Бигзор суханони Исо ба рӯҳияи шумо таъсир кунанд
Бигзор суханони Исо ба рӯҳияи шумо таъсир кунанд
«Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегӯяд» (ЮҲ. 3:34).
1, 2. Мавъизаи Болоикӯҳиро ба чӣ ташбеҳ додан мумкин аст ва чаро метавон гуфт, ки ин мавъиза бар «каломи Худо» асос ёфтааст?
ЯКЕ АЗ КАЛОНТАРИН алмосҳои дунё — Ситораи Африқо» аст, ки 530 қирот вазн дорад. Чӣ санги қиматбаҳое! Лекин ганҷҳои рӯҳонии Мавъизаи Болоикӯҳии Исо аз он ҳам қиматтаранд. Ин тааҷҷубовар нест, чунки дар асл онҳо аз Яҳува сарчашма мегиранд. Исо дар бораи худаш гуфт: «Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегӯяд» (Юҳ. 3:34–36).
2 Ҳарчанд Мавъизаи Болоикӯҳӣ шояд дар давоми камтар аз ним соат гуфта шудааст, дар он 21 маротиба аз ҳашт китоби Навиштаҳои Юнонӣ иқтибосҳо оварда шудаанд. Чӣ тавре ки мебинем, он пурра дар «каломи Худо» асос ёфтааст. Биёед баъзе аз принсипҳои бешумори пурарзиши ин мавъизаи беҳамторо дида бароем.
«Аввал бо бародари худ мувосо кун»
3. Баъд аз он ки шогирдонашро аз оқибатҳои хашмгирӣ огоҳ кард, Исо чӣ маслиҳате дод?
3 Чун масеҳиён мо хушбахт ва сулҳҷӯ ҳастем, зеро рӯҳулқудси Худоро дорем ва самари он шодмониву сулҳ аст (Ғал. 5:22, 23). Исо намехост, ки шогирдонаш сулҳ ва хушбахтиашонро аз даст диҳанд ва аз ин рӯ онҳоро аз оқибатҳои ҳалокатовари хашми бардавом огоҳ кард. (Матто 5:21, 22-ро бихонед.) Сипас ӯ илова намуд: «Ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун» (Мат. 5:23, 24).
4, 5. а) Зери калимаи «қурбонӣ» дар Матто 5:23, 24 Исо чиро дар назар дошт? б) Оштӣ шудан бо бародари ранҷида то чӣ андоза муҳим аст?
4 Исо дар бораи дилхоҳ чизҳое, ки чун қурбонӣ ба маъбади Ерусалим оварда мешуданд, сухан мегуфт. Масалан, ба сифати қурбонӣ овардани ҳайвонҳо муҳим буд, зеро он вақт ин гуна қурбониҳо қисми ибодати Яҳува буданд. Аммо Исо қайд кард, ки пеш аз овардани қурбонӣ ба Худо бо бародари ранҷида оштӣ шудан муҳимтар аст.
5 Оштӣ шудан ё мувосо кардан маънои барқарор намудани сулҳро дорад. Аз ин гуфтаи Исо мо чӣ дарсе меомӯзем? Яқинан, муносибати мо ба дигарон бевосита ба муносибатҳоямон бо Яҳува таъсир мекунад (1 Юҳ. 4:20). Ҳақиқатан ҳам дар замонҳои пеш, агар пешкашкунандаи қурбонӣ бо ҳамимонон хуб муносибат намекард, дар назари Худо қурбонии ӯ аҳамияте надошт. (Мико 6:6–8-ро бихонед.)
Муҳиммияти фурӯтанӣ
6, 7. Чаро барои барқарор кардани сулҳ бо бародаре, ки мо ӯро ранҷонидем, фурӯтанӣ лозим аст?
6 Оштишавӣ бо бародари ранҷида фурӯтании моро меозмояд. Шахси фурӯтан бо ҳамимонон баҳсу мунозира намекунад ва якравона ҳақ будани худро исбот наменамояд. Агар касе фурӯтанӣ зоҳир накунад, ин сабаби ба вуҷуд омадани вазъияти нохуше, ки замоне дар ҷамъомади шаҳри Қӯринтус ҷой дошт, шуда метавонад. Ин вазъиятро дар назар дошта, Павлуси расул фикри мулоҳизаталабе гуфт: «Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро барои худ мазлумиятро афзал намедонед? Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед?» (1 Қӯр. 6:7).
