Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар аъмоли нек ҷидду ҷаҳд кунед!

Дар аъмоли нек ҷидду ҷаҳд кунед!

Дар аъмоли нек ҷидду ҷаҳд кунед!

«[Исо] Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд» (ТИТУС 2:14).

1. Вақте ки Исо 10–уми нисани соли 33–юми д. мо ба маъбад омад, ӯ чӣ кор кард?

ҲОЛО 10–уми нисани соли 33–юми даврони мост ва то ҷашни иди Фисҳ танҳо чанд рӯз мондааст. Одамони бисёр барои ибодат ба Ерусалим омадаанд ва дар саҳни маъбад интизори ҷашн мебошанд. Вақте ки Исо меояд, ӯ чӣ кор мекунад? Се нависандаи Инҷил — Матто, Марқӯс ва Луқо қайд менамоянд, ки Исо харидорону фурӯшандагонро аз маъбад пеш мекунад. Ӯ мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа менамояд (Мат. 21:12; Марқ. 11:15; Луқ. 19:45). Се сол пеш аз ин низ Исо кори ба ин монанде карда буд. Чӣ тавре ки мебинем, то ба ҳол ҷидду ҷаҳди ӯ кам нашудааст (Юҳ. 2:13–17).

2, 3. Мо аз куҷо медонем, ки ҷидду ҷаҳди Исо на танҳо дар пок сохтани маъбад зоҳир шуд?

2 Чӣ тавре ки Матто менависад, ҷидду ҷаҳди Исо дар ин маврид на танҳо дар пок сохтани маъбад зоҳир шуд. Ӯ ҳамчунин кӯрону лангонеро, ки наздаш меомаданд, шифо бахшид (Мат. 21:14). Луқо дар бораи корҳои дигари Исо нақл мекунад. Ӯ менависад: «[Исо] ҳар рӯз дар маъбад таълим медод» (Луқ. 19:47; 20:1). Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Исо дар хидмат ҷидду ҷаҳди зиёд зоҳир мекард.

3 Баъдтар Павлуси расул дар мактуби ба Титус навиштааш фаҳмонд, ки Исо «Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд» (Тит. 2:14). Чӣ гуна имрӯз мо «дар аъмоли нек ғаюр» яъне бо ҷидду ҷаҳд буда метавонем? Ва чӣ тавр намунаи хуби подшоҳони Яҳудо ба мо дар ин кор кӯмак карда метавонад?

Ҷидду ҷаҳд дар мавъиза ва таълимдиҳӣ

4, 5. Чӣ тавр чор подшоҳони Яҳудо дар аъмоли нек ҷидду ҷаҳд зоҳир карданд?

4 Осо, Еҳӯшофот, Ҳизқиё ва Йӯшиёҳу барои решакан кардани бутпарастӣ дар Яҳудо чораҳои қатъӣ диданд. Осо «қурбонгоҳҳои бегона ва баландиҳоро барҳам дод, ва ҳайкалҳоро шикаст, ва дарахтони бути Ашераро решакан кард» (2 Вақ. 14:3). Еҳӯшофот аз ҷидду ҷаҳди зиёд ба ибодати Яҳува «баландиҳо ва Ашераҳоро низ аз Яҳудо дур кард» (2 Вақ. 17:6; 19:3) *.

5 Баъди ҷашни бошукӯҳи ҳафтрӯзаи иди Фисҳ, ки онро шоҳ Ҳизқиё барпо кард, «ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд, берун омада, сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро аз тамоми Яҳудо ва Бинёмин ва Эфроим ва Менашше то ба охир барҳам доданд» (2 Вақ. 31:1). Йӯшиёҳу ҳангоми ба тахти подшоҳӣ нишастанаш ҳамагӣ ҳаштсола буд. Навиштаҳо мегӯянд: «Дар соли ҳаштуми подшоҳии худ, вақте ки ҳанӯз навҷавон буд, ба ҷустани Худои падараш Довуд оғоз кард, ва дар соли дувоздаҳум ба тоза кардани Яҳудо ва Ерусалим аз баландиҳо ва Ашераҳо ва бутҳо ва санамҳо шурӯъ намуд» (2 Вақ. 34:3). Хуллас, ҳар чор подшоҳон дар аъмоли нек бо ҷидду ҷаҳд буданд.

