Чӣ тавр суханони Исо барои хушбахт шудан кӯмак мекунанд
Чӣ тавр суханони Исо барои хушбахт шудан кӯмак мекунанд
«[Исо] бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд ... Ӯ даҳони худро кушода, онҳоро таълим дод» (МАТ. 5:1, 2).
1, 2. а) Мавъизаи Болоикӯҳиро Исо дар чӣ гуна вазъият гуфт? б) Исо нутқашро бо чӣ оғоз намуд?
СОЛИ 31–уми д. мо. Исо ба муддати кӯтоҳ мавъизакуниро дар Ҷалил қатъ намуда, барои ҷашн гирифтани иди Фисҳ ба Ерусалим рафт (Юҳ. 5:1). Ҳангоми баргаштан ба Ҷалил ӯ шаби дароз дуо гуфта, барои интихоби 12 расул аз Худо кӯмак пурсид. Рӯзи дигар, назди Исо мардуми зиёде ҷамъ шуданд ва ӯ онҳоро шифо бахшид. Сипас вай ҳамроҳи шогирдон ва одамони дигар ба домани кӯҳ нишаста, ба таълим додан оғоз кард (Мат. 4:23–5:2; Луқ. 6:12–19).
2 Исо дар оғози Мавъизаи Болоикӯҳӣ қайд намуд, ки хушбахтӣ натиҷаи муносибатҳои хуб бо Худо мебошад. (Матто 5:1–12-ро бихонед.) Хушбахтӣ — ин қаноатмандии ботинии инсон аз натиҷаҳои фаъолияту амалаш дар ҳаёт аст. Исо нӯҳ омили хушбахтиро номбар кард, ки онҳо сабаби хушбахтии масеҳиёнро мефаҳмонанд. Ҳарчанд аз гуфтани ин суханон қариб 2000 сол сипарӣ шудааст, онҳо то ба ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Биёед ҳар кадоме аз ин гуфтаҳоро дида бароем.
«Касоне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд»
3. Аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна будан чӣ маъно дорад?
3 «Хушо мискинони рӯҳ [«касоне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд», ТДН], зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост» (Мат. 5:3). Ин шахсон эътироф мекунанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ мискин ё камбағаланд ва ба марҳамати Худо ниёз доранд.
4, 5. а) Чаро касони аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна, хушбахтанд? б) Чӣ тавр ташнагии рӯҳониамонро шикаста метавонем?
4 «Касоне, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд,», хушбахт мебошанд, зеро «Малакути Осмон аз они онҳост». Исоро чун Масеҳ қабул карда, аввалин шогирдонаш имконият пайдо намуданд, ки ҳамроҳи ӯ дар Салтанати осмонии Худо ҳукмронӣ кунанд(Луқ. 22:28–30). Қатъи назар аз он ки мо дар ҳокимияти осмонӣ «ҳамирсони» Масеҳ мешавем, ё умеди зери ин ҳокимият дар биҳишти рӯи замин абадӣ зиндагӣ карданро дорем, мо хушбахт буда метавонем, агар дар ҳақиқат аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна бошем, яъне вобастагиамонро аз Худо пурра эътироф кунем.
5 На ҳама аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд. Дар бисёриҳо норасоии имон дида мешавад ва онҳо «чизҳои муқаддасро қадр» намекунанд (2 Тас. 3:1, 2; Ибр. 12:16, ТДН). Барои шикастани ташнагии рӯҳонӣ мо боғайрат Китоби Муқаддас меомӯзем, бо ҷидду ҷаҳд дар кори шогирдсозӣ иштирок мекунем ва мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меорем (Мат. 28:19, 20; Ибр. 10:23–25).
Андӯҳгиноне, ки хушбахтанд
6. Андӯҳгинон кистанд ва чаро онҳо хушбахтанд?
6 «Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт» (Мат. 5:4). «Мотамзадагон» ё андӯҳгинон аз ҷумлаи касоне мебошанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташнаанд. Сабаби андӯҳгинии онҳо норозигӣ аз ҳаёт нест. Ин шахсон аз гунаҳкор буданашон ва аз вазъияте, ки нокомилияти инсонӣ ба вуҷуд овардааст, андӯҳгинанд. Барои чӣ онҳо хушбахтанд? — Барои он ки ба Худо ва Масеҳ имон овардаанд ва аз муносибати наздик бо Яҳува «тасаллӣ» меёбанд (Юҳ. 3:36).
7. Ба ҷаҳони Шайтон мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?
