Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Одилон Худоро ҷовидона ҳамд хоҳанд кард

Одилон Худоро ҷовидона ҳамд хоҳанд кард

Одилон Худоро ҷовидона ҳамд хоҳанд кард

«Одил то абад зикр хоҳад ёфт ... Адолаташ то абад қоим аст» (ЗАБ. 111:6, 9).

1. а) Ҳамаи касонеро, ки Худо одил меҳисобад, чӣ ояндаи хушбахтона интизор аст? б) Кадом савол ба миён меояд?

ЧӢ ОЯНДАИ олиҷанобе интизор аст, ҳамаи касонеро, ки Худо одил меҳисобад! Дар тӯли абадият онҳо хусусиятҳои волои Яҳуваро боз ҳам хубтар мефаҳманд ва аз ин ҳаловат мебаранд. Ҳар қадаре ки бештар онҳо дар бораи корҳои эҷодкоронаи Худо дониш гиранд, ҳамон қадар хоҳиши ситоиш кардани Ӯ дар дилашон қавитар мегардад. Шарти асосӣ барои расидан ба чунин ояндаи бошукӯҳ одил будан аст. Дар таронаи 111–уми Забур шахси одил ва адолатмандӣ борҳо зикр мегарданд. Лекин чӣ тавр Худои муқаддас ва одил — Яҳува метавонад одамони гунаҳкорро одил ҳисобад? Охир чӣ қадаре ки мо барои дуруст рафтор кардан накӯшем ҳам, мо хато мекунем, баъзан ҳатто хатоҳои ҷиддӣ (Рум. 3:23; Яъқ. 3:2).

2. Яҳува аз рӯи муҳаббат кадом ду мӯъҷизаро ба амал овард?

2 Яҳува аз рӯи муҳаббат ба таври беҳтарин ин муамморо ҳал намуд. Чӣ тавр? Дар аввал, Ӯ ба таври мӯъҷиза ҳаёти Писари маҳбуби осмониашро ба батни духтари бокира гузаронд, то ки вай чун инсони комил таваллуд ёфта тавонад (Луқ. 1:30–35). Сипас, баъд аз он ки душманон Исоро куштанд, Яҳува мӯъҷизаи дигари бузурге ба амал овард. Худо Исоро чун офаридаи рӯҳии пурҷалол эҳё намуд (1 Пет. 3:18).

3. Чаро Худо ба Писараш бо ҷону дил ҳаёти осмонӣ ато намуд?

3 Яҳува ба Исо чизе дод, ки вай то ба замин омаданаш надошт. Худо ба ӯ ҳаёти маҳвнашавандаи осмонӣ ато намуд (Ибр. 7:15–17, 28). Яҳува ин корро бо ҷону дил кард, чунки Исо зери озмоишҳои сахттарин беайбиашро комилан нигоҳ дошт ва бо ин ба Падари худ имконият дод, ки ба даъвои Шайтон (ки гӯё одамон ба Худо на аз муҳаббати самимӣ, балки аз рӯи ниятҳои худхоҳона хидмат мекунанд) ҷавоби қатъӣ ва беҳтарин диҳад (Мас. 27:11).

4. а) Ҳангоми баргаштан ба осмон Исо чӣ кор кард ва дар ҷавоб Яҳува чӣ тавр амал намуд? б) Корҳое, ки Яҳува ва Исо барои мо карданд, дар шумо чӣ гуна эҳсосот бедор мекунанд?

4 Дар осмон Исо бо баҳои хуни худ «барои мо ба ҳузури Худо зоҳир» шуд. Падари пурмуҳаббати осмониамон қурбонии пурарзиши Исоро чун кафорат «барои гуноҳҳои мо» меҳрубонона қабул кард. Ба туфайли ҳамаи ин мо бо виҷдони пок «Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат» карда метавонем. Аз ин рӯ, мо ба суханони аввалини таронаи 111–ум ҳамроҳ мешавем ва «Ҳалелуёҳ» мегӯем, яъне Яҳуваро ҳамд мекунем (Ибр. 9:12–14, 24; 1 Юҳ. 2:2).

5. а) Барои назди Худо одил мондан мо бояд чӣ кор кунем? б) Таронаи 110 ва 111 чӣ тавр тартиб дода шудаанд?

