Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува сазовори ҳамду санои мост

Яҳува сазовори ҳамду санои мост

Яҳува сазовори ҳамду санои мост

«Яҳуваро ҳамд кунед, эй одамон!» (ЗАБ. 111:1, ТДН [110:1]).

1, 2. Маънои калимаи «Ҳалелуёҳ» чист ва он дар Навиштаҳои Юнонӣ чӣ гуна истифода шудааст?

«ҲАЛЕЛУЁҲ»! Ин нидо дар калисоҳои ҷаҳони масеҳият одатан садо медиҳад. Баъзеҳо онро дар гуфтори ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, маънои муқаддаси ин ифодаро аксарият намедонанд ва бисёри шахсоне, ки онро истифода мебаранд, бо тарзи ҳаёташон ба Худо нанг меоранд (Тит. 1:16). Як фарҳанги Китоби Муқаддас шарҳ медиҳад: «Бо калимаи “ҳалелуёҳ” нависандагони таронаҳои гуногуни Забур ҳамаро даъват мекунанд, ки барои ҳамду санои Яҳува ба онҳо ҳамроҳ шаванд». Як қатор муҳаққиқони Китоби Муқаддас низ қайд менамоянд, ки «ҳалелуёҳ» маънои «Яҳуваро ҳамд кунед» дорад.

2 Аз ин рӯ, дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» ин калима дар Забур 111:1 [110:1] чунин тарҷума шудааст: «Яҳуваро ҳамд кунед, эй одамон!». Шакли юнонии он дар Ваҳй 19:1–6 чор маротиба меояд. Дар ин оятҳо хурсандие, ки ҳалокати дини дурӯғин бо худ меорад, тасвир шудааст. Дар ҳақиқат, он вақт ходимони ҳақиқии Худо сабаби махсусе хоҳанд дошт, то ба таври шоиста «Ҳалелуёҳ» гӯянд.

Корҳои бузурги Ӯ

3. Мақсади асосии мо аз вохӯриҳои мунтазам чист?

3 Нависандаи таронаи 110-ум сабабҳои зиёде меорад, ки чаро мо бояд дар ягонагӣ Яҳуваро ҳамд кунем. Дар ояти якум гуфта шудааст: «Худовандро бо тамоми дил ҳамд хоҳам гуфт дар шӯрои росткорон ва дар ҷамоат». Имрӯз Шоҳидони Яҳува ҳам чунин хоҳиш доранд. Мақсади асосии мо аз вохӯриҳои мунтазам, хоҳ бо ҷамъомади маҳаллӣ бошад, хоҳ дар анҷуманҳои калон — ин ситоиш кардани Яҳува аст.

4. Одамон чӣ тавр корҳои Яҳуваро таҳқиқ карда метавонанд?

4 «Аъмоли Яҳува бузург аст, касоне, ки дар онҳо хурсандӣ меёбанд, онҳоро таҳқиқ менамоянд» (Заб. 111:2, ТДН [110:2]). Ба ибораи «таҳқиқ менамоянд» аҳамият диҳед. Мувофиқи як асари тафсирӣ дар ин оят оиди касоне сухан меравад, ки корҳои Худоро «мавриди мулоҳизаи чуқур ва омӯзиши бодиққат қарор медиҳанд». Дар офаридаҳои Яҳува мақсадҳои олиҷанобаш зоҳир мегарданд. Ӯ Офтоб, Замин ва Моҳро чунон ҷойгир кардааст, ки дар натиҷаи таъсири мутақобили онҳо замин гармиву рӯшноӣ мегирад; дар он рӯзу шаб, фаслҳои сол иваз мегарданд ва дар давоми шабонарӯз сатҳи оби баҳрҳо пасту баланд мешавад.

5. Аз афзудани дониши одамон оиди Даҳр, чӣ маълум мегардад?

