Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Муҳаббати Масеҳ моро ба муҳаббат бармеангезад

Муҳаббати Масеҳ моро ба муҳаббат бармеангезад

Муҳаббати Масеҳ моро ба муҳаббат бармеангезад

«Ӯ [Исо], ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт» (ЮҲ. 13:1).

1, 2. а) Муҳаббати Исо бо чӣ фарқ мекард? б) Кадом ҷонибҳои муҳаббатро дар ин мақола муҳокима менамоем?

ИСО дар зоҳир намудани муҳаббат намунаи комил гузоштааст. Сухангӯӣ, рафтору кирдор, таълимот ва марги фидокоронаи ӯ — ҳама аз муҳаббати вай шаҳодат медоданд. Исо то охири ҳаёти заминиаш ба одамон ва хусусан ба шогирдонаш муҳаббат зоҳир мекард.

2 Намунаи барҷастаи муҳаббати Исо барои пайравонаш меъёрҳои баландро муайян мекунад. Он ҳамчунин моро бармеангезад, ки чунин муҳаббатро ҳам нисбати бародарону хоҳарони рӯҳонӣ ва ҳам нисбати одамони дигар зоҳир намоем. Дар ин мақола мо чунин саволҳоро муҳокима хоҳем кард: чӣ тавр пирони ҷамъомад мисли Исо ба касоне, ки хато ё ҳатто хатои ҷиддӣ содир кардаанд, муҳаббат зоҳир карда метавонанд? Чӣ тавр муҳаббати Исо масеҳиёнро бармеангезад, ки дар душвориҳо, бемориҳо ва ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ба ҳамимонон кӯмак кунанд?

3. Қатъи назар аз он ки Петрус хатоҳои ҷиддӣ содир мекард, Исо ба ӯ чӣ гуна муносибат менамуд?

3 Шаби пеш аз марги Исо яке аз расулонаш — Петрус пайрави ӯ буданашро се маротиба инкор кард (Марқ. 14:66–72). Лекин Петрус, чӣ хеле ки Исо пешгӯӣ намуд, аз кори кардааш пушаймон шуд ва Исо ӯро бахшид. Исо ба ӯ вазифаҳои пурмасъул супорид (Луқ. 22:32; Аъм. 2:14; 8:14–17; 10:44, 45). Мо аз муносибати Исо ба шахсоне, ки хатоҳои ҷиддӣ кардаанд, чӣ меомӯзем?

Ба онҳое, ки гуноҳ содир кардаанд, мисли Масеҳ муносибат кунед

4. Хусусан дар кадом ҳолат мисли Масеҳ муҳаббат зоҳир кардан лозим аст?

4 Байни ҳолатҳои зиёде, ки мо дар онҳо бояд ба дигарон мисли Масеҳ муносибат кунем, хусусан мушкилаш муносибат ба касонест, ки гуноҳи ҷиддӣ содир кардаанд — хоҳ онҳо аъзои оила бошанд, хоҳ танҳо аъзои ҷамъомад. Мутаассифона, дар баробари наздик шудани анҷоми тартиботи Шайтон рӯҳияи ин ҷаҳон беш аз пеш масеҳиёни зиёдро ахлоқан фосид мекунад. Рӯҳияи манфӣ ё бепарвоии одамон метавонад ҳам ба ҷавонон ва ҳам ба пиронсолон таъсир расонда, иродаи онҳоро дар рафтан бо роҳи танг суст гардонад. Дар асри як баъзеҳоро аз ҷамъомад хориҷ кардану бархеи дигарро танбеҳ додан лозим меомад. Имрӯз низ чунин вазъият ҷой дорад (1 Қӯр. 5:11–13; 1 Тим. 5:20). Бо вуҷуди ин, вақте ки пирони ин гуна масъалаҳоро дидабароянда мисли Масеҳ муҳаббат зоҳир мекунанд, ин метавонад ба шахси гуноҳсодиркарда сахт таъсир намояд.

5. Дар пайравӣ ба Масеҳ пирон чӣ тавр бояд ба шахсони гуноҳкарда муносибат намоянд?

