Тарзи фикрронии Масеҳро аз они худ кунед
Тарзи фикрронии Масеҳро аз они худ кунед
«Бигзор ... дар шумо айнан ҳамон тарзи фикрронӣ бошад, ки Масеҳ Исо дошт» (РУМ. 15:5, ТДН).
1. Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки тарзи фикрронии Масеҳро аз худ намоем?
«НАЗДИ ман оед,— гуфт Исои Масеҳ,— аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт» (Мат. 11:28, 29). Ин даъвати дилгармкунанда тарзи фикрронии муҳаббатомези Исоро ба таври хуб нишон медиҳад. Ягон инсони дигар намунаи беҳтарини ибрат буда наметавонад. Ҳарчанд Исо Писари пурқудрати Худо буд, ӯ ҳамдардиву меҳрубонӣ зоҳир мекард, хусусан ба касоне, ки ба он мӯҳтоҷ буданд.
2. Ба кадом панҷ ҷиҳати тарзи фикрронии Исо таваҷҷӯҳ хоҳем кард?
2 Дар ин мақола ва ду мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард, ки чӣ тавр мо метавонем дар худ тарзи фикрронии Исоро инкишоф диҳем, онро нигоҳ дорем ва чӣ тавр «фикр», яъне тарзи фикрронии Масеҳро дар ҳаёти худ инъикос намоем (1 Қӯр. 2:16). Ба тарзи фикрронии Масеҳ чӣ хос буд? Биёед ба панҷ ҷиҳати он таваҷҷӯҳ кунем: ҳалимиву фурӯтанӣ, меҳрубонӣ, итоаткорӣ ба Худо, далерӣ ва муҳаббати пойдор.
Ҳалимиро аз Масеҳ ёд гиред
3. а) Яке аз дарсҳои фурӯтание, ки Исо ба шогирдонаш таълим дод, кадом аст? б) Исо ба заифиҳои шогирдонаш чӣ гуна муносибат мекард?
3 Исо — Писари комили Худо бо ихтиёри худ ба замин омад, то ки байни одамони нокомилу гунаҳкор хидмат кунад. Дертар баъзеи онҳо ӯро қатл карданд. Бо вуҷуди ин, Исо ҳеҷ гоҳ хурсандиву худидоракуниашро аз даст намедод (1 Пет. 2:21–23). «Назар» дӯхтан ба намунаи Исо кӯмак мекунад, ки мо мисли ӯ рафтор намоем ва нагузорем, ки хатогиву нокомилияти дигарон ба мо таъсир кунанд (Ибр. 12:2). Исо шогирдонашро даъват мекард, ки юғи ӯро ба гардан гирифта, аз вай таълим гиранд (Мат. 11:29). Онҳо аз ӯ чиро омӯхта метавонистанд? Масалан, Исо ҳалим буд ва бо шогирдон қатъи назар аз хатогиҳояшон пурсаброна муносибат мекард. Шаби пеш аз маргаш Исо пойҳои шогирдонашро шуст ва бо ин дар бобати фурӯтанӣ ба онҳо дарси фаромӯшнашаванда нишон дод. (Юҳанно 13:12, 15–17-ро бихонед.) Баъдтар, вақте ки Петрус, Яъқуб ва Юҳанно «бедор» истода натавонистанд, Исо дилсӯзона ба заифии онҳо ишора кард. «Эй Шимъӯн! Ту хуфтаӣ?— пурсид ӯ.— Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Марқ. 14:32–38).
4, 5. Чӣ тавр намунаи Исо ба мо кӯмак мекунад, ки ба камбудиҳои дигарон муносибати дуруст дошта бошем?
