Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»

«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»

«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»

«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ... ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад» (ЯҲД. 21).

1, 2. Чӣ тавр Яҳува муҳаббаташро ба мо зоҳир мекунад ва чаро набояд интизор шуд, ки Ӯ моро новобаста аз тарзи рафтору кирдорамон дӯст медорад?

ЯҲУВА ХУДО муҳаббаташро ба мо бо роҳҳои зиёд зоҳир мекунад. Лекин бечунучаро далели бузургтарини муҳаббати Ӯ — фароҳам овардани қурбонии фидия аст. Худо инсониятро чунон сахт дӯст медорад, ки ҳатто Писари маҳбубашро ба замин фиристод, то ӯ барои мо бимирад (Юҳ. 3:16). Яҳува мехоҳад, ки мо абадӣ зиндагӣ кунем ва аз муҳаббаташ ҷовидона баҳравар бошем!

2 Аммо оё ин маънои онро дорад, ки Яҳува моро қатъи назар аз тарзи рафтору кирдорамон дӯст медорад? Не. Зеро дар ояти 21–уми номаи Яҳудо панди зеринро мехонем: «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ... ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад». Ибораи «худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» ишора мекунад, ки аз тарафи мо саъю кӯшише лозим аст. Пас, чӣ бояд кунем, то дар муҳаббати Худо бимонем?

Чӣ тавр дар муҳаббати Худо бимонем?

3. Мувофиқи суханонаш Исо барои дар муҳаббати Падар мондан бояд чӣ кор мекард?

3 Ба ин савол суханони зерини Исо, ки ӯ дар шаби охирини ҳаёти заминиаш гуфт, ҷавоб медиҳанд: «Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам ва дар муҳаббати Ӯ мемонам» (Юҳ. 15:10). Мувофиқи ин суханон Исо мефаҳмид, ки барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо Падар риоя кардани аҳкоми Ӯ муҳим аст. Агар ин барои Писари комили Худо муҳим бошад, пас барои мо низ муҳим нест?

4, 5. а) Муҳаббати худро ба Яҳува мо пеш аз ҳама бо кадом роҳ зоҳир карда метавонем? б) Чаро сабабе нест, ки мо бо фикри ба аҳкоми Яҳува итоат кардан норозӣ бошем?

4 Муҳаббати мо ба Яҳува пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки мо ба Ӯ итоат мекунем. Ин фикрро Юҳаннои расул бо суханони зерин ифода кард: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳ. 5:3). Рост аст, ки дар ҷаҳони имрӯза фикри ба касе итоат кардан ба аксарият намефорад. Аммо ба ибораи «аҳкоми Ӯ гарон нест» аҳамият диҳед. Яҳува аз мо кардани кореро, ки бароямон аз ҳад мушкил аст, талаб намекунад.

5 Мисоле меорем: оё шумо аз дӯсти наздикатон овардани чизеро, ки ҳатто бардоштани он барояш мушкил аст, хоҳиш мекардед? Албатта не! Яҳува аз мо ҳам меҳрубонтар асту ҳудуди имкониятҳои моро хубтар медонад. Чӣ тавре ки Китоби Муқаддас моро итминон мебахшад, Яҳува «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (Заб. 102:14). Ӯ ҳеҷ гоҳ аз мо бештар аз он чизе, ки мо карда метавонем, талаб намекунад. Аз ин рӯ, мо сабабе надорем, ки бо фикри ба аҳкоми Яҳува итоат кардан норозӣ бошем. Баръакс, итоаткорӣ ба Яҳува имконияти олиҷанобест барои нишон додани он ки мо Падари осмониамонро дар ҳақиқат дӯст медорем ва дар муҳаббати Ӯ мондан мехоҳем.

Атои махсуси Яҳува

6, 7. а) Виҷдон чист? б) Чӣ тавр виҷдон барои дар муҳаббати Худо мондан ба мо кӯмак карда метавонад? Мисоле оред.

6 Дар ин ҷаҳони пурпечутоб мо бояд қарорҳое қабул кунем, ки ба Худо итоаткор буданамонро нишон диҳанд. Чӣ тавр боварӣ ҳосил намоем, ки ин қарорҳоямон ба иродаи Худо мувофиқат мекунанд? Яҳува ба мо чизе ато кардааст, ки бароямон дар итоаткорӣ бисёр кӯмак карда метавонад. Ин виҷдон аст. Виҷдон чист? Ин тарзи махсуси худшиносӣ мебошад. Виҷдон мисли довар аст; ба туфайли он мо пеш аз қабул кардани қарорҳо онҳоро бармекашем, ё баъд аз кардани коре баҳо медиҳем, ки он хуб буд ё бад, дуруст буд ё нодуруст. (Румиён 2:14, 15–ро бихонед.)

