Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Он чиро ки Яҳува баҳри наҷоти шумо кард, қадр кунед

Он чиро ки Яҳува баҳри наҷоти шумо кард, қадр кунед

Он чиро ки Яҳува баҳри наҷоти шумо кард, қадр кунед

«Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст» (ЛУҚ. 1:68).

1, 2. Ҷиддӣ будани ҳолати имрӯзаи моро бо кадом мисол тасвир кардан мумкин аст ва кадом саволҳоро муҳокима хоҳем намуд?

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо дар беморхона ҳастед. Дар палатаи шумо ҳама гирифтори як беморианд. Шумо медонед, ки ин беморӣ марговар асту то ба ҳол давое аз он ёфт нашудааст. Вақте шумо шунидед, ки духтуратон барои ҷустуҷӯ кардани роҳҳои табобати ин беморӣ гузаронидани корҳои тадқиқотиро сарварӣ мекунад, дар шумо умеде пайдо мешавад. Аз рафти тадқиқот шумо бесаброна хабарҳои навро интизоред. Ниҳоят, шумо рӯзе фаҳмидед, ки давои ин дард ёфт шуд! Барои ёфтани он духтуратон бисёр чизҳоро қурбон кардааст. Шумо нисбати ӯ чӣ эҳсос хоҳед кард? Бешубҳа, дили шумо аз миннатдорӣ ба ӯ лабрез хоҳад гашт ва шумо вайро хеле баланд эҳтиром хоҳед намуд, зеро ӯ ба шумо ва ба дигар одамони зиёд барои наҷот ёфтан аз марг роҳ кушод.

2 Ин мисол ҳолатеро, ки ҳамаи мо дар он қарор дорем, хуб тасвир мекунад. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ҳолати мо аз он ҳам ҷиддитар мебошад. Мо бениҳоят ба наҷот мӯҳтоҷем. (Румиён 7:24–ро бихонед.) Баҳри он ки мо наҷот ёбем, Яҳува бисёр чизҳоро қурбон кард. Дар бораи Писари Ӯ низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. Аз ин рӯ, биёед чор саволи муҳимро муҳокима намоем. Чаро мо ба наҷот ниёз дорем? Баҳри наҷоти мо Исо бояд чӣ кор мекард? Яҳува чӣ кор кард? Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо он чиро ки Худо баҳри наҷоти мо кард, қадр менамоем?

Чаро мо ба наҷот ниёз дорем

3. Ба кадом маъно гуноҳ ба пандемия монанд аст?

3 Пандемия — ин дар миқёси чанд мамлакат паҳн шудани бемории сирояткунанда аст. Мувофиқи маълумоти охирин яке аз мудҳиштарин пандемияҳои таърихи инсоният — ин пандемияи гриппи «испанка» (солҳои 1918–1919) мебошад, ки он ҳаёти даҳҳо миллион одамонро бурдааст. Бемориҳои дигар ба маънои муайян боз ҳам марговартаранд. Ҳарчанд онҳо шояд ба шумораи камтари одамон сироят кунанд ҳам, аз онҳо фоизи бештари одамон мемиранд *. Оё гуноҳро ба чунин пандемия монанд кардан мумкин аст? Суханони дар Румиён 5:12 навишташударо ба хотир оред: «Чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд». Гуноҳ ба 100 фоизи одамон «сироят» кардааст, бинобар ин, ҳама инсонҳои нокомил гуноҳ мекунанд. (Румиён 3:23–ро бихонед.) Ва чанд фоизи ин «сироятшудагон» мемиранд? Павлуси расул навиштааст, ки аз гуноҳ «ҳамаи одамон» мемиранд.

4. Мувофиқи нияти Яҳува мо бояд чӣ қадар умр медидем ва нуктаи назари Ӯ аз ақидаи аксари одамони имрӯза чӣ тавр фарқ мекунад?

4 Барои аксарият гуноҳу марг имрӯз чизи муқаррарӣ аст. Одамон аз бармаҳал мурдани касе ба ташвиш меоянд, аммо барояшон аз пирӣ мурдани инсон ҳодисаи «табиӣ» мебошад. Мутаассифона инсоният нияти Офаридгорро фаромӯш мекунад. Имрӯз умри одамон нисбат ба он ки дар нияти Худо буд, хеле кӯтоҳ аст. Дар асл, аз рӯи нуктаи назари Яҳува ягон инсон то ба ҳол ҳатто «як рӯз» ҳам зиндагӣ накардааст (2 Пет. 3:8). Аз ин рӯ, Каломи Худо мегӯяд, ки дарозии умри инсон мисли як нафас ё мисли давраи сабзиши алаф кӯтоҳ аст (Заб. 143:4; 1 Пет. 1:24). Инро мо бояд дар хотир дорем. Чаро? Зеро агар мо ҷиддияти «беморӣ»–еро, ки ба мо таъсир мекунад, эътироф намоем, мо «давои он», яъне наҷоти худро бештар қадр хоҳем кард.