7 Исо гуфтанӣ набуд, ки мақсадамон аз сӯҳбат бо бародар ин аст, ки мо ҳақ будани худ ва ноҳақ будани ӯро исбот кунем. Мақсадамон барқарор намудани сулҳ аст. Барои оштишавӣ мо бояд ростқавлона эҳсосоти худро баён кунем ва инчунин эътироф намоем, ки мо дигариро ранҷондем. Ва агар хатое карда бошем, мо бешубҳа фурӯтанона бахшиш мепурсем.
«Агар чашми ростат туро ба васваса андозад»
8. Мазмуни суханони Исоро, ки дар Матто 5:29, 30 навишта шудаанд, мухтасар нақл кунед.
8 Дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ Исо оиди ахлоқ маслиҳатҳои оқилона дод. Ӯ мефаҳмид, ки баъзе узвҳои бадани нокомиламон ба мо зарар расонида метавонанд. Исо гуфт: «Агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад. Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад ва тамоми ҷисмат ба дӯзах [«ҷаҳаннам», ТДН] андохта нашавад» (Мат. 5:29, 30).
9. Чӣ тавр «чашм» ё «даст» сабаби ба васваса дода шудани мо гашта метавонад?
9 Дар суханони Исо «чашм» қобилияти ба чизе таваҷҷӯҳ кардан ва «даст» корҳоеро, ки мо бо дастонамон мекунем, ифода менамояд. Агар мо эҳтиёткор набошем, ин узвҳои баданамон сабаби ба васваса дода шудани мо мешаванд ва мо «пеши Худо роҳ» рафтанро бас мекунем (Ҳас. 5:22; 6:9). Аз ин рӯ, вақте ки мо бо васвасаҳо дучор мешавем, бояд боқатъият амал намоем, мисли он ки гӯё чашмамонро меканем ё дастамонро бурида мепартоем.
10, 11. Барои наафтодан ба доми бадахлоқии ҷинсӣ чӣ кӯмак мекунад?
10 Чӣ гуна мо чашмонамонро аз таваҷҷӯҳ ба чизҳои бадахлоқона боздошта метавонем? «Бо чашмони худ аҳд бастаам, ки ба дӯшиза назар наандозам»— гуфт Айюби худотарс (Айюб 31:1). Айюб марди оиладор буд ва қарор кард, ки аҳкоми Худоро вайрон намекунад. Хоҳ оиладор бошем, хоҳ не, мо низ бояд чунин рӯҳия зоҳир намоем. Барои ба бадахлоқии ҷинсӣ дода нашудан мо ба ҳидояти рӯҳулқудси Худо ниёз дорем, зеро он дар шахсоне, ки Худоро дӯст медоранд, «худдорӣ» (ТДН) инкишоф медиҳад (Ғал. 5:22–25).
11 Барои наафтодан ба доми бадахлоқии ҷинсӣ дар аввал аз худ бипурсед: «Оё мегузорам, ки чашмонам ҳаваси маро ба чизҳои бадахлоқии ҷинсидошта, ки онро ба осонӣ дар китобҳо, барномаҳои телевизионӣ ва Интернет ёфтан мумкин аст, бедор кунанд?». Инчунин суханони зерини Яъқуби шогирдро дар хотир бояд дошт: «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад; баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад» (Яъқ. 1:14, 15). Агар касе, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидааст, «бо чашми шаҳватомез» ба ҷинси муқобил бардавом нигоҳ кунад, вай бояд ба маънои маҷозӣ чашмашро канда партояд, яъне боқатъият амал намояд. (Матто 5:27, 28-ро бихонед.)
12. Кадом маслиҳати Павлус барои мубориза бо хоҳишҳои бадахлоқона ба мо кӯмак мекунад?
12 Азбаски аъмоли нодурусти дастон ба вайрон кардани меъёрҳои ахлоқии Яҳува оварда метавонанд, мо бояд ахлоқан пок монданро азм кунем. Ба мо маслиҳати зерини Павлус кӯмак менамояд: «Андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед» (Қӯл. 3:5). Калимаи «бикушед» нишон медиҳад, ки барои мубориза бо хоҳишҳои бадахлоқона чораҳои қатъӣ лозиманд.