5 Олимон оиди мавқеи Замин дар Системаи офтобӣ, ва ҳамчунин дар бораи мадор, андоза, вазни комили радифи калони он — Моҳ чизҳои зиёдеро фаҳмиданд. Мавқеъ ва таъсири мутақобили ин ҷирмҳои осмонӣ ивазшавии фаслҳои солро имконпазир месозанд, ки аз мушоҳидаи он чашмҳои мо ҳаловат мебаранд. Ҳамчунин оиди қувваҳои табиат ва танзими хуби онҳо чизҳои зиёде омӯхта шудааст. Як мутахассиси калони соҳаи мошинсозӣ дар мақолаи «Даҳр мувофиқи нақша сохта шудааст» қайд мекунад: «Фаҳмидан душвор нест, ки чаро бисёри олимон таи сӣ соли охир ақидаи худро дигар кардаанд. Зеро барои бовар кардан ба он ки Даҳр тасодуфан дар натиҷаи таркиши кайҳоние пайдо шудааст, имони бузург лозим аст». Мувофиқи ақидаи ӯ чӣ қадар бештар мо дар бораи замин дониш андӯзем, ҳамон қадар равшантар мегардад, ки он созандаи бошуур дорад.

6. Ба таври аҷоиб офарида шудани инсон дар шумо чӣ эҳсосоте пайдо мекунонад?

6 Бузургии Худо чун Офаридгор ҳамчунин дар сохти бадани инсон зоҳир мегардад (Заб. 138:14). Ҳангоми офариниш Худо ба одам ақл, бадан, тамоми узвҳои лозима ва барои фаъолиятҳои гуногун маҳорату қобилиятҳо ато намуд. Масалан, қобилиятҳои худододи сухан гуфтан ва шунидан, ҳамчунин хондану навиштанро мӯъҷиза номидан мумкин аст. Бисёри одамон ин қобилиятҳоро доранд. Ғайр аз ин, системаи такягоҳу ҳаракати инсонро, ки қоматро рост нигоҳ медорад, шоҳкори муҳандисӣ номидан мумкин аст. Сохти бадани инсон, ба ҳамдигар мутаносиб будани қисмҳои он, қобилияти ҳаракат кардан ва равандҳои кимиёвие, ки дар организм мегузаранд, ҳақиқатан ҳам моро ба ҳайрат меоранд. Ғайр аз ин, бо пайвандҳои асабӣ, ки кори мағзи сар ва узвҳои ҳисро таъмин мекунанд, ягон ихтирооти олимон баробар шуда наметавонад. Одамон танҳо ба туфайли ақлу идроки худодод чизеро ихтироъ карда метавонанд. Ҳатто муҳандиси хеле боихтисос ва бомаҳорат наметавонад, чизе бисозад, ки бо зебогиву сервазифагиаш ба даҳ ангушти дастони одам баробар бошад. Фикр кунед: магар асарҳои бузурги санъат ва ихтирои чизҳои аҷоиб бе даҳ панҷаи худодод пайдо мешуданд?

Корҳои бузурги Худо ва хусусиятҳои Ӯ

7. Чаро мо бояд ба Китоби Муқаддас чун ба яке аз корҳои бузурги Худо назар кунем?

7 Яҳува баҳри инсоният корҳои дигари бузурге кардааст ва дар бораи онҳо Китоби Муқаддас нақл мекунад. Худи ин китобро, ки аз аввал то ба охир ҳамоҳанг ва ба ҳам мувофиқ мебошад, шоҳасар номидан мумкин аст. Навиштаҳои Муқаддас аз ҳамаи дигар китобҳо фарқ мекунад, зеро он «аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш ... фоиданок аст» (2 Тим. 3:16). Масалан, китоби якуми он — Ҳастӣ нақл мекунад, ки чӣ тавр Худо дар замони Нӯҳ заминро аз шарорат пок кард. Китоби дуюм — Хуруҷ нишон медиҳад, ки Яҳува чӣ тавр халқи Исроилро аз ғуломии Миср озод намуда, Худои ҳақиқӣ буданашро исбот кард. Забурнавис эҳтимол ин воқеаҳоро дар назар дошта, гуфт: Кори Ӯ [Худованд] шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст. Корҳои аҷоиби Худро василаи зикр гардондааст; Худованд бахшанда ва раҳим аст (Заб. 110:3, 4). Корҳое, ки Яҳува дар тӯли таърихи инсоният ва дар тӯли ҳаёти шумо кардааст, бешубҳа «шукӯҳ ва шавкат»-и Ӯро «то абад қоим» мегардонанд.

8, 9. а) Корҳои Худо аз бисёр корҳои одамон бо чӣ фарқ мекунанд? б) Кадоме аз хусусиятҳои Худо ба шумо бештар писанд меоянд?