5 Барои назди Худо одил мондан мо бояд ҳамеша ба хуни рехтаи Исо имон зоҳир кунем. Ҳар рӯз мо бояд Яҳуваро барои муҳаббати бузургаш сипосгузорӣ намоем (Юҳ. 3:16). Мо ҳамчунин бояд омӯзиши Каломи Худоро давом диҳем ва бо тамоми қувват бикӯшем, ки мувофиқи он зиндагӣ намоем. Таронаи 111–ум панду маслиҳати хубе дорад, ки барои назди Худо пок нигоҳ доштани виҷдон кӯмак мекунад. Ин тарона давоми таронаи 110 аст. Ҳар ду тарона бо нидои «Ҳалелуёҳ» оғоз меёбанд ва баъди он дар матни аслӣ 22 мисраъ меояд. Ҳар кадоми ин мисраъҳо бо яке аз ҳарфҳои навбатии алифбои ибронӣ, ки аз 22 ҳарф иборат буд, оғоз меёбанд *.

Асос барои хушбахтӣ

6. Шахси худотарсе, ки дар борааш Забур 111 нақл мекунад, чӣ гуна баракатҳо мегирад?

6 «Хушо касе ки аз Худованд метарсад; ба аҳкоми Ӯ бисёр шавқ дорад. Зурёти ӯ дар замин зӯровар хоҳанд буд; насли росткорон баракат хоҳанд ёфт» (Заб. 111:1, 2). Аҳамият диҳед, ки забурнавис аввал дар бораи як «кас» ва сипас дар охири ояти 2 дар бораи ҷамъи «росткорон» сухан меронад. Ин маънои онро дошта метавонад, ки дар тарона гурӯҳи калони одамон дар назар дошта шудаанд. Ҷолиб аст, ки Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ суханони Забур 111:9-ро ба масеҳиёни асри як нисбат дод. (2 Қӯринтиён 9:8, 9–ро бихонед.) Ин тарона хуб нишон медиҳад, ки чӣ тавр пайравони имрӯзаи Масеҳ хушбахт буда метавонанд.

7. Чаро ходимони Худо нисбати Ӯ бояд тарси солим дошта бошанд ва муносибати мо ба аҳкоми Худо бояд чӣ гуна бошад?

7 Чӣ тавре ки аз Забур 111:1 бармеояд, ин масеҳиёни ҳақиқӣ аз худотарсӣ хушбахтии бузург эҳсос менамоянд. Ин тарси солими наранҷонидани Худо ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба рӯҳияи ҷаҳони Шайтон муқобилат намоянд. Онҳо ба омӯзиши Каломи Худо ва ба итоат ба аҳкоми Ӯ «бисёр шавқ» доранд. Яке аз аҳкомаш — ин дар тамоми рӯи дунё мавъиза кардани хушхабари Салтанат аст. Масеҳиён бо ҷидду ҷаҳд аз ҳама халқҳо шогирд месозанд ва шариронро аз рӯзи доварии Худо, ки дар пеш аст, огоҳ менамоянд (Ҳиз. 3:17, 18; Мат. 28:19, 20).

8. а) Одамони ба Худо содиқ барои ҷидду ҷаҳди худ имрӯз чӣ гуна баракатҳо мегиранд? б) Касонеро, ки умеди зиндагӣ бар рӯи замин доранд, дар оянда чӣ гуна баракатҳо интизоранд?

8 Бинобар итоаткориашон ходимони Худо миқдоран зиёд мешаванд. Имрӯз онҳо зиёда аз ҳафт миллион нафаранд. Касе инкор карда наметавонад, ки халқи Яҳува «дар замин зӯровар» аст (Юҳ. 10:16; Ваҳй 7:9, 14). Ва ҳангоми иҷро шудани мақсади Худо онҳоро боз баракатҳои дигаре интизоранд. Касоне, ки умеди зиндагӣ дар рӯи замин доранд, чун гурӯҳ дар мусибати бузурги омадаистода зинда мемонанд. Онҳо «замини нав»-ро, ки дар он «адолат сокин хоҳад буд», ташкил медиҳанд. Бо гузашти вақт шахсони дар Ҳармиҷидӯн зиндамонда бештар «баракат хоҳанд ёфт». Онҳо миллионҳо эҳёшудагонро пешвоз хоҳанд гирифт. Чӣ ояндаи олиҷанобе! Ниҳоятан, онҳое ки ба аҳкоми Худо «бисёр шавқ» доранд, комилиятро ба даст хоҳанд овард ва ҷовидона аз «озодии ҷалоли фарзандони Худо» баҳраманд хоҳанд гашт (2 Пет. 3:13; Рум. 8:21).

