Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хиради Яҳува дар офаридаҳояш аён аст

Хиради Яҳува дар офаридаҳояш аён аст

Хиради Яҳува дар офаридаҳояш аён аст

«Моҳияти нонамоёни Ӯ ... ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст» (РУМ. 1:20).

1. Хиради ин ҷаҳон имрӯз ба бисёриҳо чӣ тавр таъсир мекунад?

ИМРӮЗ бисёр одамонро хирадманд ё ҳаким меноманд, аммо ин на ҳамеша дуруст аст. Баъзеҳоро танҳо барои он хирадманд меноманд, ки онҳо дониши зиёд доранд. Аммо шахсони ба ном хирадманди ҷаҳон барои ёфтани маънои ҳақиқии ҳаёт маслиҳати боэътимод дода наметавонанд. Баръакс, онҳое, ки зери таъсироти чунин касон қарор мегиранд, «бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд» (Эфс. 4:14).

2, 3. а) Чаро Яҳува «ҳакими якто» аст? б) Хиради Худо аз хиради ин ҷаҳон бо чӣ фарқ мекунад?

2 То чӣ андоза фарқ мекунанд касоне, ки хиради ҳақиқиро аз бар намудаанд! Сарчашмаи ин хирад Яҳува Худо мебошад ва Китоби Муқаддас Ӯро «ҳакими якто» меномад (Рум. 14:26). Худо дар бораи олами ҳастӣ ва сохту пайдоиши он ҳама чизро медонад. Қонунҳои табиатро, ки одамон дар тадқиқотҳои худ маҳз ба онҳо такя мекунанд, Яҳува ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, ягон ихтирооти одамон ё ғояҳои ба ном олии фалсафаи инсонӣ Ӯро мутаассир намесозанд. «Ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст» (1 Қӯр. 3:19).

3 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува ба ходимонаш «ҳикмат мебахшад» (Мас. 2:6). Хираде, ки аз Худо бармеояд, бархилофи фалсафаи инсонӣ аниқу равшан аст. Он солимфикриро таъкид мекунад ва дар донишу фаҳмиши дақиқ асос ёфтааст. (Яъқуб 3:17-ро бихонед.) Павлуси расулро хиради Яҳува ба ваҷд меовард. Ӯ навиштааст: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!» (Рум. 11:33). Азбаски Яҳува шахси хирадмандтарин аст, мо эътимод дошта метавонем, ки қонунҳои Ӯ моро сӯи роҳи беҳтарини ҳаёт ҳидоят мекунанд. Зеро танҳо Яҳува хуб медонад, ки барои хушбахтии мо чӣ лозим аст (Мас. 3:5, 6).

Исо — «Меъмори моҳир»

4. Хиради Яҳуваро дар чӣ дидан мумкин аст?

4 Хиради Яҳува, дар қатори дигар хусусиятҳои волояш, дар офаридаҳои Ӯ зоҳир мегардад. (Румиён 1:20-ро бихонед.) Офаридаҳои Яҳува чи хурд бошанд, чи бузург бароямон ҷонибҳои гуногуни шахсияти Ӯро ошкор месозанд. Бешубҳа, ба куҷое, ки мо нанигарем, хоҳ ба боло сӯи осмон ва хоҳ ба замин зери пойҳоямон ҳама чиз аз вуҷуд доштани Офаридгори хирадманду пурмуҳаббат шаҳодат медиҳад. Офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида намуда, мо дар бораи Ӯ бисёр чизҳоро фаҳмида метавонем (Заб. 18:1; Иш. 40:26).

5, 6. а) Ғайр аз Яҳува дар офариниш боз кӣ иштирок карда буд? б) Мо чиро дида мебароем ва чаро?