7 Бо кадом роҳҳо виҷдон ба мо кӯмак карда метавонад? Мисоле меорем. Сайёҳеро дар биёбони беканор тасаввур кунед. Он ҷо на пайраҳа ҳаст, на роҳ ва на аломати ҳаракати роҳ. Бо вуҷуди ин, сайёҳ устуворона сӯи макони лозима қадам мезанад. Чаро? Чунки ӯ қутбнамо дорад. Қутбнамо дорои лавҳачаи доирашакл ва ақрабак мебошад. Дар лавҳача чор қутби замин нишон дода шудаанд ва ақрабак ҳамеша ба самти шимол ишора мекунад. Агар ин сайёҳ қутбнамо намедошт, ӯ ба кадом тараф рафтанашро намедонист. Мисли ин, агар инсон виҷдон намедошт, вай ҳангоми қабули қарорҳои аз ҷиҳати ахлоқӣ, маънавӣ ва меъёрҳои адолат дуруст аксар вақт чӣ кор карданашро намедонист.

8, 9. а) Кадом маҳдудиятҳои виҷдонамонро мо бояд дар хотир дорем? б) Чӣ бояд кард, то виҷдон ба мо дар ҳақиқат кӯмак кунад?

8 Лекин виҷдон ҳам мисли қутбнамо маҳдудиятҳо дорад. Агар сайёҳ назди қутбнамо оҳанрабо гузорад, зери таъсири он ақрабаки қутбнамо дигар ба самти шимол ишора намекунад. Монанди ин, агар гузорем, ки хоҳишҳои диламон ба қабул кардани қарорҳо сахт таъсир кунанд, чӣ мешавад? Зери таъсири хоҳишҳои худхоҳона виҷдон моро ба таври нодуруст ҳидоят мекунад. Китоби Муқаддас огоҳ менамояд: «Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст» (Ирм. 17:9; Мас. 4:23). Ғайр аз ин, агар сайёҳ харитаи аниқу саҳеҳ надошта бошад, аз қутбнамои ӯ қариб ё ҳеҷ фоидае нест. Мисли ин, агар мо ба ҳидояти боэътимод ва тағйирнопазири Каломи Худо, Китоби Муқаддас такя накунем, виҷдон ба мо умуман кӯмак карда наметавонад (Заб. 118:105). Мутаассифона, бисёри одамони ин ҷаҳон ба хоҳишҳои дилашон аз ҳад зиёд аҳамият медиҳанду ба меъёрҳои Каломи Худо қариб ё ҳеҷ аҳамияте намедиҳанд. (Эфсӯсиён 4:17–19-ро бихонед.) Ана барои чӣ аксари одамон қатъи назар аз он ки виҷдон доранд, ба корҳои даҳшатангез даст мезананд (1 Тим. 4:2).

9 Мо ҳеҷ гоҳ мисли он одамон будан намехоҳем! Пас, биёед минбаъд низ гузорем, ки виҷдони мо дар асоси Каломи Худо таълиму тарбия ёбад, то дар ҳақиқат ба мо кӯмак карда тавонад. Мо бояд ба овози виҷдони дар асоси Китоби Муқаддас таълимёфтаамон гӯш диҳем ва нагузорем, ки хоҳишҳои худхоҳонаи мо онро идора кунанд. Ҳамзамон мо кӯшиш мекунем, ки виҷдони бародарону хоҳарони масеҳиямонро эҳтиром намоем. Мо дар хотир дорем, ки виҷдони ҳамимононамон нисбат ба виҷдони мо ҳассостар буда метавонад ва аз ин рӯ ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то сабаби пешпо хӯрдани онҳо нагардем (1 Қӯр. 8:12; 2 Қӯр. 4:2; 1 Пет. 3:16).

10. Кадом се ҷодаи ҳаётро мавриди муҳокима қарор хоҳем дод?

10 Акнун биёед дида бароем, ки дар кадом се ҷодаи ҳаёт мо бо итоаткории худ ба Яҳува муҳаббатамонро нишон дода метавонем. Дар ҳар яки онҳо, албатта, виҷдон нақши муайяне мебозад, лекин ҳидоятгари асосии виҷдон бояд меъёрҳои ахлоқии Худо бошанд, ки онҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд. Се роҳе, ки тавассути онҳо мо ба Яҳува итоат ва муҳаббат зоҳир карда метавонем, инҳоянд: 1) мо онҳоеро, ки Яҳува дӯст медорад, дӯст медорем; 2) мо ба ҳокимият эҳтиром зоҳир мекунем ва 3) мо мекӯшем, ки дар назари Худо пок бимонем.