4 Агар касе аз ҳамимонон рӯҳияи рақобат зоҳир кунад, зуд ранҷад ё дар қабул намудани маслиҳатҳои пирон ё «ғуломи мӯътамад ва доно» сустӣ кунад, мо чӣ гуна рафтор мекунем? (Мат. 24:45–47). Вақте ки касе аз ҷаҳони Шайтон хислатҳои бад зоҳир мекунад, мо аз ин ба тааҷҷуб намеоем ва ӯро мебахшем, лекин агар ин гуна хислатҳоро ҳамимононамон зоҳир кунанд, ба мо бахшидан душвор аст. Агар пайхас кунем, ки камбудиҳои дигарон моро зуд асабӣ мекунанд, хуб мешуд, ки аз худ бипурсем: «Чӣ кор кунам, ки тарзи фикрронии Масеҳро хубтар инъикос намоям?». Дар хотир доред, ки Исо ҳатто ҳангоми дидани заифиҳои рӯҳонии шогирдонаш аз онҳо дилхунук намешуд.
5 Муносибати Исоро ба Петрус дида мебароем. Вақте ки Исо Петрусро даъват намуд, ки аз қаиқ баромада, рӯ–рӯи об назди ӯ ояд, Петрус дарҳол ҳамин тавр кард. Сипас, вақте ки Петрус боди шадидро дид, вай ба ғарқ шудан сар кард. Магар Исо аз ин ба ғазаб омада, ба ӯ гуфт, ки «Сазои ту ҳамин аст! Бигзор ин ба ту дарс шавад!»? Не! Баръакс, «Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: “Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?”» (Мат. 14:28–31). Агар мо бо сустимонии бародарон дучор шавем, оё мо ҳам метавонем мисли Исо дастамонро дароз карда, ба онҳо барои пайдо кардани имони бештар кӯмак намоем? Исо ба Петрус ҳалимона муносибат кард ва ин аст дарсе, ки мо аз Исо омӯхта метавонем.
6. Ҳангоми дидани он ки расулонаш мақому мартабаи баландро ҷустуҷӯ мекунанд, Исо ба онҳо чӣ гуфт?
6 Петрус ҳамчунин дар баҳсу мунозираҳои расулон дар бораи он ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, иштирок мекард. Яъқубу Юҳанно мехостанд, ки дар Салтанати Исо яке дар тарафи рост ва дигаре дар тарафи чапи ӯ нишинанд. Вақте ки Петрус ва дигар расулон инро шуниданд, онҳо аз он бародарон норозӣ шуданд. Исо сабаби ин гуна рафтори шогирдонашро медонист. Ҷамъияте, ки онҳо дар он калон шуда буданд, чунин тарзи фикррониро дар онҳо ташаккул дода буд. Аз ин рӯ, Исо шогирдонашро наздаш даъват карда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд; лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад. Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад». Сипас Исо ба намунаи худ ишора кард: «Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Мат. 20:20–28).
7. Чӣ тавр ҳар яки мо ба ягонагии ҷамъомад мусоидат карда метавонад?
7 Мулоҳиза дар бораи фурӯтании Исо ба мо кӯмак мекунад, ки байни бародарон чун шахсони «аз ҳама хурдтар» рафтор кунем (Луқ. 9:46–48). Чунин рафтор ба ягонагӣ мусоидат менамояд. Яҳува мисли падари оилаи калон мехоҳад, ки фарзандонаш «дар ягонагӣ» зиндагӣ кунанд (Заб. 132:1 [133:1, ТДН]). Исо ба Падараш дар бораи ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ дуо карда, гуфт: «Онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ» (Юҳ. 17:23). Инак, ягонагии мо нишон медиҳад, ки мо пайравони Масеҳ ҳастем. Барои аз чунин ягонагӣ баҳравар гаштан мо бояд ба нокомилии дигарон мисли Масеҳ муносибат кунем. Исо дигаронро мебахшид ва таълим медод, ки танҳо ҳангоми бахшидани дигарон мо бахшиши Худоро ба даст оварда метавонем. (Матто 6:14, 15–ро бихонед.)
8. Аз намунаи ҳамимононе, ки солҳои зиёд ба Худо хизмат мекунанд, мо чӣ омӯхта метавонем?