13, 14. Чаро тарк кардани фикрҳо ва аъмоли бадахлоқона муҳим аст?
13 Барои зинда мондан инсон одатан ба бурида партофтани даст ё пояш розӣ мешавад. Барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ зинда мондан мо бояд ба маънои маҷозӣ чашмамонро канда ё дастамонро бурида партоем, то аз фикрҳои бадахлоқона озод шавему корҳоеро, ки саломатии рӯҳониамонро зери хатар мегузоранд, партоем. Аз ҷиҳати рӯҳониву ахлоқӣ пок мондан ва нигоҳ доштани покӣ дар фикр ягона роҳи наҷот аз «ҷаҳаннам» аст. «Ҷаҳаннам» рамзи нобудшавии абадӣ мебошад.
14 Азбаски мо гуноҳ ва нокомилиро ба ирс бурдаем, нигоҳ доштани покии ахлоқ кӯшишро талаб мекунад. «Ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам,— мегӯяд Павлус,— то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам» (1 Қӯр. 9:27). Пас биёед, ҳамеша мувофиқи суханони Исо амал намуданро азм намоем ва ҳеҷ гоҳ коре накунем, ки аз норасоии миннатдорӣ ба фидия шаҳодат диҳад (Мат. 20:28; Ибр. 6:4–6).
Саховатманд бошед
15, 16. а) Исо чӣ намунае дар саховатмандӣ гузошт? б) Суханони Исо аз Луқо 6:38 чӣ маъно доранд?
15 Суханони Исо ва намунаи волояш ба саховатмандӣ ташвиқ мекунанд. Масалан, ӯ барои ба одамони гунаҳкор хидмат кардан ба замин омад. (2 Қӯринтиён 8:9-ро бихонед.) Исо бо омодагӣ ҷалоли осмониро тарк карда, ба сурати инсон даромад ва ҳаёти худро барои одамони гунаҳкор дод. Акнун баъзеи онҳо сарвати осмонӣ хоҳанд гирифт ва чун ҳамирсонаш дар Салтанати ӯ ҳукмронӣ хоҳанд кард (Рум. 8:16, 17). Ҳамчунин Исо бо суханони зерин ба саховатмандӣ ташвиқ кард:
16 «Бидиҳед ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд» (Луқ. 6:38). Лабрез кардани доман ба одате, ки баъзе фурӯшандагон доштанд, ишора мекунад. Агар мо саховатмандӣ зоҳир кунем, дигарон шояд дар ҷавоб «лабрез ба домани» мо резанд, маҳз ҳамон вақте ки мо эҳтиёҷмандем (Воиз 11:2).
17. Яҳува дар саховатмандӣ чӣ намунаи олие гузошт ва чӣ тавр мо саховатмандӣ зоҳир карда метавонем?
17 Яҳува касонеро, ки бо ҷону дил баҳри дигарон чизе сарф мекунанд, дӯст медорад ва онҳоро баракат медиҳад. Худи Ӯ намунаи олие гузошт ва «Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Павлус менависад: «Касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад. Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 Қӯр. 9:6, 7). Вақт, қувва ва дороиамонро барои дастгирӣ намудани ибодати ҳақиқӣ сарф карда, бешубҳа мо хурсандӣ ва баракатҳои зиёд мегирем. (Масалҳо 19:17; Луқо 16:9-ро бихонед.)
«Пешопеши худ карнай нанавоз»
18. Дар кадом сурат мо аз Падари осмонӣ мукофоте нахоҳем дошт?
18 «Зинҳор, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт» (Мат. 6:1). Садақадиҳӣ ва дигар корҳои некро Худо аз ходимонаш интизор аст. Исо бо суханони дар боло овардашуда гуфтанӣ набуд, ки корҳои ба иродаи Худо мувофиқро мо набояд назди мардум бикунем, зеро худи ӯ шогирдонашро ташвиқ намудааст: «Бигзор нури шумо бар мардум битобад» (Мат. 5:14–16). Исо гуфтан мехост, ки агар мо мисли ҳунарпешагон дар театр корҳои неки худро «пеши назари мардум», бо мақсади он ки одамон моро бубинанду «аҳсан» гӯянд, бикунем, Падари осмониамон ба мо мукофоте нахоҳад дод. Агар барангезандаи аъмоли некамон шӯҳрат пайдо кардан бошад, мо бо Худо муносибатҳои наздик нахоҳем дошт ва аз баракатҳои Салтанати Ӯ баҳра нахоҳем бурд.
