Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Бо ҳама одамон мувосо кунед»

«Бо ҳама одамон мувосо кунед»

«Бо ҳама одамон мувосо кунед»

«Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед» (РУМ. 12:18).

1, 2. а) Исо пайравонашро аз чӣ огоҳ мекард? б) Аз куҷо фаҳмем, ки масеҳиён ба мухолифатҳо бояд чӣ гуна муносибат кунанд?

ИСО пайравонашро огоҳ мекард, ки онҳо бо мухолифати халқҳои ҷаҳон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва шоми пеш аз маргаш сабаби инро фаҳмонд. Ӯ ба расулонаш гуфт: «Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад» (Юҳ. 15:19).

2 Павлуси расул ҳақ будани суханони Исоро эҳсос кард. Дар номаи дуюми худ ӯ ба ҳамкори ҷавонаш Тимотиюс навишт: «Ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ, ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки ... ба сари ман омад». Сипас Павлус илова намуд: «Ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд» (2 Тим. 3:10–12). Дар боби 12–уми нома ба румиён Павлус оиди он ки масеҳиён бояд ба мухолифатҳо чӣ гуна муносибат кунанд, маслиҳати оқилонае дод. Маслиҳати ӯ дар ин рӯзҳои охир ба мо ҳам муфид буда метавонанд.

«Дар паи некӣ бошед»

3, 4. Маслиҳати дар Румиён 12:17 навишташударо чӣ гуна: а) дар оилаҳое, ки на ҳама аъзоёнашон ходими Яҳуваанд, истифода бурдан мумкин аст? б) дар муносибат бо ҳамсоягон ба кор бурдан мумкин аст?

3 (Румиён 12:17–ро бихонед.) Павлус фаҳмонд, ки ҳангоми дучоршавӣ бо муносибати душманона мо набояд дар ҷавоб ҳамин тавр муносибат кунем. Ин маслиҳати ӯ хусусан барои оилаҳое, ки дар онҳо на ҳама аъзоёнашон ходими Яҳуваанд, муҳим аст. Ҳамсари масеҳӣ ба васваса дода шуда, дар ивази сухан ё рафтори дағалонаи ҳамсараш дағалӣ намекунад. «Дар ивази бадӣ бадӣ» кардан ягон натиҷаи хубе намеорад. Баръакс, чунин муносибат вазъиятро аз будаш бадтар мекунаду халос.

4 Павлус роҳи беҳтаре нишон медиҳад: «Пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед». Масалан, дар хона, агар зан дар ҷавоб ба он ки шавҳараш дар бораи эътиқоди ӯ суханони нешдор мегӯяд, ба шавҳараш аз таҳти дил меҳрубонона муносибат кунад, ин ба ҷанҷол монеа шуда метавонад (Мас. 31:12). Карлос, ки ҳоло дар Байт–Ил хидмат мекунад, ба хотир меорад, ки модараш чӣ тавр мухолифати сахти падарашро бартараф намуд: «Модарам ҳамеша ба падарам меҳрубонона муносибат мекард ва корҳои хонаро ба таври бояду шояд ба ҷо меовард. Ӯ ба мо, кӯдакон мегуфт, ки доимо падарамонро ҳурмату эҳтиром намоем. Модарам маро водор мекард, ки бо падарам боулингбозӣ кунам, ҳарчанд ин бозӣ ба ман маъқул набуд. Аммо баъд аз ин бозӣ табъи падарам чоқ мешуд». Ниҳоят падари Карлос ба омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз кард ва сипас таъмид гирифт. Шоҳидони Яҳува ҳамчунин «пеши тамоми мардум дар паи некӣ» мебошанд ва ин, масалан, дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ба ҳамсоягонашон кӯмаки амалӣ мерасонанд ва ҳамин тавр аксаран бадгумониҳои одамонро нисбати худ бартараф мекунанд.

Мухолифатро бо «оташпораҳо» об кунед

5, 6. а) Ба сари душман «оташпораҳо» фурӯ рехтан чӣ маъно дорад? б) Мисоле оред, ки чӣ тавр ба кор бурдани маслиҳати дар Румиён 12:20 навишташуда дар маҳалли шумо натиҷаи хубе овардааст.

