Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё гуфтаҳои Исо ба дуоҳои шумо таъсир мекунанд?

Оё гуфтаҳои Исо ба дуоҳои шумо таъсир мекунанд?

Оё гуфтаҳои Исо ба дуоҳои шумо таъсир мекунанд?

«Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд» (МАТ. 7:28).

1, 2. Чаро мардум аз тарзи таълимдиҳии Исо ба ҳайрат омада буданд?

МО БОЯД суханони Писари ягоназоди Худо — Исои Масеҳро қабул карда, онҳоро дар ҳаётамон ба кор барем. Бешубҳа касе мисли ӯ сухан намегуфт. Одамон баъди шунидани Мавъизаи Болоикӯҳӣ аз тарзи таълимдиҳии ӯ ба ҳайрат омаданд. (Матто 7:28, 29–ро бихонед.)

2 Писари Яҳува мисли китобдонон таълим намедод. Онҳо дар асоси таълимоти инсонҳои нокомил пургӯёна нутқ мегуфтанд. Масеҳ бошад, чун «соҳибқудрат» таълим медод, зеро чизе ки ӯ мегуфт, аз Худо сарчашма мегирифт (Юҳ. 12:50). Биёед бубинем, ки чӣ тавр оятҳои дигари Мавъизаи Болоикӯҳии Исо метавонанд ва бояд ба дуоҳои мо таъсир кунанд.

Ҳеҷ гоҳ мисли риёкорон дуо накунед

3. Мазмуни суханони Исоро аз Матто 6:5 мухтасар нақл кунед.

3 Дуо қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ аст ва мо бояд мунтазам ба Яҳува дуо гӯем. Лекин ба дуоҳоямон бояд суханони Мавъизаи Болоикӯҳии Исо таъсир кунанд. Ӯ гуфт: «Ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд» (Мат. 6:5).

4–6. а) Чаро фарисиён «дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода» дуо гуфтанро дӯст медоштанд? б) Чӣ тавр ин риёкорон пурра «мукофоти худро гирифтаанд»?

4 Шогирдони Исо ҳангоми дуогӯӣ набояд мисли «риёкорон» мебуданд. Масалан, фарисиён худро одил меҳисобиданд, лекин диндории онҳо намоиш буду халос (Мат. 23:13–32). Ин риёкорон «дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода» дуо гуфтанро дӯст медоштанд. Чаро? — «То ки ба мардум худро нишон диҳанд». Дар асри як яҳудиён одатан ҳангоми дар маъбад овардани қурбониҳои сӯхтанӣ барои дуо ҷамъ мешуданд (тақрибан дар соати нӯҳи саҳар ва сеи рӯз). Бисёри сокинони Ерусалим бо касоне, ки барои ибодат ба маъбад омада буданд, дар як вақт дуо мегуфтанд. Берун аз шаҳри Ерусалим яҳудиёни худотарс одатан рӯзе ду маротиба «дар куништҳо» дуо мекарданд. (Бо Луқо 18:11, 13 қиёс кунед.)

5 Азбаски бисёри одамон дар вақти дуо аз маъбад ё куништ дур буданд, онҳо дар куҷое ки набошанд, истода дуо гуфта метавонистанд. Баъзеҳо қасдан тавре мекарданд, ки вақти дуо дар «бурчакҳои кӯчаҳо» бошанд, зеро мехостанд, ки ба раҳгузарон «худро нишон диҳанд». Ин диндорони риёкор бо баҳонае дуои худро тӯл медоданд, то ки бинандагон онҳоро таърифу таҳсин кунанд (Луқ. 20:47). Мо набояд мисли онҳо бошем.

6 Исо гуфт, ки чунин риёкорон пурра «мукофоти худро гирифтаанд». Онҳо ташнаи илтифот ва таърифу таҳсини одамон буданд ва ин ягона мукофоте буд, ки онҳо гирифта метавонистанд, зеро Яҳува ба дуоҳои риёкоронаашон ҷавоб намедод. Лекин Худо дуоҳои пайравони ҳақиқии Масеҳро мустаҷоб мекунад. Инро суханони минбаъдаи Исо нишон медиҳанд.

7. Суханони «ба ҳуҷраи худ даромада ... дуо гӯй» чӣ маъно доранд?

7 «Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод» (Мат. 6:6). Суханони Исо «ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста ... дуо гӯй» маънои онро надоранд, ки касе аз номи гурӯҳи одамон дуо гуфта наметавонад. Исо бо ин суханон касонеро, ки назди мардум бо мақсади ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ва ба даст овардани илтифоти онҳо дуо мегуфтанд, маҳкум кард. Аз ин рӯ, вақте ки мо аз номи ходимони Худо оммавӣ дуо мегӯем, набояд инро фаромӯш кунем. Биёед боз ба маслиҳатҳои дигари Исо, ки дар мавриди дуо гуфта шудаанд, аҳамият диҳем.

