Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува ба воситаи мо меҳрубонии беҳамто зоҳир мекунад

Яҳува ба воситаи мо меҳрубонии беҳамто зоҳир мекунад

Яҳува ба воситаи мо меҳрубонии беҳамто зоҳир мекунад

«Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (РУМ. 12:10).

1. Каломи Худо ба мо чӣ эътимоде мебахшад?

КАЛОМИ ХУДО гаштаву баргашта эътимод мебахшад, ки дар рӯҳафтодагиву дилшикастагӣ Яҳува ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад. Масалан, ба ин суханони тасаллибахш аҳамият диҳед: «Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад». «Дилшикастагонро шифо мебахшад ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад» (Заб. 144:14; 146:3). Беш аз ин, худи Падари осмониамон мегӯяд: «Ман, ки Худованд Худои ту ҳастам, ямини туро гирифта, ба ту мегӯям: “Натарс, Ман туро ёварӣ хоҳам дод”» (Иш. 41:13).

2. Чӣ тавр Яҳува ходимонашро дастгирӣ мекунад?

2 Лекин чӣ тавр Яҳува, ки дар осмон зиндагӣ мекунад, «ямин», яъне дасти рости моро мегирад? Чӣ тавр Ӯ «ҳамаи хамидақоматон» ё андӯҳгинонро дастгирӣ менамояд? Яҳува Худо бо роҳҳои гуногун ба мо кӯмак мекунад. Масалан, Ӯ тавассути рӯҳулқудс ба халқаш «бартарии қувват» мебахшад (2 Қӯр. 4:7; Юҳ. 14:16, 17). Инчунин Каломи Худо — Китоби Муқаддас ба ходимони Ӯ манбаи қувват аст (Ибр. 4:12). Яҳува боз бо кадом роҳҳо моро дастгирӣ мекунад? Номаи якуми Петрус ба ин савол ҷавоб медиҳад.

Меҳрубонии беҳамтои Худо ба таври гуногун зоҳир мегардад

3. а) Петруси расул дар бораи озмоишҳо чӣ гуфт? б) Дар қисми дуюми номаи якуми Петрус чӣ муҳокима мешавад?

3 Ба масеҳиёни тадҳиншуда Петруси расул менависад, ки онҳо барои хурсандӣ сабабҳои зиёд доранд, зеро атои бузурге хоҳанд гирифт. Сипас ӯ илова кард: «Дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед» (1 Пет. 1:1–6). Аҳамият диҳед, ки озмоишҳо «гуногун» хоҳанд буд. Оё онҳо ин озмоишҳоро аз сар гузаронида метавонанд? Петрус итминон бахшид, ки Яҳува ба масеҳиён барои аз сар гузаронидани ҳама озмоишҳо кӯмак хоҳад кард. Ин мазмун суханонро қисми дуюми номаи якуми Петрус дар бар мегирад ва он инчунин мавзӯи бо наздикшавии анҷоми ин дунёи шарир алоқамандро муҳокима мекунад (1 Пет. 4:7).

4. Чаро суханони дар 1 Петрус 4:10 навишташуда бароямон тасаллибахшанд?

4 Петрус менависад: «Ҳар яки шумо кадом инъомеро гирифта бошед, онро истифода бурда, ба ҳамдигар чун идоракунандагони хуби меҳрубонии беҳамтои Худо, ки ба таври гуногун зоҳир мегардад, хидмат кунед» (1 Пет. 4:10, ТДН). Ин ҷо низ Петрус калимаи «гуногун»-ро истифода мебарад. Дар асл ӯ мегӯяд: “Озмоишҳо шаклҳои гуногун мегиранд. Мисли ин, меҳрубонии беҳамтои Худо низ бо роҳҳои гуногун зоҳир мегардад”. Чаро ин фикр тасаллибахш аст? Зеро меҳрубонии беҳамтои Худо ҳамеша ба озмоишҳоямон ҳамранг аст, яъне бо кадом озмоише дучор нашавем, мо маҳз ҳамон кӯмакеро мегирем, ки ба он эҳтиёҷ дорем. Инчунин аз суханони Петрус бармеояд, ки Яҳува ба воситаи ҳамимонон ба мо меҳрубонии беҳамто зоҳир мекунад.

Ба ҳамдигар хидмат кунед

5. а) Яҳува аз ҳар масеҳӣ чӣ интизор аст? б) Кадом саволҳо муҳокима хоҳанд шуд?