6. Чаро хидмати моро ба корҳои подшоҳони одили Яҳудо монанд кардан мумкин аст?

6 Имрӯз мо дар кори ба ин монанде иштирок мекунем ва ба одамон кӯмак менамоем, ки аз таълимоти динҳои дурӯғин, аз он ҷумла аз бутпарастӣ, озод шаванд. Ҳангоми мавъизаи хона ба хона мо бо «ҳар гуна одамон» вомехӯрем (1 Тим. 2:4, ТДН). Ҷавондухтаре аз Осиё ба хотир меорад, ки чӣ тавр дар хона модараш назди тасвирҳои зиёд расму оинҳо ба ҷо меовард. Духтар намефаҳмид, ки чӣ гуна ҳамаи ин тасвирҳо Худои ҳақиқиро таҷассум карда метавонанд ва аз ин рӯ бисёр дуо мегуфт, ки Худои ҳақиқиро ёбад. Рӯзе дари хонаи онҳоро кӯфтанд. Ин ду Шоҳиди Яҳува буданд. Онҳо ба ӯ барои фаҳмидани номи комилан беҳамтои Худои ҳақиқӣ — Яҳува кӯмак намуданд. Ва чӣ қадар хурсанд буд ӯ, аз он ки оиди бутҳо ҳақиқатро фаҳмид! Ҳоло ӯ дар хидмати мавъиза боғайрат иштирок намуда, ба дигарон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак мекунад ва ҷидду ҷаҳди ӯ дар ин кор шоёни таҳсин аст (Заб. 82:19 [83:18, ТДН]; 113:12–16; 1 Юҳ. 5:21).

7. Чӣ тавр мо ба устодоне, ки дар рӯзҳои Еҳӯшофот дар тамоми мамлакат мегаштанд, пайравӣ карда метавонем?

7 Ҳангоми хидмати хона ба хона маҳалли таъиншудаамонро мо то чӣ андоза пурра гашта мебароем? Ҷолиб аст, ки дар соли сеюми ҳукмрониаш Еҳӯшофот панҷ сарвари халқ, нӯҳ левизода ва ду коҳинро наздаш даъват кард. Ӯ ба онҳо супориш дод, ки дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, ба мардум қонуни Яҳуваро таълим диҳанд. Кори онҳо чунон натиҷаи хуб овард, ки халқҳои гирду атрофро тарси Яҳува фаро гирифт. (2 Вақоеънома 17:9, 10–ро бихонед.) Мо дар вақту соатҳои гуногун ва рӯзҳои гуногун хона ба хона мавъиза карда, метавонем бо шумораи зиёди истиқоматкунандагон сӯҳбат кунем.

8. Чӣ тавр мо доираи хидмати худро васеъ карда метавонем?

8 Бисёр ходимони имрӯзаи Худо бо омодагӣ хонаҳои худро тарк карда, ба ҷойҳое мекӯчанд, ки он ҷо ба Шоҳидони бо ҷидду ҷаҳд ниёзи бештаре ҳаст. Оё шумо низ ҳамин тавр карда метавонед? Баъзе аз онҳое, ки ин корро карда наметавонанд, шояд ба одамони миллатҳои дигар, ки дар маҳаллашон зиндагӣ мекунанд, шаҳодат дода тавонанд. Як бародар дар синни 81–солагиаш ба 32 забон салом карданро ёд гирифт, то ба одамони миллаташон гуногун, ки дар маҳаллашон вомехӯрд, шаҳодат диҳад. Ба наздикӣ ӯ дар кӯча ҷуфти ҳамсарони африқоиро вохӯрд ва бо забони модарии онҳо, забони йоруба салом кард. Онҳо пурсиданд: «Оё шумо дар Африқо будед?» Вақте ки ӯ дар ҷавоб «не» гуфт, онҳо донистан хостанд, ки вай аз куҷо забони онҳоро медонад. Ин барои шаҳодати хуб имконият дод. Ҳамсӯҳбатони ӯ хурсандона чанд маҷалла гирифтанд ва суроғаашонро ба бародар доданд. Ӯ суроғаро ба ҷамъомади маҳаллӣ дод, то бо ҳамсарон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида шавад.

