Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Биё ва маро пайравӣ кун»

«Биё ва маро пайравӣ кун»

«Биё ва маро пайравӣ кун»

«Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва ... Маро пайравӣ намояд» (ЛУҚ. 9:23).

1, 2. а) Исо ба шунавандагонаш бо кадом даъват муроҷиат кард? б) Ба даъвати Исо шумо чӣ гуна ҷавоб додед?

ДАР охири хидмати заминиаш Исо дар Перея мавъиза мекард. Перея мавзеест, ки дар он сӯи дарёи Ӯрдун, шимолу шарқтар аз Яҳудия ҷойгир буд. Он ҷо назди Исо ҷавоне омада, аз ӯ пурсид, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона чӣ бояд кунад. Пас аз фаҳмидани он ки ҷавон Қонуни Мусоро дар ҳақиқат риоя менамояд, Исо ба ӯ бо даъвати аҷоибе муроҷиат кард: «Бирав, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада [«биё», ТДН] ... Маро пайравӣ кун» (Марқ. 10:21). Тасаввур кунед, ки худи Исои Масеҳ — Писари ягоназоди Ҳаққи Таоло он мардро ба пайравӣ даъват намуд!

2 Он ҷавон даъватро рад намуд, лекин дигарон онро қабул карданд. Аз ин пештар Исо ба Филиппус гуфт: «Аз ақиби Ман биё» (Юҳ. 1:43). Филиппус ин даъватро пазируфт ва дертар расули Исо шуд. Исо даъваташро ба Матто такрор намуд ва ӯ низ онро қабул кард (Мат. 9:9; 10:2–4). Дар асл Исо ба ҳама дӯстдорони адолат бо даъвати зерин муроҷиат мекунад: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва ... Маро пайравӣ намояд» (Луқ. 9:23). Аз ин бармеояд, ки ҳар як шахс пайрави Исо шуда метавонад, агар дар ҳақиқат инро хоҳад. Оё шумо чунин хоҳиш доред? Бисёре аз мо аллакай ин даъвати неки Исоро қабул кардем ва дар хидмати мавъиза онро ба дигарон мерасонем.

3. Чӣ кӯмак мекунад, ки пайрави Исо бимонем?

3 Мутаассифона баъзеи онҳое ки дар аввал ба ҳақиқати Китоби Муқаддас рағбат зоҳир намуданд, омӯзишро давом намедиҳанд. Онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст шуданд ва дар натиҷа дигар Исоро пайравӣ намекунанд (Ибр. 2:1). Чӣ кор кунем, то мо ҳам ба ин дом наафтем? Аз худ бипурсед: «Аслан ман чаро пайрави Исо шудан хостам? Пайравӣ ба ӯ чӣ маъно дорад?» Ҷавоб ба ин ду савол кӯмак мекунад, ки дар ин роҳи хуби интихобкардаамон устувор бимонем ва дигаронро барои пайрави Исо гаштан барангезем.

Чаро мо Исоро пайравӣ мекунем?

4, 5. Чаро Исо барои инсоният Пешвои беҳтарин аст?

4 Ирмиё–пайғамбар гуфт: «Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирм. 10:23). Таърихи инсоният ҳақ будани ин суханонро тасдиқ мекунад. Торафт равшантар мешавад, ки одамони нокомил бомуваффақият бар худашон ҳукмронӣ карда наметавонанд. Мо даъвати Исоро қабул карда, пайрави ӯ шудем, зеро фаҳмидем, ки Исо бароямон Пешвои беҳтарин аст ва ягон инсон ба ӯ ҳеҷ гоҳ баробар шуда наметавонад. Биёед бубинем, ки аз кадом сабабҳо Исо Пешвои беҳтарин аст.