5 Мисли Исо, пирон ҳамеша бояд меъёрҳои одилонаи Яҳуваро риоя намоянд. Ҳамзамон онҳо ҳалимӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббати Яҳуваро инъикос мекунанд. Вақте ки касе дар ҳақиқат аз хатои кардааш пушаймону «дилшикаста» ва «рӯҳафтода» аст, барои пирон ӯро «дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ» кардан душвор нест (Заб. 33:19; Ғал. 6:1). Аммо дар бораи муносибати пирон ба касоне, ки рӯирост саркашӣ мекунанд ва аз кори кардаашон начандон пушаймонанд ё тамоман пушаймон нестанд, чӣ гуфтан мумкин аст?

6. Дар муносибат бо касони гуноҳсодиркарда пирон бояд аз чӣ худдорӣ намоянд ва чаро?

6 Вақте ки шахси гуноҳкарда маслиҳати бар Навиштаҳо асосёфтаро рад мекунад ё айби худро ба гардани дигарон мегузорад, шояд пирон ва дигар аъзоёни ҷамъомад ба хашм оянд. Донистани зараре, ки аллакай ин шахс расонидааст, шояд онҳоро тела диҳад, ки эҳсосоти шахсии худро нисбати рафтору рӯҳияи каси гуноҳкарда баён намоянд. Лекин хашму ғазаб зараровар аст ва он ба тарзи фикрронии Масеҳ мувофиқат намекунад. (1 Қӯр. 2:16; Яъқуб 1:19, 20–ро бихонед.) Ҳарчанд Исо баъзе одамонро сахтгирона мазаммат мекард, ӯ ҳеҷ гоҳ суханони пурнафрат ва таҳқиромез намегуфт (1 Пет. 2:23). Баръакс, ӯ нишон медод, ки роҳ барои гуноҳкорон ҳамеша кушода аст, яъне агар онҳо тавба кунанд, аз нав илтифоти Яҳуваро ба даст оварда метавонанд. Бале, яке аз сабабҳои асосии ба замин омадани Исо — «гуноҳкоронро наҷот» додан буд (1 Тим. 1:15).

7, 8. Ҳангоми қабули қарорҳо ҳайати ҳуқуқӣ бояд аз рӯи чӣ амал намояд?

7 Намунаи Исо ба муносибати мо нисбати касоне, ки дар ҷамъомад ба чораҳои ислоҳкунанда ниёз доранд, чӣ гуна бояд таъсир намояд? Дар хотир доред, ки чораҳои ислоҳкунандаи дар Навиштаҳо асосёфтаи ҳайати ҳуқуқӣ рамаро муҳофизат менамоянд ва шояд шахси гуноҳкардаро ба тавба кардан барангезанд (2 Қӯр. 2:6–8). Мутаассифона баъзеҳо аз гуноҳи кардаашон тавба намекунанд ва бояд аз ҷамъомад хориҷ карда шаванд, лекин донистани он ки бисёре аз чунин шахсон чанде пас ба ҷамъомад баргашта, муносибатҳояшонро бо Яҳува барқарор мекунанд, рӯҳбаландкунанда аст. Вақте ки пирон нисбати касони гуноҳкарда мисли Масеҳ муҳаббат зоҳир мекунанд, онҳо барои тавба кардану оқибат ба ҷамъомад баргаштани чунин шахсон кӯмак мекунанд. Бо мурури вақт, баъзе шахсони аз ҷамъомад хориҷкардашуда шояд ҳамаи маслиҳатҳои дар асоси Навиштаҳо додаи пиронро фаромӯш кунанд, аммо онҳо муносибати эҳтиромона ва муҳаббати пиронро албатта дар ёд хоҳанд дошт ва ин дар навбати худ онҳоро барои баргаштан ба ҷамъомад хоҳад барангехт.

8 Аз ин рӯ, пирон бояд «самари Рӯҳ», хусусан муҳаббат зоҳир намоянд, ҳатто агар шахси гуноҳкарда маслиҳати дар асоси Навиштаҳо додаи онҳоро қабул накунад (Ғал. 5:22, 23). Онҳо набояд ҳеҷ гоҳ шитобкорона шахси гуноҳсодиркардаро аз ҷамъомад хориҷ намоянд. Пирон бояд нишон диҳанд, ки ба ҷамъомади Яҳува баргаштани касони иштибоҳкардаро мехоҳанд. Ва агар гуноҳкарда баъдтар тавба кунад, (ки аксаран ҳамин тавр аст) шояд дили вай аз миннатдорӣ ҳам ба Яҳува ва ҳам ба пирон лабрез гардад, зеро ин одамони «чун инъомҳо ато»–шуда [ТДН] ба ӯ барои ба ҷамъомад баргаштанаш кӯмак карданд (Эфс. 4:8, 11, 12).