9. Чаро дар хидмат аз Китоби Муқаддас оят хондан муҳим аст? Мисол оред.

9 Устодоне, ки бо супориши Еҳӯшофот дар саросари мамлакат мегаштанд, бо худ «китоби Тавроти Худованд» доштанд. Шоҳидони Яҳува мекӯшанд, ки дар сар то сари замин одамонро дар асоси Китоби Муқаддас таълим диҳанд, зеро он Каломи Худо аст. Мо ба одамон нишон медиҳем, ки дар худи Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст ва бо ин маълум месозем, ки он дар хидмати мо хеле муҳим аст. Як соҳибхоназан ба Линда — Шоҳиди Яҳува гуфт, ки шавҳараш сактаи мағзи сар (инсулт)–ро аз сар гузарондааст ва ба нигоҳубини вай мӯҳтоҷ аст. Соҳибхоназан нола кард: «Ман чӣ коре кардам, ки Худо маро ин хел ҷазо дод?» Линда гуфт: «Иҷозат диҳед, ба шумо як фикри муҳимро аз Навиштаҳо бихонам». Хоҳар ояти Яъқуб 1:13–ро хонд ва сипас илова намуд: «Азобу уқубатҳои мо ва наздиконамон ҷазои Худованд нест». Баъди шунидани ин суханон соҳибхоназан Линдаро гарм ба оғӯш кашид. Линда мегӯяд: «Ман Китоби Муқаддасро истифода бурда, он занро тасаллӣ бахшида тавонистам. Баъзан дар хидмат оятҳоеро, ки мо аз Китоби Муқаддас мехонем, одамон бори аввал мешунаванд». Он сӯҳбат барои омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас бо он зан оғоз бахшид.

Ҷавононе, ки бо ҷидду ҷаҳд хидмат мекунанд

10. Йӯшиёҳу ба ҷавонони имрӯза дар чӣ намунаи хуб аст?

10 Ба мисоли Йӯшиёҳу бармегардем. Чӣ хеле ки дар боло гуфтем, ӯ ҳанӯз дар ҷавонӣ мекӯшид, ки Худоро дар ростӣ ибодат кунад ва тақрибан дар 20–солагӣ бар зидди бутпарастӣ чораҳои калон андешид. (2 Вақоеънома 34:1–3-ро бихонед.) Имрӯз ҷавонони бешумор дар хидмати худ чунин ҷидду ҷаҳд зоҳир мекунанд.

11–13. Аз намунаи ҷавононе, ки имрӯз ба Яҳува бо ҷидду ҷаҳд хидмат мекунанд, чӣ омӯхта метавонем?

11 Ҳанна дар Англия зиндагӣ мекунад. Ӯ дар мактаб забони фаронсавиро меомӯхт. Вақте ки ӯ 13–сола буд, фаҳмид, ки дар шаҳри ҳамсоя гурӯҳи фаронсавӣ ташкил шудааст. Падараш розӣ шуд, ки ҳамроҳи ӯ ба вохӯриҳои он ҷамъомад равад. Ҳоло Ҳанна 18–сола аст ва бо ҷидду ҷаҳд чун пешрави доимӣ ба забони фаронсавӣ шаҳодат медиҳад. Оё шумо ҳам метавонед забони хориҷӣ омӯзеду ба дигарон барои шинос шудан бо Яҳува кӯмак кунед?

12 Ба Рейчел тамошои филми «Сӯи мақсадҳое шитобед, ки Худоро ҷалол медиҳанд» (рус.) хеле маъқул шуд. Ӯ соли 1995 ба Яҳува хидмат намуданро оғоз кард. Рейчел дар бораи тарзи фикрронии онвақтаи худ мегӯяд: «Ман гумон мекардам, ки ҳақиқат дар вуҷудам аст». Сипас ӯ илова мекунад: «Баъди тамошои филм ман фаҳмидам, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ дар як ҷо истодаам. Барои дар роҳи ҳақиқат пеш рафтан ман бояд мубориза барам ва ба омӯзиши шахсӣ ва хидмат ба таври ҷиддӣ муносибат кунам». Ҳоло Рейчел бо ҷидду ҷаҳди бештар ба Яҳува хидмат мекунад. Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ мегӯяд: «Муносибатҳои ман бо Яҳува наздиктар ва дуоҳоям пурмазмунтар шуданд. Акнун ман Китоби Муқаддасро чуқуртар меомӯзам, ин бароям қаноатмандии бештар меорад ва он чиро ки мехонам, ман хубтар тасаввур мекунам. Ба туфайли ин, хидмат бароям хурсандии бисёр меорад ва аз дидани он ки Каломи Яҳува ба дигарон тасаллӣ мебахшад, қаноатмандии ҳақиқӣ эҳсос мекунам».

