Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Исо — Довуди бузургтар ва Сулаймони бузургтар аст

Исо — Довуди бузургтар ва Сулаймони бузургтар аст

Исо — Довуди бузургтар ва Сулаймони бузургтар аст

«Инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст» (МАТ. 12:42).

1, 2. Чаро ба подшоҳӣ тадҳин шудани Довуд аз нуктаи назари одамон тааҷҷубовар буд?

Ӯ БА подшоҳ монанд набуд. Баръакс, дар назари Самуили пайғамбар вай чӯпонбачае буду халос. Ба замми ин, зодгоҳи ӯ Байт–Лаҳм буд, ки он шаҳри машҳур ҳисоб намеёфт. Дар Навиштаҳо гуфта мешавад: «Ту, эй Байт–Лаҳми Эфрот, хеле хурд ҳастӣ, то байни хонаводаҳои Яҳудо ҳисоб ёбӣ» (Мик. 5:2, ТДН). Бо вуҷуди он ки ин ҷавон назарногир метофту зодаи шаҳри хурде буд, Самуили пайғамбар бояд ӯро чун подшоҳи ояндаи Исроил тадҳин мекард.

2 Довуди ҷавон аввалин писаре, ки падараш Йисой ба Самуил барои тадҳинкунӣ пешкаш кард, набуд; дафъаи дуюму сеюм низ падар ӯро пешниҳод накард. Довуд писари ҳаштум ва охирини Йисой буд. Вақте ки Самуил омад, то яке аз писарони ин марди содиқро чун подшоҳи минбаъдаи Исроил тадҳин кунад, Довуд ҳатто дар хона набуд. Лекин Довудро Яҳува интихоб карда буд ва ин ҳалкунанда буд (1 Подш. 16:1–10).

3. а) Яҳува ҳангоми имтиҳон кардани инсон асосан ба чӣ менигарад? б) Баъди тадҳин ёфтани Довуд чӣ шуд?

3 Яҳува чизеро медид, ки Самуил дида наметавонист. Худо дили Довудро медид ва он писанди Ӯ буд. Барои Худо на намуди зоҳирии инсон, балки ботини ӯ муҳим аст. (1 Подшоҳон 16:7-ро бихонед.) Аз ин рӯ, вақте ки Самуил фаҳмид, ки Яҳува аз ҳафт писарони калонии Йисой якеро ҳам интихоб накардааст, вай хоҳиш намуд, ки писари хурдиро аз чарогоҳ оранд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ва [Йисой] фиристода, ӯро [Довудро] оваронид. Ва ӯ сурхрӯ буда, чашмони зебо ва чеҳраи некӯ дошт. Ва Худованд гуфт: “Бархоста, ӯро тадҳин намо зеро ки ҳамин аст”. Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд» (1 Подш. 16:12, 13).

Довуд тимсоли Масеҳ аст

4, 5. а) Аз кадом ҷиҳатҳо Исо мисли Довуд аст? б) Чаро Исоро Довуди Бузургтар номидан мумкин аст?

4 Ҳазору сад сол пас аз тавлиди Довуд, Исо низ дар Байт–Лаҳм таваллуд ёфт. Дар назари бисёриҳо Исо ҳам ба подшоҳ монанд набуд, зеро исроилиён подшоҳи ояндаро ба худ тамоман дигар хел тасаввур мекарданд. Бо вуҷуди ин, ӯ низ мисли Довуд аз ҷониби Яҳува интихоб шуда буд. Исо ҳам мисли Довуд шахсе буд, ки Яҳува дӯсташ медошт * (Луқ. 3:22). Бар Исо низ рӯҳулқудси Худо нозил шуда буд.

5 Довуд ва Исо боз аз дигар ҷиҳатҳо ба ҳамдигар монанданд. Масалан, ба Довуд маслиҳатчии ӯ — Аҳитӯфал хиёнат кард, ба Исо бошад, расули вай — Яҳудои Исқарют (Заб. 40:9; Юҳ. 13:18). Ҳам Довуд ва ҳам Исо ба хонаи ибодати Яҳува рашки зиёд доштанд (Заб. 26:4; 68:10; Юҳ. 2:17). Инчунин Исо аз авлоди Довуд буд. Пеш аз таваллуд шудани Исо фариштае ба модари ӯ гуфт: «Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод» (Луқ. 1:32; Мат. 1:1). Исо Подшоҳи Масеҳоие мебошад, ки одамон дербоз интизораш буданд ва ӯ аз Довуд бузургтар аст, зеро дар вай ҳамаи пешгӯиҳои бо Масеҳ алоқаманд бояд иҷро мешуданд (Юҳ. 7:42).