5 Ҳангоми офаридани «осмон ва замин» Яҳува танҳо набуд (Ҳас. 1:1). Мувофиқи Китоби Муқаддас қабл аз сохтани олами моддӣ Худо шахсияти рӯҳиеро офарид, ки сипас тавассути ӯ «ҳама чиз»–и боқимондаро ба вуҷуд овард. Ин офаридаи рӯҳӣ писари ягоназоди Худо ва «нахустзодаи тамоми махлуқот» аст, ки ӯ баъдтар чун инсон ба замин омада, Исо ном гирифт (Қӯл. 1:15–17). Исо низ мисли Яҳува соҳиби хирад аст. Дар боби ҳаштуми китоби Масалҳо ӯ чун таҷассумкунандаи хирад тасвир ёфтааст. Ва дар худи ҳамин боби Китоби Муқаддас Исо «Меъмори моҳир»–и Худо [ТДН] номида шудааст (Мас. 8:12, 22–31).

6 Пас маълум мешавад, ки дар офаридаҳои моддӣ ҳам хиради Яҳува ва ҳам хиради Исо — Меъмори моҳир инъикос ёфтааст. Аз ин офаридаҳо мо дарсҳои муфид омӯхта метавонем. Барои мисол чор офаридаи Яҳуваро дида мебароем, ки онҳо дар Масалҳо 30:24–28 ҷонварони «бағоят бохирад» номида шудаанд *.

Дарси меҳнатдӯстӣ

7, 8. Аз ҳаёти мӯрчагон шуморо чӣ ба ваҷд меорад?

7 Вақте ки мо сохт ва рафтори ҷонварони хурдро таҳқиқ мекунем, мо мебинем, ки ҳатто аз онҳо чизе омӯхтан мумкин аст. Барои мисол хиради инстинктивии мӯрчаро дида мебароем. (Масалҳо 30:24, 25-ро бихонед.)

8 Ба ақидаи баъзе тадқиқотчиён шумораи мӯрчаҳо назар ба одамон 200 ҳазор маротиба бештар аст. Мӯрчаҳо дар рӯи замин ва зери он сахт меҳнат мекунанд. Онҳо гурӯҳ–гурӯҳ зиндагӣ мекунанд ва дар бисёри ин гурӯҳҳо онҳо се навъро ташкил медиҳанд: маликаҳо, наринаҳо ва мӯрчаҳои коргар. Ҳар як навъи мӯрча нисбати ниёзҳои тамоми гурӯҳ ба таври худ ғамхорӣ мекунад. Як намуди хоси мӯрчаро, ки дар Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад, боғбони моҳир номидан мумкин аст. Ин ҳашароти хурдакак барои ҷамъ кардани ҳосили фаровон дар боғи худ занбӯруғро пору меандозад, аз нав мешинонад ва онро мебурад. Тадқиқотчиён муайян намуданд, ки ин «боғбони» моҳир маҳз ҳамон қадар саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои бо ғизо таъмин кардани аҳли гурӯҳаш лозим аст *.

9, 10. Чӣ тавр мо мисли мӯрчаҳо меҳнатдӯст буда метавонем?

9 Мо аз мӯрчаҳо чӣ дарсе омӯхта метавонем? Агар мо ба чизе муваффақ шудан хоҳем, мо ҳам бояд мисли онҳо саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Назди мӯрча бирав, рафтори онро бингар ва ҳикмат биомӯз, ки вай қозӣ, мулозим ва ҳоким надорад, лекин хӯроки худро тобистон тайёр мекунад, ғизои худро дар мавсими дарав захира менамояд» (Мас. 6:6–8). Ҳам Яҳува ва ҳам Меъмори моҳири Ӯ — Исо меҳнатдӯст мебошанд. «Падари Ман то кунун кор мекунад,— гуфт Исо,— ва Ман низ кор мекунам» (Юҳ. 5:17).

10 Ба Худо ва Масеҳ пайравӣ намуда, мо низ бояд меҳнатдӯст бошем. Новобаста аз он ки дар созмони Яҳува кадом супоришро иҷро мекунем, мо ҳама бояд «дар кори Худованд ҷадал» намоем (1 Қӯр. 15:58). Аз ин рӯ, мо ба суханони Павлус, ки ӯ ба масеҳиёни Рум гуфта буд, гӯш медиҳем: «Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед» (Рум. 12:11). Саъю кӯшише, ки мо дар иҷрои иродаи Худо ба харҷ медиҳем, беҳуда нест, зеро Китоби Муқаддас моро эътимод мебахшад: «Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир ... мекунед, фаромӯш кунад» (Ибр. 6:10).