13 Ба ҷавоне бо номи Люк тамошои филми дигар «Суолҳои ҷавонон. Ҳаётамро ба чӣ бахшам?» (рус.) хеле таъсир кард. Ӯ менависад: «Баъди тамошои филм ман ба мақсадҳои ҳаёти худ дигар хел нигаристам». Бародар илова мекунад: «Пештар зери фишори дигарон ман аввал соҳиби маълумоти олӣ шуда, беҳбудии молиявӣ ба даст овардан мехостам ва сипас дар бораи мақсадҳои рӯҳонӣ фикр карданӣ будам. Чунин фишор ба рушди рӯҳонӣ мусоидат намекунад, баръакс онро бозмедорад». Бародарону хоҳарони ҷавон, чаро шумо ҳам мисли Ҳанна дониши дар мактаб гирифтаатонро барои васеъ намудани хидмати худ истифода набаред? Ё чаро мисли Рейчел бо ҷидду ҷаҳд сӯи мақсадҳое нашитобед, ки Худоро дар ҳақиқат ҷалол медиҳанд? Ба намунаи Люк пайравӣ намуда, аз хатарҳое, ки барои бисёр ҷавонон дом гаштаанд, дурӣ ҷӯед.

Ба огаҳиҳо гӯш диҳед ва ҷидду ҷаҳд намоед

14. а) Чӣ гуна ибодат мақбули Яҳува аст? б) Чаро имрӯз ахлоқан пок мондан душвор аст?

14 Барои он ки ибодати ходимони Яҳува ба Ӯ мақбул бошад, онҳо бояд пок бошанд. Ишаъё огоҳ мекунад: «Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он [Бобил] берун равед, худро тоза кунед, эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!» (Иш. 52:11). Солҳои зиёд пеш аз навишта шудани ин суханони Ишаъё, подшоҳи одил Осо барои аз Яҳудо решакан кардани бадахлоқӣ чораҳои қатъӣ андешида буд. (3 Подшоҳон 15:11–13-ро бихонед.) Садсолаҳо пас Павлуси расул ба Титус гуфт, ки Исо ҷони худро барои пайравонаш фидо кард, то онҳоро «барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд», пок созад (Тит. 2:14). Имрӯз дар ин ҷаҳони фосид ахлоқан пок мондан осон нест, хусусан барои ҷавонон. Масалан, ҳамаи ходимони Худо, ҳам ҷавонон ва ҳам пиронсолон барои нопок нашудан аз порнография бояд мубориза баранд, зеро онро дар ҳама ҷо — дар лавҳаҳои рекламавӣ, дар телевизион, дар филмҳо ва хусусан дар интернет дидан мумкин аст.

15. Чӣ кӯмак мекунад, ки ба бадӣ нафрат пайдо кунем?

15 Ҷидду ҷаҳд дар гӯш кардан ба огаҳиҳои Худо бароямон кӯмак менамояд, ки аз бадӣ нафрат кунем (Заб. 96:10; Рум. 12:9). Мо бояд ба порнография нафрат дошта бошем ва ҳамон тавре ки бародаре мегӯяд, «то ба қувваи ҷаззоби он муқобилат кунем». Барои аз ҳам ҷудо кардани ду пораи оҳанрабо қуввае лозим аст, ки аз қувваи онҳоро якҷоя нигоҳдоранда бештар мебошад. Мисли ин, барои муқобилат кардан ба васвасаи тамошои порнография кӯшиши зиёд лозим аст. Лекин фаҳмидани он ки порнография то чӣ андоза зарарнок аст, кӯмак менамояд, то ба он нафрат пайдо кунем. Бародаре барои тарк кардани одати тамошои сайтҳои порнографӣ дар интернет сахт кӯшиш кард. Ӯ компютери шахсиашро ба ҷои ба ҳама аъзоёни оила намоён гузошт. Ҳамзамон вай азм намуд, ки худро пок созад ва дар кардани корҳои нек бо ҷидду ҷаҳд бошад. Бародар ҳамчунин чораи дигаре андешид. Азбаски интернет ба ӯ барои кор лозим буд, вай қарор кард, ки онро фақат дар ҳузури ҳамсараш истифода барад.