Сарватро оқилона истифода баред

9, 10. Масеҳиёни ҳақиқӣ сарвати рӯҳонии худро чӣ тавр истифода мебаранд ва ба кадом маъно адолати онҳо «то абад қоим аст»?

9 «Фаровонӣ ва сарват дар хонаи ӯст; ва адолати ӯ то абад қоим аст. Дар торикӣ барои росткорон нур тулӯъ мекунад; бахшанда ва раҳим ва одил аст» (Заб. 111:3, 4). Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас баъзе ходимони Худо аз ҷиҳати моддӣ хеле сарватманд буданд. Лекин касони ба Худо писандро ба маънои дигар низ сарватманд номидан мумкин аст. Чунки аксари онҳое, ки худро назди Худо фурӯтан месозанд, мискину ҳақиранд; дар рӯзҳои Исо низ, ҳамин тавр буд (Луқ. 4:18; 7:22; Юҳ. 7:49). Бо вуҷуди ин, ҳамаи одамон новобаста аз кам ё зиёд будани боигариашон, аз ҷиҳати рӯҳонӣ сарватманд шуда метавонанд. (Мат. 6:20; 1 Тим. 6:18, 19; Яъқуб 2:5–ро бихонед.)

10 Масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳамроҳони онҳо сарвати рӯҳониашонро дар худ намедоранд. Онҳо дар зулмоти дунёи Шайтон «барои росткорон нур тулӯъ» мекунанд. Масеҳиёни ҳақиқӣ ба дигарон кӯмак менамоянд, то онҳо низ аз ганҷҳои рӯҳонии ҳикмат ва дониши Илоҳӣ баҳра баранд. Мухолифон мекӯшанд, то кори мавъизаи Салтанатро боздоранд, лекин ин ба онҳо муяссар намешавад. Баръакс, самари ин кори одилона «то абад қоим аст». Хидматгорони Худо низ дар роҳи адолат устувор монда, «то абад қоим» хоҳанд буд.

11, 12. Халқи Худо дороии моддиашро ба чӣ сарф мекунад?

11 Халқи Худо — ҳам тадҳиншудагон ва ҳам «анбӯҳи бузург», аз ҷиҳати моддӣ саховатмандӣ зоҳир мекунанд. Дар Забур 111:9 гуфта мешавад: «[Одил] исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст». Имрӯз масеҳиёни ҳақиқӣ аксаран ба ҳамимонони худ ва ҳатто ба ҳамсоягони эҳтиёҷмандашон кӯмаки моддӣ мерасонанд. Ҳамчунин онҳо дороиашонро барои дастгирии осебдидагони офатҳои табиӣ сарф мекунанд. Чӣ тавре ки Исо қайд намуд, ин кор низ манбаи хушбахтӣ буда метавонад. (Аъмол 20:35 ва 2 Қӯринтиён 9:7–ро бихонед.)

12 Инчунин оиди он фикр кунед, ки барои ба 172 забон нашр намудани маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Аксарияти одамоне, ки ба ин забонҳо ҳарф мезананд, нисбатан камбағаланд. Ғайр аз ин, маҷаллаи мазкур ба якчанд забони имову ишора (барои одамони кару гунг) ва ба ҳуруфи Брайл (барои нобиноён) нашр мешавад.

Саховатманд ва адолатпеша

13. Киҳо дар саховатмандӣ намунаи беҳтаринанд ва мо чӣ тавр аз онҳо ибрат гирифта метавонем?