Дар ин замони охир ба якдигар муҳаббат зоҳир намоед

9. Мисоле оред, ки чӣ тавр Исо дар амал нисбати шогирдонаш муҳаббат зоҳир кард.

9 Дар Инҷили Луқо яке аз намунаҳои барҷастаи дар амал зоҳир гаштани муҳаббати Исо навишта шудааст. Исо медонист, ки баъди чанде сарбозони Рум Ерусалими ба нобудшавӣ маҳкумшударо иҳота карда, ба гурехтани сокинонаш монеа мешаванд, бинобар ин вай аз муҳаббат шогирдонашро огоҳ карда гуфт, ки агар «бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст». Онҳо бояд чӣ кор мекарданд? Исо аниқу равшан ба онҳо фаҳмонд: «Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд, чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст» (Луқ. 21:20–22). Баъди он ки сарбозони Рум дар соли 66–уми д. мо Ерусалимро иҳота карданд, шахсони итоаткор мувофиқи ин дастурот амал намуданд.

10, 11. Чӣ тавр намунаи масеҳиёни асри як ба мо кӯмак мекунад, ки ба «мусибати бузург» тайёр шавем?

10 Ҳангоми аз Ерусалим гурехтан масеҳиён бояд ба ҳамдигар муҳаббат зоҳир мекарданд — айнан ҳамон тавре ки Масеҳ ба онҳо зоҳир карда буд. Албатта, онҳо ҳар чизеро ки доштанд, бояд ба ҳам медиданд. Вале пешгӯии Исо на танҳо ба нобудшавии он шаҳри қадим дахл дошт. Ӯ пешгӯӣ карда буд: «Дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд» (Мат. 24:17, 18, 21). Пеш аз «мусибати бузург»–и омадаистода ва дар давоми он мо ҳам шояд бо душвориҳо дучор шавем ва аз чизе танқисӣ кашем. Доштани тарзи фикрронии Масеҳ барои аз сар гузаронидани ҳамаи ин ба мо кӯмак мекунад.

11 Дар он вақт мо ҳам бояд ба намунаи Исо пайравӣ намуда, ба якдигар муҳаббати фидокорона зоҳир кунем. Дар алоқамандӣ бо ин Павлус гуфт: «Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад, дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст. Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд ... [«Бигзор ба туфайли Худо, ки устувориву тасаллӣ медиҳад, дар шумо айнан ҳамон тарзи фикрронӣ бошад, ки Масеҳ Исо дошт», ТДН]» (Рум. 15:2, 3, 5).

12. Ҳоло мо бояд чӣ гуна муҳаббат инкишоф диҳем ва чаро?

12 Ҳамчунин Петрус, ки муҳаббати Исоро шахсан эҳсос карда буд, масеҳиёнро ташвиқ менамуд, ки «бародардӯстии бериё» инкишоф диҳанд ва ба «ростӣ», яъне ҳақиқат итоат кунанд. Ӯ мегуфт, ки «якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред» (1 Пет. 1:22). Имрӯз мо беш аз пеш бояд чунин хусусиятҳои масеҳиро дар худ инкишоф диҳем. Ҳоло фишор ба тамоми халқи Худо афзуда истодааст. Ҳеҷ кадоми мо набояд ба ягон ҷузъи ин ҷаҳон такя кунем ва ҳақ будани ин гуна рафтори моро бӯҳрони имрӯзаи иқтисодии ҷаҳонӣ ба таври равшан нишон медиҳад. (1 Юҳанно 2:15–17-ро бихонед.) Ҳоло ки анҷоми ин тартибот торафт наздик шуда истодааст, мо бояд ба Яҳува наздиктар гардему бо ҳамимононамон муносибатҳои наздики дӯстона инкишоф диҳем. Павлус ташвиқ мекард: «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Рум. 12:10). Ин фикрро Петрус давом дода, қайд намуд: «Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад» (1 Пет. 4:8).

13–15. Чӣ тавр баъзе ҳамимонон ба осебдидагони офатҳои табиӣ муҳаббати масеҳӣ зоҳир намуданд?