8. Мувофиқи Матто 6:7 чӣ тавр дуо гуфтан нодуруст аст?

8 «Дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед [«ҳамон як чизҳоро такрору батакрор нагӯед» ТДН]; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад» (Мат. 6:7). Ин ҷо Исо боз як амали нодуруст — такроркуниро дар дуо — маҳкум кард. Ӯ гуфтанӣ набуд, ки мо ҳеҷ гоҳ набояд дар дуо дархостҳои самимӣ ва ба Худо миннатдор буданамонро батакрор гӯем. Худи Исо шаби пеш аз маргаш дар боғи Ҷатсамонӣ гаштаву баргашта «бо ҳамон суханон» дуо мегуфт (Марқ. 14:32–39).

9, 10. Ба кадом маъно мо набояд дар дуо чизеро такрор батакрор гӯем?

9 Чун «халқҳо» дар дуо «ҳамон як чизҳоро такрору батакрор» гуфтан нодуруст аст. Онҳо суханони азёдкардаашонро, ки аз калимаҳои зиёдатӣ пур аст, гаштаву баргашта такрор мекунанд. Ба парастандагони бути Баал «аз субҳ то нимирӯзӣ» гуфтани «Эй Баал, ба мо ҷавоб гардон!» кӯмак накард (3 Подш. 18:26). Имрӯз миллионҳо одамон дар дуо пургӯӣ намуда, ҳамон як чизҳоро такрору батакрор мегӯянд ва гумон мекунанд, ки «дуояшон мустаҷоб мешавад». Лекин суханони минбаъдаи Исо нишон медиҳанд, ки дар дуо пургӯии дуру дароз ва гаштаву баргашта гуфтани як чиз дар назари Яҳува арзише надорад.

10 «Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад» (Мат. 6:8). Бисёри сарварони дини яҳудӣ дар дуо аз ҳад зиёд пургӯӣ мекарданд ва бо ин мисли халқҳои ғайрияҳудӣ амал менамуданд. Дуоҳои самимӣ, ки ҳамду сано, шукру миннатдорӣ ва хоҳишу илтимосҳоро дар бар мегиранд, қисми муҳими ибодати ҳақиқианд (Фил. 4:6). Ба ҳар ҳол, ҳамон як чизро дар дуо такрору батакрор гуфтан, ки гӯё Худо фаромӯшхотир бошад, нодуруст аст. Ҳангоми дуо дар хотир бояд дошт: мо ба Касе муроҷиат мекунем, ки тамоми эҳтиёҷоти моро пеш аз талаб карданамон медонад.

11. Агар мо имтиёзи аз номи дигарон дуо гуфтанро дошта бошем, бояд чиро дар хотир дорем?

11 Суханони Исо оиди дуоҳои номақбул хотиррасон мекунанд, ки суханони болохонадор ва пургӯӣ Худоро ба ваҷд намеоранд. Инчунин дар хотир бояд дошт, ки дуои оммавӣ имконияти ба ҳайрат овардани шунавандагон нест ва мо набояд чунон дурудароз дуо гӯем, ки ҳозирон «Омин» гуфтанамонро интизор шаванд. Дар дуо эълоне кардан ё ба шунавандагон маслиҳате додан ҳамчунин ба рӯҳияи гуфтаҳои Мавъизаи Болоикӯии Исо мувофиқат намекунад.

«Ба ин мазмун дуо гӯед»

12. Маънои хоҳиши «Исми Ту муқаддас бод»-ро шумо чӣ гуна ба дигарон мефаҳмонед?

12 Дуо гуфтан имтиёзи бузург аст. Ҳарчанд Исо шогирдонашро аз тарзи нодурусти дуогӯӣ огоҳ кард, ӯ чӣ тавр дуо гуфтанро низ таълим дод. (Матто 6:9–13-ро бихонед.) Дуои намунавиро аз ёд карда, онро батакрор гуфтан лозим нест. Он барои дуоҳои шахсии мо чун намуна хидмат мекунад. Масалан, суханони нахустини ин дуо нишон медиҳанд, ки Исо пеш аз ҳама дар бораи Худо фикр мекард. Ӯ гуфт: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод» (Мат. 6:9). Яҳуваро «Падари мо» номидан дуруст аст, зеро Ӯ Офаридгори мост ва Ӯ «дар осмон», дур аз доираи замин зиндагӣ мекунад (Такр. Ш. 32:6; 2 Вақ. 6:21; Аъм. 17:24, 28). Ҷонишини шахси ҷамъ «мо» бояд хотиррасон намояд, ки ҳамимононамон низ бо Худо муносибатҳои наздик доранд. «Исми Ту муқаддас бод» гуфта, мо аз Яҳува хоҳиш мекунем, ки Ӯ исмашро аз доғ пок созад, зеро Худо аз давраи исён дар боғи Адан бадном карда мешавад. Дар ҷавоб ба ин дуо Яҳува бадиро аз рӯи замин нест карда, исми худро муқаддас хоҳад гардонд (Ҳиз. 36:23).