5 (Румиён 12:20–ро бихонед.) Дар ин оят Павлус, аз афташ, Масалҳо 25:21, 22-ро иқтибос меорад: «Агар душмани ту гурусна бошад, шиками ӯро сер кун; ва агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ, зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт, ва Худованд ба ту подош хоҳад дод». Агар маслиҳатҳои дар боби 12–уми Румиён додаи Павлусро ба инобат гирем, тасаввур кардан душвор аст, ки ӯ зери «оташпораҳо» тарзи ҷазо ё хиҷолат додани мухолифонро дар назар дорад. Аниқтараш дар масалҳо ва ҳамчунин дар маслиҳати ба румиён додаи Павлус сухан дар бораи тарзи қадимаи гудозиши маъданҳо меравад. Олими англиси асри XIX Чарлз Бридҷс қайд мекунад: «Ҳам аз боло ва ҳам аз поёни маъдани сахт оташпораҳо гузоред; онро на фақат рӯи оташ гузоред, балки ба болояш оташпораҳо резед. Каманд, одамоне, ки сангдилиашон зери оташи пурҳарорати муҳаббати пуртоқат, фидокорона ва сӯзон об нашавад».

6 Мисли «оташпораҳо» аъмоли нек метавонанд дилҳои мухолифонро гарм кунанд ва шояд нафрати онҳоро «об намоянд». Корҳои неки ходимони Яҳува метавонанд одамонро барангезанд, ки ба халқи Ӯ ва хабаре, ки онҳо мавъиза мекунанд, хубтар муносибат намоянд. Петруси расул менависад: «Дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд» (1 Пет. 2:12).

«Бо ҳамаи одамон мувосо кунед»

7. Чӣ осоиштагиро Масеҳ ба шогирдонаш боқӣ гузошт ва он моро бояд ба чӣ барангезад?

7 (Румиён 12:18–ро бихонед.) Дар шоми охирине, ки Исо бо расулонаш гузаронд, ӯ ба онҳо гуфт: «Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам» (Юҳ. 14:27). Осоиштагие, ки Масеҳ ба шогирдонаш боқӣ гузошт, ин оромии ботинӣ, осоиштагии дил аст. Ин эҳсосот аз дарки он бармеояд, ки Яҳува Худо ва Писари маҳбубаш онҳоро дӯст медоранд ва ба онҳо илтифот доранд. Ин оромии ботинӣ бояд моро барангезад, ки бо дигарон дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунем. Масеҳиёни ҳақиқӣ сулҳдӯст ва сулҳҷӯ мебошанд (Мат. 5:9).

8. Чӣ тавр мо ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамъомад сулҳҷӯ буда метавонем?

8 Яке аз роҳҳои дар оила сулҳҷӯ будан ин аст, ки мо якдигарнофаҳмиҳоро ҳарчи зудтар бартараф мекунем ва намегузорем, ки вазъият бадтар шавад (Мас. 15:18; Эфс. 4:26). Ин принсип дар ҷамъомади масеҳӣ низ қобили корбурд аст. Петруси расул сулҳҷӯиро бо нигоҳ доштани забон алоқаманд кард (1 Пет. 3:10, 11). Ҳамчунин Яъқуб баъди додани маслиҳати ҷиддӣ дар бораи истифодаи дурусти забон ва огаҳӣ оиди рақобат ва ҳасад чунин навишт: «Ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад. Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд» (Яъқ. 3:17, 18).

9. Ҳарчанд мо мекӯшем, ки «бо ҳамаи одамон мувосо» кунем, мо бояд чиро дар хотир дорем?

9 Аз Румиён 12:18 бармеояд, ки сулҳҷӯии мо набояд танҳо бо аъзоёни оила ва ҷамъомад маҳдуд гардад. Павлус мегӯяд, ки мо бояд «бо ҳамаи одамон мувосо» кунем. Ин маънои онро дорад, ки мо бо ҳамсояҳо, ҳамкорон, ҳамсинфон ва бо одамоне, ки дар хидмат вомехӯрем, мувосо мекунем. Лекин ҳангоми додани ин маслиҳат расул қайд менамояд: «Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст». Ин маънои онро дорад, ки мо барои «бо ҳамаи одамон мувосо» кардан ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, аммо ҳамзамон принсипҳои одилонаи Худоро вайрон наменамоем.

Интиқом аз ҷониби Яҳува аст

10, 11. «Ба ғазаби илоҳӣ вогузор» кардан чӣ маъно дорад ва чаро чунин рафтор дуруст аст?