5 Петрус ба ҳама аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ гуфт: «Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед». Сипас ӯ илова кард: «Ҳар яки шумо кадом инъомеро гирифта бошед, онро истифода бурда, ба ҳамдигар ... хидмат кунед» [ТДН] (1 Пет. 4:8, 10). Инак, ҳар аъзои ҷамъомад дар рӯҳбаланд кардани ҳамимонон иштирок мекунад. Яҳува моро лоиқи чизе донистааст, ки ба худи Ӯ тааллуқ дорад ва мо бояд онро ба манфиати дигарон истифода барем. Мувофиқи суханони Петрус ин «инъом» аст. Он чист ва чӣ тавр ин инъомро барои хидмат ба ҳамдигар истифода барем?

6. Баъзе инъомҳои ба масеҳиён додашуда кадоманд?

6 Каломи Худо мегӯяд, ки «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло» аст (Яъқ. 1:17). Бале, ҳар инъоме, ки Яҳува ба халқаш додааст, нишонаи меҳрубонии беҳамтои Ӯ мебошад. Яке аз инъомҳои бузурги Яҳува — рӯҳулқудс аст. Бо кӯмаки он мо дар худ хусусиятҳои неке мисли муҳаббат, некӯкорӣ ва ҳалимӣ инкишоф дода метавонем. Дар навбати худ, ба туфайли ин хусусиятҳо мо ба ҳамимонон меҳру муҳаббати самимӣ зоҳир менамоем ва бо омодагӣ онҳоро дастгирӣ мекунем. Ҳамчунин хирадмандии ҳақиқӣ ва дониш дар бораи Худо — инъомҳои хубе мебошанд, ки тавассути рӯҳулқудс ба мо дода мешавад (1 Қӯр. 2:10–16; Ғал. 5:22, 23). Қувват, қобилиятҳо ва истеъдодҳоямон — инъомҳои Ӯ ҳастанд ва мо бояд онҳоро барои ҷалол додани Падари осмонӣ ба кор барем. Худо интизор аст, ки мо қобилиятҳо ва хусусиятҳоямонро барои ба ҳамимонон расонидани меҳрубонии беҳамтои Ӯ истифода намоем.

«Онро истифода бурда ... хидмат кунед». Чӣ гуна?

7. а) 1 Петрус 4:10 дар бораи «инъом»–и гирифтаамон чӣ мегӯяд? б) Кадом саволҳоро бояд ба худ диҳем ва чаро?

7 Инчунин дар бораи инъомҳои гирифтаамон Петрус гуфт, ки «ҳар яки шумо кадом инъомеро гирифта бошед, онро истифода» баред. Ин суханон нишон медиҳанд, ки инъомҳо, яъне хусусиятҳо ва қобилиятҳои ба мо атошуда на фақат гуногун буда метавонанд, балки дараҷаи зоҳиршавиашон низ гуногун аст. Ба ҳар ҳол, ҳар яки мо бояд «онро [кадом инъомеро, ки гирифта бошем] истифода бурда, ба ҳамдигар» хидмат кунем. Беш аз ин, суханони «онро истифода бурда, ба ҳамдигар чун идоракунандагони хуб ... хидмат кунед» амр аст. Аз ин рӯ, мо бояд аз худ бипурсем: “Оё ман инъомҳои худододамро дар ҳақиқат барои дастгирӣ кардани ҳамимонон истифода мебарам? (Бо 1 Тимотиюс 5:9, 10 қиёс кунед.) “Ё ин ки қобилиятҳоямро ман асосан барои манфиати худам, масалан барои сарватмандшавӣ ё пайдо кардани мақоме дар ҷамъият, истифода мекунам?” (1 Қӯр. 4:7). Агар мо инъомҳоямонро барои ба ҳамдигар хидмат кардан истифода барем, мо ба Яҳува писанд хоҳем омад. (Мас. 19:17; Ибриён 13:16-ро бихонед.)

8, 9. а) Масеҳиён дар сар то сари замин бо кадом роҳҳо ба ҳамимонон хидмат мекунанд? б) Дар ҷамъомади шумо бародарону хоҳарон чӣ тавр ба якдигар кӯмак менамоянд?

8 Мувофиқи Каломи Худо масеҳиёни асри як ба ҳамдигар бо роҳҳои гуногун хидмат мекарданд. (Румиён 15:25, 26; 2 Тимотиюс 1:16–18-ро бихонед.) Имрӯз низ масеҳиёни ҳақиқӣ амри дар 1 Петрус 4:10 навишташударо самимона иҷро менамоянд. Бо кадом роҳҳо? Биёед инро дида мебароем.