7 Аз худ бипурсед: “Оё ман аз дидани ноинсофӣ, ки дар ин дунёи Шайтон ҳукмфармост, андӯҳгинам? Ба чизҳое, ки ин ҷаҳон пешкаш менамояд, ман дар ҳақиқат чӣ гуна муносибат мекунам?” Юҳаннои расул менависад: «Ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест» (1 Юҳ. 2:16). Чӣ бояд кард, агар эҳсос намоем, ки «рӯҳ», ё рӯҳияи ин ҷаҳон, яъне қувваи ҳукмфармо ва идоракунандаи ин дунёи худобехабар, ба ибодати мо батадриҷ таъсир мекунад? Биёед, самимона ба Худо дуо гӯем, Каломи Ӯро биомӯзем ва аз пирон кӯмак пурсем. Ба Яҳува наздиктар шуда, мо сарфи назар аз он ки сабаби андӯҳгиниамон чист, «тасаллӣ» меёбем (1 Қӯр. 2:12; Заб. 118:52; Яъқ. 5:14, 15).
Чӣ гуна хушбахтанд «ҳалимон»!
8, 9. Ҳалим будан чӣ маъно дорад ва чаро ҳалимон хушбахтанд?
8 «Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд» (Мат. 5:5). «Ҳалим» ё мулоимтабиат будан маънои сустирода, беҷуръат ё бо дигарон рӯякӣ хуб муносибат карданро надорад. Агар ҳалим бошем, мо иродаи Яҳуваро ба ҷо меорем ва мувофиқи роҳнамоии Ӯ амал мекунем. Инчунин ҳалимии мо дар муносибат бо ҳамимонон ва дигар одамон зоҳир мегардад, яъне мо мувофиқи маслиҳати зерини Павлус амал мекунем. (Румиён 12:17–19-ро бихонед.)
9 Чаро ҳалимон хушбахтанд? Зеро «онҳо вориси замин хоҳанд шуд»,— гуфт Исо, ки худ ҳалим буд. Ӯ Ворис, яъне меросгирандаи асосии замин аст (Заб. 2:8; Мат. 11:29; Ибр. 2:8, 9). Ҳамроҳи вай заминро «ҳамирсони» ҳалимаш мерос хоҳанд гирифт (Рум. 8:16, 17). Дар қаламрави заминии Салтанати Исо дигар одамони зиёде, ки ҳалиманд, аз ҳаёти ҷовидонӣ баҳравар хоҳанд гашт (Заб. 36:10, 11).
10. Норасоии ҳалимӣ чӣ гуна ба масъулиятҳо дар хидмат ва ба муносибатҳоямон бо дигарон таъсир мекунад?
10 Мисли Исо мо бояд ҳалим бошем. Лекин агар обрӯи одами ҷангараро дошта бошем, он гоҳ–чӣ? Ин гуна муносибати адоватомез ва бадхоҳона дигаронро аз мо дур мекунад. Агар бародароне, ки дар ҷамъомад масъулиятҳо доштан мехоҳанд, чунин рӯҳия зоҳир намоянд, ба талабот мувофиқат намекунанд (1 Тим. 3:1, 3). Павлус ба Титус гуфт, ки ба масеҳиёни Крит хотиррасон кунад, то онҳо «ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ [«ҳалимона», ТДН] рафтор намоянд» (Тит. 3:1, 2). Чӣ баракатест бо чунин ҳалимон ҳамкорӣ кардан!
Онҳо гуруснагони адолатанд
11–13. а) Гурусна ва ташнаи адолат будан чӣ маъно дорад? б) Чӣ тавр гуруснагон ва ташнагони адолат «сер хоҳанд шуд»?
11 «Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд» (Мат. 5:6). Калимае, ки ин ҷо «адолат» тарҷума шудааст, маънои дуруст амал намудан, яъне иҷро кардани ирода ва аҳкоми Худоро дорад. Забурнавис мегӯяд, ки дар орзуи донистани «довариҳои» одилонаи Худо ҷонаш «ба лаб омадааст» (Заб. 118:20). Оё мо адолатро ба дараҷае қадр мекунем, ки моро гурусна ва ташнаи он номидан мумкин аст?
12 Исо гуфт, ки гурусна ё ташнагони адолат хушбахтанд, зеро онҳо «сер» хоҳанд шуд. Ин баъд аз иди рӯзи 50–уми соли 33–юми д. мо имконпазир гашт, зеро аз он вақт рӯҳулқудси Яҳува ба ҷаҳон «дар бораи ... адолат ба таври эътимоднок шаҳодат» медиҳад (Юҳ. 16:8, ТДН). Тавуссути рӯҳулқудсаш Худо одамонро илҳом бахшид, то онҳо Навиштаҳои Юнониро бинависанд, ки он «барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст» (2 Тим. 3:16). Ҳамчунин ба воситаи рӯҳулқудс мо «одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар» карда метавонем (Эфс. 4:24). Шахсоне, ки аз гуноҳҳояшон тавба карда, дар асоси фидияи Исо аз Худо бахшиш мепурсанд, дар назари Ӯ одил шуда метавонанд. Оё донистани ин тасаллибахш нест? (Румиён 3:23, 24-ро бихонед.)