5 Аввал ин ки Исоро чун Масеҳ ва Пешво худи Яҳува интихоб кардааст. Танҳо Офаридгори мо хуб медонад, ки бароямон кӣ Пешвои беҳтарин мебошад. Дуввум он ки Исо дорои хусусиятҳои писандида аст ва мо онҳоро дар худ инкишоф дода метавонем. (Ишаъё 11:2, 3-ро бихонед.) Вай намунаи комил аст (1 Пет. 2:21). Сеюм ин ки Исо нисбати пайравонаш самимона ғамхорӣ мекунад; ӯ ҳаёти худро барои онҳо қурбон намуда, инро исбот кард. (Юҳанно 10:14, 15-ро бихонед.) Ғайр аз ин, вай чун чӯпони ғамхор моро ба роҳе ҳидоят мекунад, ки ҳоло бароямон хушбахтӣ меорад ва сӯи ҳаёти абадӣ мебарад (Юҳ. 10:10, 11; Ваҳй 7:16, 17). Вақте ки мо аз ин сабабҳо ва сабабҳои дигар пайрави Исо шуданро интихоб кардем, мо оқилона рафтор намудем. Лекин пайравӣ ба ӯ чиро дар бар мегирад?

6. Пайравӣ ба Исо чиро дар бар мегирад?

6 Барои пайрави Масеҳ будан худро масеҳӣ номидан кам аст. Имрӯз қариб ду миллиард одамон худро масеҳӣ меноманд, лекин рафторашон нишон медиҳад, ки онҳо «бадкор»–анд. (Матто 7:21–23-ро бихонед.) Агар касе пайрави Исо шудан хоҳад, мо ба ӯ мефаҳмонем, ки масеҳиёни ҳақиқӣ ҳаёташонро пурра дар асоси таълимоти Исо ва намунае, ки ӯ гузоштааст, бунёд мекунанд. Онҳо дар зиндагии ҳаррӯза аз рӯи суханони вай амал менамоянд. Биёед бубинем, ки ин чӣ маъно дорад ва баъзе ҷонибҳои шахсияти Исоро дида мебароем.

Ба хиради Исо пайравӣ кунед

7, 8. а) Хирадмандӣ чист ва чаро Исо дорои хиради бузург аст? б) Хиради Исо дар чӣ зоҳир мешуд ва мо ба ӯ чӣ гуна пайравӣ карда метавонем?

7 Исо дорои хусусиятҳои зиёди барҷаста аст, лекин мо чортои онро дида мебароем: хирад, фурӯтанӣ, ғайрат ва муҳаббат. Дар аввал мо хирадмандӣ, яъне қобилияти дар амал ба кор бурдани фаҳмишу донишро муҳокима мекунем. Павлуси расул навиштааст: «Дар Ӯ [Исо] ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст» (Қӯл. 2:3). Исо ин гуна ҳикмат, яъне хирадро аз куҷо гирифт? Худи вай гуфт: «Он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям» (Юҳ. 8:28). Сарчашмаи хиради ӯ Яҳува мебошад ва аз ин рӯ тааҷҷубовар нест, ки Исо чунин солимфикрӣ зоҳир мекунад.

8 Масалан, дар интихоби роҳи зиндагӣ Исо солимфикрӣ зоҳир намуд. Ӯ ҳаёти хоксорона ба сар мебурд; ҷои аввалро дар он танҳо як чиз — иҷроиши иродаи Худо, ишғол мекард. Вай вақту қувваи худро оқилона барои манфиатҳои Салтанат сарф мекард. Мо ба намунаи Исо пайравӣ намуда, чашмамонро «солим», яъне оддӣ нигоҳ медорем ва бо ин намегузорем, ки чизҳои нодаркор қуввату таваҷҷӯҳи моро гиранд (Мат. 6:22). Бисёре аз масеҳиён барои иштироки бештар дар мавъиза тарзи зиндагиашонро оддитар намуданд. Баъзеҳо чун пешрав хидмат мекунанд. Агар шумо низ дар сафи онҳо бошед, сазовори таҳсину офаринед. Дар ҷои аввал гузоштани манфиатҳои Салтанат хушбахтӣ ва қаноатмандии бузурге меорад (Мат. 6:33).

Мисли Исо фурӯтан бошед

9, 10. Чӣ тавр Исо фурӯтанӣ зоҳир кард?