Онҳоеро, ки Яҳува дӯст медорад, дӯст доред

11. Чаро мо бояд онҳоеро, ки Яҳува дӯст медорад, дӯст дорем?

11 Аввалан, мо бояд онҳоеро, ки Яҳува дӯст медорад, дӯст дорем. Вақте ки сухан дар бораи муошират меравад, одамонро ба пахта монанд кардан мумкин аст. Чаро? Зеро мо одатан ақида, меъёрҳо ва одатҳои одамонеро, ки бо онҳо муошират мекунем, мисли пахта гӯё меҷаббем. Офаридгори мо хуб медонад, ки чӣ гуна хатарнок ё баръакс чӣ гуна муфид буда метавонад муошират барои одамони нокомил. Аз ин рӯ, Ӯ ба мо маслиҳати оқилонае медиҳад: «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад» (Мас. 13:20; 1 Қӯр. 15:33). Касе аз мо «шикаст» хӯрдан намехоҳад. Баръакс, ҳар яки мо «хирадманд» шудан мехоҳад. Яҳува аз будаш хирадмандтар шуда наметавонад ва касе Ӯро ҳаргиз гумроҳ карда наметавонад. Бо вуҷуди ин, Яҳува ба мо дар интихоби дӯстон намунаи хуби ибрат аст. Ба фикри шумо, аз байни одамони нокомил Яҳува киро дӯсти худ интихоб мекунад?

12. Яҳува чӣ гуна одамонро дӯсти худ интихоб мекунад?

12 Яҳува Иброҳим–пайғамбарро дӯсти худ хонда буд (Иш. 41:8). Ин мард намунаи барҷастаи садоқатмандӣ, одилӣ ва итоаткорӣ буд; ӯ мувофиқи имони ба Худо доштааш зиндагӣ мекард (Яъқ. 2:21–23). Ана ҳамин гуна шахсонро Яҳува дӯсти худ интихоб мекунад. Имрӯз низ Ӯ бо ҳамин гуна одамон муносибатҳои дӯстона дорад. Агар Яҳува чунин шахсонро ба дӯстӣ интихоб кунад, пас оё мо ҳам набояд дӯстонро оқилона интихоб намоем, то ки бо хирадмандон гашта, хирадманд шавем?

13. Дар мавриди интихоби дӯстони хуб чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад?

13 Дар ин масъала чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад? — Мулоҳиза оиди намунаҳои дар Китоби Муқаддас навишташуда. Масалан, мулоҳиза оиди дӯстии байни Рут ва модаршӯяш Ноомӣ, Довуд ва Йӯнотон, ё Тимотиюсу Павлус (Рут 1:16, 17; 1 Подш. 23:16–18; Фил. 2:19–22). Ин дӯстии наздики онҳо пеш аз ҳама дар муҳаббати самимӣ ба Яҳува асос ёфта буд. Оё шумо ҳам дӯстонеро, ки Яҳуваро мисли шумо сахт дӯст медоранд, ёфта метавонед? Итминони комил дошта бошед, ки ҷамъомади масеҳӣ аз ин гуна шахсон бой аст ва онҳо дӯсти шумо шуда метавонанд. Аз дӯстӣ бо чунин шахсон шумо аз ҷиҳати рӯҳонӣ шикаст нахоҳед хӯрд. Баръакс, онҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки ба Яҳува итоат намоед, рӯҳан рушд кунед ва мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намоед. (Ғалотиён 6:7, 8–ро бихонед.) Ба туфайли дӯстӣ бо онҳо шумо дар муҳаббати Худо хоҳед монд.

Эҳтиром ба ҳокимият

14. Аз кадом сабабҳо аксар вақт эҳтиром кардани ҳокимият душвор аст?

14 Роҳи дуюме, ки мо бо он муҳаббатамонро ба Яҳува зоҳир карда метавонем — муносибати мо ба ҳокимият аст. Мо бояд ҳокимиятро эҳтиром кунем. Чаро баъзан ин кор мушкил аст? Яке аз сабабҳо — нокомил будани шахсони ҳокимиятдор мебошад. Ғайр аз ин, худи мо ҳам нокомил ҳастем ва бо майли саркашӣ, ки ба ирс бурдаем, мубориза мебарем.

