Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Беайбии шумо дили Яҳуваро шод мегардонад

Беайбии шумо дили Яҳуваро шод мегардонад

Беайбии шумо дили Яҳуваро шод мегардонад

«Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (МАС. 27:11).

1, 2. а) Мувофиқи китоби Айюб Шайтон одамонро дар чӣ айбдор кард? б) Аз чӣ маълум аст, ки Шайтон аз рӯзҳои Айюб то ба ҳол Яҳуваро бадгӯӣ мекунад?

ЯҲУВА роҳ дод, ки Шайтон беайбии Айюби содиқро биозмояд. Дар натиҷа, Айюб аз чорво, фарзандон ва саломатиаш маҳрум шуд. Лекин беайбии Айюбро зери шубҳа гузошта, Шайтон на танҳо ӯро дар назар дошт. Шайтон арз намуд: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод». Ин даъво саволеро бардошт, ки ғайр аз Айюб ба дигарон низ дахл дорад ва ҳалли он баъд аз марги ӯ ҳам давом мекунад (Айюб 2:4).

2 Тахминан 600 сол пас аз озмоишҳои Айюб, зери илҳоми илоҳӣ Сулаймон навиштааст: «Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (Мас. 27:11). Бешубҳа, он вақт низ Шайтон муқобилияти худро ба Яҳува давом медод. Беш аз ин, мувофиқи рӯъёи Юҳаннои расул, Шайтон чанде пас аз барпо шудани Салтанати Худо (дар соли 1914) ва аз осмон ронда шуданаш, чун айбдоркунандаи ходимони Худо тасвир шудааст. Бале, имрӯз ҳам, вақте ки аз оғози охирзамон ин қадар вақт гузаштааст, Шайтон чун пештара беайбии ходимони Худоро зери шубҳа мегузорад (Ваҳй 12:10).

3. Аз китоби Айюб кадом дарсҳои муҳимро меомӯзем?

3 Се дарси муҳимро аз китоби Айюб дида мебароем. Якум, озмоишҳои Айюб ошкор менамоянд, ки душмани ҳақиқии инсоният ва сарчашмаи мухолифатҳое, ки халқи Худо дучор мешаванд,— Шайтон Иблис мебошад. Дуюм, бо кадом озмоишҳое, ки рӯ ба рӯ нашавем, мо ба туфайли муносибатҳои наздик бо Худо беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем. Сеюм, дар ҳар гуна озмоишҳо, Худо чӣ тавре ки Айюбро дастгирӣ мекард, моро низ дастгирӣ менамояд. Имрӯз Яҳува ба воситаи Каломаш, созмонаш ва рӯҳулқудсаш ба мо кӯмак мекунад.

Дар хотир доред, ки душмани ҳақиқӣ кист

4. Ба вазъияти ҷаҳони имрӯза кӣ айбдор аст?

4 Аксари одамон ба вуҷуд доштани Шайтон бовар намекунанд. Аз ин рӯ, онҳо аз вазъияти ҷаҳонӣ ба ташвиш оянд ҳам, намедонанд, ки сабабгори асосии ҳамаи ин Шайтон Иблис мебошад. Дуруст аст, ки ба бисёри мусибатҳои инсоният худи одамон айбдоранд. Нахустволидайни мо — Одаму Ҳавво аз Офаридгори худ мустақил буданро интихоб карданд. Аз он вақт инҷониб, наслҳои минбаъда хеле бехирадона рафтор мекарданд. Лекин маҳз Иблис Ҳавворо фиреб дода, ӯро ба исён бар муқобили Худо барангехт. Шайтон тартиботи ҷаҳониро бунёд намуд, то тавассути он инсонияти нокомил ва мирандаро зери ҳокимияти худ нигоҳ дорад. Азбаски Шайтон «худои ин дунё» мебошад, ҷамъияти инсонӣ хислатҳои асосии ӯ — ғурур, ҷангҷӯӣ, рашку ҳасад, ҳирсу тамаъ, фиребгарӣ ва исёнкориро зоҳир мекунад. (2 Қӯр. 4:4; 1 Тим. 2:14; 3:6; Яъқуб 3:14, 15-ро бихонед.) Чунин хислатҳо ба моҷароҳои сиёсиву динӣ, кинаву нафрат, ришвахӯрӣ ва бетартибӣ мусоидат карда, азобу уқубати одамонро афзун менамоянд.