5. Аз сабаби гуноҳ ҳар як инсон аз чӣ маҳрум шуд?

5 Барои эътироф кардани ҷиддияти гуноҳ ва оқибатҳои он мо бояд бифаҳмем, ки ин «беморӣ» ба инсон чӣ гуна таъсир кардааст. Шояд ин душвор бошад, зеро аз сабаби гуноҳ мо ҳеҷ гоҳ чизеро, ки нахустволидонамон доштанд, надоштем. Одаму Ҳавво дар аввал аз комилияти инсонӣ баҳравар буданд. Онҳо ақлу тани комил доштанд. Нахустволидайнамон ба таври комил метавонистанд фикр, эҳсосот ва рафтору кирдори худро идора намоянд ва ба туфайли ин онҳо чун ходимони Яҳува Худо дар худ инкишоф додани хусусиятҳои олиҷанобро давом дода метавонистанд. Вале Одаму Ҳавво ба ин атои бебаҳо — ҳаёти комили инсонӣ беэътиноӣ карданд. Онҳо роҳи гуноҳро интихоб намуда, бар муқобили Яҳува баромаданд ва бо ин ҳам худашон ва ҳам наслашонро аз ҳаёте, ки Яҳува барои инсоният ният карда буд, маҳрум сохтанд (Ҳас. 3:16–19). Ҳамзамон онҳо ҳам худашон ва ҳам моро ба «бемории» мудҳише, ки ҳоло мо онро муҳокима мекунем, гирифтор намуданд. Яҳува Одаму Ҳавворо аз рӯи адолат маҳкум кард. Ба мо бошад, барои наҷот Ӯ умед мебахшад (Заб. 102:10).

Баҳри наҷоти мо Исо бояд чӣ кор мекард

6, 7. а) Чӣ тавр Яҳува бори аввал нишон дод, ки наҷоти мо барояш хеле гарон хоҳад афтод? б) Аз қурбонии Ҳобил ва дигар сарварони қавм, ки онҳо то дода шудани Қонун зиндагӣ мекарданд, мо чӣ мефаҳмем?

6 Яҳува медонист, ки наҷот додани насли Одаму Ҳавво барояш хеле гарон хоҳад афтод. Пешгӯии дар Ҳастӣ 3:15 навишташуда ошкор мекунад, ки барои наҷот чӣ лозим буд. Мувофиқи ваъдаи Яҳува бояд «насл» ё наҷотдиҳандае меомад ва ӯ бояд рӯзе Шайтонро несту нобуд мекард. Аммо пеш аз ин, пошнаи наҷотдиҳанда ба маънои рамзӣ бояд кӯфта мешуд, яъне ба ӯ бояд осебе расонида мешуд, вале чӣ гуна осеб? Интихобкардаи Яҳува маҳз ба чӣ бояд тоб меовард?

7 Барои озод кардани инсоният аз гуноҳ наҷотдиҳанда бояд кафорат пешниҳод менамуд, ки он метавонист одамонро бо Худо оштӣ кунад ва оқибатҳои гуноҳро бартараф созад. Ин чиро дар бар мегирифт? Аллакай дар давраҳои қадим аз рӯи баъзе аломатҳо маълум буд, ки қурбонӣ дар талаб аст. Вақте ки аввалин инсони содиқ, Ҳобил ҳайвонҳоро барои Яҳува чун қурбонӣ овард, ин ба Худо писанд омад. Баъдтар, чунин шахсони худотарс ва сарварони қавм ба монанди Нӯҳ, Иброҳим, Яъқуб ва Айюб ҳамин гуна қурбониҳо меоварданд, ки ин ҳам писанди Худо буд (Ҳас. 4:4; 8:20, 21; 22:13; 31:54; Айюб 1:5). Садсолаҳо пас, дар бораи овардани қурбониҳо аз Қонуни Мусо чизҳои бештаре маълум гашт.

8. Саркоҳин ҳар сол дар Рӯзи кафорат чӣ кор мекард?