10 (Румиён 12:19–ро бихонед.) Ҳатто дар муносибат бо онҳое, ки ба фаъолият ва пайғоми мо мухолифат мекунанд, аз он ҷумла бо мухолифони ашаддӣ, мо бояд «сабур» ва «меҳрубон» бошем (2 Тим. 2:23–25). Павлус ба масеҳиён маслиҳат дод, ки қасд нагиранд, «балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор» кунанд. Чун ходимони Худо мо медонем, ки интиқом аз ҷониби мо нест. Забурнавис мегӯяд: «Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо; рашк накун, ки ин боиси бадкорӣ хоҳад шуд» (Заб. 36:8). Ҳамчунин Сулаймон–пайғамбар маслиҳат медиҳад: «Нагӯй: “Барои бадӣ интиқом мегирам”; ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад» (Мас. 20:22).

11 Вақте ки мухолифон ба мо зарар мерасонанд, оқилона мебуд, агар мо ба Яҳува вогузорем, то Ӯ ҷазо додан ё надодани онҳо ва фурсати муносиби онро худаш муайян намояд. Павлус ғазаби Яҳуваро дар назар дошта, илова кард: «Навишта шудааст: “Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд”». (Бо Такрори Шариат 32:35 муқоиса кунед.) Агар ба қасдгирӣ бикӯшем, мо худсарона амал менамоем, яъне кореро мекунем, ки ба он танҳо Яҳува ҳақ дорад. Беш аз ин, чунин рафтор аз норасоии имон ба ваъдаи Яҳува «Ман сазо хоҳам дод» шаҳодат медиҳад.

12. Ғазаби Яҳува кай зоҳир хоҳад шуд ва чӣ тавр?

12 Дар аввали нома ба румиён Павлус қайд кард: «Ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд» (Рум. 1:18). Ғазаби Яҳува аз осмон тавассути Писараш дар мусибати бузург зоҳир хоҳад шуд (Ваҳй 7:14). Ва ин аз «доварии одилонаи Худо» шаҳодат хоҳад дод. Павлус дар мактуби дигари зери илҳоми илоҳӣ навиштааш мефаҳмонад: «Ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад, ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исо ... аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати ... Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад» (2 Тас. 1:5–8).

Бадиро бо некӣ мағлуб кунед

13, 14. а) Ҳангоми дучоршавӣ бо таъқиботҳо чаро мо ҳайрон намешавем? б) Чӣ тавр нишон диҳем, ки ба таъқибкунандагони худ баракат мехоҳем?

13 (Румиён 12:14, 21–ро бихонед.) Аз боварии комил ба он ки Яҳува ниятҳои худро иҷро мекунад, мо метавонем устуворона тамоми кӯшишҳоямонро ба иҷрои вазифаи ба мо додашуда, яъне «дар тамоми олам мавъиза» кардани хушхабари Салтанат, равона созем (Мат. 24:14). Мо медонем, ки ин фаъолияти масеҳии мо душманонро ба ғазаб меорад, зеро Исо огоҳ карда буд: «Ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт» (Мат. 24:9). Аз ин рӯ, ҳангоми дучоршавӣ бо мухолифат мо ҳайрон ё рӯҳафтода намешавем. Петруси расул навиштааст: «Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед» (1 Пет. 4:12, 13).

14 Ба ҷои он ки таъқибкунандагони худро бад бинем, мо мекӯшем нури ҳақиқатро ба онҳо расонем, зеро мо мефаҳмем, ки баъзеи онҳо ин корро эҳтимол надониста мекунанд (2 Қӯр. 4:4). Мо мекӯшем, ки мувофиқи маслиҳати зерини Павлус амал намоем: «Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед» (Рум. 12:14). Яке аз роҳҳои ба таъқибкунандагон баракат хостан — дар ҳаққи онҳо дуо гуфтан аст. Исо дар Мавъизаи Болоикӯҳии худ гуфт: «Душманони худро дӯст бидоред, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гӯед» (Луқ. 6:27, 28). Павлуси расул аз таҷрибаи худ медонист, ки таъқибкунанда метавонад пайрави содиқи Масеҳ ва ходими серғайрати Яҳува гардад (Ғал. 1:13–16, 23). Дар номаи дигараш Павлус қайд кард: «Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем; ба мо бӯҳтон мезананд, мо зорию илтиҷо мекунем» (1 Қӯр. 4:12, 13).