Аз паи Чӯпон ва Подшоҳ равед

6. Чаро Довудро чӯпони хуб номидан мумкин аст?

6 Исоро ҳамчунин Чӯпон номидан мумкин аст. Ба чӯпони хуб чӣ гуна хислатҳо хосанд? Ӯ ҳамеша рамаи худро нотарсона парасторӣ мекунад, онро ғизо медиҳад ва ҳифз менамояд (Заб. 22:2–4). Дар навҷавонӣ Довуд чӯпон буд ва гӯсфандони падарашро хеле хуб нигаҳбонӣ мекард. Ӯ шахси нотарс буд ва вақте ки ба рама хатаре таҳдид менамуд, вай ҳаёташро зери хавф гузошта, гӯсфандонро аз шеру хирс муҳофизат мекард (1 Подш. 17:34, 35).

7. а) Чӣ Довудро ба иҷрои масъулияти подшоҳӣ тайёр кард? б) Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ӯ Чӯпони Нек аст?

7 Солҳое, ки Довуд дар саҳрову теппаҳо бо бонӣ кардани гӯсфандон гузаронд, ӯро барои иҷрои вазифаи ҷиддӣ ва пурмасъул — сарвариву чӯпонӣ бар халқи Исроил — омода сохтанд * (Заб. 77:70, 71). Исоро низ чӯпони намунавӣ номидан мумкин аст. Ӯ барои нигаҳбонӣ кардани «рамаи хурд» ва «гӯсфандони дигар» аз Яҳува қувват ва роҳнамоӣ мегирад (Луқ. 12:32; Юҳ. 10:16). Бинобар ин, Исо Чӯпони Нек аст. Ӯ рамаи худро чунон хуб медонад, ки ҳар як гӯсфандро бо номаш мехонад. Ӯ гӯсфандонашро хеле дӯст медорад. Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ бо омодагӣ баҳри беҳбудии онҳо худфидоӣ зоҳир менамуд (Юҳ. 10:3, 11, 14, 15). Чун Чӯпони Нек Исо коре кард, ки Довуд ҳеҷ гоҳ карда наметавонист. Исо бо қурбон кардани ҳаёташ ба инсоният раҳоӣ аз маргро имконпазир сохт. Ҳеҷ чиз ба Исо монеа намешавад, то ӯ «рамаи хурд»-ро сӯи ҳаёти бефаноии осмонӣ ва «гӯсфандони дигар»-ро сӯи зиндагии ҷовидонӣ дар дунёи нави одилона роҳнамоӣ кунад; он вақт дар замин шахсони ба гургони дарранда ташбеҳ додашуда нахоҳанд буд. (Юҳанно 10:27–29-ро бихонед.)

Аз паи Подшоҳи ғалабаовар равед

8. Чӣ тавр Довуд худро чун подшоҳи ғалабаовар нишон дод?

8 Шоҳ Довуд ҷанговари шуҷое буд, ки сарзамини халқи Худоро муҳофизат мекард ва «Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки мерафт, ёварӣ менамуд». Зери ҳукмронии Довуд ҳудуди мамлакати исроилиён аз наҳри мисрӣ то дарёи Фурот тӯл кашида буд (2 Подш. 8:1–14). Бо қувваи Яҳува ӯ яке аз ҳокими пуриқтидортарин гашт. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Номи Довуд дар ҳамаи кишварҳо шӯҳрат ёфт, ва Худованд тарси ӯро бар ҳамаи халқҳо паҳн кард» (1 Вақ. 14:17).

9. Исо чун Подшоҳи оянда чӣ гуна ғалабаҳо ба даст овард?

9 Мисли шоҳ Довуд Исо ҳангоми дар замин буданаш худро чун шахси нотарсу шуҷоъ нишон дод. Исо чун Подшоҳи оянда бар девҳо қудрат дошт ва одамонро аз чанголи онҳо халос мекард (Марқ. 5:2, 6–13; Луқ. 4:36). Ҳатто душмани ашаддӣ — Шайтон Иблис бар ӯ қудрат надошт. Бо дастгирии Яҳува Исо бар ҷаҳоне, ки зери ҳукумати Шайтон аст, ғолиб омад (Юҳ. 14:30; 16:33; 1 Юҳ. 5:19).