9 Бисёри бародарон ҳар моҳ барои тайёрӣ ба қисмҳои барномаи вохӯриҳои ҷамъомад соатҳои зиёд сарф мекунанд. Вақте ки онҳо дар вохӯриҳо маълумоти пурарзиши дар натиҷаи таҳқиқ ёфтаашонро ба дигарон мерасонанд, суханони оқилонаашон ҳамаро ба устуворӣ дар имон бармеангезад (1 Тим. 5:17). Бисёре аз бародарону хоҳаронро чун шахсони мушфиқу дилсӯз мешиносанд (Рум. 12:15). Баъзеҳо мунтазам шахсони афсурдаҳолро хабар мегиранд ва ҳамроҳи онҳо дуо мегӯянд (1 Тас. 5:14). Бархе ба масеҳиёне, ки озмоишҳоро аз сар мегузаронанд, номаҳои рӯҳбаландкунанда менависанд. Боз як тоифаи бародарону хоҳарон ба заифону нотавонон барои ташрифорӣ ба вохӯриҳо меҳрубонона кӯмак мекунанд. Ҳазорҳо Шоҳидон ба ҳамимонони аз офатҳои табиӣ осебдида дар иморату таъмири хонаҳои онҳо кӯмак мекунанд. Меҳру муҳаббат ва кӯмаки амалии чунин бародарону хоҳарон — роҳҳои гуногуни зоҳир шудани меҳрубонии беҳамтои Худо аст. (1 Петрус 4:11-ро бихонед.)

Чӣ муҳимтар аст?

10. а) Павлус кадом ду ҷониби хидмат ба Худоро қайд кард? б) Чӣ тавр имрӯз ба намунаи Павлус пайравӣ кунем?

10 Худо ходимонашро на танҳо лоиқи инъомҳо барои хидмат ба ҳамдигар донист, балки ба онҳо хушхабарро супорид, то ки онро ба дигарон расонанд. Павлуси расул ин ду ҷониби хидматро қайд кард. Ӯ ба ҷамъомади шаҳри Эфсӯс навишт, ки баҳри беҳбудии онҳо ба ӯ «идоракунии меҳрубонии беҳамтои Худо» супорида шудааст (Эфс. 3:2, ТДН). Ҳамчунин вай гуфт: «Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад» (1 Тас. 2:4). Мисли Павлус, мо низ мефаҳмем, ки бояд чун воизони Салтанати Худо хидмат кунем. Бо ҷидду ҷаҳд мавъиза карда, мо ба намунаи Павлус — воизи суботкор, пайравӣ мекунем (Аъм. 20:20, 21; 1 Қӯр. 11:1). Мо медонем, ки мавъизаи пайғоми Салтанат ҳаёти одамонро наҷот дода метавонад. Ҳамзамон мо чун Павлус ҳар имконияти ба ҳамимонон тақдим намудани «атои рӯҳонӣ»-ро аз даст намедиҳем. (Румиён 1:11, 12; 10:13–15-ро бихонед.)

11. Ба кори мавъиза ва кӯмак ба бародарон мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?

11 Кадоме аз ин ду ҷониби хидмат муҳимтар аст? Ба фикри шумо, кадоме аз болҳои парранда муҳимтаранд? Ҷавоб равшан аст. Барои парвоз кардан ба парранда ду бол лозим аст. Мисли ин, мо бояд дар ҳар ду ҷониби хидмат иштирок кунем, то ҳама чизеро, ки Худо аз мо интизор аст, иҷро намоем. Ба ҷои он ки ба мавъизаи хушхабар ва кӯмак ба ҳамимонон дар алоҳидагӣ нигарем, мо бо Павлусу Петрус комилан розием: онҳо эътироф мекарданд, ки ин ду ҷониби хидмат бо ҳам сахт алоқаманданд. Чӣ гуна?

12. Чӣ тавр ба воситаи мо Яҳува ба дигарон кӯмак мекунад?

12 Чун воизони хушхабар мо пайғоми Салтанати Худоро ба дигарон мерасонем ва дар ин кор тамоми маҳорати омӯзгории худро истифода бурда, ба дили онҳо роҳ меёбем. Ҳамин тавр мо кӯмак менамоем, ки онҳо шогирди Масеҳ шаванд. Ҳамзамон мо тамоми қобилиятҳо ва дигар инъомҳои худододамонро ба кор бурда, бо суханони дилгармкунанда ва корҳои некамон ҳамимононро дастгирӣ мекунем. Ба туфайли ин, бародарону хоҳарон меҳрубонии беҳамтои Худоро эҳсос менамоянд (Мас. 3:27; 12:25). Бо ин роҳ, мо кӯмак менамоем, ки онҳо шогирди Масеҳ бимонанд. Иштирок дар ҳар ду намуди фаъолият — мавъизаи хушхабар ва хидмат ба ҳамдигар — имтиёзи бузургест, зеро ба воситаи мо Яҳува ба дигарон кӯмак менамояд (Ғал. 6:10).

«Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред»

13. Агар касе ё чизе моро аз хидмат ба ҳамдигар боздорад, ин ба чӣ оварда мерасонад?