13 Дар саросари ҷаҳон Шоҳидони Яҳуваро чун касоне, ки дар амал муҳаббат зоҳир менамоянд, мешиносанд. Масалан, соли 2005 тӯфону тундбод ноҳияҳои паҳновари ҷануби Иёлоти Муттаҳидаро хароб гардонид. Шоҳидон ба кӯмаки ҷабрдидагон даъват карда шуданд. Ин даъватро беш аз 20 000 ихтиёриён қабул карданд. Бисёре аз онҳо хонаҳои бароҳату ҷои кори худро гузошта, ба кӯмаки ҳамимонон шитофтанд.

14 Дар як маҳал дар натиҷаи тӯфони шадид ҳатто «девори» даҳметраи об ба вуҷуд омад ва оби баҳр ба масофаи 80 километр ба хушкӣ даромад. Вақте ки сатҳи об паст шуд, маълум гашт, ки сеяки хонаву биноҳо тамоман хароб гардидаанд. Аз мамлакатҳои гуногун Шоҳидони бисёр барои кӯмак кардан омаданд, ки баъзеи онҳо дорои малакаву маҳорати лозима буданд. Ин ихтиёриён ба маҳалли осебдида асбобу анҷомҳои корӣ ва масолеҳи сохтмонӣ оварданд ва тайёр буданд, ки ҳар кори даркориро кунанд. Апаву хоҳари бевазане чизу чораи худро ба як мошини хурди боркаш бор карда, 3 000 километр роҳро тай намуданд ва ба маҳалли осебдида омаданд. Яке аз онҳо дар он маҳал монд ва то ба ҳол ҳамкориашро бо кумитаи маҳаллии кӯмак ба ҷабрдидагон давом медиҳад ва ҳамчунин чун пешрави доимӣ хизмат менамояд.

15 Беш аз 5 600 хонаҳои Шоҳидон ва хонаҳои одамони дигар дар он маҳал аз нав сохта ё таъмир карда шуданд. Аз чунин муҳаббати бузурги ҳамимонон Шоҳидони маҳаллӣ чӣ эҳсос карданд? Масалан, хонаи хоҳаре вайрон шуда буд ва ӯ ба трейлери хурде, ки аз шифташ об мечакиду плитаи хӯрокпазиаш вайрон буд, кӯчид. Бародарон барояш хонаи хоксорона, вале бароҳате бино карданд. Назди хонаи нави худ истода, ӯ аз шодӣ мегирист ва ба Яҳува ва бародарон миннатдор буд. Бисёр Шоҳидони дигари маҳаллӣ, бо вуҷуди он ки аллакай хонаҳояшон аз нав сохта шуда буданд, як сол ва беш аз ин дар биноҳои мувақаттӣ истиқомат карданд. Чаро? — То ки дар хонаҳои нави онҳо ҳамимононе, ки дар корҳои сохтмонӣ иштирок мекарданд, зиндагӣ кунанд. Чӣ намунаи хуби зоҳир шудани муҳаббати масеҳӣ аст ин!

Ба беморон мисли Масеҳ муносибат кунед

16, 17. Бо кадом роҳҳо мо нишон медиҳем, ки ба беморон мисли Масеҳ муносибат мекунем?

16 Шумораи нисбатан ками одамон аз офатҳои калони табиӣ осеб мебинанд. Лекин қариб ҳар яки мо бо мушкилиҳои бо саломатӣ алоқаманд рӯ ба рӯ мегардем — худамон бемор мешавем ё касе аз аъзоёни оилаамон. Муносибати Исо ба беморон ба мо чун намунаи ибрат хидмат мекунад. Муҳаббат ӯро бармеангехт, ки ба онҳо ҳамдардӣ зоҳир намояд. Вақте ки одамон беморони худро назди ӯ меоварданд, вай «ҳамаи беморонро шифо» медод (Мат. 8:16; 14:14).

17 Имрӯз масеҳиён мисли Исо қудрати ба таври мӯъҷиза шифо бахшидани беморонро надоранд, вале онҳо ба чунин шахсон мисли Исо ҳамдардӣ зоҳир менамоянд. Чӣ тавр? Масалан, пирон дорои тарзи фикрронии Масеҳ буданашонро бо он нишон медиҳанд, ки барои кӯмак ба аъзоёни бемори ҷамъомад навбатдории ҳамимононро ташкил мекунанд ва бо ин онҳо мувофиқи принсипе, ки дар Матто 25:39, 40 навишта шудааст, амал менамоянд *. (Оятҳоро бихонед.)