10, 11. Нақши Исо чун Подшоҳи ҷанговари осмонӣ аз чӣ иборат аст?

10 Тақрибан 60 сол баъд аз марг ва эҳёшавии Исо Юҳаннои расул рӯъёе дид, ки дар он Исо чун Подшоҳи Ҷанговари осмонӣ тасвир шуда буд. Юҳанно менависад: «Назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он — саворе ки камон дорад, ва ба ӯ тоҷ дода шудааст: ва ӯ ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад» (Ваҳй 6:2). Савораи аспи сафед Исо аст. Дар соли 1914, вақте ки вай чун Подшоҳ ба тахти Салтанати осмонӣ нишаст, «ба ӯ тоҷ дода шуд». Сипас «ӯ ғалабакунон берун омад». Бале, Исо мисли Довуд подшоҳи ғалабаовар аст. Чанде пас аз Подшоҳи Салтанати Худо шуданаш, Исо дар набард бо Шайтон ғолиб омада, ӯро ҳамроҳи девҳояш ба замин партофт (Ваҳй 12:7–9). Ҳуҷуми Исо «то ғалаба» кардан, яъне то пурра несту нобуд кардани тартиботи шариронаи Шайтон идома хоҳад ёфт. (Ваҳй 19:11, 19–21-ро бихонед.)

11 Мисли Довуд Исо подшоҳи дилсӯзу меҳрубон аст ва «анбӯҳи бузург»-ро дар Ҳармиҷидӯн нигаҳ хоҳад дошт (Ваҳй 7:9, 14). Ғайр аз ин, ҳангоми ҳукмронии Исо ва 144 000 ҳамирсони эҳёшудааш «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъм. 24:15). Касоне, ки дар замин эҳё мешаванд, имконияти ҷовидона зистан хоҳанд дошт. Чӣ ояндаи олиҷанобе онҳоро интизор аст! Биёед минбаъд низ бо иродаи қавӣ «некӣ» кунем, то вақте ки замин аз тобеъони одил ва хушбахти Довуди Бузургтар пур мегардад, зиндагӣ кунем (Заб. 36:27–29).

Худо ба Сулаймон хирад медиҳад

12. Сулаймон аз Худо чӣ пурсид?

12 Писари Довуд — Сулаймон низ тимсоли Исо буд *. Вақте ки Сулаймон подшоҳ шуд, Яҳува дар хоб ба ӯ зоҳир шуда гуфт, ки ҳар чӣ аз Ӯ пурсад ба вай медиҳад. Сулаймон метавонист аз Худо сарвату қудрати бештар ва умри дароз пурсад, лекин ӯ беғаразона аз Яҳува хоҳиш кард: «Ҳикмат ва дониш ба ман ато намо, то ки ба ин қавм тавонам роҳбарӣ кунам, зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?» (2 Вақ. 1:7–10). Яҳува дуои Сулаймонро мустаҷоб кард. (2 Вақоеънома 1:11, 12-ро бихонед.)

13. Чаро гуфтан мумкин аст, ки касе дар хирадмандӣ ба Сулаймон баробар шуда наметавонист ва Сарчашмаи хиради ӯ кист?

13 То даме ки Сулаймон ба Яҳува содиқ буд, касе аз ҳамзамононаш дар хирад ба ӯ баробар шуда наметавонист. Сулаймон «се ҳазор масал» гуфта буд (3 Подш. 4:30, 32, 34). Аксарияти онҳо ба қалам оварда шудаанд ва аз тарафи ҷӯяндагони хирад то ба ҳол қадр карда мешаванд. Маликаи Сабо 2 400 километр роҳро тай намуд, то Сулаймонро «бо муаммоҳо имтиҳон кунад». Малика аз суханони Сулаймон ва нашъунамони салтанати ӯ сахт ба ҳайрат омад (3 Подш. 10:1–9). Китоби Муқаддас ба Сарчашмаи хиради Сулаймон ишора мекунад. Мо мехонем: «Тамоми аҳли замин толиби дидори Сулаймон буданд, то ҳикматеро, ки Худо дар дили ӯ ниҳода буд, бишнаванд» (3 Подш. 10:24).

Аз паи Подшоҳи хирадманд равед

14. Аз кадом ҷиҳатҳо Исо шахси «аз Сулаймон бузургтар аст»?