Самари рафтори нек

16, 17. Рафтори неки мо ба касоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, чӣ гуна таъсир мекунад? Мисол оред.

16 Чӣ рӯҳияи хубе ҳукмфармост байни ҷавондухтарон ва ҷавонписароне, ки ба Яҳува хидмат мекунанд! Ва чӣ қадар мутаассир месозад ин касонеро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд! (1 Петрус 2:12–ро бихонед.) Марде, ки дар Байт–Или шаҳри Лондон дар давоми як рӯз дастгоҳи чопиро таъмир намуд, ақидаашро нисбати Шоҳидони Яҳува пурра дигар кард. Ҳамсари ӯ, ки бо Шоҳидони маҳаллӣ Китоби Муқаддас меомӯхт, инро пай бурд. Пеш шавҳараш намехост, ки Шоҳидон ба хонаи вай оянд. Вале баъди кор дар Байт–Ил ӯ гаштаву баргашта ба дигарон нақл менамуд, ки чӣ тавр бо ӯ хуб муомила карданд. Ӯ қайд намуд, ки он ҷо касе суханҳои қабеҳ намегӯяд. Ҳама босаброна муносибат мекунанд ва он ҷо фазои дӯстона ҳукмфармост. Ӯро хусусан намунаи хоҳарону бародарони ҷавон, ки бо ҷидду ҷаҳд, бемузд меҳнат намуда, бо ихтиёри худ вақту қувваташонро баҳри паҳн гаштани хушхабар сарф мекунанд, мутаассир сохт.

17 Бародарону хоҳароне, ки бояд оилаашонро таъмин намоянд, ҳамчунин бо ҷону дил меҳнат мекунанд (Қӯл. 3:23, 24). Ин аксаран ба онҳо кӯмак менамояд, ки ҷои кориашонро аз даст надиҳанд, зеро соҳибкорон коркунони бовиҷдонро қадр мекунанд ва онҳоро гум кардан намехоҳанд.

18. Чӣ гуна мо «дар аъмоли нек» бо ҷидду ҷаҳд буда метавонем?

18 Такя ба Яҳува, итоат ба дастуроти Ӯ ва нигоҳубин кардани ҷойҳои ибодат — баъзе роҳҳои зоҳир кардани ҷидду ҷаҳд дар ибодати ҳақиқӣ аст. Ғайр аз ин, мо дар кори мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ то ҳадди имкон пурратар иштирок кардан мехоҳем. Хоҳ ҷавон бошем, хоҳ пиронсол, агар мо меъёрҳои ахлоқии бо ибодатамон алоқамандро бо ҷидду ҷаҳд риоя кунем, ин манфиати бисёр меорад. Бигзор минбаъд низ моро чун халқе бишносанд, ки «дар аъмоли нек» бо ҷидду ҷаҳд аст (Тит. 2:14).

[Эзоҳ]

^ сарх. 4 Осо эҳтимол баландиҳои бо парастиши худоҳои бардурӯғ алоқамандро нест кард, вале баландиҳоеро, ки дар онҳо мардум ба Яҳува ибодат менамуданд, нобуд насохт. Ё шояд баландиҳо дертар, дар охири ҳукмронии Осо аз нав бино карда шуданд ва онҳоро писари ӯ Еҳӯшофот вайрон кард (3 Подш. 15:14; 2 Вақ. 15:17).

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

Аз Китоби Муқаддас ва намунаи ходимони имрӯза шумо...

• оиди зоҳир кардани ҷидду ҷаҳд дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ, чӣ омӯхтед?

• оиди он ки чӣ гуна ҷавонони масеҳӣ «дар аъмоли нек» бо ҷидду ҷаҳд буда метавонанд, чӣ фаҳмидед?

• оиди он ки чӣ тавр одатҳои бадро тарк кардан мумкин аст, чӣ омӯхтед?

[Саволҳо барои омӯзиш]