8 Забурнавис ҳамчунин хусусиятҳои зебои Яҳува — адолатмандӣ, бахшандагӣ ва раҳмро қайд менамояд. Мо медонем, ки одамони гунаҳкор аксаран аз рӯи адолат рафтор намекунанд. Одатан барангезандаи онҳо ҳирсу тамаъ, ҳасад ва ҳавобаландӣ мебошад. Ин аз он маълум аст, ки одамон баҳри фоидаи иқтисодӣ яроқу аслиҳаи ҳалокатовар истеҳсол мекунанд ва оташи ҷангро меафрӯзанд. Ин ба сари миллионҳо шахсони бегуноҳ азобу уқубатҳои зиёд меорад. Ҳамчунин бисёр корҳои одамон бо ҷабру ситами камбағалон карда мешаванд. Яке аз чунин мисолҳои маъмул — кор фармудани ғуломон дар сохтмони аҳромҳо (пирамидаҳо) мебошад. Аҳромҳо асосан чун мақбара барои фиръавнҳои мағрур хидмат мекарданд. Имрӯз низ бисёри корҳои одамон ҷабру ситам меоранд ва беш аз ин заминро нобуд менамоянд. (Ваҳй 11:18–ро бихонед.)

9 То чӣ андоза фарқ мекунанд онҳо аз корҳои Яҳува! Ӯ ҳамеша аз рӯи адолат амал менамояд! Яке аз чунин корҳо фидия мебошад. Худо онро аз раҳму шафқат барои наҷоти инсонияти гунаҳкор пешкаш намуд ва бо ин адолати худро «нишон дод» (Рум. 3:25, 26). Дар ҳақиқат, «адолати Ӯ то абад қоим аст»! Бахшандаву раҳим будани Худо дар он зоҳир мегардад, ки Ӯ бо одамони гунаҳкор пурсаброна муносибат мекунад. Худо баъзан ҳатто бо истифодаи калимаи «лутфан» илтиҷо менамуд, ки гунаҳкорон роҳҳои бади худро тарк карда, корҳои нек кунанд. (Ҳизқиёл 18:25–ро бихонед.)

Яҳува ба ваъдаҳояш вафо мекунад

10. Ваъдаи ба Иброҳим додаашро иҷро карда, Яҳува чӣ тавр садоқатмандӣ зоҳир намуд?

10 «Ба тарсгорони Худ ризқу рӯзӣ додааст; аҳди Худро ба сурати абадӣ дар хотир дорад» (Заб. 110:5). Аз афташ ин ҷо забурнавис аҳдеро, ки Худо бо Иброҳим баста буд, дар назар дорад. Яҳува ваъда дод, ки насли Иброҳимро баракат медиҳад ва онҳо «шаҳрҳои душманони худро мусаххар» мекунанд (Ҳас. 22:17, 18; Заб. 104:8, 9). Ҳангоми бори аввал иҷро шудани ин ваъда насли Иброҳим халқи Исроил гашт. Он халқ муддати дурудароз дар ғуломии Миср буд, вале сипас Худо «аҳди Худро, ки бо Иброҳим ... баста буд, ба ёд овард» ва онҳоро озод кард (Хур. 2:24). Муносибати минбаъдаи Яҳува бо ин халқ нишон дод, ки Ӯ то чӣ андоза саховатманд аст. Худо ба онҳо барои ҷисмашон хӯрок ва барои ақлу дилашон ғизои рӯҳонӣ медод (Такр. Ш. 6:1–3; 8:4; Наҳ. 9:21). Дар тӯли асрҳои минбаъда исроилиён аксаран ба Худо беитоатӣ мекарданд ва ҳарчанд Ӯ ба воситаи пайғамбаронаш онҳоро ба итоаткорӣ даъват менамуд, онҳо саркашӣ мекарданд. Баъди озодшавии исроилиён аз ғуломии Миср зиёда аз 1 500 сол гузашт ва Худо писари ягоназодашро ба замин фиристод. Аксарияти яҳудиён Исоро рад карданд ва гузоштанд, ки ӯ кушта шавад. Сипас Яҳува халқи нав, халқи рӯҳонӣ — «Исроили Худо»–ро барпо кард. Якҷоя бо Масеҳ ин халқ насли рӯҳонии Иброҳимро ташкил медиҳад, ки ба воситаи он Яҳува мувофиқи пешгӯияш инсониятро баракат хоҳад дод (Ғал. 3:16, 29; 6:16).

