Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Фариштагон — рӯҳҳои хизматгузоранд

Фариштагон — рӯҳҳои хизматгузоранд

Фариштагон — рӯҳҳои хизматгузоранд

«Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?» (ИБР. 1:14).

1. Оятҳои Матто 18:10 ва Ибриён 1:14 ба мо чӣ эътимод мебахшанд?

ИСОИ МАСЕҲ ҳамаи касонеро, ки ба пайравонаш монеа шуда метавонистанд, огоҳ кард: «Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд» (Мат. 18:10). Дар бораи фариштагони содиқ Павлуси расул навиштааст: «Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?» (Ибр. 1:14). Ин суханон ба мо эътимод мебахшанд, ки Худо барои кӯмак ба одамон ин офаридаҳои рӯҳиро истифода мебарад. Китоби Муқаддас дар бораи фариштагон чӣ мегӯяд? Онҳо чӣ гуна ба мо кӯмак менамоянд? Аз фариштагон мо чӣ омӯхта метавонем?

2, 3. Баъзе супоришу вазифаҳои офаридаҳои рӯҳӣ кадоманд?

2 Миллионҳо фариштагони содиқ дар осмон ба Худо хидмат мекунанд. Ҳамаи онҳо «дар қувват паҳлавон» ҳастанд ва «каломи Ӯро ба ҷо» меоранд. (Заб. 102:20; Ваҳй 5:11–ро бихонед.) Ин писарони рӯҳии Худо шахсияте мебошанд, ки дорои хусусиятҳои илоҳӣ ва озодии иродаанд. Фариштагон хеле хуб созмоншудаанд ва дар тартиботи Худо мақоми баландро ишғол мекунанд. Бар онҳо раиси фариштагон — Микоил (номи осмонии Исо) сарварӣ мекунад (Дон. 10:13; Яҳд. 9, ТДН). Ин «нахустзодаи тамоми махлуқот» «Калом», яъне Намояндаи Худо мебошад; тавассути ӯ Яҳува ҳамаи дигар чизҳоро офаридааст (Қӯл. 1:15–17; Юҳ. 1:1–3).

3 Зери сарварии раиси фариштагон сорофиён хидмат мекунанд. Онҳо қудсияти Яҳуваро эълон менамоянд ва ба халқи Ӯ барои нигоҳ доштани покии рӯҳонӣ кӯмак мекунанд. Ҳамчунин каррубиён ҳастанд, ки ҳокимияти Худоро дастгирӣ менамоянд (Ҳас. 3:24; Иш. 6:1–3, 6, 7). Дигар фариштаҳо ё паёмрасонон дар иҷроиши иродаи Худо вазифаву супоришҳои гуногунро ба ҷо меоранд (Ибр. 12:22, 23).

4. а) Аз мушоҳидаи бунёди замин дар фариштагон чӣ эҳсосот пайдо шуд? б) Агар одамон озодии иродаашонро дуруст истифода мебурданд, онҳоро чӣ интизор буд?

4 Вақте ки Худо «бунёди заминро» мениҳод ва онро ба маскани зебое барои одамон табдил медод, ҳамаи фариштагон инро мушоҳида намуда, шодӣ мекарданд ва супоришу вазифаҳои худро хурсандона иҷро менамуданд (Айюб 38:4, 7). Яҳува ҳангоми офариниш ба одамон назар ба фариштагон мақоми «андак» пасттаре дод. Вале Ӯ инсонро ба «сурати» Худ офарид ва аз ин рӯ одамон метавонанд хислатҳои волои Офаридгорро инъикос намоянд (Ибр. 2:7; Ҳас. 1:26). Агар Одаму Ҳавво озодии иродаашонро дуруст истифода мебурданд, онҳо ва наслҳои онҳо метавонистанд аз ҳаёт дар биҳишт баҳра бурда, аъзои оилаи калони офаридаҳои бошуури Яҳува бошанд.

5, 6. Дар осмон чӣ исёне сар зад ва Худо дар ҷавоб чӣ кор кард?