9 Акнун фурӯтании Исоро дида мебароем. Аз гирифтани ҳокимият одамони нокомил одатан худро аз дигарон боло мегиранд. То чӣ андоза Исо аз онҳо фарқ мекунад! Ҳарчанд дар иҷрошавии иродаи Яҳува Исо нақши асосӣ мебозад, ӯ ҳатто заррае ҳам ҳавобаландӣ зоҳир намекунад. Чӣ намунаи хубест! Павлуси расул менависад: «Дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт [«фикри ба Худо баробар буданро намекард», ТДН]. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд» (Фил. 2:5–7). Ба кадом маъно Исо худро кам донист ва ба сурати ғулом даромад?

10 Исо аз зиндагӣ назди Падараш дар осмон баҳра мебурд, лекин ӯ бо майли том «худро кам донист». Ҳаёти вай ба батни яҳудидухтари бокира гузаронида шуд ва пас аз нӯҳ моҳ ӯ дар оилаи дуредгари оддӣ — Юсуф, чун кӯдаки нотавон таваллуд ёфт. Дар хонадони ӯ Исо калон шуд: роҳ рафтанро ёд гирифт, аз хурдсолӣ ба наврасӣ расид. Ӯ инсони бегуноҳ буд. Бо вуҷуди ин, дар солҳои наврасӣ Исо ба волидони нокомилу гунаҳкораш итоат мекард (Луқ. 2:51, 52). Чӣ фурӯтании бузурге!

11. Бо кадом роҳҳо мо ба фурӯтании Исо пайравӣ карда метавонем?

11 Мо ба фурӯтании Исо пайравӣ мекунем, агар бо омодагӣ корҳоеро, ки назарногир метобанд, иҷро намоем. Масалан, кори мавъиза шояд назарногир тобад, хусусан вақте ки мо бо бепарвоӣ, тамасхур ва мухолифати одамон дучор мешавем. Лекин бо давом додани ин кор, мо ба дигарон кӯмак мекунем, ки онҳо даъвати Исоро қабул намуда, пайрави ӯ шаванд ва наҷот ёбанд. (2 Тимотиюс 4:1–5-ро бихонед.) Мисоли дигар — нигоҳубини Толори Салтанат аст. Ғундоштани партовҳо, рӯфтану шустани фарш, тоза кардани ҳоҷатхонаҳо — корҳои начандон назаррасанд. Лекин мо мефаҳмем, ки Толори Салтанат дар маҳалли мо маркази ибодати пок аст ва нигоҳубини он қисми хидмати муқаддаси мост. Бо омодагӣ корҳои назарногирро иҷро карда, мо фурӯтанӣ зоҳир менамоем ва бо ин ба Масеҳ пайравӣ мекунем.

Мисли Исо боғайрат бошед

12, 13. а) Исо дар хидмат чӣ тавр ғайрат нишон медод ва ӯро ба ин кор чӣ бармеангехт? б) Барои боғайрат мавъиза кардан моро чӣ бармеангезад?

12 Биёед акнун муҳокима кунем, ки Исо чӣ тавр дар хидмат ғайрат нишон медод. Ҳангоми дар рӯи замин буданаш Исо корҳои зиёде кард. Эҳтимол ӯ дар наврасӣ бо падари ӯгаяш Юсуф дуредгарӣ мекард. Вай мӯъҷизаҳои бисёр нишон дод, аз он ҷумла беморонро шифо бахшид ва мурдагонро эҳё кард. Лекин кори асоситарини Исо мавъизаи хушхабар ва таълим додани касоне буд, ки вайро гӯш кардан мехостанд (Мат. 4:23). Ба мо чун ба пайравони Исо ҳамин кор супорида шудааст. Мо чӣ тавр ба намунаи ӯ пайравӣ карда метавонем? Масалан, мо низ чун Исо бояд аз ниятҳои нек мавъиза кунем.