8 Мо ҳамчунин аз пайравӣ ба имони касоне, ки солҳои зиёд ба Масеҳ пайравӣ мекунанд, бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Одатан чунин шахсон ба нокомилияти дигарон мисли Исо муносибат мекунанд. Онҳо фаҳмиданд, ки мисли Исо ҳамдардӣ зоҳир карда, онҳо на танҳо «сустиҳои нотавононро» мебардоранд, балки ҳамчунин ба ягонагӣ мусоидат мекунанд. Беш аз ин, намунаи онҳо тамоми ҷамъомадро бармеангезад, ки тарзи фикрронии Масеҳро дошта бошанд. Ин бародарону хоҳарон ба ҳамимонон ҳамон чизеро, ки Павлуси расул ба масеҳиёни румӣ навишта буд, хоҳонанд: «Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки ... [«дар шумо айнан ҳамон тарзи фикрронӣ бошад, ки Масеҳ Исо дошт», ТДН], то ки шумо якдилона, бо як забон Худоро ... ҳамду сано гӯед» (Рум. 15:1, 5, 6). Бале, ягонагӣ дар ибодат ба Яҳува ҳамду сано меорад.
9. Чаро барои пайравӣ ба намунаи Исо ба мо рӯҳулқудс лозим аст?
9 Исо фурӯтаниро бо ҳалимӣ, ки самари рӯҳулқудси Худо аст, алоқаманд кард. Аз ин рӯ, барои он ки ба намунаи Исо дуруст пайравӣ карда тавонем, мо дар баробари омӯзиши намунаи ӯ ба рӯҳулқудси Яҳува ниёз дорем. Мо бояд дар дуо аз Худо рӯҳулқудс бипурсем ва барои инкишоф додани самари рӯҳ, яъне «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ [«ҳалимӣ», ТДН], парҳезгорӣ», кӯшиш кунем (Ғал. 5:22, 23). Бо ин роҳ ба фурӯтаниву ҳалимии Исо пайравӣ карда, мо илтифоти Падари осмониамон Яҳуваро ба даст меорем.
Исо бо дигарон меҳрубон буд
10. Исо чӣ тавр меҳрубонӣ зоҳир мекард?
10 Меҳрубонӣ низ хусусияти самари рӯҳулқудс аст. Исо ҳамеша бо дигарон меҳрубон буд. Ӯ ҳамаи онҳоеро, ки вайро самимона ҷустуҷӯ мекарданд, «бо меҳрубонӣ пазироӣ мекард» (Луқ. 9:11, ТДН). Аз меҳрубонии Исо мо чӣ омӯхта метавонем? Шахси меҳрубон хайрхоҳ, мулоимсухан, ҳамдарду раҳмдил аст. Исо ҳамин хел шахс буд. Ӯ ба одамон раҳм мекард, «зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд» (Мат. 9:35, 36).
11, 12. а) Мисоле оред, ки дар амал ҳамдардӣ зоҳир кардани Исоро нишон медиҳад. б) Аз мисоли дар боло муҳокимашуда шумо чӣ омӯхта метавонед?
11 Ҳисси ҳамдардиву дилсӯзӣ Исоро ба амал бармеангехтанд. Мисоле меорем. Зане дувоздаҳ сол боз аз хунравӣ азоб мекашид. Ӯ медонист, ки мувофиқи Қонуни Мусо вай аз рӯи русум нопок аст ва ҳар касе, ки ба ӯ даст расонад, ҳамчунин нопок мешавад (Ибд. 15:25–27). Бо вуҷуди ин, овозае, ки ӯ дар бораи Исо ва муносибати некаш шунида буд, занро эҳтимол итминон бахшид, ки Исо метавонад ва мехоҳад ӯро шифо бахшад. Зан ба худ таъкид мекард: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам». Ӯ ҷуръат карда, ҳамин тавр кард ва дарҳол эҳсос намуд, ки шифо ёфт.
12 Исо ҳис кард, ки ӯро касе ламс намуд ва ба гирду атрофаш нигариста, он одамро ҷустуҷӯ кард. Зан эҳтимол аз он ки ӯро дар вайрон кардани Қонун айбдор мекунанд, метарсид, аз ин рӯ ларзида–ларзида пеши пои Исо афтод ва ҳамаи ҳақиқатро ба ӯ гуфт. Магар Исо ин зани бечораю ранҷурро сарзаниш кард? Албатта не! Баръакс, Исо ӯро итминон бахшида гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав» (Марқ. 5:25–34). Чӣ тасаллие бахшиданд ба зан ин суханони меҳрубононаи Исо!