13. а) Хоҳиши «Малакути Ту биёяд» чӣ гуна иҷро хоҳад шуд? б) Нисбати замин иҷро шудани иродаи Худо чиро дар бар мегирад?

13 «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 6:10). Дар алоқамандӣ бо ин хоҳиши дар дуои намунавӣ овардашуда дар хотир бояд дошт, ки «малакут» ё салтанат — ҳукумати осмонии Масеҳоӣ аст ва он ба дасти Масеҳ ва «муқаддасони» эҳёшуда, ки ҳамроҳаш ҳукмронӣ мекунанд, супорида шудааст (Дон. 7:13, 14, 18; Иш. 9:6, 7). Дар бораи омадани Салтанати Худо дуо гуфта, мо аз Яҳува хоҳиш мекунем, ки Ӯ ҳамаи душманони заминии ҳокимияташро нест кунад. Ин ба наздикӣ воқеъ хоҳад шуд ва сӯи биҳишти умумиҷаҳонӣ, ки дар он адолат, сулҳ ва ободӣ ҳукмрон мешаванд, роҳ хоҳад кушод (Заб. 71:1–15; Дон. 2:44; 2 Пет. 3:13). Иродаи Яҳува дар осмон иҷро шуда истодааст ва оиди дар рӯи замин ҳам иҷро шудани он дуо гуфта, мо хоҳиш мекунем, ки Худо мақсади худро оиди сайёраамон пурра иҷро кунад, аз он ҷумла душманонашро чун дар гузашта маҳв намояд. (Забур 82:2, 3, 14–19-ро бихонед.)

14. Чаро дар бораи ризқу рӯзии ҳаррӯза дуо гуфтан дуруст аст?

14 «Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ» (Мат. 6:11; Луқ. 11:3). Ба ин мазмун дуо гуфта, мо хоҳиш мекунем, ки Худо барои «имрӯз» ба мо ризқу рӯзии зарурӣ диҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо ба қудрати Яҳува дар қонеъ кардани ниёзҳои ҳаррӯзаамон имон дорем. Ин дуо маънои пурсидани боигариро надорад. Хоҳиши ризқу рӯзии ҳаррӯза ба мо аҳкомеро, ки Худо ба исроилиён дар ҷамъ кардани манн дод, хотиррасон мекунад (Хур. 16:4).

15. Маънои суханони «қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем»-ро фаҳмонед.

15 Хоҳиши навбатии дар дуои намунавӣ овардашуда диққатамонро ба он чизе ки аз мо талаб карда мешавад, равона мекунад. Исо гуфт: «Қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем» (Мат. 6:12). Инҷили Луқо нишон медиҳад, ки ин «қарзҳо» «гуноҳҳо» мебошанд (Луқ. 11:4). Танҳо он вақт мо аз Яҳува бахшиши гуноҳҳоямонро интизор шуда метавонем, ки агар шахсони бар зиддамон гуноҳкардаро бахшем. (Матто 6:14, 15–ро бихонед.) Мо бояд инро беғаразона ва бо омодагӣ кунем (Эфс. 4:32; Қӯл. 3:13).

16. Хоҳишҳои «моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ»-ро чӣ тавр бояд фаҳмем?

16 «Моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ» (Мат. 6:13). Ин ду хоҳиши бо ҳам алоқамандро, ки Исо дар дуои намунавӣ овардааст, чӣ гуна фаҳмем? Як чиз аниқ аст: Яҳува моро ба гуноҳ тела дода, бо ин моро намеозмояд. (Яъқуб 1:13-ро бихонед.) Дар асл Озмоишкунанда — Шайтон Иблис аст (Мат. 4:3). Баъзан Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо кореро кард, ҳол он ки Ӯ ба ин танҳо роҳ дод (Рут 1:20, 21; Воиз 11:5). Бинобар ин, бо гуфтани «моро ба озмоиш дучор накун» мо аз Яҳува хоҳиш менамоем, ки Ӯ роҳ надиҳад, то мо зери озмоиш ё васваса аҳкомашро вайрон кунем. «Аз иблис раҳоӣ деҳ» гуфта, мо илтимос менамоем, то Яҳува нагузорад, ки Шайтон бар мо ғолиб ояд. Ва мо итминони комил дошта метавонем, ки Худо намегузорад, то мо «берун аз қуввати худ озмуда» шавем. (1 Қӯринтиён 10:13–ро бихонед.)