15, 16. а) Чаро муҳим аст, то мо касонеро, ки Яҳува ба онҳо масъулияти ба халқаш ғамхорӣ карданро додааст, эҳтиром кунем? б) Аз муносибати Яҳува ба исёне, ки исроилиён бар зидди Мусо бардоштанд, мо чӣ меомӯзем?

15 Шояд шумо аз худ пурсед, ки агар эҳтиром кардани ҳокимият чунон душвор бошад, чаро ин лозим аст? Ҷавоб ба ин савол бо саволи баҳсталаб оиди ҳокимияти олии Яҳува алоқаманд мебошад. Шумо киро чун ҳокими олии худ интихоб хоҳед кард? Агар мо Яҳуваро чун Ҳокими олии худ интихоб кунем, пас бояд ҳокимияти Ӯро эҳтиром намоем. Агар ин тавр накунем, магар мо Ӯро дар ҳақиқат Ҳокими худ номида метавонем? Беш аз ин, Яҳува одатан ҳокимияти худро ба воситаи одамони нокомил зоҳир менамояд ва ба онҳо масъулият медиҳад, ки нисбати халқаш ғамхорӣ кунанд. Агар мо ба муқобили он шахсон бароем, Яҳува ба ин чӣ гуна менигарад? (1 Таслӯникиён 5:12, 13–ро бихонед.)

16 Масалан, вақте ки исроилиён аз Мусо шикваю шикоят карданд ва бар муқобили ӯ исён бардоштанд, Яҳува ба исёнкории онҳо чун ба исён бар зидди худ нигарист (Ад. 14:26, 27). Худо тағйир наёфтааст. Агар мо ягон бор ба муқобили касоне, ки Яҳува ба онҳо ҳокимият додааст, бароем, ин маънои онро дорад, ки мо бар зидди худи Худо баромадаем!

17. Нисбати шахсони масъули ҷамъомад мо бояд чӣ гуна муносибатро инкишоф диҳем?

17 Павлуси расул нишон медиҳад, ки нисбати шахсони масъули ҷамъомади масеҳӣ мо бояд чӣ гуна муносибатро инкишоф диҳем. Ӯ навишт: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест» (Ибр. 13:17). Рост аст, ки инкишоф додани чунин рӯҳияи итоаткорӣ ва мутеият саъю кӯшиши зиёдеро талаб мекунад. Лекин дар хотир бояд дошт, ки мақсади мо дар муҳаббати Худо мондан аст. Оё ин ба ҳама саъю кӯшишҳои мо намеарзад?

Дар назари Яҳува пок бимонед

18. Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо пок бимонем?

18 Роҳи сеюме, ки мо бо он муҳаббатамонро ба Яҳува зоҳир мекунем — ин кӯшиши дар назари Ӯ пок мондан аст. Одатан волидон сахт мекӯшанд, ки фарзандонашон тозаю озода бошанд. Чаро? Яке аз сабабҳо ин аст, ки тозагӣ барои саломатӣ ва беҳбудии кӯдак муҳим мебошад. Илова бар ин, тозаву озода будани кӯдак обрӯю эътибори оиларо мебардорад ва аз муҳаббату ғамхории волидон шаҳодат медиҳад. Маҳз аз ин сабабҳо Яҳува мехоҳад, ки мо пок бошем. Ӯ медонад, ки покӣ барои беҳбудии мо муҳим аст. Ҳамчунин покии мо обрӯю эътибори Падари осмониамонро мебардорад. Ин бисёр муҳим аст, зеро одамон мебинанд, ки мо чӣ гуна дар ин ҷаҳони фосид байни аксарият фарқ мекунем ва ин дар навбати худ шояд онҳоро ба Худои мо ҷалб намояд.

19. Мо аз куҷо медонем, ки тозагии ҷисмонӣ муҳим аст?

19 Аз кадом ҷиҳатҳо мо бояд пок бимонем? — Аз ҳама ҷиҳатҳо. Дар замонҳои қадим Яҳува ба халқи Исроил аниқу равшан нишон дод, ки тозагии ҷисмонӣ муҳим аст (Иб. 15:31). Дар Қонуни Мусо масъалаҳое ба монанди дур кардани ахлот, тоза кардани зарфҳо, шустани дасту пой ва либос муҳокима мешуданд (Хур. 30:17–21; Иб. 11:32; Ад. 19:17–20; Такр. Ш. 23:13, 14). Ба исроилиён ҳамеша ёдрас карда мешуд, ки Худои онҳо Яҳува муқаддас, яъне пок, тоза ва қуддус аст. Ходимони Худои муқаддас бояд мисли Ӯ муқаддас бошанд. (Ибодат 11:44, 45–ро бихонед.)