13 «Некӯст касе ки мебахшад [саховатмандӣ зоҳир мекунад] ва қарз медиҳад» (Заб. 111:5). Ба мо маълум аст, ки одамон на ҳамеша аз рӯи саховатмандӣ ба дигарон кӯмак менамоянд. Баъзеҳо ин корро бо назарбаландӣ ё дили нохоҳам мекунанд. Ба ҳеҷ кас қабул кардани кӯмаки чунин шахсон писанд нест. Баръакси ин, кӯмаки шахси саховатманд таровати зиёд мебахшад. Яҳува намунаи барҷастаи саховатмандӣ аст (Яъқ. 1:5, 17). Исои Масеҳ саховатмандии Падарашро ба таври комил инъикос мекард (Марқ. 1:40–42). Аз ин рӯ, барои дар назари Худо одил будан мо бояд саховатманд бошем. Хусусан дар мавъиза мо бо омодагӣ ва хушнудӣ ба дигарон кӯмаки рӯҳонӣ пешкаш мекунем.

14. Баъзе аз мавридҳое, ки мо «корҳои худро аз рӯи инсоф» ба ҷо меорем, кадоманд?

14 «[Одил] корҳои худро аз рӯи инсоф мураттаб менамояд» (Заб. 111:5). Ҳамон тавре ки пешгӯӣ шуда буд, синфи гумоштаи мӯътамад нисбати дороии Оғои худ «аз рӯи инсоф», яъне аз рӯи адолати Яҳува ғамхорӣ мекунад. (Луқо 12:42–44-ро бихонед.) Синфи ғулом ба пирон дар асоси Навиштаҳо дастур медиҳад ва ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки масъалаҳои бо гуноҳҳои ҷиддии аъзоёни ҷамъомад алоқамандро дида бароянд. Ҳамчунин адолатпешагии синфи ғулом дар дастуроте зоҳир мегардад, ки вай дар асоси Китоби Муқаддас ба ҳамаи ҷамъомадҳо, хонаҳои миссионерӣ ва Байтилҳо медиҳад ва бо ин тарзи амал намудани онҳоро муайян месозад. Аз рӯи адолат амал намудан на танҳо аз пирон талаб карда мешавад. Ҳамаи масеҳиён дар муносибат бо ҳамдигар ва бо шахсоне, ки ҳамимон нестанд, ҳамчунин дар муносибатҳои пулию молӣ бояд «аз рӯи инсоф» амал кунанд. (Мико 6:8, 11–ро бихонед.)

Баракатҳое, ки одилон мегиранд

15, 16. а) Хабарҳои нохуши ин ҷаҳон ба одилон чӣ гуна таъсир мекунанд? б) Ходимони Худо кадом корро боқатъият давом медиҳанд?

15 «Зеро ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад ғалтид: одил то абад зикр хоҳад ёфт. Аз овозаи бад наметарсад; дилаш қавист, ба Худованд таваккал мекунад. Дилаш матин аст, наметарсад; то даме ки нокомии адуёнашро бубинад» (Заб. 111:6–8). Ҳеҷ гоҳ то ин дам хабарҳои нохуш ин қадар бисёр набуданд, аз он ҷумла хабари ҷангҳо, терроризм, пайдошавии бемориҳои нав ва авҷ гирифтани бемориҳои кӯҳна, ҷинояткорӣ, камбағалӣ ва ифлосшавии шадиди муҳити зист ба гӯш мерасанд. Ин хабарҳои нохуш ба касоне, ки дар назари Худо одиланд, хоҳу нохоҳ таъсир мекунад, лекин онҳо аз ин хабарҳо ба ваҳму ҳарос намеафтанд. Дили онҳо «қавӣ» ва «матин» аст, зеро онҳо ба оянда бо эътимод менигаранд ва медонанд, ки дунёи нави одилонаи Худо наздик аст. Агар мусибате рӯй диҳад ҳам, онҳо рӯҳафтода ва маъюс намешаванд, зеро ба дастгирии Яҳува такя мекунанд. Худо ҳаргиз намегузорад, ки одилон «фурӯ» ғалтанд. Ӯ онҳоро дастгирӣ мекунад ва барои устувор монданашон қувват мебахшад (Фил. 4:13, ТДН).