5 Фариштагони содиқ аз дидани он ки чӣ гуна дар оилаи осмонии Худо исён сар зад, шояд ба ғазаб омада бошанд. Яке аз онҳо Яҳуваро дигар ҷалол додан нахост, ба ҷои ин вай орзу кард, ки ӯро ибодат кунанд. Ин фаришта ҳокимияти одилонаи Яҳуваро зери шубҳа гузошт ва дар баробари ин густохона кӯшиш намуд, ки ҳокимияти худро барпо кунад ва бо ин ӯ Шайтон, яъне Мухолиф гашт. Шайтон бо фиребу найранг ҷуфти нахустини инсониро водор кард, ки ба исёни зидди Офаридгори меҳрубон ҳамроҳ шаванд (Ҳас. 3:4, 5; Юҳ. 8:44).

6 Яҳува дарҳол бар зидди Шайтон ҳукм баровард, ки ин суханон аввалин пешгӯии Китоби Муқаддас мебошанд: «Дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳас. 3:15). Байни Шайтон ва «зан» бояд адоват вуҷуд медошт. Дар назари Яҳува созмони осмонии Ӯ, ки аз офаридаҳои рӯҳии содиқ иборат аст, чун «зан» мебошад, ки бо Шавҳараш дар издивоҷ пайванд аст. Ин пешгӯӣ барои умед заминаи устуворе гузошт, ҳарчанд тафсилоти он «сирр»–и муқаддасе буд, ки бояд тадриҷан ошкор мешуд. Мувофиқи мақсади Худо яке аз аъзоёни созмони осмонии Ӯ ҳамаи исёнгаронро несту нобуд хоҳад кард ва ба воситаи вай ҳамаи чизҳо «хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин» муттаҳид хоҳанд шуд (Эфс. 1:8–10).

7. Дар рӯзҳои Нӯҳ баъзе фариштагон чӣ кор карданд ва ин ба чӣ оварда расонд?

7 Дар рӯзҳои Нӯҳ чанде аз фариштагон «манзили худро тарк карданд» ва ба худ баданҳои одамӣ гирифтанд, то ки дар замин хоҳишҳои худхоҳонаи худро қонеъ гардонанд (Яҳд. 6; Ҳас. 6:1–4). Яҳува ин исёнгаронро ба зулмот андохт ва онҳо ҳамин тавр ба Шайтон ҳамроҳ шуданд; онҳо «қувваҳои рӯҳии шарорат» ва душманони ашадии ходимони Худо гаштанд (Эфс. 6:11–13; 2 Пет. 2:4).

Чӣ тавр фариштагон ба мо кӯмак мекунанд?

8, 9. Чӣ тавр Яҳува фариштагонро истифода мекунад, то ба одамон кӯмак намояд?

8 Иброҳим, Яъқуб, Мусо, Еҳушаъ ибни Нун, Ишаъё, Дониёл, Исои Масеҳ, Петрус, Юҳанно ва Павлус — баъзе касонеанд, ки ба онҳо фариштаҳо хидмат карда буданд. Фариштагони одил ҳукмҳои Яҳуваро иҷро мекарданд; ҳамчунин ба воситаи онҳо пешгӯиву дастурот, аз он ҷумла Қонуни Мусо дода шуда буд (4 Подш. 19:35; Дон. 10:5, 11, 14; Аъм. 7:53; Ваҳй 1:1). Азбаски аллакай Китоби Муқаддас пурра навишта шудааст, эҳтимол ҳоҷате нест, ки фариштагон суханони Худоро ба мо расонанд (2 Тим. 3:16, 17). Ҳарчанд фариштагон ба чашми одамон ноаёнанд, онҳо фаъолона дар иҷроиши иродаи Худо иштирок мекунанд ва ходимони Ӯро дастгирӣ менамоянд.

9 Китоби Муқаддас эътимод мебахшад: «Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад» (Заб. 33:8; 90:11). Азбаски беайбии одамон зери шубҳа гузошта шудааст, Яҳува мегузорад, ки Шайтон моро зери озмоишҳои гуногун қарор диҳад (Луқ. 21:16–19). Лекин Худо ҳаддеро, ки бо гузашти он минбаъд низ содиқ мондани мо собит мегардад, аниқ медонад. (1 Қӯринтиён 10:13–ро бихонед.) Фариштагон ҳамеша ба дахолат кардан тайёранд, то мувофиқи иродаи Худо амал намоянд. Онҳо Шадрак, Мешак, Абднаҷу, Дониёл ва Петрусро наҷот доданд, лекин пеши марги Истефанус ва Яъқубро нагирифтанд (Дон. 3:17, 18, 28; 6:22; Аъм. 7:59, 60; 12:1–3, 7, 11). Дар ҳар маврид вазъият гуногун буд. Мисли ин, баъзе бародарон дар лагерҳои консетратсионии фашистон кушта шуданд, лекин ҳамзамон Яҳува ғамхорӣ кард, то бисёри Шоҳидон зинда монанд.