Муҳофизат аз зарари рӯҳонӣ

11. Баъзе хусусиятҳои дамани кӯҳиро нақл кунед.

11 Боз як ҷонвари нисбатан хурде, ба мо дарси муҳим дода метавонад, дамани кӯҳӣ * аст. (Масалҳо 30:26-ро бихонед.) Ин ҷонвар ба харгӯши калон монанд мебошад, вале гӯшҳояш хурди доирашаклу пойҳояш кӯтоҳанд. Ин ҳайвони хурдакак дар кӯҳистон зиндагӣ мекунад. Вай чашмони тез дорад, ки онҳо барояш хуб кӯмак менамоянд. Маскани даманҳо ковокиву рахнаҳои кӯҳ мебошад ва он барояшон паноҳгоҳ аз даррандагон аст. Даманҳо гурӯҳ–гурӯҳ, муттаҳид зиндагӣ мекунанд, ки ин барояшон бехатариро таъмин менамояд ва дар зимистон барои нигоҳ доштани гармӣ кӯмак мекунад *.

12, 13. Мо аз дамани кӯҳӣ чӣ меомӯзем?

12 Аз дамани кӯҳӣ мо чӣ омӯхта метавонем? Пеш аз ҳама қайд бояд кард, ки ин ҷонвар хеле эҳтиёткор аст ва аз марзи хатар дурӣ меҷӯяд. Чашмони тезаш кӯмак мекунад, ки даррандагонро аз дур бинад. Ин ҷонвар аз ковокиву рахнаҳои кӯҳҳо дур намеравад, то дар ҳолати хатарнок ба зудӣ паноҳ ёфта тавонад. Монанди ин, мо низ бояд чашмони аз ҷиҳати рӯҳонӣ тез дошта бошем, то хатарҳои ниҳонии дунёи Шайтонро дида тавонем. Петруси расул масеҳиёнро огоҳ намуда буд: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Ҳангоми дар замин зистанаш Исо ҳамеша ҳушёру бедор буд ва ба ҳама ҳамлаҳои Шайтон, ки беайбии ӯро шикастан мехост, муқобилият намуд (Мат. 4:1–11). Чӣ намунаи хубе гузоштааст Исо!

13 Бароямон бедору ҳушёр мондан осон мегардад, агар мо аз воситаҳое, ки Яҳува барои муҳофизати рӯҳонӣ пешниҳод мекунад, истифода барем. Мо набояд ба омӯзиши Каломи Худо ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад беэътиноӣ кунем (Луқ. 4:4; Ибр. 10:24, 25). Ғайр аз ин, ҳамон тавре ки даманҳо муттаҳид зиндагӣ мекунанд, мо бояд бо ҳамимонон ягонагиро нигоҳ дорем, то «рӯҳбаландии тарафайн» дошта бошем (Рум. 1:12, ТДН). Зери ҳимояи Яҳува паноҳ бурда, мо нишон медиҳем, ки бо суханони зерини Довуди забурнавис розӣ ҳастем: «Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман, ва раҳокунандаи ман; Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам» (Заб. 17:3).

Қатъи назар аз мухолифатҳо истодагарӣ менамоем

14. Ҳарчанд як малах безарар аст, дар бораи селаи малахҳо чӣ гуфтан мумкин аст?