8 Яке аз муҳимтарин қурбониҳое, ки Қонун талаб мекард — ин қурбониҳое буданд, ки ҳар сол дар Рӯзи кафорат оварда мешуданд. Дар он рӯз саркоҳин як қатор амалҳоеро, ки маънои рамзӣ доштанд, ба ҷо меовард. Ӯ барои кафорати гуноҳҳо — аввалан барои гуноҳҳои коҳинон ва сипас барои гуноҳҳои сибтҳои ғайрикоҳинӣ — ба Яҳува қурбониҳо пешкаш мекард. Саркоҳин ба Қудси қудсҳои хаймаи муқаддас ё маъбад дохил мешуд, ки ба он ҷо танҳо ӯ ва фақат як бор дар ҳамон рӯзи сол даромада метавонист. Он ҷо вай хуни қурбониҳоро назди сандуқи шаҳодат мепошид. Дар болои он сандуқи муқаддас абри дурахшон пайдо мешуд, ки он аз ҳузури Яҳува Худо шаҳодат медод (Хур. 25:22; Ибд. 16:1–30).

9. а) Дар Рӯзи кафорат саркоҳин тимсоли кӣ буд ва қурбониҳое, ки ӯ меовард, рамзи чӣ буданд? б) Ба Қудси қудсҳо даромадани саркоҳин тимсоли чӣ буд?

9 Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ маънои амалҳои рамзии саркоҳинро фаҳмонд. Ӯ нишон дод, ки саркоҳин тимсоли Исои Масеҳ буд, овардани қурбониҳо бошанд, рамзи қурбонии Масеҳ буданд (Ибр. 9:11–14). Он қурбонии комил бояд барои гуноҳҳои ду гӯрӯҳи одамон — синфи коҳинон, ки аз 144 000 бародарони тадҳиншудаи Масеҳ иборатанд ва «гӯсфандони дигар» — чун кафорати ҳақиқӣ хидмат мекард (Юҳ. 10:16). Ба Қудси қудсҳо даромадани саркоҳин тимсоли он буд, ки Исо ба худи осмон «даромада», назди Яҳува Худо баҳои қурбонии фидияро пешкаш мекунад (Ибр. 9:24, 25).

10. Мувофиқи пешгӯиҳои Китоби Муқаддас бо Масеҳ бояд чӣ рӯй медод?

10 Равшан аст, ки барои наҷоти насли Одаму Ҳавво бояд қурбонии бузург оварда мешуд. Масеҳ бояд ҳаёташро фидо мекард! Ба ин ишора карда, пайғамбарон дар Навиштаҳои Ибронӣ тафсилоти зиёде оварданд. Масалан, Дониёл–пайғамбар гуфт, ки «Масеҳи Раис» бояд «талаф», яъне кушта шавад, то «маъсият кафорат» гардад (Дон. 9:24–26). Ишаъё пешгӯӣ кард, ки Масеҳ рад карда мешавад, таъқиб мегардад ва кушта мешавад, то гуноҳҳои одамони нокомилро бардорад (Иш. 53:4, 5, 7, 8).

11. Чӣ тавр Писари Яҳува нишон дод, ки баҳри наҷоти мо вай ба қурбон кардани ҳаёташ тайёр аст?

11 То ба замин омаданаш Писари ягоназоди Худо медонист, ки баҳри наҷоти мо ӯ бояд чӣ кор мекард. Вай бояд сахт азоб мекашид ва оқибат кушта мешуд. Вақте ки Падараш ба ӯ дар ин бора мегуфт, оё вай саркашӣ ё беитоатӣ кард? Албатта не! Ба ҷои ин, ӯ бо омодагӣ ба иродаи Падар итоат намуд (Иш. 50:4–6). Ҳамчунин ҳангоми дар рӯи замин буданаш Исо итоаткорона иродаи Падарашро иҷро мекард. Чаро? Суханони зерини ӯ ба ин савол ҷавоб медиҳанд: «Ман Падарро дӯст медорам». Вай инчунин гуфт: «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад» (Юҳ. 14:31; 15:13). Инак, дар наҷоти мо муҳаббати Писари Яҳува нақши калон бозидааст. Вай ҳаёти комили инсониашро фидо карда бошад ҳам, ӯ аз ин хурсанд буд, зеро бо ин наҷоти моро имконпазир сохт.

Яҳува чӣ кор кард

12. Фидия зуҳуроти иродаи кист ва чаро он пешкаш карда шуд?