5. Дониши бебаҳои худро мо чӣ гуна истифода бурдан мехоҳем?

5 Мо чун ходимони Яҳува дониши бебаҳое дорем, зеро медонем, ки ба бадшавии вазъияти ҷаҳонӣ кӣ айбдор аст. Оё ин моро барнамеангезад, ки дар хидмати мавъиза иштирок карда, дар бораи гунаҳкори асосии ҳамаи бадбахтиҳо ба дигарон нақл кунем? Оё бароямон хурсандибахш нест, ки мо Худои ҳақиқӣ — Яҳуваро ҷонибдорӣ менамоем ва ба одамон мефаҳмонем, ки чӣ тавр Ӯ Шайтонро несту нобуд карда, ба азобу уқубатҳои инсоният хотима мебахшад?

6, 7. а) Ба таъқиботҳое, ки ходимони ҳақиқии Худо дучор мешаванд, ки айбдор аст? б) Мо чӣ тавр ба Элиҳу пайравӣ карда метавонем?

6 Шайтон на танҳо ба вазъияти душвори ҷаҳонӣ, балки ба мухолифатҳое, ки халқи Худо дучор мешавад, айбдор аст. Вай бисёр мехоҳад, ки моро зери озмоишҳо қарор диҳад. Исои Масеҳ ба Петруси расул гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғалбер гузаронад» (Луқ. 22:31). Мо низ, ки пайравони Исо ҳастем, ба ин ё он озмоишҳо дучор мешавем. Петрус гуфта буд, ки Иблис «мисли шери ғуррон ... касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад». Павлус низ навиштааст: «Ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд» (1 Пет. 5:8; 2 Тим. 3:12).

7 Вақте ки бо ягон ҳамимонамон мусибате рӯй медиҳад, мо набояд фикр кунем, ки ин аз тарафи Яҳува аст. Чӣ тавре ки дидем, душмани воқеӣ Шайтон мебошад. Бинобар ин, мо мисли се дӯсти Айюб аз бародари мусибатзадаамон дурӣ намеҷӯем, ба ҷои ин, мо ба ӯ монанди Элиҳу, ки чун дӯсти ҳақиқӣ сухан мегуфт, муносибат мекунем. Мо бародарамонро дар мубориза бар зидди душмани умумиамон — Шайтон дастгирӣ менамоем (Мас. 3:27; 1 Тас. 5:25). Мақсади мо ин аст, ки ба ҳамимонамон кӯмак намоем, то ӯ қатъи назар аз озмоишҳо беайбиашро нигоҳ дорад ва бо ин дили Яҳуваро шод гардонад.

8. Чаро ба Шайтон муяссар нашуд, ки Айюбро аз ҷалол додани Яҳува боздорад?

8 Дар аввал Шайтон Айюбро аз ҳамаи чорвояш маҳрум сохт. Ин ҳайвонот аз ҷиҳати моддӣ арзиши калон доштанд ва шояд барои Айюб чун сарчашмаи ризқу рӯзӣ хидмат мекарданд. Ҳамчунин ӯ онҳоро барои ибодати Худо истифода мебурд. Баъди он ки Айюб фарзандонашро «тақдис менамуд», ӯ «саҳаргоҳон бархоста, мувофиқи адади ҳамаи онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ мебаровард, зеро ки Айюб мегуфт: “Шояд, писаронам хато карда, Худоро дар дили худ хорӣ дода бошанд”. Айюб ҳама вақт чунин амал мекард» (Айюб 1:4, 5). Чӣ тавре ки мебинем, ӯ мунтазам ҳайвонҳоро ба Яҳува қурбонӣ мекард. Бо сар шудани озмоишҳо ин имконнопазир гашт. Айюб аз ҳамаи «дороии» пурарзише, ки бо он Яҳуваро ҷалол медод, маҳрум шуд (Мас. 3:9). Лекин ӯ метавонист Яҳуваро бо забони худ ҳамду сано гӯяд ва ӯ ҳамин тавр кард.

Бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳед

9. Дар ҳаёти мо чизи аз ҳама пурарзиш чист?

9 Новобаста аз он ки мо сарватманд ё камбағалем, ҷавон ё солхӯрдаем, саломатии хуб дорем ё бад — ҳар яки мо бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф дода метавонем. Бо кадом озмоише дучор нашавем, мо ба туфайли дӯстии наздик бо Худо метавонем беайбии худро нигоҳ дорем ва дили Яҳуваро шод гардонем. Ҳатто шахсоне, ки оиди ҳақиқат донишашон кам буд, далеру ҷасур монда, беайбиашонро нигоҳ доштанд.

10, 11. а) Як хоҳар зери озмоишҳо чӣ тавр беайбиашро нигоҳ дошт? б) Ин хоҳар ба Шайтон чӣ ҷавоби қатъие дод?

10 Мисоли хоҳар Валентина Гарновскаяро дида мебароем. Ӯ низ мисли бисёр хоҳару бародарони рус ба озмоишҳои сахт нигоҳ накарда, чун Айюби содиқ беайбиашро нигоҳ дошт. Соли 1945, вақте ки ин хоҳар қариб 20 сола буд, бародаре ба вай мавъиза кард. Боз ду маротиба ин бародар бо ӯ дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат намуд, баъд аз ин, хоҳар дигар ӯро надид. Бо вуҷуди ин, Валентина ба ҳамсоягонаш мавъиза карданро оғоз намуд. Барои ин ӯро дастгир намуда, ба мӯҳлати ҳашт сол ҳабс карданд. Соли 1953 вай озод шуд ва дарҳол ба мавъиза шурӯъ намуд. Ӯро аз нав ҳабс карданд — ин дафъа ба мӯҳлати 10 сол. Дар давоми ин солҳо ӯ дар лагерҳои гуногун буд. Дар охири мӯҳлати маҳбусӣ вайро ба лагере гузаронданд, ки он ҷо хоҳароне буданд, ки нусхаи Китоби Муқаддасро доштанд. Боре як хоҳар ба Валентина Китоби Муқаддасро нишон дод. Чӣ лаҳзаи ҳаяҷоноваре! Тасаввур кунед: то ин дам Валентина Китоби Муқаддасро танҳо дар дасти бародаре дида буд, ки соли 1945 ба ӯ мавъиза карда буд!

11 Соли 1967 Валентина озод гашт ва ниҳоят барояш имконият пайдо шуд, ки дар об таъмид гирад ва бо ин нишон диҳад, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшидааст. Дар озодӣ вай бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекард. Соли 1969 ӯро боз ба ҳабс гирифтанд ва ин дафъа вайро ба мӯҳлати се сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Лекин Валентина дар маҳбас мавъизаро давом дод. То вафоташ дар соли 2001, ӯ ба 44 нафар барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак намуд. Ҳамагӣ вай 21 соли умрашро дар лагеру ҳабсхонаҳо гузаронд. Ӯ барои нигоҳ доштани беайбӣ тайёр буд, ки аз ҳама чиз, ҳатто аз озодиаш маҳрум шавад. Дар охири ҳаёташ Валентина гуфт: «Ман ҳеҷ гоҳ хонаву дари худро надоштам. Ҳамаи чизу чораам дар як ҷомадон ҷо мешуданд, лекин ман аз хидмат ба Яҳува худро хушбахт ва қаноатманд эҳсос мекардам». Чӣ ҷавоби қатъие дод Валентина ба Шайтон, ки арз мекунад, ки одамон дар озмоишҳо ба Худо содиқ намемонанд! (Айюб 1:9–11). Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки вай дили Яҳуваро шод гардонд ва Худо бесаброна соатеро интизор аст, то Валентина ва дигар шахсонеро, ки то дами марг ба Ӯ содиқ монданд, эҳё намояд (Айюб 14:15).