19, 20. а) Исо бо суханони «вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз» чӣ гуфтанӣ буд? б) Маънои ибораи «бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад» чист?
19 Агар ниятҳоямон дуруст бошанд, мо мувофиқи маслиҳати зерини Исо амал хоҳем кард: «Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд» (Мат. 6:2). Садақа дода, одамон мӯҳтоҷонро дастгирӣ мекарданд. (Ишаъё 58:6, 7-ро бихонед.) Исо ва расулонаш ҳам барои кӯмак намудан ба мискинону камбағалон маблағи умумӣ доштанд (Юҳ. 12:5–8; 13:29). Азбаски касе садақа дода, ба маънои аслӣ пешопеши худ карнай наменавохт, фаҳмост, ки Исо ин ҷо ибораи маҷозиро ба кор бурда, гуфтанӣ буд, ки корҳои некатонро пеши мардум намоиш надиҳед. Ин тавр фарисиён мекарданд ва Исо онҳоро риёкор номид. Онҳо садақаи додаашонро «дар куништҳо ва кӯчаҳо» ба ҳама гӯё эълон мекарданд. Мувофиқи суханони Исо ин риёкорон «мукофоти худро гирифтаанд». Шӯҳрат байни одамон ва шояд курсиҳои аввал дар куништҳо назди раббиёни машҳур — ин буд тамоми мукофоти онҳо (Мат. 23:6). Яҳува ба онҳо чизе надодааст. Лекин шогирдони Исо бояд чӣ гуна рафтор мекарданд? Ӯ ба онҳо ва ҳамчунин ба мо гуфт:
20 «Аммо вақте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад, то ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод» (Мат. 6:3, 4). Мо бисёри корҳоро бо ду даст иҷро менамоем ва гуфтан мумкин аст, ки дасти рост ба дасти чап наздик аст. Пас, ибораи «бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад» маънои онро дорад, ки мо корҳои некамонро ҳатто ба наздикони худ намоиш намедиҳем.
21. Мукофоти Яҳува, ки «ниҳонбин аст», чиро дар бар мегирад?
21 Агар мо бо корҳои неки кардаамон лоф назанем, онҳо «ниҳон» хоҳанд монд. Он гоҳ Падари мо, «ки ниҳонбин аст» ба мо «мукофот хоҳад дод». Мукофоти Яҳува — муносибатҳои наздик бо Ӯ, бахшиши гуноҳҳо ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошанд (Мас. 3:32; Юҳ. 17:3; Эфс. 1:7). Чӣ қадар беҳтар аст ин аз шӯҳрат назди одамон!
Ин суханони пурарзишро дар дили худ нигоҳ доред
22, 23. Чаро гуфтаҳои Исоро дар дили худ нигоҳ бояд дошт?
22 Дар ҳақиқат Мавъизаи Болоикӯҳӣ пур аз ганҷҳои зебои рӯҳонист. Он бешубҳа дорои маълумоти пурарзишест, ки ҳатто дар ин замони пурошӯб бароямон манбаи хурсандӣ буда метавонад. Бале, агар мо ин гуфтаҳоро дар дили худ ҷой карда, гузорем, ки онҳо ба рафтору кирдор, рӯҳия ва тарзи зиндагиамон таъсир кунанд, мо хушбахт хоҳем буд.
23 Ҳар касе ки таълимоти Исоро «бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад» баракат хоҳад ёфт. (Матто 7:24, 25-ро бихонед.) Пас биёед, мувофиқи маслиҳати Исо зиндагӣ карданро азм намоем. Гуфтаҳои дигари ӯ, ки дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ омадаанд, дар мақолаи охирини ба ин мавзӯъ бахшидашуда муҳокима мешаванд.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чаро бо бародари ранҷида оштӣ шудан муҳим аст?
• Чӣ бояд кард, то «чашми рост»–амон сабаби ба васваса дода шудани мо нагардад?
• Ҳангоми кардани корҳои нек мо бояд чиро дар назар дорем?
[Саволҳо барои омӯзиш]