11. Аз чӣ маълум аст, ки Яҳува то ба ҳол аҳди бо Иброҳим бастаашро «дар хотир дорад»?

11 Яҳува «аҳди Худ» ва баракатҳои бо он алоқамандро то ба ҳол «дар хотир дорад». Имрӯз Ӯ бо фаровонӣ ғизои рӯҳонӣ медиҳад, ки он ба беш аз 400 забон пешкаш мешавад. Ҳамчунин Ӯ дуоҳои моро оиди «ризқу рӯзии» ҳаррӯза доимо мустаҷоб мекунад ва бо ин ниёзҳои ҷисмониамонро қонеъ мегардонад (Луқ. 11:3; Заб. 71:16, 17; Иш. 25:6–8).

Қувваи Яҳува ҳаяҷонангез аст

12. Чӣ тавр ба исроилиёни қадим «мероси халқҳо» дода шуд?

12 «Қуввати аъмоли Худро ба қавми Худ зоҳир сохт, то ки мероси халқҳоро ба онҳо бидиҳад» (Заб. 110:6). Яке аз воқеаҳои бузурги таърихи халқи Исроил, ки эҳтимол онро забурнавис дар назар дошт — ин ба таври мӯъҷизавӣ аз ғуломии Миср озод шудани онҳо аст. Вақте ки оқибат исроилиён бо кӯмаки Яҳува ба Сарзамини ваъдашуда даромаданд, онҳо тавонистанд салтанатҳои дар шарқу ғарби дарёи Ӯрдун воқеъбударо забт намоянд. (Наҳемё 9:22–25-ро бихонед.) Бале, Яҳува ба исроилиён «мероси халқҳоро» дод. Чӣ зуҳуроти бузурги қувваи Худо!

13, 14. а) Кадом зуҳуроти қувваи Худоро дар алоқамандӣ бо Бобил забурнавис эҳтимол дар назар дошт? б) Мисолҳои дигари озодии бузург бахшидани Яҳува кадоманд?

13 Мо хуб медонем, ки қатъи назар аз ҳамаи корҳое, ки Яҳува ба манфиати исроилиён кард, онҳо на ба Ӯ ва на ба аҷдодони худ — Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб эҳтиром зоҳир накарданд. Халқи Исроил гаштаву баргашта бар муқобили Худо мебаромаданд ва оқибат Ӯ онҳоро ба асорати Бобил фиристод (2 Вақ. 36:15–17; Наҳ. 9:28–30). Агар нависандаи таронаи 110–ум, мувофиқи тахмини баъзе муҳаққиқони Китоби Муқаддас, баъди аз асорати Бобил баргаштани исроилиён зиста бошад, он гоҳ ӯ барои ҳамд кардани Яҳува сабабҳои иловагӣ дошт. Чунки Худо қуввату садоқатмандӣ зоҳир намуда, яҳудиёнро аз асорати Бобил — империяе, ки ҳеҷ гоҳ асиронашро сар намедод, озод кард (Иш. 14:4, 17).

14 Тақрибан панҷ аср баъдтар, Яҳува қувваашро ба таври боз ҳам бузург зоҳир намуда, одамони тавбакардаро аз ғуломии гуноҳ ва марг озод кард (Рум. 5:12). Дар натиҷа 144 000 нафар имконият пайдо карданд, ки пайравони тадҳиншудаи Масеҳ гарданд. Соли 1919 Яҳува бо қувваи худ бақияи хурди ин тадҳиншудагонро аз асорати дини дурӯғин озод кард. Ҳамаи муваффақиятҳое, ки онҳо дар давоми ин айёми охир ба даст оварданд, фақат ба туфайли қувваи Худо имконпазир буд. Тадҳиншудагон то дами марг содиқ монда, ҳамроҳи Исои Масеҳ аз осмон бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард, ки ин ба фоидаи одамони тавбакарда хоҳад буд (Ваҳй 2:26, 27; 5:9, 10). Онҳо назар ба исроилиёни қадим заминро ба миқёси бузургтар мерос хоҳанд гирифт (Мат. 5:5).

Принсипҳои устувор ва сазовори эътимод

15, 16. а) Ба аъмоли дастони Худо чӣ тааллуқ дорад? б) Худо ба исроилиёни қадим чӣ гуна қонунҳо дод?