12. Дар муносибати мову Яҳува муҳаббат чӣ нақше мебозад?

12 Дӯстии мову Яҳува дар муҳаббат ба Ӯ асос меёбад. Мо аз хусусиятҳои Яҳува ба ваҷд меоем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то мувофиқи иродаи Ӯ зиндагӣ намоем. Бархилофи даъвоҳои Шайтон мо Яҳуваро самимона ва қатъи назар аз вазъияту шароити зиндагӣ дӯст медорем. Чунин муҳаббат ба мо қувват мебахшад, то дар озмоишҳо беайбии худро нигоҳ дорем. Яҳува дар навбати худ «тариқи порсоёни Худро нигаҳбонӣ менамояд» (Мас. 2:8; Заб. 96:10).

13. Яҳува ба корҳое, ки мо барои Ӯ мекунем, чӣ тавр менигарад?

13 Муҳаббат моро бармеангезад, ки новобаста аз имкониятҳои маҳдуди худ номи Яҳуваро ҷалол диҳем. Худо ниятҳои неки моро мебинад, аз ин рӯ, агар ҳамаи он чиро, ки мехоҳем карда натавонем, Ӯ моро маҳкум намекунад. Барои Худо на танҳо чӣ кор кардани мо, балки бо кадом ният кардани он, муҳим аст. Ҳарчанд Айюб мусибатзада буду сахт азоб мекашид, ӯ ба айбдоркунандагонаш гуфт, ки роҳҳои Яҳуваро дӯст медорад. (Айюб 10:12; 28:28-ро бихонед.) Чӣ тавре ки аз боби охирини китоби Айюб маълум аст, Яҳува аз гуфтаҳои Алифоз, Билдод ва Сӯфор ба ғазаб омад, зеро онҳо суханони нодуруст гуфта буданд. Ҳамзамон Ӯ нисбати Айюб илтифот зоҳир намуд. Яҳува Айюбро чор маротиба «бандаи Ман» номид ва аз вай хоҳиш кард, ки дар ҳаққи «тасаллидиҳандагони ғамовараш» дуо кунад (Айюб 42:7–9). Биёед, мо ҳам тарзе рафтор намоем, ки илтифоти Яҳуваро ба даст орем.

Яҳува ходимони содиқашро дастгирӣ мекунад

14. Чӣ тавр Яҳува тарзи фикрронии Айюбро ислоҳ намуд?

14 Айюб сарфи назар аз нокомилӣ беайбии худро нигоҳ дошт. Баъзан зери фишори сахт вай ба ҳама чиз нодуруст нигоҳ мекард. Масалан, ӯ ба Яҳува гуфт: «Сӯи Ту истиғоса мебарам, ва иҷобат намекунӣ ... бо қудрати дасти Худ ба ман кина меварзӣ». Ғайр аз ин, Айюб аз ҳад зиёд ба худсафедкунӣ дода шуд. Ӯ гуфт: «Айбдор нестам» ва «ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест, ва дуои ман пок аст» (Айюб 10:7; 16:17; 30:20, 21). Бо вуҷуди ин, Яҳува меҳрубонона ба Айюб кӯмак намуд. Худо ба ӯ якчанд савол дод. Ба туфайли онҳо Айюб тавонист ба воқеаҳои рухдода васеътар нигарад ва бузургии Худову ночизии инсонро равшантар бубинад. Айюб насиҳатро қабул кард ва тарзи фикррониашро ислоҳ намуд. (Айюб 40:8; 42:2, 6-ро бихонед.)

15, 16. Имрӯз Яҳува бо кадом роҳҳо ба ходимонаш кӯмак мекунад?