18. Чӣ тавр ду хоҳар муҳаббати самимии худро нисбати хоҳари дигар зоҳир намуданд ва ин чӣ баракатҳои рӯҳонӣ овард?

18 Албатта, барои ба дигарон некӣ кардан пири ҷамъомад будан шарт нест. Мисолеро дида мебароем. Шарлин, хоҳари 44–сола ба бемории саратон гирифтор буд ва табибон ба ӯ гуфтанд, ки 10 рӯзи дигар зиндагӣ мекунад. Ба кӯмак мӯҳтоҷ будани вай ва ташвишу изтироби шавҳари содиқи ӯро дида, ду хоҳари масеҳӣ, Шерон ва Николетт кӯмаки худро барои нигоҳубини бемор пешниҳод карданд. Онҳо тайёр буданд, ки то рӯзи охирини ҳаёти Шарлин ба ӯ кӯмак кунанд. Шарлин даҳ рӯз неву шаш ҳафта зиндагӣ кард, лекин он ду хоҳар то охир ба ӯ муҳаббат зоҳир намуданд. «Донистани он ки бемор сиҳат намешавад, мушкил аст,— қайд мекунад Шерон.— Аммо Яҳува ба мо қувват мебахшид. Ҳамаи ин мушкилиҳо моро ба Ӯ ва ба ҳамдигар наздиктар сохт». Шавҳари Шарлин мегӯяд: «Ман меҳрубонӣ ва кӯмаки амалии ин ду хоҳари азизро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Ниятҳои нек ва рӯҳияи мусбати онҳо озмоиши охирини Шарлини вафодори маро осонтар гардониданд ва ҳамчунин ба ман аз ҷиҳати ҷисмониву равонӣ қувват бахшиданд, ки маҳз ба он ман ниёз доштам. Ман як умр аз онҳо миннатдор хоҳам буд. Муҳаббати фидокоронаи онҳо имони маро ба Яҳува қавӣ гардонд ва муҳаббатамро ба тамоми бародарияти масеҳӣ пурзӯр кард».

19, 20. а) Кадом панҷ ҷиҳати тарзи фикрронии Масеҳро мо дида баромадем? б) Шумо ба чӣ азм намудед?

19 Дар ин се мақола мо панҷ ҷиҳати тарзи фикрронии Исоро дида баромадем. Ҳамчунин мо муҳокима намудем, ки чӣ тавр метавонем дар худ ин гуна тарзи фикрронӣ инкишоф диҳем ва мисли ӯ рафтор намоем. Биёед мо низ чун Исо «ҳалим ва фурӯтан» бошем (Мат. 11:29). Биёед ба дигарон меҳрубонона муносибат кунем, ҳатто агар нокомиливу заифии онҳоро бинем ҳам. Ҳамчунин биёед ба ҳамаи аҳкомҳои Яҳува далерона итоат кунем, ҳатто вақте ки бо озмоишҳо дучор мешавем.

20 Ниҳоятан, биёед ҳамаи бародаронро мисли Масеҳ «то ба охир дӯст» дорем. Чунин муҳаббат пайравони ҳақиқии Исо будани моро нишон медиҳад (Юҳ. 13:1, 34, 35). «Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад» (Ибр. 13:1). Онро суст накунед! Ҳаётатонро барои ҳамду санои Яҳува ва кӯмак ба дигарон сарф кунед! Кӯшишҳои самимонаи шуморо Яҳува баракат хоҳад дод.

[Эзоҳ]

^ сарх. 17 Ба мақолаи «“Ба саломатӣ рафта, гарм ва сер шавед” гуфтан кифоя нест» аз «Бурҷи дидбонӣ», аз 15. 03. 1987 (рус.) нигаред.

Оё фаҳмонда метавонед?

• Чӣ тавр пирон нишон дода метавонанд, ки дар муносибат бо шахсони гуноҳкарда ба Масеҳ пайравӣ мекунанд?

• Чаро зоҳир кардани муҳаббати масеҳӣ хусусан дар ин рӯзҳои охир муҳим аст?

• Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба беморон мисли Масеҳ муносибат мекунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]