13 Он «гуруснагон ва ташнагони адолат», ки умеди зиндагӣ дар рӯи замин доранд, зери ҳокимияти одилона аз ҳаёти ҷовидонӣ баҳравар гашта, комилан «сер хоҳанд шуд». Ҳоло бошад, биёед, мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ карданро азм намоем. Исо гуфт: «Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед» (Мат. 6:33). Ҳамин тавр амал намуда, мо дар хидмати Худо банд хоҳем буд ва дар ҳақиқат хушбахт хоҳем гашт (1 Қӯр. 15:58).
Чаро «раҳимон» хушбахтанд
14, 15. Чӣ тавр мо раҳму шафқат зоҳир карда метавонем ва чаро «раҳимон» хушбахтанд?
14 «Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт» (Мат. 5:7). Ин шахсон аз раҳму шафқат ва ҳамдардӣ ба дигарон кӯмак мекунанд. Исо азобу уқубати бисёриҳоро ба таври мӯъҷизавӣ сабук мекард, зеро ба онҳо раҳмаш меомад (Мат. 14:14). Яҳува аз раҳму шафқат гунаҳкорони тавбакардаро мебахшад. Агар мо ҳам мисли Ӯ шахсони бар зиддамон гуноҳкардаро бахшем, мо раҳму шафқат зоҳир кунем (Хур. 34:6, 7; Заб. 102:10). Ҳамчунин мо бо суханони меҳрубонона ва корҳои нек азияткашонро дастгирӣ мекунем. Боз як роҳи дигар, ба одамон расонидани ҳақиқати Китоби Муқаддас аст, зеро Исо ҳам ба анбӯҳи одамон раҳм карда, «онҳоро бисёр таълим» медод (Марқ. 6:34).
15 Мо барои розӣ шудан бо суханони зерини Исо сабабҳои зиёд дорем: «Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт». Агар мо ба дигарон бо раҳму шафқат муносибат кунем, онҳо эҳтимол дар навбати худ бо мо ҳамин тавр рафтор мекунанд. Ғайр аз ин, ҳангоми доварӣ Худо раҳму шафқатеро, ки мо ба дигарон зоҳир кардем, ба инобат гирифта, ба мо марҳамат менамояд (Яъқ. 2:13). Бахшиши гуноҳҳо ва ҳаёти ҷовидониро танҳо раҳимон ба даст меоранд (Мат. 6:15).
Чаро «покдилон» хушбахтанд
16. «Покдил» будан чӣ маъно дорад ва «покдилон» чӣ тавр Худоро мебинанд?
16 «Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид» (Мат. 5:8). «Покдил» будани моро хоҳишу ниятҳо ва чизҳое, ки ба мо азизанд, нишон медиҳанд. Инчунин мо ба дигарон аз «дили соф» муҳаббат зоҳир хоҳем кард (1 Тим. 1:5). Шахсони ботинан пок «Худоро хоҳанд дид». Ин на ҳамеша маънои дар асл дидани Яҳуваро дорад, зеро «одамизод наметавонад ... [Худоро] бубинад ва зинда монад» (Хур. 33:20). Лекин Исо, ки шахсияти Худоро комилан инъикос мекард, гуфт: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳ. 14:7–9). Чун ходимони заминӣ мо Яҳуваро дар корҳое, ки Ӯ ба манфиатамон мекунад, дида метавонем (Айюб 42:5). Барои масеҳиёни тадҳиншуда дидани Худо маънои онро дорад, ки онҳо чун шахсиятҳои рӯҳӣ эҳё шуда, Падари осмониро ба маънои аслӣ хоҳанд дид (1 Юҳ. 3:2).
17. Покдилӣ дар чӣ зоҳир мешавад?
17 Азбаски покдилӣ маънои ахлоқан ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ пок буданро дорад, покдилон чизҳои дар назари Яҳува нопокро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор намедиҳанд (1 Вақ. 28:9; Иш. 52:11). Агар мо покдил бошем, дар гуфтору кирдорамон покизагӣ аён мешавад ва дар хидмати мо ба Яҳува заррае ҳам риёкорӣ нахоҳад буд.
«Сулҳҷӯён» фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд
18, 19. «Сулҳҷӯён» чӣ гуна рафтор мекунанд?