14 Танҳо як инсон бечунучаро аз Сулаймон хирадмандтар мебошад. Ин Исои Масеҳ аст ва ӯ худро «Шахсе аз Сулаймон бузургтар» номид (Мат. 12:42). Исо «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» мегуфт (Юҳ. 6:68). Масалан, Мавъизаи Болоикӯҳии ӯ принсипҳои баъзе масалҳои Сулаймонро чуқуртар мефаҳмонад. Сулаймон як қатор омилҳоеро номбар кард, ки ба хушбахтии ходимони Яҳува мусоидат мекунанд (Мас. 3:13; 8:32, 33; 14:21; 16:20). Исо таъкид кард, ки хушбахтии ҳақиқӣ аз чизҳое вобаста аст, ки бо ибодати Яҳува ва иҷрошавии ваъдаҳои Худо алоқаманданд. Ӯ гуфт: «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост» (Мат. 5:3). Касоне, ки принсипҳои дар таълимоти Исо асосёфтаро ба кор мебаранд, ба Яҳува — «чашмаи ҳаёт» наздик мешаванд (Заб. 35:10; Мас. 22:11; Мат. 5:8). Масеҳ таҷассумкунандаи «ҳикмати Худост» (1 Қӯр. 1:24, 30). Ва чун Подшоҳи Масеҳоӣ, Исо дорои «рӯҳи ҳикмат ва хирад» аст (Иш. 11:2).

15. Чӣ тавр мо аз хиради илоҳӣ баҳра бурда метавонем?

15 Чӣ тавр мо чун пайравони Сулаймони Бузургтар аз хиради илоҳӣ баҳра бурда метавонем? Азбаски хиради Яҳува дар Каломи Ӯ ниҳон аст, барои ҷустуҷӯи он мо бояд сахт кӯшиш кунем. Мо бояд Китоби Муқаддасро бодиққат омӯзем, хусусан ба суханони Исо аҳамият диҳем ва оиди маълумоти хондаамон мулоҳиза кунем (Мас. 2:1–5). Ғайр аз ин, аз Худо боисрор хирад пурсидан лозим аст. Каломи Худо моро итминон мебахшад, ки агар аз Худо самимона кӯмак пурсем, Ӯ дуоҳоямонро мешунавад (Яъқ. 1:5). Бо кӯмаки рӯҳулқудс мо дар Каломи Худо ганҷҳои ҳикматро хоҳем ёфт ва ин дар навбати худ кӯмак менамояд, ки мушкилиҳоро паси сар кунем ва қарорҳои оқилона қабул намоем (Луқ. 11:13). Сулаймон ҳамчунин «даъваткунадаи ҷамоат» (ТДН), номида шудааст, зеро ӯ халқи худро барои ибодат кардани Худо ҷамъ менамуд ва пайваста «донишро ба қавм» меомӯзонд (Воиз 12:9, 10). Исо низ даъваткунандаи ҷамоат аст, зеро ӯ чун Сарвари ҷамъомади масеҳӣ, пайравонашро ба ибодат кардани Яҳува даъват мекунад (Юҳ. 10:16; Қӯл. 1:18). Аз ин рӯ, мо бояд ба вохӯриҳои ҷамъомад, ки он ҷо доимо «дониш» меомӯзем, ташриф орем.

16. Байни Сулаймон ва Исо чӣ умумияте ҳаст?

16 Сулаймон чун подшоҳ бисёр корҳоро ба анҷом расонид. Ӯ дар тамоми мамлакат корҳои сохтмонӣ мегузаронд ва худаш бар сохтмони қасрҳо, роҳҳо, иншоотҳои обгузаронӣ, шаҳрҳо барои захира, шаҳрҳои аробаҳо ва шаҳрҳои саворон назорат менамуд (3 Подш. 9:17–19). Ин корҳои сохтмонӣ ба манфиати тамоми мардуми салтанат буд. Исоро низ бинокор ё сохтмончӣ номидан мумкин аст. Вай ҷамъомади худро бар «сахра» бино кардааст (Мат. 16:18). Исо низ бар корҳои сохмоние, ки дар дунёи нав ба анҷом расонида мешаванд, назорат хоҳад кард (Иш. 65:21, 22).

Аз паи Подшоҳи сулҳу осоиштагӣ равед

17. а) Ҳукмронии Сулаймон бо чӣ фарқ мекард? б) Сулаймон чӣ корро карда наметавонист?