14 Аз малах низ мо чизе омӯхта метавонем. Якто ҳашароте, ки ҳамагӣ 5 см дарозӣ дорад, ба чашм безарар метобад, лекин дар бораи селаи малахҳо чунин гуфта наметавонем. (Масалҳо 30:27-ро бихонед.) Селаи малахҳо, ки бо пурхӯрӣ маълуманд, саҳрои ба дарав тайёрро зер карда, онро зуд хароб мекунанд. Дар Китоби Муқаддас садои наздикшавии селаи ҳашарот, аз он ҷумла селаи малахҳо, ба гулдурроси аробаҳо ва «чарс–чарси алангаи оташе, ки коҳро месӯзонад» ташбеҳ дода шудааст (Юил 2:3, 5). Бо мақсади боздоштани зеркунии малахҳо одамон оташ меафрӯзанд, лекин ин одатан натиҷае намебахшад. Чаро? Зеро ҷисми малахҳои сӯхтагӣ рӯи оташ афтода, онро хомӯш мекунад, қисми боқимондаи села бошад, роҳи худро давом медиҳад. Ҳарчанд малахҳо подшоҳ ё пешвое надоранд, онҳо чун лашкари муташаккил амал намуда, қариб ҳама монеаҳоро паси сар мекунанд * (Юил 2:25).

15, 16. Воизони имрӯзаи Салтанат аз кадом ҷиҳат ба селаи малахҳо монанданд?

15 Пайғамбар Юил ходимони Худоро ба селаи малахҳо ташбеҳ додааст. Ӯ навишта буд: «Мисли паҳлавонон тохт меоваранд, мисли мардони ҷангӣ ба ҳисор мебароянд, ва ҳар яке бо роҳҳои худ равона мешаванд, ва ҷоддаҳои худро тағйир намедиҳанд. Ва якдигарро фишор намедиҳанд, ҳар яке бо роҳҳои худ равона мешаванд, ва бар найзаҳо меафтанд, лекин осебе намебинанд» (Юил 2:7, 8).

16 Ин пешгӯӣ фаъолияти воизони имрӯзаи Салтанати Худоро хуб тасвир мекунад. Ягон «ҳисори» мухолифат онҳоро аз мавъиза кардан боздошта наметавонад. Исо қатъи назар аз нафрати бисёриҳо иҷрои иродаи Худоро давом медод; мо низ ба намунаи ӯ пайравӣ мекунем (Иш. 53:3). Рост аст, ки баъзе масеҳиён аз «найзаҳо» афтода, баҳри имон бо марги пуразоб мурданд. Бо вуҷуди ин, кори мавъиза идома ёфта истодааст ва шумораи воизони Салтанат торафт меафзояд. Беш аз ин, аксаран ба туфайли таъқиботҳо хушхабар байни одамоне паҳн мешавад, ки онро ба таври дигар шояд намешуниданд (Аъм. 8:1, 4). Оё шумо ба бепарвоиву мухолифати одамон нигоҳ накарда, мисли малахҳо дар хидмати худ истодагарӣ менамоед? (Ибр. 10:39).

«Ба некӣ бичаспед»

17. Чаро панҷаҳои геккон ӯро дар сатҳи ҳамвор нигоҳ медоранд?

17 Ба назар чунин менамояд, ки қонуни ҷозиба ба калтакалоси хурдакак — геккон гӯё дахл надорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вай бо панҷаҳояш ба девор «мечаспад» (Мас. 30:28, ТДН). Ин ҷонвари хурд дар девор ва шифти ҳамвор бемалол давида мегардад, ки ин қобилияти вай олимонро ба ҳайрат меорад. Сирри геккон дар чист? Вай аз баданаш моддаи ширешмонанде ҷудо намекунад. Вале дар панҷаи геккон қатор–қатор чинҳои хамида ҷойгир шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо аз ҳазорон барҷастагиҳои мӯякмонанд иборатанд. Ин барҷастагиҳо, дар навбати худ, садҳо торҳои нӯгашон табақчамонанд доранд. Қувваи байнимолекулавии ин торҳо кофист, то гекконро аз афтодан нигаҳ дорад, ҳатто ҳангоме ки вай чаппагардон рӯи сатҳи шишагӣ давида мегардад! Аз ин қобилияти геккон олимон ба ваҷд омада, мегӯянд, ки агар аз рӯи принсипи кори панҷаҳои геккон маводҳои синтетикӣ ихтироъ карда шаванд, онҳо метавонанд чун моддаҳои часпандаи устувор истифода шаванд *.

18. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳамеша ба некӣ бичаспем?

18 Мо аз геккон чӣ омӯхта метавонем? Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад: «Аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед» (Рум. 12:9). Таъсироти зиёноваре, ки дар ҷаҳони Шайтон ҳукмфармост, моро аз Худо ва принсипҳои Ӯ дур карда метавонад. Масалан, муошират бо онҳое, ки аҳкоми Худоро иҷро намекунанд, хоҳ дар мактаб бошад, хоҳ дар ҷои кор, ё вақтхушиҳои ба Худо номақбул азму иродаи моро дар дуруст рафтор кардан суст намуда метавонанд. Ҳаргиз нагузоред, ки ин бо шумо рӯй диҳад! Каломи Худо моро огоҳ мекунад: «Дар назари худат хирадманд набош» (Мас. 3:7). Мусо ба Исроили қадим гуфт: «Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп» (Такр. Ш. 10:20). Аз рӯи ин маслиҳати оқилона амал намуда, мо ба Исо пайравӣ хоҳем кард. Дар бораи ӯ гуфта шудааст: «[Ту] адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ» (Ибр. 1:9).

Мо аз офаридаҳои Яҳува чӣ меомӯзем?

19. а) Кадом хусусиятҳои Яҳуваро шахсан шумо дар офаридаҳои Ӯ мебинед? б) Гӯш додан ба хиради Худо ба мо чӣ фоида меорад?

19 Чӣ тавре ки дидем, дар офаридаҳои Яҳува хусусиятҳои Ӯ ба таври равшан зоҳир мегарданд. Ҳамчунин аз офаридаҳои Худо мо дарсҳои муҳим омӯхта метавонем. Чӣ қадар бештар мо корҳои Яҳуваро таҳқиқ кунем, ҳамон қадар аз хиради Ӯ ба ваҷд хоҳем омад. Агар мо ба хиради илоҳӣ гӯш диҳем, ин хушбахтии моро ҳоло афзун мегардонад ва дар оянда моро муҳофизат менамояд (Воиз 7:12). Бале, он гоҳ мо худамон ҳақ будани суханони Масалҳо 3:13, 18-ро хоҳем дид. Он ҷо мо мехонем: «Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст! Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст,— ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!».

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 6 Адабиётҳои дар поварақ овардашуда хусусан ба хонандагони ҷавон шавқовар хоҳанд буд. Онҳо фикрҳои ҷолиби аз ин мақолаҳо фаҳмидаашонро ҳангоми муҳокимаи «Бурҷи дидбонӣ» нақл карда метавонанд.

^ сарх. 8 Маълумоти бештарро оиди ин намуди мӯрча аз маҷаллаи «Бедор шавед!» аз 22–юми марти с. 1997, саҳ. 31 ва 22–юми маи с. 2002, саҳ. 31 (рус.) ёфта метавонед.

^ сарх. 11 Дар тарҷумаи тоҷикии Китоби Муқаддас ин ҷонвар чун заргӯш омадааст, лекин калимаи ибрии шафа́н ба дамани кӯҳӣ дахл дорад.

^ сарх. 11 Маълумоти бештарро оиди ин ҷонвар аз маҷаллаи «Бедор шавед!» аз 8–уми сентябри с. 1990, саҳ. 15, 16 (англ.) ёфта метавонед.

^ сарх. 14 Дар бораи малах аз маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» аз 15–уми июли с. 1996, саҳ. 23 (рус.) ва «Бедор шавед!» аз 22–юми октябри с. 1976, саҳ. 11 (англ.) маълумоти бештар гирифта метавонед.

^ сарх. 17 Дар бораи геккон аз «Бедор шавед!» аз апрели с. 2008, саҳ. 26 (рус.) бештар фаҳмида метавонед.

Оё шумо дар хотир доред?

• Аз мӯрча...

• Аз дамани кӯҳӣ...

• Аз малах...

• Аз геккон...

мо чӣ меомӯзем?

[Саволҳо барои омӯзиш]