10. Яҳува боз бо кадом роҳҳо ба мо кӯмак мекунад?

10 Навиштаҳо таълим намедиҳанд, ки ҳар инсон фариштаи нигаҳбон дорад. Мо боварии комил дорем, ки «агар мо мувофиқи иродаи Ӯ [Худо] чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳ. 5:14). Албатта Яҳува барои дастгириамон фариштаеро фиристода метавонад, лекин Ӯ дигар хел ҳам моро дастгирӣ мекунад. Худо ҳамимононамонро бармеангезад, ки ба мо кӯмак намоянд ва моро тасаллӣ диҳанд. Ӯ ба мо хирад ва рӯҳияи қавӣ мебахшад, то мо бо «неше дар ҷисм», ки аз он азоб мекашему эҳсос менамоем, ки гӯё «қосиди шайтон» моро нихта мезанад, мубориза барем (2 Қӯр. 12:7–10; 1 Тас. 5:14).

Ба Исо пайравӣ кунед

11. Яҳува фариштаҳоро дар мавриди Исо чӣ гуна истифода кард ва ӯ ба Худо содиқ монда, ба чӣ ноил шуд?

11 Биёед бубинем, ки чӣ тавр Яҳува фариштаҳоро дар мавриди Исо истифода кард. Онҳо дар бораи таваллуд ва эҳё шудани ӯ хабар доданд ва ҳангоми дар замин зистанаш ба вай хидмат намуданд. Фариштагон пеши роҳи дастгиршавӣ ва марги пуразоби Исоро гирифта метавонистанд. Лекин ба ҷои ин наздаш фариштае фиристода шуд, то ки ӯро қувват бахшад (Мат. 28:5, 6; Луқ. 2:8–11; 22:43). Исо мувофиқи иродаи Яҳува бо марги пуразоб мурд ва бо ин исбот намуд, ки инсони комил зери озмоишҳои сахттарин назди Худо беайбиашро нигоҳ дошта метавонад. Бинобар ин, Яҳува Исоро эҳё кард, ба ӯ маргнопазирӣ ва «тамоми қудрат»-ро дод, ҳамчунин фариштаҳоро ба вай мутеъ кард (Мат. 28:18; Аъм. 2:32; 1 Пет. 3:22). Ҳамин тавр Исо қисми асосии «насли» «зан» гашт (Ҳас. 3:15; Ғал. 3:16).

12. Чӣ тавр Исо солимфикрӣ зоҳир мекард?

12 Исо медонист, ки ба ҳимояи фариштаҳо умед баста, бемулоҳиза рафтор намудан ва бо ин Яҳуваро озмудан нодуруст аст. (Матто 4:5–7-ро бихонед.) Пас биёед мисли Исо «бо солимфикрӣ» зиндагӣ кунем, беҳуда худро зери хавфу хатар қарор надиҳем ва нотарсона бо таъқиботҳо рӯ ба рӯ шавем (Тит. 2:12, ТДН).

Аз фариштагони содиқ мо чӣ меомӯзем

13. Аз намунаи фариштагони содиқ, ки оиди онҳо дар 2 Петрус 2:9–11 навишта шудааст, мо чӣ меомӯзем?

13 Петруси расул касонеро, ки ходимони тадҳиншудаи Яҳуваро «бадгӯӣ» мекунанд, маҳкум менамояд ва сипас ба намунаи хуби фариштагони содиқ ишора менамояд. Ҳарчанд фариштагон дорои қувваи бузурганд, онҳо фурӯтанӣ зоҳир мекунанд ва дар «ҳузури Худованд» аз маҳкум кардани касе худдорӣ менамоянд. (2 Петрус 2:9–11-ро бихонед.) Биёед мо низ аз танқиди носазо худдорӣ кунему касонеро, ки бар ҷамъомад назорат менамоянд, эҳтиром кунем ва ҳама чизро ба дасти Яҳува — Довари Олӣ супорем (Рум. 12:18, 19; Ибр. 13:17).