20. Аз кадом ҷиҳатҳо мо бояд пок бимонем?

20 Пас, мо бояд ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан пок бошем. Мо мекӯшем, ки фикрҳоямонро пок нигоҳ дорем. Мо ба фисқу фуҷури ин ҷаҳон нигоҳ накарда, устуворона меъёрҳои Яҳуваро оиди покии ахлоқ риоя мекунем. Аз ҳама муҳимаш, мо боисрор ибодатамонро пок нигоҳ медорем ва худро бо ягон чизи бо дини дурӯғин алоқаманд олуда намекунем. Мо ҳамеша суханони огоҳкунандаи дар Ишаъё 52:11 навишташударо дар хотир дорем: «Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед! Ба чизи нопок нарасед! Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед». Мо ба ягон чизе, ки дар назари Падари осмониамон аз ҷиҳати динӣ нопок аст, ҳатто «даст намерасонем» ва бо ин аз ҷиҳати рӯҳонӣ пок мемонем. Масалан, аз ин сабаб мо каме ҳам дар ягон иду маросимҳои дини дурӯғин, ки онҳо дар ҷаҳони имрӯза маъмуланд, иштирок намекунем. Бале, дар ин ҷаҳон бароямон пок мондан осон нест. Аммо халқи Яҳува барои ин кӯшиш мекунад, зеро нигоҳ доштани покӣ ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар муҳаббати Худо бимонанд.

21. Чӣ ба мо эътимод мебахшад, ки мо дар муҳаббати Худо хоҳем монд?

21 Яҳува мехоҳад, ки мо ҷовидона дар муҳаббати Ӯ бимонем. Лекин ҳар яки мо бояд итминон ҳосил намояд, ки барои дар муҳаббати Худо мондан ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад. Чӣ тавр мо дар муҳаббати Худо монда метавонем? — Бо он ки ба намунаи Исо пайравӣ мекунем ва муҳаббати худро нисбати Яҳува бо риоя кардани аҳкоми Ӯ исбот менамоем. Бо ин роҳ мо итминон дошта метавонем, ки ҳеҷ чиз «моро аз муҳаббати Худо, ки дар ... Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад» (Рум. 8:38, 39).

Оё дар хотир доред?

• Чӣ тавр виҷдон ба мо кӯмак карда метавонад, ки мо дар муҳаббати Худо бимонем?

• Чаро мо бояд онҳоеро, ки Яҳува дӯст медорад, дӯст бидорем?

• Барои чӣ эҳтиром кардани ҳокимият муҳим аст?

• Покӣ барои халқи Худо то чӣ андоза муҳим аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Замимаи саҳифаи 8]

АДАБИЁТЕ, КИ БА РАФТОРИ НЕК БАРМЕАНГЕЗАД

Дар анҷуманҳои вилоятии соли 2008 эълон карда шуд, ки китоби 224–саҳифагии «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» ба бисёр забонҳо аз чоп баромад. Мақсад аз нашри ин китоби нав дар чист? Он ба масеҳиён кӯмак мекунад, ки бо меъёрҳои Яҳува хубтар шинос шаванд ва онҳоро дӯст доранд; диққати асосӣ дар он ба ахлоқи масеҳӣ дода шудааст. Бо омӯзиши бодиққати ин китоб мо эътимоди бештаре ҳосил хоҳем кард, ки зиндагӣ мувофиқи меъёрҳои Яҳува имрӯз роҳи беҳтарин аст ва сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад.

Беш аз ҳама, бо кӯмаки ин китоб мо мебинем, ки итоат ба Яҳува гарон нест. Баръакс, бо итоаткорӣ мо ба Яҳува нишон медиҳем, ки чӣ тавр Ӯро сахт дӯст медорем. Китоби мазкур ҳар яки моро ташвиқ хоҳад кард, ки аз худ бипурсем: «Чаро ман ба Яҳува итоат мекунам?».

Вақте ки касе аз беақлӣ муҳаббати Яҳуваро рад мекунад, одатан сабаб на дар таълимоти Китоби Муқаддас, балки дар рафтори нодурусти он шахс мебошад. Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки муҳаббату миннатдориамонро ба аҳкому принсипҳои Яҳува, ки онҳо моро дар ҳаёти ҳаррӯза роҳнамоӣ мекунанд, қавӣ гардонем! Мо боварии комил дорем, ки ин нашрияи нав ба ҳама ходимони Яҳува кӯмак хоҳад кард, то онҳо дар роҳи рост устувор бимонанд, дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот намоянд ва аз ҳама муҳимаш худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доранд (Яҳд. 21).