15 «Аъмоли дастҳои Ӯ ростӣ ва инсоф аст; ҳамаи фармудҳои Ӯ боэътимод аст: то абад матин аст; бар ростӣ ва росткорӣ асос ёфтааст» (Заб. 110:7, 8). Аз ҷумлаи «аъмоли дастҳои [Худованд]» ду лавҳаи сангин мебошад, ки дар онҳо барои халқи Исроил даҳ қонуни муҳим навишта шуда буданд (Хур. 31:18). Ин қонунҳо ҳамроҳи дигар аҳкоми Шариати Мусо бар принсипҳои устувор ва сазовори эътимод асос ёфтаанд.

16 Масалан, яке аз аҳком ё қонунҳои дар лавҳаҳои сангин навишташуда чунин буд: «Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам». Сипас гуфта мешавад, ки Яҳува «то ҳазорон насл, ба онҳое ки» Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунад. Ғайр аз ин, дар лавҳаҳои сангин чунин принсипҳои ҷовидонӣ, ба мисли «падари худ ва модари худро иззат намо», «дуздӣ накун» ва ҳамчунин қонуни «тамаъ накун», ки аз фаҳмиши хуби сирати инсонӣ шаҳодат медиҳад, навишта шуда буданд (Хур. 20:5, 6, 12, 15, 17).

Раҳокунандаи муқаддас ва саҳмгин

17. Аз кадом сабабҳо халқи Исроил бояд исми Худоро чун чизи муқаддас эҳтиром менамуд?

17 «Раҳоӣ барои қавми Худ фиристод, аҳди Худро ба сурати абадӣ амр фармуд; исми Ӯ қуддус ва саҳмгин аст!» (Заб. 110:9). Эҳтимол ин ҷо низ забурнавис хотиррасон мекунад, ки Яҳува ба аҳди бо Иброҳимбастааш вафодор аст. Мувофиқи ин аҳд амал намуда, Яҳува нагузошт, ки халқаш дар ғуломии Мисри қадим ва дертар дар асорати Бобил бимонад. Дар ҳар дуи ин мавридҳо Ӯ қавмашро раҳо кард. Фақат ин ду аъмоли Худо кофӣ буд, ки исроилиён исми Ӯро чун чизи муқаддас эҳтиром намоянд. (Хуруҷ 20:7 ва Румиён 2:23, 24–ро бихонед.)

18. Ба фикри шумо чаро бар худ доштани исми Худо имтиёз аст?

18 Имрӯз масеҳиёни ҳақиқӣ низ барои чун чизи муқаддас эҳтиром намудани номи Худо сабабҳо доранд. Ӯ онҳоро аз ғуломии гуноҳу марг — ғуломие, ки ба озодшавӣ аз он умеде набуд, озод кард. Аз ин рӯ, мо бояд бо тамоми қувват мувофиқи хоҳиши аввалини дар дуои намунавӣ навишташуда — «Исми Ту муқаддас бод» — зиндагӣ кунем (Мат. 6:9). Мулоҳиза оиди ин номи бузургу пуршараф моро ба худотарсӣ бармеангезад. Нависандаи таронаи 110–ум ба худотарсӣ муносибати дуруст дошт. Ӯ гуфт: «Тарси Худованд ибтидои ҳикмат аст, хиради некӯст барои ҳар касе ки онҳоро [аҳкоми Ӯро] ба ҷо меоварад» (Заб. 110:10).

19. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима хоҳем кард?

19 Худотарсӣ кӯмак мекунад, ки мо аз бадӣ нафрат намоем ва ҳамчунин хусусиятҳои зебои Худоро дар худ инкишоф диҳем. Оиди ин дар таронаи 111–ум сухан меравад, ки мо онро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард. Аз ин тарона мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳамроҳи миллионҳо одамони дигар Худоро ҷовидона ҳамд кунем. Яҳува инро сазовор аст. Бале, «ҳамду санои Ӯ то абад қоим аст» (Заб. 110:10).

Саволҳо барои мулоҳиза

• Чаро Яҳува сазовори он аст, ки Ӯро дар ягонагӣ ҳамд кунем?

• Дар аъмоли Яҳува кадом хусусиятҳо зоҳир мегарданд?

• Ба фикри шумо чаро бар худ доштани исми Худо имтиёз аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]