14. Аз фурӯтании фариштагон мо чӣ омӯхта метавонем?

14 Фариштагон фурӯтанона хидмат мекунанд ва дар ин ба мо намунаи ибратанд. Баъзеи онҳо ба одамон номи худро нагуфтанд (Ҳас. 32:29; Дов. 13:17, 18). Дар осмон миллионҳо офаридаҳои рӯҳӣ вуҷуд доранд, лекин Китоби Муқаддас фақат номи Микоил ва Ҷаброилро ошкор менамояд. Ин моро аз парастиш кардани онҳо нигоҳ медорад (Луқ. 1:26; Ваҳй 12:7). Вақте ки Юҳаннои расул бар пойҳои фаришта афтод, то ӯро ибодат кунад, фаришта гуфт: «Зинҳор, чунин накун; зеро ки ман бо ту, ва бо бародаронат ... ҳамкор ҳастам» (Ваҳй 22:8, 9). Мо бояд танҳо Худоро ибодат кунем ва фақат ба Ӯ дуо гӯем. (Матто 4:8–10-ро бихонед.)

15. Фариштагон дар пурсабрӣ чӣ намунае мегузоранд?

15 Фариштаҳо ҳамчунин дар пурсабрӣ намунаанд. Ҳарчанд онҳо дар бораи асрори муқаддаси Худо донистан мехостанд, барояшон на ҳамаи онҳо кушода буд. Ин буд «он чӣ ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд» (1 Пет. 1:12). Онҳо чӣ гуна рафтор карданд? — Фариштагон пурсаброна интизор шуданд, то «ҳикмати гуногуншакли Худо» дар вақти муносиб «ба воситаи Калисо [«ҷамъомад», ТДН]» маълум гардад (Эфс. 3:10, 11).

16. Рафтори мо ба фариштагон чӣ гуна таъсир мекунад?

16 Масеҳиёне, ки зери озмоишҳо қарор доранд, барои фариштагон чун намоиш дар «тамошогоҳ»–анд (1 Қӯр. 4:9). Онҳо аъмоли садоқатмандонаи моро дида, хеле хурсанд мешаванд. Ҳамчунин фариштагонро тавба кардани гунаҳкоре шод мегардонад (Луқ. 15:10). Рафтори худотарсонаи масеҳизанон аз чашми онҳо пӯшида нест. Мувофиқи Китоби Муқаддас зан бояд бар сараш «нишонаи ихтиёр [яъне ҳокимият]-ро ба хотири фариштагон дошта бошад» (1 Қӯр. 11:3, 10). Бале, ба фариштагон дидани он ки масеҳизанон ва дигар ходимони заминии Худо ба тартибот ва сарварии теократӣ итоат мекунанд, писанд аст. Чунин итоаткорӣ барои ин писарони осмонии Худо чун намуна хидмат мекунад.

Фариштагон кори мавъизаро фаъолона дастгирӣ мекунанд

17, 18. Чаро гуфтан мумкин аст, ки фариштагон моро дар кори мавъиза дастгирӣ мекунанд?

17 Фариштагон дар баъзе воқеаҳои бузурги «рӯзи Худованд» иштирок мекунанд. Масалан, ин барпо шудани Салтанат дар соли 1914 ва аз тарафи «Микоил ва фариштаҳояш» аз осмон сарнагун шудани Шайтон ва девҳояшро дар бар мегирад (Ваҳй 1:10; 11:15; 12:5–9). Юҳаннои расул фариштаеро дид, «ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадӣ дорад, то ки ба сокинони замин ... башорат диҳад». Ин фаришта онҳоро даъват мекунад: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридгори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед» (Ваҳй 14:6, 7). Ҳамин тавр ходимони Яҳува, ки хушхабарро дар бораи Салтанати барпошуда, қатъи назар аз мухолифати сахти Иблис, мавъиза мекунанд, ба дастгирии фариштагон итминон бахшида мешаванд (Ваҳй 12:13, 17).