12 Нияти пешкаш кардани фидия ва тарзи пардохти он ба Исо тааллуқ надошт. Фароҳам овардани фидия иродаи Яҳува буд. Павлуси расул ишора намуд, ки қурбонгоҳи маъбад, ки дар он қурбониҳо оварда мешуданд, иродаи Яҳуваро ифода мекард (Ибр. 10:10). Пас, барои наҷоте, ки тавассути қурбонии Масеҳ бароямон имконпазир мегардад, мо пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба Яҳува миннатдорем (Луқ. 1:68). Фидия зуҳуроти иродаи комили Худо ва муҳаббати бузурги Ӯ ба одамон аст. (Юҳанно 3:16–ро бихонед.)

13, 14. Чӣ тавр намунаи Иброҳим кӯмак мекунад, то корҳоеро, ки Яҳува барои беҳбудии мо кардааст, қадр намоем?

13 Бешубҳа, барои Яҳува бо чунин роҳ ба мо муҳаббат зоҳир намудан осон набуд. Ӯ он вақт чӣ эҳсос мекард? Тасаввур кардани ин бароямон душвор аст. Аммо Китоби Муқаддас ба мо кӯмак карда метавонад. Масалан, Яҳува аз ходими содиқи худ Иброҳим хоҳиш кард, ки писараш Исҳоқро ба қурбонӣ орад, ки ин барои ӯ кори душвортарин буд. Иброҳим писарашро дӯст медошт. Яҳува низ қайд кард, ки Исҳоқ писари ягонаи Иброҳим асту вай ӯро сахт дӯст медорад (Ҳас. 22:2). Бо вуҷуди ин, Иброҳим мефаҳмид, ки иҷрои иродаи Яҳува ҳатто аз муҳаббати ӯ ба Исҳоқ муҳимтар аст. Вай ба амри Худо итоат намуд. Лекин Яҳува нагузошт, ки Иброҳим писарашро қурбон кунад, ҳарчанд худаш рӯзе ҳамин тавр кард. Худо фариштае фиристод, то Иброҳимро аз қурбон кардани писараш боздорад. Иброҳим дар ин озмоиши сахт ба Худои худ бечунучаро итоат кардан мехост. Вай фикр мекард, ки ягона роҳи аз нав зинда дидани писараш эҳёшавӣ хоҳад буд. Ӯ боварии комил дошт, ки Худо чунин эҳёшавиро ба амал меорад. Ва Павлус қайд мекунад, ки Исҳоқ ба Иброҳим гӯё тавассути эҳёшавӣ баргардонида шуд (Ибр. 11:19).

14 Оё тасаввур карда метавонед, ки Иброҳим ҳангоми ба қурбонӣ тайёр кардани писараш чӣ дарде эҳсос мекард? Эҳсосоти Иброҳим ба дараҷае ба мо кӯмак мекунад, ки дардеро, ки Яҳува ҳангоми қурбон кардани «Писари Маҳбуб»–аш эҳсос мекард, тасаввур намоем (Мат. 3:17). Аммо дар хотир бояд дошт, ки дарди эҳсоскардаи Яҳува эҳтимол аз ин ҳам сахттар буд. Зеро Ӯ ва Писараш дар тӯли миллионҳо ё ҳатто миллиардҳо солҳои бешумор аз муоширати наздики ҳамдигар баҳравар буданд. Писар назди Падар чун «меъмори моҳир» [ТДН] ва чун Намояндаи Ӯ, яъне чун «Калом» хурсандона меҳнат мекард (Мас. 8:22, 30, 31; Юҳ. 1:1). Дардеро, ки Яҳува ҳангоми азоб кашидани Писараш, ҳангоми тамасхур карда шудану сипас чун ҷинояткор кушта шудани ӯ эҳсос менамуд, мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонем. Бешубҳа, наҷоти мо ба Яҳува хеле гарон афтод! Пас, чӣ тавр нишон диҳем, ки мо он чиро ки Худо баҳри наҷоти мо кард, қадр менамоем?

Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо он чиро ки Худо баҳри наҷоти мо кард, қадр менамоем

15. Чӣ тавр Исо кори бузурги бо кафорат алоқамандро ба анҷом расонд ва ин чиро имконпазир сохт?

15 Баъд аз он ки Исо ба ҳаёти осмонӣ эҳё шуд, ӯ кори бузурги бо кафорат алоқамандро ба анҷом расонд. Вай назди Падари пурмуҳаббаташ баргашт ва ба Ӯ баҳои қурбонии худро пешкаш намуд. Ин баракатҳои бузурге овард. Ба туфайли қурбонии Исо бахшиши пурраи гуноҳҳо имконпазир гашт: аввалан барои бародарони тадҳиншудаи Масеҳ ва сипас барои «тамоми ҷаҳон». Имрӯз ҳамаи онҳое, ки самимона аз гуноҳҳои худ тавба мекунанду пайравони ҳақиқии Масеҳ мегарданд, дар назари Яҳува Худо пок буда метавонанд (1 Юҳ. 2:2). Ин ба шумо чӣ аҳамияте дорад?