13. а) Исо аз фарисиён бо чӣ фарқ мекард? б) Исо ба кӯдакон чӣ тавр муносибат менамуд?
13 Масеҳ ҳеҷ гоҳ мисли фарисиёни сангдил бори бе ин ҳам гарони мардумро вазнинтар намекард (Мат. 23:4). Баръакс, ӯ меҳрубонона ва пурсаброна ба онҳо аҳкомҳои Яҳуваро таълим медод. Исо ба шогирдонаш дӯсти ҳақиқӣ буд ва ҳамеша ба онҳо меҳрубониву муҳаббат зоҳир мекард (Мас. 17:17; Юҳ. 15:11–15). Ҳатто кӯдакон худро бо ӯ озод эҳсос мекарданд ва аз афташ, Исо низ худро ҳамин тавр эҳсос мекард. Ӯ бо кадом коре, ки банд набошад, ҳамеша барои кӯдакон вақт меёфт. Боре шогирдонаш, ки то ба ҳол мисли сарварони онвақтаи динӣ дар бораи мақому мартабаи баланд фикр мекарданд, ба одамон монеа шуданд, ки назди Исо кӯдаконашонро оранд, то ӯ онҳоро навозиш кунад. Исо аз ин кори онҳо норозӣ шуд. Ӯ гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад». Сипас, ӯ ба кӯдакон ишора карда, дар мисоли онҳо ба шогирдонаш дарси муҳиме дод. Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад» (Марқ. 10:13–15).
14. Ба кӯдакон таваҷҷӯҳи самимии аъзоёни ҷамъомад чӣ гуна таъсир мекунад?
14 Баъзе кӯдаконе, ки Исо «онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард», баъди калонсол шуданашон эҳтимол инро бо некӣ ба хотир меоварданд (Марқ. 10:16). Бешубҳа, кӯдакони имрӯза низ таваҷҷӯҳи самимии пирон ва дигар аъзоёни ҷамъомадро бо гузашти солҳо бо некӣ ба хотир хоҳанд овард. Аз ҳама муҳимаш, кӯдаконе, ки дар ҷамъомад чунин таваҷҷӯҳи самимӣ эҳсос мекунанд, аз хурдсолӣ дарк менамоянд, ки байни халқи Яҳува рӯҳулқудси Ӯ амал мекунад.
Меҳрубонӣ дар ҷаҳони пур аз бадӣ
15. Чаро норасоии меҳрубонӣ дар ҷаҳони имрӯза набояд моро ба тааҷҷуб орад?
15 Имрӯз аксарият фикр мекунанд, ки барои зоҳир кардани меҳрубонӣ ба дигарон вақт надоранд. Аз ин рӯ, ходимони Яҳува ҳар рӯз дар мактаб, ҷои кор, ҳангоми сафар ва дар хидмат хоҳу нохоҳ таъсироти рӯҳияи ин ҷаҳонро эҳсос мекунанд. Муносибати бадхоҳонаи одамон шояд моро рӯҳафтода кунад, аммо он набояд моро ба тааҷҷуб орад. Яҳува бо воситаи Павлус моро огоҳ карда буд, ки масеҳиёни ҳақиқӣ дар охирзамон бо одамони «худписанд ... ва бераҳм» рӯ ба рӯ хоҳанд шуд (2 Тим. 3:1–3).
16. Чӣ тавр мо ба Масеҳ пайравӣ карда, дар ҷамъомад меҳрубонӣ зоҳир карда метавонем?