18 Имрӯз барои назди одамони самимӣ равона кардани мо фариштагон бевосита ба мо муроҷиат намекунанд, ҳамон тавре ки яке аз онҳо ба Филиппус муроҷиат карда, ӯро назди хоҷасарои ҳабашӣ фиристода буд (Аъм. 8:26–29). Лекин мисолҳои зиёди имрӯза нишон медиҳанд, ки фариштаҳо ноаён моро дар кори мавъизаи Салтанат дастгирӣ мекунанд ва моро назди «онҳое, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ моиланд», равона менамоянд * (Аъм. 13:48, ТДН). Аз ин рӯ, бароямон дар хидмат мунтазам иштирок кардан муҳим аст, то мо нақши худро дар ҷустуҷӯи одамоне, ки «Падарро ба рӯҳ ва ростӣ» ибодат кардан мехоҳанд, иҷро намоем (Юҳ. 4:23, 24).

19, 20. Нақши фариштагон дар воқеаҳои бо анҷоми тартиботи шарирона алоқаманд чӣ гуна аст?

19 Исо дар бораи рӯзҳои мо гуфт, ки дар анҷоми тартиботи шарирона «фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд» (Мат. 13:37–43, 49). Фариштагон дар ҷамъкунии ниҳоӣ ва мӯҳрзании тадҳиншудагон иштирок менамоянд (Матто 24:31–ро бихонед; Ваҳй 7:1–3). Беш аз ин, вақте ки Исо «гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад» фариштагон ӯро ҳамроҳӣ менамоянд (Мат. 25:31–33, 46).

20 Вақте ки Исо бо фариштаҳои пурқудраташ аз осмон зуҳур мешавад, ҳамаи «онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорат ... итоат намекунанд», несту нобуд карда хоҳанд шуд (2 Тас. 1:6–10). Юҳанно айнан ҳамин воқеаро дар рӯъё дид. Ӯ тасвир мекунад, ки Исо ва лашкари осмонии фариштагон ба аспҳои сафед саворанд ва барои аз рӯи адолат ҷангидан баромадаанд (Ваҳй 19:11–14).

21. Фариштае, ки «калиди варта ва занҷири бузурге дар даст» дорад, бо Шайтон ва девҳои ӯ чӣ кор мекунад?

21 Ҳамчунин Юҳанно фариштаеро дид, «ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд». Ин худи Микоил — раиси фариштаҳо аст, ки Иблис ва бешубҳа, девҳои ӯро бандубаст карда, ба варта меандозад. Дар анҷоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ онҳо ба муддати кӯтоҳ озод карда мешаванд ва он вақт инсонияти комил бо озмоиши охирин рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Сипас Шайтон ва дигар исёнгарон несту нобуд карда мешаванд (Ваҳй 20:1–3, 7–10; 1 Юҳ. 3:8). Ҳамин тавр исёне, ки бар зидди Худо бардошта шуд, хотима хоҳад ёфт.

22. Дар воқеаҳое, ки ба қарибӣ рӯй медиҳанд, фариштаҳо чӣ нақше мебозанд ва ба ин мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?

22 Раҳоии бузург аз тартиботи шариронаи Шайтон хеле наздик аст. Дар ин воқеаҳои муҳим, ки ба туфайлашон ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот мегардад ва иродаи Ӯ оиди замин ва инсоният пурра иҷро мешавад, фариштагон нақши муайяне мебозанд. Фариштаҳои одил дар ҳақиқат «рӯҳҳои хизматгузор»–анд, ки «барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд». Аз ин рӯ, биёед ба Яҳува Худо миннатдор бошем, зеро Ӯ фариштаҳои худро фиристода, ба мо барои иҷрои иродааш ва расидан ба ҳаёти ҷовидонӣ кӯмак менамояд.

[Эзоҳ]

^ сарх. 18 Нигаред ба китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо», саҳ. 549–551 (рус.).

Такрор

• Дар бораи тартиботе, ки байни офаридаҳои рӯҳӣ вуҷуд дорад, нақл кунед.

• Дар рӯзҳои Нӯҳ баъзе фариштагон чӣ кор карданд?

• Чӣ тавр Худо ба воситаи фариштагон ба мо кӯмак мекунад?

• Фариштагони одил чӣ кор мекунанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

20–26-уми июл Сурудҳо: 6, 5