16. Бо мисол нишон диҳед, ки чаро бояд наҷотеро, ки Яҳува барои мо имконпазир сохт, қадр кунем?

16 Биёед ба мисоли дар аввали мақола овардашуда баргардем. Фарз мекунем, духтуре, ки давои бемории шуморо ёфт, ба палата омада, ба ҳамаи беморон мегӯяд, ки касе ба муолиҷа розӣ шаваду аз чизҳои муайян парҳез кунад, албатта шифо хоҳад ёфт. Вале агар аксари ҳампалатаҳои шумо қабул кардани дору ва парҳезкуниро бениҳоят душвор ҳисобида, табобати духтурро рад намоянд–чӣ? Оё шумо ҳам ба онҳо ҳамроҳ мешавед, гарчанде ба фоидабахш будани муолиҷа боварӣ ҳосил кардед? Албатта не! Бешубҳа, шумо ба духтур миннатдорӣ баён мекунед ва ҳамаи гуфтаҳои ӯро ба ҷо меоред ва эҳтимол ҳатто ба дигарон дар ин бора нақл менамоед. Пас, то чӣ андоза бештар ҳар яки мо бояд ба Яҳува нишон диҳад, ки наҷотеро, ки Ӯ тавассути қурбонии фидияи Писараш имконпазир сохт, баланд қадр мекунад. (Румиён 6:17, 18–ро бихонед.)

17. Бо кадом роҳҳо нишон диҳем, ки мо он чиро ки Яҳува баҳри наҷоти мо кард, қадр менамоем?

17 Агар мо чизеро, ки Яҳува ва Писари Ӯ барои аз гуноҳу марг наҷот додани мо карданд, қадр кунем, мо инро дар амал нишон хоҳем дод (1 Юҳ. 5:3). Мо бо майли гуноҳ кардан мубориза хоҳем бурд. Мо ҳеҷ гоҳ дидаву дониста гуноҳ нахоҳем кард ва ҳаёти дурӯяву риёкорона, ки он одатан «ҳамсафари» гуноҳ аст, ба сар нахоҳем бурд. Чунин тарзи ҳаёт нишон медод, ки мо фидияро тамоман қадр намекунем ва барои он миннатдор нестем. Баръакс, мо ба Худо миннатдор буданамонро нишон медиҳем ва сахт кӯшиш мекунем, ки дар назари Ӯ пок бимонем (2 Пет. 3:14). Ҳамчунин, мо дар бораи ин умеди олиҷаноби наҷотёбӣ ба дигарон нақл мекунем, то ки онҳо ҳам тавонанд дар назари Яҳува пок гарданд ва ба ояндаи абадӣ умед дошта бошанд (1 Тим. 4:16). Бешубҳа, Яҳува ва Писари Ӯ сазовори онанд, ки мо вақту қуввати худро барои ҷалол додани онҳо сарф намоем! (Марқ. 12:28–30). Танҳо тасаввур кунед, ки моро чӣ дар пеш аст! — Мо аз гуноҳ комилан «шифо» хоҳем ёфт. Мо метавонем ҳамон тавре зиндагӣ кунем, ки Худо ният карда буд, яъне дар комилият ва ҷовидона. Ва ҳамаи ин ба туфайли чизе, ки Яҳува баҳри наҷоти мо кард, муяссар хоҳад гашт! (Рум. 8:21).

[Эзоҳ]

^ сарх. 3 Ҳисоб карда мешавад, ки ба гриппи «испанка» аз 20 то 50 фоизи аҳолии замин гирифтор шуда буд. Аз ин вирус аз 1 то 10 фоизи сироятшудагон ҳалок гаштанд. Дар муқоиса бо ин, бемории Эбола хеле кам вомехӯрад, лекин дар баъзе ҳолатҳо аз он тақрибан 90 фоизи сироятшудагон мемиранд.

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Чаро мо бениҳоят ба наҷот мӯҳтоҷем?

• Он ки Исо барои наҷоти одамон ҳаёташро қурбон кард, ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад?

• Муносибати шумо ба фидия, ки атои Яҳува мебошад, чӣ гуна аст?

• Он чи ки Яҳува баҳри наҷоти инсоният кард, шуморо ба чӣ бармеангезад?

[Саволҳо барои омӯзиш]