15 Яҳува аз меҳрубонӣ имрӯз низ ба ходимони худ маслиҳату ҳидояти боэътимод медиҳад. Беш аз ин, мо аз неъматҳое баҳрамандем, ки аҳамияти бузург доранд. Масалан, Исои Масеҳ бо қурбонии фидия барои бахшиши гуноҳҳо замина гузоштааст. Ба туфайли ин қурбонӣ, мо қатъи назар аз нокомилии худ бо Худо муносибатҳои наздик дошта метавонем (Яъқ. 4:8; 1 Юҳ. 2:1). Ҳангоми бо озмоишҳо дучор шудан мо ҳамчунин аз Худо рӯҳулқудс мепурсем, ки он моро дастгирӣ мекунад ва қувват мебахшад. Ғайр аз ин, мо Китоби Муқаддас дорем ва агар онро хонда, дар борааш мулоҳиза кунем, мо худро ба озмоишҳои имон тайёр менамоем. Ба туфайли омӯзиш мо саволҳои баҳсталаби бо ҳокимияти оламгири Яҳува ва беайбии одамон алоқамандандро мефаҳмем.

16 Боз як баракати бузург — аъзои бародарияти умумиҷаҳонӣ будан аст, ки онро Яҳува тавассути «ғуломи мӯътамад ва доно» бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунад (Мат. 24:45–47). Дар ҳар ҷамъомади Шоҳидони Яҳува, ки имрӯз тақрибан сад ҳазор адад мебошанд, вохӯриҳо мегузаранд; дар онҳо Яҳува моро таълим медиҳад ва барои тоб овардан ба озмоишҳои минбаъда қувват мебахшад. Инро аз мисоли хоҳари навҷавони мо — Ши́ла, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, дида метавонем.

17. Чӣ тавр мисоли хоҳаре нишон медиҳад, ки ҳамеша ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф овардан оқилона аст?

17 Рӯзе, вақте ки дар синф муаллим набуд, ҳамсинфони Шила аз лавҳача барои робита бо арвоҳ истифода бурдан хостанд. Шила инро фаҳмида, дарҳол аз синфхона баромад ва аз ин кораш пушаймон нашуд. Чанде пас, баъзе талабагони синф ҳузур доштани девҳоро ҳис карданд ва аз даҳшат давида аз синф баромаданд. Ба Шила чӣ кӯмак намуд, ки зуд синфро тарк кунад? Вай нақл мекунад: «Чанде пеш аз ин воқеа мо дар ҷамъомад, дар Толори Салтанат муҳокима карда будем, ки истифодаи лавҳача барои робита бо арвоҳ чӣ хавфу хатаре дорад. Аз ин рӯ ман медонистам, ки чӣ тавр бояд рафтор намоям. Ман, ҳамон тавре ки дар Масалҳо 27:11 навишта шудааст, дили Яҳуваро хурсанд кардан хостам». Чӣ хуб аст, ки Шила дар он вохӯрии ҷамъомад ҳузур дошт ва барномаро бодиққат гӯш кард.

18. Шахсан шумо ба чӣ кор азм намудед?

18 Биёед, ҳар яки мо мувофиқи ҳидояти созмони Худо амал намуданро азм намоем. Бо ташрифи мунтазам ба вохӯриҳо, хониши Китоби Муқаддас ва омӯзиши адабиёти бар он асосёфта, дуогӯӣ ва муошират бо масеҳиёни аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол мо ҳидояту тақвияти лозима мегирем. Яҳува мехоҳад, то мо беайбиамонро нигоҳ дорем ва Ӯ эътимод дорад, ки мо минбаъд низ содиқ мемонем. Мо номи Яҳуваро эҳтиром мекунем ва бо нигоҳ доштани беайбии худ дили Ӯро шод мегардонем. Ин бароямон имтиёзи бузург аст.

Оё шумо дар хотир доред?

• Ба кадом вазъият ва озмоишҳо Шайтон айбдор аст?

• Дар ҳаёти мо чизи аз ҳама пурарзиш чист?

• Дӯстии мову Яҳува дар чӣ асос ёфтааст?

• Имрӯз Яҳува бо кадом роҳҳо ба мо кӯмак мекунад?

[Саволҳо барои омӯзиш]