13 Павлус ҳамимононро ташвиқ мекард: «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Рум. 12:10). Дар ҳақиқат, муҳаббати бародарона нисбати ҳамимонон моро бармеангезад, ки самимона чун идоракунандагони меҳрубонии беҳамтои Худо хидмат намоем. Мо мефаҳмем, ки агар Шайтон аз хидмат ба ҳамдигар моро боздошта тавонад, вай ягонагиамонро барҳам медиҳад (Қӯл. 3:14, ТДН). Дар навбати худ, норасоии ягонагӣ ба норасоии ҷидду ҷаҳд дар кори мавъиза меорад. Мо медонем, ки агар як боли парранда осеб бинад, ӯ парвоз карда наметавонад. Мисли ин, агар як намуди фаъолиятамон осеб бинад, мо дигарашро ҳам иҷро карда наметавонем ва Шайтон инро хуб медонад.

14. Хидмат ба якдигар ба кӣ муфид аст? Мисоле оред.

14 Хидмат ба якдигар ҳам ба онҳое, ки аз меҳрубонии беҳамтои Худо баҳра мебаранд ва ҳам ба касоне, ки тавассуташон он зоҳир карда мешавад, муфид аст (Мас. 11:25). Мисоле меорем: ҳамсарон Райен ва Рони дар иёлати Иллинойс (ИМА) зиндагӣ мекарданд. Вақте ки онҳо шуниданд, ки тӯфони «Катрина» садҳо хонаҳои ҳамимононро вайрон кардааст, муҳаббати бародарона онҳоро барангехт, то хонаву дар ва ҷои корашонро гузоранд, трейлери истифодашударо харида, онро таъмир кунанд ва ба иёлати Луизианна (1400 километр дуртар) кӯчанд. Ин ҳамсарон он ҷо зиёда аз як сол зиндагӣ карданд ва барои кӯмак ба бародарон вақт, қувва ва дороиашонро сарф намуданд. «Аз иштирок дар ин кор муносибати ман бо Худо наздиктар шуд,— мегӯяд Райени 29–сола.— Ман бо чашмони худ дидам, ки чӣ тавр Яҳува ба халқаш ғамхорӣ менамояд». Ӯ илова мекунад: «Аз ҳамкорӣ бо бародарони калонсол ман хубтар фаҳмидам, ки ғамхорӣ нисбати ҳамимонон чӣ маъно дорад. Ҳамчунин ман дидам, ки барои мо, ҷавонон дар созмони Яҳува кор бисёр аст». Ронии 25–сола мегӯяд: «Аз он ки ман ба дигарон кӯмак карда метавонам, хеле миннатдорам. Ман ҳеҷ гоҳ худро чунин хушбахт эҳсос накарда будам. Он таҷрибае, ки ман ин ҷо ба даст овардам, дар тӯли солҳо бароям кӯмак хоҳад намуд».

15. Чӣ сабабҳои хубе дорем, ки минбаъд низ чун идоракунандагони меҳрубонии беҳамтои Худо хидмат кунем?

15 Хуллас, итоат ба аҳкоми Худо — мавъизаи хушхабар ва кӯмак ба ҳамимонон — ба ҳама баракат меорад. Касоне, ки кӯмак мегиранд, аз ҷиҳати рӯҳонӣ қавӣ мегарданд, мо бошем, хурсандии ҳақиқиро, ки танҳо «додан» бо худ меорад, эҳсос мекунем (Аъм. 20:35). Агар ҳамаи масеҳиён нисбати якдигар самимона ғамхорӣ намоянд, ҷамъомад гул–гул мешукуфад. Беш аз ин, муҳаббати бародаронаи мо масеҳиёни ҳақиқӣ буданамонро ба одамони гирду атроф нишон медиҳад. Исо гуфт: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:35). Аз ҳама муҳимаш, кӯшиши ба дигарон кӯмак кардани мо Падари ғамхори осмониамон — Яҳуваро ҷалол медиҳад, зеро дар корҳои ходимонаш хоҳиши Ӯ зоҳир мегардад. Худо мехоҳад, ки ба шахсони ба дастгирӣ мӯҳтоҷ кӯмак кунад. Аз ин рӯ, мо сабабҳои хубе дорем, ки «ба ҳамдигар чун идоракунандагони хуби меҳрубонии беҳамтои Худо» хидмат кунем ва дар ин кор инъоми худододамонро истифода барем. Оё шумо минбаъд низ ҳамин тавр рафтор мекунед? (Ибриён 6:10-ро бихонед.)

Оё дар хотир доред?

• Бо кадом роҳҳо Яҳува ходимонашро дастгирӣ менамояд?

• Худо моро лоиқи чӣ донистааст?

• Чӣ тавр мо ба ҳамимононамон хидмат карда метавонем?

• Аз кадом сабабҳо мо минбаъд низ инъомҳои худододамонро ба кор бурда, ба ҳамдигар хидмат мекунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]