15. Роҳи беҳтарини бадиро бо некӣ мағлуб кардан кадом аст?

15 Инак, масеҳиёни ҳақиқӣ мувофиқи суханони хотимавии боби 12–уми Румиён амал мекунанд: «Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун». Манбаи ҳама бадиҳо Шайтон Иблис аст (Юҳ. 8:44; 1 Юҳ. 5:19). Дар ваҳй Исо ба Юҳаннои расул нишон дод, ки масеҳиёни тадҳиншуда «бар вай [Шайтон] ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд» (Ваҳй 12:11). Ин нишон медиҳад, ки роҳи беҳтарини ғолиб омадан бар Шайтон ва бар таъсироти шариронаи ҷаҳони вай — ин дар кори шаҳодатдиҳӣ ва мавъизаи хушхабари Салтанат иштирок карда, бо ин роҳ ба одамон некӣ кардан аст.

Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед

16, 17. Аз боби 12–уми Румиён мо чӣ омӯхтем: а) дар бораи он ки ҳаёти худро чӣ гуна сарф намоем? б) дар мавриди он ки дар ҷамъомад чӣ тавр рафтор кунем? в) дар бобати муносибат ба касоне, ки ба мо мухолифат менамоянд?

16 Муҳокимаи мухтасари боби 12–уми номаи Павлус ба румиён ба мо бисёр чизҳоро хотиррасон намуд. Мо фаҳмидем, ки чун ходимоне, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, барои писанд омадан ба Ӯ бояд фидокорӣ зоҳир намоем ва ба қурбон кардани чизе тайёр бошем. Зери таъсири рӯҳулқудси Худо мо бо омодагӣ фидокорӣ зоҳир мекунем, зеро дарк намудем, ки иродаи Худо ҳамин аст. Мо рӯҳи пурҳарорат дорем ва атоҳои гуногуни ба мо додашударо бо ҷидду ҷаҳд истифода мебарем. Мо бо камоли фурӯтанӣ ва хоксорӣ хидмат менамоем ва барои нигоҳ доштани ягонагӣ дар ҷамъомад ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем. Мо меҳмоннавозӣ мекунем ва ба ғаму шодии дигарон шарик мешавем.

17 Дар боби 12–уми Румиён ҳамчунин оиди он ки масеҳиён бояд ба мухолифатҳо чӣ гуна муносибат кунанд, маслиҳатҳои зиёде дода шудаанд. Мо набояд дар ивази бадӣ бадӣ кунем. Мо бояд ба он бикӯшем, ки мухолифатҳоро бо аъмоли нек бартараф намоем. То ҳадди имкон мо бояд бо ҳамаи одамон дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунем ва ҳамзамон принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон накунем. Ин маслиҳат дар муносибат бо аъзоёни оила ва ҷамъомад, бо ҳамсоягон, ҳамкорон, ҳамсинфон ва касоне, ки дар хидмат вомехӯрем, қобили корбурд аст. Ҳатто агар бо мухолифати рӯирост дучор шавем ҳам, мо барои бадиро бо некӣ мағлуб кардан ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем ва дар хотир дорем, ки интиқом аз ҷониби Яҳува аст.

18. Дар Румиён 12:12 кадом се панд дода шудаанд?

18 (Румиён 12:12–ро бихонед.) Бар замми ҳамаи ин маслиҳатҳои муфиду амалӣ Павлус боз се панди дигар медиҳад. Азбаски мо бе кӯмаки Яҳува наметавонем ҳамаи маслиҳатҳои муҳокимашударо ба кор барем, расул моро ташвиқ мекунад, ки «ҳамеша дуо» гӯем. Ин ба мо кӯмак менамояд, ки мувофиқи панди минбаъдаи ӯ «дар мусибат пуртоқат бошед» амал намоем. Ва ниҳоят, мо бояд ояндаеро, ки Яҳува ваъда медиҳад, дар пеши назари худ нигоҳ дорем ва «аз умедворӣ» ба ҳаёти ҷовидонӣ — хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин — «тасаллӣ» ёбем.

Такрор

• Ба мухолифатҳо мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?

• Дар кадом ҷонибҳои ҳаёт мо бояд ба сулҳҷӯӣ бикӯшем ва чӣ тавр?

• Чаро мо набояд қасдгирӣ кунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]