Пайваста биталабед, биҷӯед ва бикӯбед

17, 18. Боисрор «биталабед», «биҷӯед» ва «бикӯбед» чӣ маъно дорад?

17 Павлуси расул ҳамимононро ташвиқ кард: «Ҳамеша дуо гӯед» (Рум. 12:12). Исо низ муҳиммияти боисрор дуо гуфтанро қайд намуд: «Гаштаву баргашта биталабед ва ба шумо дода хоҳад шуд; гаштаву баргашта биҷӯед ва хоҳед ёфт; гаштаву баргашта дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода хоҳад шуд; зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад» (Мат. 7:7, 8, ТДН). Пайваста дар дуо талабидани ҳар чизе ки мувофиқи иродаи Худост, дуруст аст. Юҳаннои расул гӯё суханони Исоро давом дода, гуфт: «Ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ [Худо] дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳ. 5:14).

18 Маслиҳати Исо боисрор «биталабед» ва «биҷӯед» маънои онро дорад, ки мо бояд то мустаҷоб шудани дуоҳоямон гаштаву баргашта ба Худо муроҷиат кунем. Ҳамчунин мо бояд боисрор «бикӯбем», то ки зери Салтанати Худо зиндагӣ кунем ва аз баракатҳои он баҳра барем. Оё мо итминон дошта метавонем, ки Худо ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад? Бале, агар мо ба Яҳува содиқ бимонем, Ӯ дуоҳоямонро мустаҷоб мекунад. Инро суханони Исо тасдиқ менамоянд: «Ҳар кӣ биталабад, мегирад ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад». Воқеаҳои бисёри бо ходимони Яҳува рӯйдода исбот мекунанд, ки Худо дар ҳақиқат «дуоро мешунавад» (Заб. 64:3).

19, 20. Мувофиқи Матто 7:9–11 Яҳува аз кадом ҷиҳат ба падари пурмуҳаббат монанд аст?

19 Исо Худоро ба падари пурмуҳаббат, ки ба фарзандонаш инъомҳои нек медиҳад, ташбеҳ дод. Тасаввур кунед, ки шумо Мавъизаи Болоикӯҳиро аз даҳони худи Исо мешунавед. Ӯ мегӯяд: «Кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳие аз ӯ биталабад ва море ба вай бидиҳад? Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек хоҳад дод» (Мат. 7:9–11).

20 Ҳарчанд ҳар падари инсонӣ аз сабаби гуноҳи баирсбурдааш ба дараҷае «шарир» бошад ҳам, табиатан ба фарзандонаш дилбастагӣ дорад. Ӯ фарзандонашро фирефта намекунад. Баръакс, вай ба онҳо «инъомҳои нек» медиҳад. Бо меҳри падарона ғамхорӣ намуда, Падари пурмуҳаббати осмониамон ба мо «чизҳои нек», масалан рӯҳулқудсашро медиҳад (Луқ. 11:13). Он моро қувват мебахшад, то ба таври шоиста ба Яҳува, ки манбаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» аст, хидмат намоем (Яъқ. 1:17).

Бигзор суханони Исо минбаъд ҳам ба манфиати шумо хидмат кунанд

21, 22. Мавъизаи Болоикӯҳӣ бо чӣ фарқ мекунад ва он ба шумо чӣ гуна таъсир менамояд?

21 Мавъизаи Болоикӯҳӣ ҳақиқатан ҳам бузургтарин нутқи ҳама давру замон аст. Он бо мазмуни рӯҳонӣ ва аниқу фаҳмо буданаш фарқ мекунад. Чӣ тавре ки аз силсилаи мақолаҳои ба Мавъизаи Болоикӯҳӣ бахшидашуда дидем, бакорбарии маслиҳатҳои он ба мо манфиати бузург хоҳанд овард. Ин гуфтаҳои Исо ҳаёти имрӯзаи моро беҳтар мегардонанд ва ба ояндаи дурахшон умед мебахшанд.

22 Дар ин мақолаҳо мо фақат чанде аз ганҷҳои рӯҳонии Мавъизаи Болоикӯҳиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додем. Тааҷҷубовар нест, ки одамон аз шунидани ин нутқ «дар ҳайрат монданд» (Мат. 7:28). Агар мо ақлу дили худро бо ин ва дигар гуфтаҳои пурарзиши Устоди Бузург — Исои Масеҳ пур кунем, онҳо ба мо ҳам чунин таъсир хоҳанд кард.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Дар бораи дуоҳои риёкорона Исо чӣ гуфт?

• Чаро дар дуо ҳамон як чизро такрору батакрор гуфтан нодуруст аст?

• Дуои намунавӣ чӣ гуна хоҳишу дархостҳоро дар бар мегирад?

• Чӣ тавр мо метавонем дар дуо гаштаву баргашта биталабем, биҷӯем ва бикӯбем?

[Саволҳо барои омӯзиш]