13 Пеш аз ҳама муҳаббат ба Худо Исоро бармеангехт, ки мавъиза кунаду таълим диҳад. Ҳамчунин ӯ ҳақиқатҳоеро, ки таълим медод, дӯст медошт. Онҳо барояш ганҷи бебаҳо буданд ва ӯ хоҳиши сахти ба дигарон расонидани онҳоро дошт. Мо низ чун устодон ба Исо пайравӣ кардан мехоҳем. Танҳо дар бораи баъзе дурдонаҳои ҳақиқати аз Каломи Худо фаҳмидаатон фикр кунед! Мо дар бораи саволи баҳсталаб оиди ҳукмронӣ дар даҳр ва чӣ гуна ҳал шудани онро медонем. Дар бораи ҳолати мурдагон ва оиди баракатҳое, ки дунёи нави Худо бо худ меорад, бохабарем. Новобаста аз он ки мо ин ҳақиқатҳоро кай аз худ кардем, онҳо ганҷи бебаҳо мемонанд. (Матто 13:52-ро бихонед *.) Бо хоҳиши самимӣ мавъиза карда, мо ба дигарон муҳаббатеро, ки ба таълимоти аз Яҳува гирифтаамон дорем, мерасонем.

14. Чӣ гуна мо ба тарзи таълимдиҳии Исо пайравӣ карда метавонем?

14 Инчунин ба тарзи таълимдиҳии Исо таваҷҷӯҳ кунед. Ӯ ҳамеша диққати шунавандагонашро ба Навиштаҳо равона менамуд. Пеш аз гуфтани фикри муҳим вай одатан қайд мекард: «Навишта шудааст» (Мат. 4:4; 21:13). Мувофиқи Китоби Муқаддас, ӯ айнан ё мазмунан аз нисфи зиёди китобҳои Навиштаҳои Ибронӣ иқтибос овардааст. Мисли Исо, мо дар хидмат пурра ба Китоби Муқаддас такя мекунем ва дар мавридҳои имконпазир таваҷҷӯҳи шунавандагонро ба он равона менамоем. Бо ин роҳ мо ба одамони самимӣ кӯмак мекунем, то бубинанд, ки мо на фикрҳои худ, балки фикри Худоро ба онҳо мерасонем. Чӣ гуна хурсанд мегардем мо, агар касе барои хондани пораи Китоби Муқаддас ва муҳокима намудани он розӣ шавад! Ва агар ин шахсон даъвати Исоро қабул карда, ӯро пайравӣ кунанд, хурсандии мо дучанд мегардад.

Пайравӣ ба Исо — муҳаббат ба дигарон аст

15. Хусусияти барҷастатарини Исо кадом аст ва андеша оиди он ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?

15 Дар охир мо хусусияти ҷолибтарини Исо — муҳаббати ба инсониятдоштаашро муҳокима мекунем. Павлуси расул навиштааст: «Муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд» (2 Қӯр. 5:14). Аз андеша оиди муҳаббате, ки Исо ба кулли инсоният ва ба ҳар яки мо зоҳир менамояд, дилҳои мо гарм шуда, моро бармеангезад, то аз ӯ ибрат гирем.

16, 17. Бо кадом роҳҳо Исо ба дигарон муҳаббати худро зоҳир мекард?

16 Исо чӣ гуна ба дигарон муҳаббат зоҳир мекард? Бузургтарин зуҳуроти муҳаббати ӯ — бо омодагӣ баҳри инсоният қурбон намудани ҳаёташ аст (Юҳ. 15:13). Лекин Исо дар давоми хидматаш бо роҳҳои дигар низ муҳаббати худро нишон медод. Масалан, ӯ ба онҳое, ки ранҷу азоб мекашиданд, ҳамдардӣ зоҳир мекард. Вақте ки Исо Марям ва дигар шахсони аз марги Лаъзор мотамзадаро дид, дилаш аз эҳсоси дарди онҳо пур шуд. «Исо гиря кард», ҳарчанд медонист, ки ҳозир Лаъзорро эҳё мекунад (Юҳ. 11:32–35).

17 Дар аввали хидмати Исо назди ӯ махавие омада, гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Дар ҷавоб Исо чӣ кор кард? Навиштаҳо мегӯянд: «Исоро бар вай раҳм омад». Сипас Исо кори ғайриоддие кард. Ӯ «дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: “Мехоҳам, пок шав!” Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид». Аз рӯи Қонуни Мусо махавиён нопок буданд ва Исо бешубҳа он мардро бе ламс кардан ҳам шифо бахшида метавонист. Аммо Исо ба махавӣ имконият дод, ки ӯ дастрасонии каси дигарро — шояд бори аввал дар тӯли солҳо — эҳсос кунад. Чӣ ҳамдардие амиқе зоҳир кард Исо! (Марқ. 1:40–42).