18 «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд» (Мат. 5:9). Сулҳҷӯии шахс дар он чӣ ки ӯ мекунад ва он чӣ ки вай намекунад, зоҳир мешавад. Агар дар қатори одамоне бошем, ки дар бораашон Исо мегуфт, мо сулҳҷӯёна рафтор менамоем ва «ба касе дар ивази бадӣ бадӣ» намекунем. Баръакс, мо ҳамеша «дар паи некӣ» кардан ба ҳама ҳастем (1 Тас. 5:15).
19 Калимае, ки дар Матто 5:9 «сулҳҷӯ» тарҷума шудааст, аслан маънои «пойдоркунандаи сулҳ»-ро дорад. Сулҳҷӯён барои пойдор шудани сулҳ фаъолона амал мекунанд. Ин шахсон ягон коре намекунанд, то «дӯстонро аз ҳам ҷудо» намоянд (Мас. 16:28). Чун сулҳҷӯён мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то «осоиштагиро бо ҳама пеша» намоем (Ибр. 12:14).
20. Ҳоло кӣ «фарзандони Худо» ҳастанд ва дар оянда боз киҳо «фарзандони» Ӯ хоҳанд гашт?
20 Сулҳҷӯён хушбахтанд, зеро «онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд». Масеҳиёни тадҳиншудаи содиқро Яҳува ба писарӣ қабул кардааст ва онҳо «фарзандони Худо» ҳастанд. Онҳо аллакай чун фарзандони Яҳува бо Ӯ муносибатҳои наздик доранд, зеро ба Масеҳ имон овардаанд ва аз таҳти дил «Худои муҳаббат ва осоиштагӣ»-ро ибодат мекунанд (2 Қӯр. 13:11; Юҳ. 1:12). Дар бораи «гӯсфандони дигари» сулҳҷӯи Исо чӣ гуфтан мумкин аст? Дар давоми Салтанати Ҳазорсола Исо барояшон «Падари ҷовид» хоҳад буд, дар поёни он ӯ худро ба Яҳува мутеъ мекунад ва онҳо ба маънои том фарзандони Худо хоҳанд гашт (Юҳ. 10:16; Иш. 9:6; Рум. 8:21; 1 Қӯр. 15:27, 28).
21. Агар «бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ» кунем, мо чӣ гуна рафтор хоҳем кард?
21 Агар мо «бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ» кунем, сулҳҷӯ буданамонро дигарон ба осонӣ хоҳанд дид. Мо «якдигарро асабонӣ» намекунем ё «ба хашм» намеорем [ТФ] (Ғал. 5:22–26). Баръакс, мо «бо ҳамаи одамон мувосо» мекунем (Рум. 12:18).
«Хушо таъқибшудагон»
22–24. а) Аз кадом сабабҳо «таъқибшудагон дар роҳи адолат» хушбахтанд? б) Дар ду мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?
22 «Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост» (Мат. 5:10). Исо ин фикрашро шарҳ дода, илова намуд: «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд» (Мат. 5:11, 12).
23 Мисли пайғамбарони давраи пеш, масеҳиён медонанд, ки онҳоро «дар роҳи адолат» шояд таҳқир кунанд, таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбату тӯҳмат кунанд. Лекин дар ҳамаи ин озмоишҳо садоқатмандиро аз даст надода, мо Яҳуваро ҷалол медиҳему писанди Ӯ хоҳем буд ва аз ин қаноатмандӣ эҳсос хоҳем кард (1 Пет. 2:19–21). Азобу уқубатҳо хурсандии моро аз хидмат ба Яҳува на ҳозир ва на дар оянда кам карда наметавонанд. Онҳо ҳамчунин наметавонанд хушбахтиеро, ки ҳукмронӣ ҳамроҳи Масеҳ дар Салтанати Осмонӣ ба тадҳиншудагон меорад ё ҳаёти ҷовидонӣ ба тобеъони заминии ин ҳокимият мебахшад, коста гардонанд. Чунин баракатҳо аз илтифот, ҳусни таваҷҷӯҳ ва саховатмандии Худо шаҳодат медиҳанд.
24 Аз Мавъизаи Болоикӯҳӣ боз бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин аст. Дарсҳои гуногун дар ду мақолаи навбатӣ муҳокима мешаванд. Биёед бубинем, ки чӣ тавр он гуфтаҳои Исои Масеҳро ба кор бурда метавонем.
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чаро касони аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна хушбахтанд?
• Сабаби хушбахтии «ҳалимон» чист?
• Барои чӣ масеҳиён қатъи назар аз таъқиботҳо хушбахтанд?
• Кадом омили хушбахтӣ, ки Исо гуфт, ба шумо бахусус таъсир кард?
[Саволҳо барои омӯзиш]