16 Шахсони дар назари Худо одил ҳамчунин бо нафрат ва тӯҳмати мухолифон рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин ин ҳамлаҳо масеҳиёни ҳақиқиро хомӯш намекунанд ва ҳаргиз хомӯш нахоҳанд кард. Баръакс, ходимони Худо бо иродаи қавӣ ва устуворона иҷрои супориши Яҳуваро давом медиҳанд, яъне хушхабари Салтанатро мавъиза мекунанд ва аз одамоне, ки онро қабул менамоянд, шогирд месозанд. Бо наздикшавии поёни ин тартибот одилон, бешубҳа бо мухолифати бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Ин нафрату адоват ба авҷи худ мерасад, вақте ки Шайтон Иблис чун Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ амал мекунад ва ба халқи Худо дар миқёси умумиҷаҳонӣ ҳуҷум менамояд. Он гоҳ мо билохир «нокомии адуён [яъне душманон]»–амонро, ки комилан мағлуб мешаванд, мебинем. Он вақт номи Яҳува пурра муқаддас мегардад. Чӣ имтиёзест бо чашмони худ дидани он! (Ҳиз. 38:18, 22, 23).

«Дар ҷалол баланд хоҳад шуд»

17. Чӣ тавр одилон «дар ҷалол баланд» хоҳанд шуд?

17 Бе таъсири Иблису ҷаҳони вай дар ягонагӣ ҳамд кардани Яҳува хурсандии зиёд меорад. Ҳамаи онҳое, ки назди Худо одил мемонанд, бо хурсандӣ Яҳуваро ҷовидона ҳамд мекунанд. Онҳо шарманда ва мағлуб намешаванд, зеро Яҳува ҳамчунин ваъда додааст, ки одилон «дар ҷалол баланд хоҳанд шуд» (Заб. 111:9). Бандагони одили Яҳува шикасти ҳамаи душманони ҳокимияти Ӯро дида, тантана хоҳанд кард.

18. Суханони хотимавии таронаи 111 чӣ тавр иҷро хоҳанд шуд?

18 «Шарир инро дида, ба хашм хоҳад омад, дандонҳояшро ғиҷиррос занонда, сӯзу гудоз хоҳад кард; орзуи шарирон нест хоҳад шуд» (Заб. 111:10). Ҳамаи касоне, ки ба халқи Худо мухолифат кардан мегиранд, ба наздикӣ дар ҳасад ва нафрати худ «сӯзу гудоз» хоҳанд кард. Орзуи онҳо, ки дидани поёни фаъолияти мост, ҳамроҳи онҳо дар «мусибати бузург»–и омадаистода нест хоҳад шуд (Мат. 24:21).

19. Мо ба чӣ эътимод дошта метавонем?

19 Оё шумо дар қатори одамони хушбахте, ки ин ғалабаи бузургро мебинанд ва ё байни одилони эҳёшудае, ки ҳаёташон то омадани поёни ҷаҳони Шайтон аз сабаби беморӣ ё пирӣ қатъ гаштааст, хоҳед буд? (Аъм. 24:15). Шумо ба ин савол ҷавоби мусбат дода метавонед, агар ба фидияи Исо имон зоҳир кунед ва мисли «кас»–и одил аз таронаи 111 ба Яҳува пайравӣ намоед. (Эфсӯсиён 5:1, 2–ро бихонед.) Ба туфайли ғамхории Яҳува чунин шахсон ва корҳои одилонаи онҳо «то абад зикр» хоҳанд шуд. Яҳува ин шахсонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва ба онҳо то абад муҳаббат зоҳир менамояд (Заб. 111:3, 6, 9).

[Эзоҳ]

^ сарх. 5 Давоми таронаи 110 будани таронаи 111-ро ҳам сохт ва ҳам мазмуни онҳо нишон медиҳад. Хусусиятҳои Худоро, ки дар таронаи 110 ситоиш карда мешаванд, марди худотарс аз таронаи 111 зоҳир менамояд ва инро ҳангоми муқоиса кардани Забур 110:3, 4 ва 111:3, 4 дидан мумкин аст.

Саволҳо барои мулоҳиза

• Мо барои «Ҳалелуёҳ» гуфтан чӣ сабабҳо дорем?

• Кадом баракатҳо имрӯз масеҳиёни ҳақиқиро хушбахт мегардонанд?

• Барои писанд омадан ба Яҳува мо бо кадом рӯҳия бояд ба дигарон кӯмак кунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

25–31-уми май Сурудҳо: 48, 165