18. Мо чӣ тавр ҳамдардӣ зоҳир карда метавонем?

18 Мо чун пайравони Масеҳ ба зоҳир кардани муҳаббату ҳамдардӣ ташвиқ карда мешавем (1 Пет. 3:8). Фаҳмидани эҳсосоти ҳамимононе, ки аз бемории музмин ё афсурдарӯҳӣ (депрессия)–и сахт азоб мекашанд, шояд осон нест, хусусан агар худи мо инро ҳеҷ гоҳ эҳсос накарда бошем. Лекин Исо эҳсосоти беморонро хуб мефаҳмид, ҳарчанд худаш ҳеҷ гоҳ бемор набуд. Чӣ тавр мо дар худ чунин ҳамдардӣ инкишоф дода метавонем? — Вақте ки шахси бемор дилашро холӣ менамояд, мо босаброна гӯш мекунем. Аз худ бипурсед: «Агар ман дар ҷои ӯ мебудам, худамро чӣ хел эҳсос менамудам?». Вақте ки мо ба ҳурмат кардани эҳсосоти дигарон мекӯшем, мо ғамгинонро беҳтар «тасаллӣ» дода метавонем ва бо ин роҳ ба Исо пайравӣ мекунем (1 Тас. 5:14).

19. Омӯзиши намунаи Исо ба мо чӣ гуна таъсир мекунад?

19 То чӣ андоза таъсирбахш аст муҳокимаи тарзи рафтору кирдор ва суханони Исои Масеҳ! Ҳар чӣ қадар хубтар мо бо вай шинос шавем, ҳамон қадар хоҳишамон қавитар мегардад, то ӯро пайравӣ кунему инчунин ба дигарон дар ин кор кӯмак намоем. Пас биёед, хурсандона Подшоҳи Масеҳоиро имрӯз ва то абад пайравӣ кунем!

[Эзоҳ]

^ сарх. 13 Калимаи юноние, ки ин ҷо «китобдон» тарҷума шудааст, инчунин маънои устодро дорад.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Чӣ гуна мо мисли Исо хирадмандона амал карда метавонем?

• Бо кадом роҳҳо мо фурӯтанӣ зоҳир мекунем?

• Барои иштироки боғайратона дар хидмат чӣ кор кунем?

• Бо кадом роҳҳо дар зоҳир намудани муҳаббат ба дигарон мо ба Исо пайравӣ карда метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Замимаи саҳифаи 2]

КИТОБЕ, КИ ДАР ПАЙРАВӢ БА ИСО КӮМАК МЕКУНАД

Дар анҷумани вилоятии соли 2007 эълон шуд, ки китоби 192–саҳифагии «Биё ва маро пайравӣ кун» (рус.) аз чоп баромад. Ин китоб ба масеҳиён кӯмак мекунад, ки ба Исо, бахусус ба хислатҳо ва аъмоли ӯ таваҷҷӯҳ намоянд. Баъд аз ду боби муқаддимавӣ қисми якум оғоз меёбад, ки дар он хусусиятҳои барҷастаи Исо мисли фурӯтанӣ, ҷасорат, хирадмандӣ, итоаткорӣ ва тобоварӣ муҳокима мешаванд.

Қисмҳои минбаъда ба фаъолияти Исо чун устод ва воизи хушхабар бахшида шудаанд. Дар қисми охирини китоб сухан дар бораи муҳаббати бузурги Исо меравад. Ин китоб ба масеҳиён кӯмак мекунад, ки ба Исо пайравӣ намоянд.

Мо боварии комил дорем, ки ин адабиёт ҳар яки моро ба худтаҳлилкунӣ бармеангезад. Дар ин ба мо саволҳои зерин кӯмак мекунанд: “Оё ман дар ҳақиқат ба Исо пайравӣ мекунам? Чӣ тавр ман аниқтар ба ӯ пайравӣ карда метавонам?” Ҳамчунин ин китоб кӯмак мекунад, то «онҳое, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ моиланд», пайрави Исо гарданд (Аъм. 13:48, ТДН).