваро чун Ҳокими Даҳр эътироф мекунад. Чӣ тавре ки мо дидем, Исо дар давоми хидмати заминиаш ба одамоне, ки мавъиза мекард ҳамдардӣ зоҳир менамуд ва бисёриҳоро ҳам ҷисман ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ шифо мебахшид. Ҳамин тавр Исо нишон дод, ки ӯ дар тартиботи нав, вақте ки «инсофро ба замин барқарор» мекунад, чун Подшоҳи Масеҳоӣ чӣ кор хоҳад кард (Иш. 42:4). Ӯ чун «нури халқҳо» бо ҷидду ҷаҳд мавъиза карда, ба шогирдонаш хотиррасон намуд, ки онҳо хушхабарро дар тамоми рӯи замин боғайратона мавъиза кунанд (Иш. 42:6).

18. Чаро пешгӯиҳои Ишаъё дилҳои моро аз миннатдорӣ ба Яҳува ва ба Бандаи содиқи Ӯ лабрез мегардонанд?

18 Аз пешгӯии Ишаъё мо хубтар фаҳмидем, ки Яҳува ба инсоният муҳаббати бузург зоҳир кард, вақте ки Писари азизи худро ба замин фиристод ва ба кушта шуданаш роҳ дод. Ба Яҳува на дидани азоби Писараш, балки то дами марг комилан содиқ мондани Исо хурсандӣ мебахшид. Мо низ бояд ба хурсандии Яҳува ҳамроҳ шавем ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо барои исботи дурӯғгӯ будани Шайтон, муқаддасгардонии номи Худо ва ҳамин тавр тасдиқ намудани ҳаққонияти ҳокимияти Ӯ кард, дар хотир дорем. Ғайр аз ин, Масеҳ гуноҳҳоямонро бар дӯши худ гирифт ва баҳри мо мурд. Бо ин роҳ ӯ имконпазир сохт, ки ҳам рамаи хурд — бародарони тадҳиншудааш ва ҳам гӯсфандони дигар назди Яҳува одил гарданд. Пас, ҳангоми ҷашни Шоми ёдбуд, бигзор дилҳои мо аз миннатдорӣ ба Яҳува ва ба Бандаи содиқи Ӯ лабрез бошанд.

Саволҳои барои такрор

• Ба кадом маъно «хости Худованд ин буд, ки Ӯро [Писарашро] зарба занад»?

• Чӣ тавр Исо «аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ» шуд?

• Банда чӣ тавр мардуми бисёрро одил гардонд?

• Омӯзиши пешгӯиҳои бо Банда алоқаманд чӣ гуна ақлу дили шуморо ба ҷашни Шоми ёдбуд омода сохт?

[Саволҳо барои омӯзиш]