17 Номи Сулаймон аз калимае гирифта шудааст, ки решаи он «сулҳ»-ро мефаҳмонад. Шоҳ Сулаймон аз Ерусалим ҳукмронӣ мекард, ки маънои номи ин шаҳр «дорои сулҳи дучанд» аст. Ҳангоми салтанати 40–солаи ӯ дар Исроил сулҳу осоиштагии бемислу монанд ҳукмфармо буд. Дар бораи он замон Китоби Муқаддас мегӯяд: «Яҳудо ва Исроил, ҳар кас зери токи ангури худ ва зери дарахти анҷири худ, аз Дон то Беэр–Шобаъ, дар тамоми айёми Сулаймон дар амният менишастанд» (3 Подш. 4:25). Бо вуҷуди ин, Сулаймон бо тамоми хиради худ тобеонашро аз банди беморӣ, гуноҳ ва марг озод карда наметавонист. Сулаймони Бузургтар бошад, тобеонашро аз ҳамаи ин озод хоҳад кард. (Румиён 8:19–21-ро бихонед.)

18. Ҷамъомади масеҳӣ аз чӣ гуна баракатҳо бархурдор аст?

18 Дар ҷамъомади масеҳӣ аллакай имрӯз сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳақиқатан ҳам мо дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ мекунем! Мо бо Худо ва ҳамимонон сулҳу осоиштагӣ дорем. Аҳамият диҳед, ки баракатҳои имрӯзаро Ишаъё чӣ гуна пешгӯӣ кардааст: «Онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт» (Иш. 2:3, 4). Мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудси Худо амал карда, мо зебогии биҳишти рӯҳониро дучанд мегардонем.

19, 20. Барои хурсандӣ мо чӣ сабабҳо дорем?

19 Лекин моро ояндаи аз ин ҳам хуб интизор аст. Одамони итоаткор зери ҳокимияти Исо аз сулҳу осоиштагии беҳамто баҳравар гашта, тадриҷан аз «бандагии фано халосӣ» меёбанд ва комилияти инсониро ба даст меоранд (Рум. 8:21). Дар охири Ҳокимияти Ҳазорсола аз озмоиши ниҳоӣ гузашта, «ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Заб. 36:11; Ваҳй 20:7–10). Дар ҳақиқат, ҳукмронии Исои Масеҳ аз ҳукмронии Сулаймон бартарӣ хоҳад дошт, ки мо онро ҳатто тасаввур карда наметавонем!

20 Исроилиён зери сарварии Мусо, Довуд ва Сулаймон хурсандона мезистанд. Мо зери ҳукмронии Масеҳ хурсандии бештар хоҳем ёфт (3 Подш. 8:66). Чӣ қадар миннатдорем мо ба Яҳува, ки Ӯ Писари ягоназоди худ — шахси аз Мусо, Довуд ва Сулаймон бузургтарро бар мо сарвар таъин кардааст!

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 4 Эҳтимол маънои номи Довуд «маҳбуб» аст. Ҳангоми таъмидёбӣ ва дигаргуншавии Исо, Яҳува аз осмон гуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман» (Мат. 3:17; 17:5).

^ сарх. 7 Ҳамзамон Довуд мисли баррае буд, ки сӯи чӯпонаш бо чашмони умедворӣ менигарад. Ӯ аз Чӯпони Бузург — Яҳува ҳимоя ва роҳнамоӣ умедвор буд. «Худованд Чӯпони ман аст,— гуфт ӯ бо эътимоди комил,— ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд» (Заб. 22:1). Яҳёи Таъмиддиҳанда Исоро низ «Барраи Худо» номид (Юҳ. 1:29).

^ сарх. 12 Ҷолиб аст, ки маънои номи дуюми Сулаймон Едидё — «Маҳбуби Худованд» мебошад (2 Подш. 12:24, 25, поварақ).

Оё шумо фаҳмонида метавонед?

• Чаро гуфтан мумкин аст, ки Исо аз Довуд бузургтар аст?

• Аз кадом ҷиҳатҳо Исо аз Сулаймон бузургтар аст?

• Чаро шумо Довуди Бузургтарро, ки ҳамзамон Сулаймони Бузургтар аст, қадр мекунед?

[Саволҳо барои омӯзиш]

29-уми июн–5-уми июл Сурудҳо: 168, 209