16 Аз тарафи дигар, фазои фараҳбахши ҷамъомади масеҳӣ аз фазое, ки дар ин ҷаҳони пур аз бадӣ ҳукмфармост, фарқ мекунад. Бо пайравӣ ба Исо ҳар як аъзои ҷамъомад ба ҳукмфармо будани чунин фазои дӯстона мусоидат карда метавонад. Чӣ тавр? Бисёре аз аъзоёни ҷамъомад ба кӯмак ва дастгирии мо ниёз доранд, зеро душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд ё мушкилиҳои дигаре доранд. Ҳоло, дар охирзамон чунин мушкилиҳо шояд зиёдтар гарданд, лекин онҳо нав нестанд. Дар асри як масеҳиён аз ин гуна душвориҳо азоб мекашиданд. Он вақт барои онҳо ба якдигар кӯмак кардан муҳим буд. Масалан, Павлуси расул ба масеҳиён насиҳат карда гуфт, ки андӯҳгинонро «тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед» (1 Тас. 5:14). Имрӯз низ ба якдигар кӯмак кардан муҳим мебошад. Барои ин, мо бояд мисли Масеҳ меҳрубонӣ зоҳир намоем.
17, 18. Баъзе аз роҳҳои ба меҳрубонии Исо пайравӣ намудан кадоманд?
17 Масеҳиён масъулият доранд, ки бародаронро бо меҳрубонӣ қабул намоянд ва бо онҳо ҳамон тарзе муносибат намоянд, ки гӯё Исо мебуду мекард. Ҳамчунин масеҳиён бояд ҳам ба бародароне, ки солҳои зиёд медонанд ва ҳам ба касоне, ки бори аввал вомехӯранд, таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир намоянд (3 Юҳ. 5–8). Исо пайхас мекард, ки кӣ ба тасаллӣ ниёз дорад ва ӯро тасаллӣ мебахшид. Мо ҳам бояд ҳамеша ба дигарон манбаи тасалливу рӯҳбаландӣ бошем (Иш. 32:2; Мат. 11:28–30).
18 Яке аз тарзҳои зоҳир намудани меҳрубонӣ — ғамхории самимӣ нисбати беҳбудии дигарон аст. Барои ин, роҳу имкониятҳоро ҷустуҷӯ намоед. Ташаббускор бошед! «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред,— ташвиқ кард Павлус ва сипас илова намуд,— ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Рум. 12:10). Ин маънои ба намунаи Масеҳ пайравӣ карданро дорад, яъне мо бояд бо дигарон самимона ва меҳрубонона муносибат кунем ва зоҳир намудани «муҳаббати бериё»-ро ёд гирем (2 Қӯр. 6:6). Ин гуна муҳаббатро Павлус чунин тасвир кард: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад» (1 Қӯр. 13:4). Ба ҷои он ки дар дили худ нисбати бародарону хоҳарон кина гирифта гардем, биёед ба насиҳати зерин гӯш кунем: «Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32).
19. Агар мо мисли Масеҳ меҳрубонӣ зоҳир кунем, он чӣ самараҳои хуб меорад?
19 Агар мо кӯшиш кунем, ки мисли Масеҳ меҳрубон бошему ҳамеша ва дар ҳар маврид меҳрубонӣ зоҳир кунем, мо баракатҳои зиёд мегирем. Масалан, рӯҳи Яҳува бемамониат ба ҷамъомад таъсир мекунад ва ба ҳар аъзои он барои дар худ инкишоф додани самари рӯҳ кӯмак менамояд. Илова бар ин, вақте ки мо ба намунаи Исо пайравӣ мекунем ва дар ин кор ба дигарон кӯмак мекунем, он гоҳ хурсандона ва дар ягонагӣ ибодат кардани мо дили худи Худоро шод хоҳад гардонд. Аз ин рӯ, биёед ҳамеша кӯшиш кунем, ки дар муносибат ба дигарон мисли Исо ҳалиму меҳрубон бошем.
Оё шумо фаҳмонда метавонед?
• Исо чӣ гуна нишон медод, ки ӯ «ҳалим ва фурӯтан» аст?
• Чӣ тавр Исо меҳрубонӣ зоҳир мекард?
• Дар ин ҷаҳони нокомил мо бо кадом роҳҳо мисли Масеҳ ҳалимӣ ва меҳрубонӣ зоҳир карда метавонем?
[Саволҳо барои омӯзиш]